Зеҳн

БМТ хавфҳоро ба назорат мегирад

20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Мутобиқи тавсияҳои Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, вобаста ба ислоҳоти сохторӣ ва аз рӯи зарурат, 1 марти соли 2016 дар Бонки миллии Тоҷикистон Кумитаи суботи молиявӣ таъсис ёфт.

Изатулло Маҳмудов, сардори Идораи суботи молиявӣ ва таҳлили хавфҳои БМТ, дар ин бора иттилоъ дод:

— Таҷрибаи ҷаҳони муосир (аз ҷумла, дар кишварҳои Британияи Кабир, Малайзия, инчунин кишварҳои дорои иқтисодиёти хурд ва кушодаи минтақаи Осиё) нишон медиҳад, ки бо мақсади амалан таъмин намудани суботи молиявӣ ва татбиқи самараноки сиёсати макромақбул, дар бонки марказӣ дар баробари таъсис додани воҳиди сохтории алоҳида оид ба суботи молиявӣ, ташкил намудани Кумитаи суботи молиявӣ (КСМ) низ зарур мебошад.

КСМ-и Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ дар бонки марказӣ таъсис дода шуд, мақоми мустақили доимоамалкунандаи машваратӣ мебошад, ки фаъолияти он мутобиқи қонунгузории ҷорӣ дар самти таъмини суботи низоми молиявӣ, татбиқи самарабахши сиёсати макромақбул ва солим гардонидани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ равона мегардад. Кумитаи мазкур аз рӯи масъалаҳои баррасинамуда хулосаҳои дахлдор қабул карда, ба баррасии Раёсати Бонки миллӣ таклифҳои машваратӣ пешниҳод менамояд.

Тибқи Низомномаи КСМ БМТ, ҳайати Кумита бо қарори Раёсат тасдиқ карда мешавад ва ба он раис, муовини раис ва панҷ нафар аъзо дохил мешаванд. Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон раиси Кумита мебошад. Муовини он яке аз муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, ки Департаменти назорати бонкиро сарпарастӣ мекунад. Аъзои Кумита роҳбарони воҳидҳои сохторие мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба суботи низоми молиявӣ, танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва татбиқи сиёсати монетарӣ алоқаманд аст.

Ба зиммаи Кумита вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:

  • Таҳлили вазъи макроиқтисодӣ ва низоми молиявӣ дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ҷиҳати баррасии хавфҳои бавуҷудоянда;
  • Баррасии тавсияҳои пешниҳодшуда аз рӯи чораҳои имконпазири сиёсати макропруденсиалӣ (тибқи ҳисоботҳои семоҳа ва ё солона оид ба суботи молиявӣ, инчунин таҳлилҳо оид ба сиёсати макропруденсиалӣ) ва баҳодиҳии хавфҳои низом;
  • Баррасии натиҷаҳо оид ба татбиқи чораҳои сиёсати макропруденсиалӣ баъд аз ҷониби Раёсат тасдиқ гардидани онҳо;
  • Баррасии натиҷаҳо аз рӯи раванди танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;
  • Ҳамоҳанг намудани фаъолияти Кумита бо самтҳои асосии Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ ва назорати бонкӣ;
  • Мусоидат ба раванди мубодилаи иттилоот бо бахшҳои низоми молиявӣ ва миёни воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон;
  • Ҳамчун машваратчӣ дар ҳамоҳангӣ бо Фонди суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва дигар мақомоти назоратӣ (танзимкунандаи ташкилотҳои суғуртавӣ ва лизингӣ) ба роҳ мондани фаъолият аз рӯи мушкилиҳои суботи молиявӣ.

Ҷаласаи Кумита ҳар семоҳа як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (буҳронӣ) Кумита метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатӣ гузаронад.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2