Зеҳн

Донишҷӯён чӣ гуна пул кор мекунанд?

20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Бисёре аз волидон фарзанди худро ба хондан фиристода, дар расонидани кумаки молиявӣ ба ӯ мушкилӣ мекашанд. Дар чунин ҳолат дар замони Шӯравӣ донишҷӯён барои дарёфти маблағ шабона дар корхонаҳо кор мекарданд ва ё дар терминалҳо бо боркашонӣ машғул мешуданд. Дар бахши «Минбари ҷавонон», ки назари ҷавонон дар бораи масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ нашр мешавад, ин бор донишҷӯён назари худро доир ба ин савол пешниҳод карданд: Оё ҳоло дар Тоҷикистон барои донишҷӯён имкони пул кор кардан вуҷуд дорад?

Шодмон Нуров, донишҷӯи бахши фаъолияти бонкии Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат:
Роҳҳои гуногун ҳастанд, ки донишҷӯён метавонанд бо истифода аз онҳо пул кор кунанд. Яке аз ин роҳҳо баъд аз дарс машғул шудан ба фаъолияти таблиғотӣ дар ширкатҳои мобилӣ ва фурӯши симкортҳо мебошад. Ман чанд нафар донишҷӯёнеро мешиносам, ки бо ин роҳ моҳе аз 800 то 1200 сомонӣ кор мекунанд. Ё масалан, дар кӯчаҳо ниқоби қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ, ба мисли «Мики-мауз»-у «Человек-Паук»-ро пӯшида, аксияҳои ширкатҳоро таблиғ карда, пул кор кардан мумкин аст. Мутаассифона, ман наметавонам баъд аз дарс ба коре машғул шавам. Азбаски хонаамон аз шаҳр дур асту дар ноҳияи Ваҳдат қарор дорад, ба ман лозим мешавад, ки ҳар рӯз вақти холиамро барои рафтуомад ба донишгоҳ сарф кунам. Эҳ, агар хонаи мо дар Душанбе мебуд, маблағи зарурӣ барои зиндагиро бо ҳар роҳ пайдо мекардам.

Фирӯз Ҳомидов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон:
Донишҷӯёне, ки информатикаро хуб медонанд, метавонанд бо қабули фармоишҳои гуногун барномаҳои компютерӣ сохта, пул кор кунанд. Фармоишҳоро ба воситаи эълон кардан дар бораи ин намуди хизматрасонӣ дарёфт намудан мумкин аст. Ҳоло барномасозон бо сохтани барномаҳои хурд барои смартфонҳо фаъолона маблағ ба даст меоваранд. Ин кор дар Тоҷикистон бо сабаби он, ки дар Интернет ҳоло шумораи чунин барномаҳо ба забони тоҷикӣ кам аст, бозори бисёр ҳам рушдёбанда аст. Ҳатто барномасозони навкор имрӯз метавонанд дар ҳамкорӣ бо фармоишгарон моҳе то 500 доллари амрикоӣ маблағ даромад дошта бошанд. Шахсан ман ду барнома барои смартфонҳо сохта, дар сомонаи Google Play гузоштам. Яке аз инҳо «Avicenna» ном дорад ва дигараш «Информатикаи амалӣ» мебошад. Ҳоло ман аз ҳисоби фурӯши ин барномаҳо даромад мегирам.

Шаҳло Ҷӯраева, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат:
Ба назари ман, агар донишҷӯ танбал набошад, харҷи рӯзгорашро худ бароварда, бори падару модараш намешавад. Имкониятҳо барои пул кор кардани донишҷӯён бисёранд. Масалан, донишҷӯён метавонанд баъд аз дарс яке аз корҳои зеринро иҷро карда, даромад ба даст биёранд:

  1. Мушовир-фурӯшанда шудан дар ягон ширкат имкон медиҳад, ки донишҷӯ дар аввал маблағи ночизе ба даст биёрад ҳам, вале баъдан фурӯши молҳоро зиёд намуда, соҳиби бонус шавад ва аз тарафи ширкатҳо туҳфа гирад. Дар Душанбе чунин ширкатҳо ба мисли Faberlic, Mary Kay ва Avon ҳастанд, ки донишҷӯёнро ба кор мегиранд.
  2. Менеҷер оид ба фурӯш — ин ҳам мисли мушовир-фурӯшанда аст, вале доираи васеъ дорад ва фоидаи он аз фурӯш бо фоиз муайян карда мешавад. Барои ин кор чолокӣ ва фаҳмиши васеъ лозим аст.
  3. Оператори пейҷингӣ шудан ҳам барои донишҷӯён хуб аст. Шартҳо барои ин кор — овози хуб, тез чоп кардан, талаффузи дурусти калимаҳо мебошанд. Вале тарафи манфии ин кор дар он аст, ки баъзан вақти корӣ бо вақти дарс баробар мешавад.
  4. Тарҷумонӣ — кори заҳматталаб бошад ҳам, барои донишҷӯён даромаднок аст. Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, корҳои илмӣ, матнҳо ва ғайра бо маблағи муайян барои донишҷӯён маълум аст. Агар дар марказҳои тарҷумонӣ 1 саҳифа тарҷумаи ҳуҷҷат 50 сомонӣ бошад, донишҷӯ метавонад онро бо маблағи аз он камтар тарҷума карда, маблағ ба даст орад.
  5. Ҳуруфчинии матнҳо — бо чоп кардани матну китобҳо низ донишҷӯ метавонад пул кор кунад. Масалан, дар Душанбе нархи ҳар як варақи ҳуруфчинишуда аз 60 дирам то 1,5 сомонӣ аст. Аз ин кор низ метавон даромади хуб гирифт.

Ман фикр мекунам, дар як вақт илм омӯхтану кор кардан ба донишҷӯён зарар намерасонад. Баръакс, кору таҷрибаомӯзӣ донишу ҷаҳонбинии донишҷӯёнро мукаммал мегардонад.

Далер Азимов, донишҷӯи соли аввали факултаи технологияҳои иттилоотии ДТХ:
Ба фикри ман, ташкил намудани интернет-магазин яке аз роҳҳои маъмули ба тиҷорат машғул шудани донишҷӯён мебошад. Зеро барои ин вақти кам сарф мешавад ва даромади хуб гирифтан мумкин аст. Донишҷӯ метавонад дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони яклухтфурӯш интернет-магазини худро таъсис дода, дар он молу маҳсулоти гуногунро бо нархи изофии худ ба фурӯш гузорад. Агар харидор молеро барои харид фармоиш дод, ӯ метавонад бо дастрас намудани он ба манзили харидор молро фурӯхта, даромад гирад. Ман сомонаи чунин интернет-магазинро сохтаам, вале ҳоло онро фаъол накардаам. Аммо ман аз ҳисоби сохтани сомонаҳо барои ширкатҳои гуногун маблағ дарёфт мекунам. Сохтани сомонаҳои гуногун як роҳи хуби дарёфти маблағ барои донишҷӯён шуда метавонад. Дар як моҳ бо сохтани як сайт аз 1500 сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ кор кардан мумкин аст. Дар баробари ин, барои дарсҳоро хуб хондан вақт ёфтан имкон дорад.

Акрам Баротов, сокини шаҳри Душанбе:
Технологияҳои ҳозиразамон имкон медиҳанд, ки донишҷӯён бо сарфи ками вақт барои рӯзгори худ пул ёбанд. Корманд метавонад ба кор наравад, ба воситаи интернет аз хона ё ҳатто дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо телефону планшетҳои худ кореро анҷом диҳад. Агар донишҷӯ ихтисоси худро хуб донад, баъд аз дарс ё пеш аз дарс дар ягон ширкат метавонад аз рӯи ихтисосаш ба кор дарояд. Ширкатҳо ба кори донишҷӯён барои нисбатан арзон будани муздаш нисбат ба музди кормандони собиқадор ҳавасманданд. Масалан, агар донишҷӯи факултаи иқтисодӣ муҳосибиро хуб донад, метавонад баъд аз дарс дар ягон ширкат ба ҳайси муҳосиб кор кунад. Ӯ метавонад тариқи барномаҳои компютерӣ, ба монанди «1С Бухгалтерия», ҳисобу китобро ба роҳ монад ва ҳисоботи худро тариқи почтаи электронӣ ба корфармо ирсол намояд.

Таҳияи А. Мӯминов, БТҶ

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2