Дар БМТ кадом намуди варзишро меписанданд?
Варзиш ва саломатии инсон чизҳое ҳастанд, ки бо ҳам тавъаманд. Тайёрии ҷисмонӣ ва машғул шудани кормандон ба варзиш ба мустаҳкам намудани саломатӣ сабаб шуда, барои беҳтар шудани фаъолияти кормандон ва ноил гаштани онҳо ба дастовардҳои корӣ мусоидат мекунад. Бо мақсади муайян намудани шавқу рағбати кормандони БМТ ба варзиш маҷаллаи «БТҶ» назарсанҷӣ гузаронд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, аз намудҳои варзиш баскетбол, тенниси калон ва волейболро меписандад. Ӯ мухлиси тими баскетболи NBA «Кливленд Кавалерс» ва баскетболбозони машҳур Леброн Ҷеймс ва Стивен Карри аст.
Аммо Нуриддин Лафизов, директори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурбии асъори БМТ, бештар ба футбол шавқ дорад ва ба андешаи ӯ ин намуди варзишро дар байни кормандони низоми бонкӣ рушд додан зарур аст. Ӯ мухлиси дастаи «Барселона»-и Испания аст ва ҳаводори ситораи ҷаҳони футбол Лионел Месси мебошад.
Азиз Холбобоев, сардори Идораи муносибатҳои байналмилалии БМТ, низ дастаи «Барселона»-ю бозиҳои Лионел Мессиро меписандад. Ӯ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни кормандони низоми бонкӣ рушди футболи хурдро муҳим мешуморад.
Нигина Қурбоналиева, муовини директори Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқот ва рушди БМТ, ҳарчанд тенниси рӯимизӣ ва бадминтонро намудҳои варзиши писандидааш мешуморад, аммо мехоҳад кормандони низоми бонкӣ бештар ба йога машғул шаванд, то саломатиашонро ҳифз намоянд. Бо ин вуҷуд, ӯ худро мухлиси футбол медонад ва бештар бозии футболбоз Криштиану Роналдуро тамошо мекунад.
Дар ҳамин ҳол, сармутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқот ва рушд Зулхумор Холова мегӯяд, ҳам ба футбол ва ҳам ба боксу теннис шавқи беандоза дорад. Барои ӯ дастаи «Барселона» беҳтарин тими варзишӣ ва Лионел Месси беҳтарин футболбоз мебошанд.
Наврӯз Қурбонов, сармутахассиси Идораи кормандон, мегӯяд, ҳаводори футбол ва волейбол аст. Ӯ аз тимҳои футболи «Челси»-и Британияи Кабир ва «Реал»-и Мадрид ҳаводорӣ мекунад, вале бозингари дӯстдоштааш Криштиану Роналду аст.
Назарсанҷии мо нишон дод, ки духтарон низ дар БМТ ба намудҳои гуногуни варзиш рағбат доранд ва аз ҳаводиси олами варзиш канор намемонанд. Дилшода Нигмонова, аудитори дараҷаи 1-и Департаменти аудити дохилии БМТ, ба бадминтон шавқ дорад. Аммо ӯ мухлиси дастаи футболи «Арсенал»-и Лондон аст ва бозингари дӯстдоштааш Алексис Санчес мебошад. Ӯ ба зарурати рушд додани бадминтон, тенниси рӯимизӣ ва санъати рақс миёни кормандони БМТ таъкид мекунад.
Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии барномавию техникии БМТ Шарафҷон Ибрагимов дастаи «Бавария»-и Олмонро беҳтарин дастаи футбол дар ҷаҳон меҳисобад. Вале футболбози дӯстдоштааш аз тими дигар — Криштиану Роналду мебошад.
Сиёвуш Шарипов, аудитори дараҷаи 3-и Департаменти аудити дохилии БМТ, ба самбои размӣ ва футбол шавқ дорад. Ӯ, ки худ бисёр ба варзиш машғул мешавад, мухлиси боксёри машҳур Муҳаммад Алӣ ва тими футболи «Челси» аст.
Аз натиҷаҳои назарсанҷӣ чунин бармеояд, ки аксари кормандони БМТ аз тамоми намудҳои варзиш бештар ба футбол ва волейбол шавқ доранд ва бозиҳои беҳтарин тимҳои ҷаҳонии ин соҳаҳои варзишро пайгирӣ мекунанд. Назарсанҷӣ ҳамчунин нишон дод, ки онҳо мехоҳанд бештар ба варзиш машғул шаванд. Шумо чӣ?




