Тоҷикистон соҳиби 11 медал ва ҷойи якуми «Dushanbe Grand Slam-2025»
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam-2025», ки аз 2 то 4 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) сазовори ҷойи якум гардид.
Тавре аз Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар доданд, дар «Dushanbe Grand Slam-2025» 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 давлати ҷаҳон иштирок дошт.
Дар ин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо, ки бори дуюм дар Душанбе баргузор шуд, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохил буд.
Дар мусобиқа дастаи мунтахаби Озарбойҷон бо гирифтани 4 медал (2 тилло ва 2 нуқра) сазовори ҷойи дуюм ва дастаи мунтахаби Фаронса бо гирифтани 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил дод. Ғолибони ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гардонида шуданд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дар баробари медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо шуданд. Аз ҷумла, ғолибони ҷойи якум 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360 ва ҷойи ҳафтум 260 имтиёз ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam» соли 2024 доир гардид, ки аз он паҳлавонони тоҷик 7 медал ба даст оварда буданд.
Н. Муродбекова, «Садои мардум»




