Зеҳн

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Муҳаммад Саид Сарвар

20 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Муҳаммад Саид Сарвар

5-уми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳамзамон, 6 июни соли 1992 ҳар ду кишвар робитаҳои дипломатии худро расман ба роҳ монданд.

  • Боиси хушнудӣ аст, ки робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ҳар ду мардуми дӯст, инчунин, аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад. Муносибатҳои стратегӣ миёни ҳар ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта истодаанд, - иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон аз густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро идома хоҳад дод. Барои ҳамкории судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ҳар ду кишвар чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои то ҳол истифоданашуда зиёданд.

Дар рафти мулоқот таъкид шуд, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.

М. СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2