Зеҳн

Ҳифзи пиряхҳо — омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ

20 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ20 ноябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Ҳифзи пиряхҳо — омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ

6-уми майи соли 2025 дар доираи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо — омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ» мизи мудаввар баргузор шуд.

Иброз гардид, ки чорабинии мазкур дар асоси нақшаи кори Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон бо мақсади ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29–31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда мешавад.

Таъкид шуд, ки ҳама мушкилоти экологии сайёра ба солимии аҳолӣ бетаъсир намемонад. Некуаҳволӣ, рушди иқтисодӣ ва солимии насли оянда аз солимии табиат вобастагии зич дорад. Муносибати ғайриоқилона бо табиат, зиёд гаштани талаботи саноат ба об, равандҳои биёбоншавӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди об метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

Зикр гардид, ки беш аз 60 фоизи обҳои ошомидании кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд ва ин захираҳои об бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.

М. Султонов, «Садои мардум»

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2