ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН ҲАМКОРӢ ДАР НАЗОРАТИ СИФАТИ ҲАВОРО ТАҚВИЯТ МЕДИҲАНД
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
Дар мулоқот директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Абудулло Қурбонзода ва директори Агентии хадамоти обуҳавошиносии Кумитаи миллии экология ва тағйирёбии иқлими Ӯзбекистон Шерзод Ҳабибуллоев ширкат карданд.
Ҷонибҳо зарурати таҳияи равиши ягона барои назорат ва арзёбии консентратсияи зарраҳои PM2.5 дар ҳавои атмосфераро баррасӣ карданд. Ба гуфтаи ширкаткунандагон, ҳамоҳангсозии меъёрҳо имкон медиҳад, ки маълумоти ҷамъоваришуда дар кишварҳои минтақа қобили муқоиса бошад ва самаранокии назорати ифлосшавии ҳаво беҳтар гардад.
Иштирокчиёни мулоқот таъкид кардаанд, ки дастрасӣ ба маълумоти мунтазам ва ҳамоҳангшуда барои арзёбии вазъи муҳити зист ва тақвияти ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самти такмили меъёрҳои сифати ҳаво, тақвияти низоми минтақавии мониторинг ва таъсиси механизми ягонаи табодули иттилоот изҳор кардаанд.




