Баъзе тавсифоти сохтори рагию бофтавии ғадуди сипаршакл ҳангоми ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ дар мардон
И.А. Давлятов, С.С. Қурбонов, Ҳ.Ю. Шарипов
Кафедраи тибби судӣ ва кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимови МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақолаи мазкур ба омӯзиши масъалаҳои морфологияи сохтори рагию бофтавии ғадуди сипаршакл ҳангоми ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ (ҶПТ) дар мардон бахшида шудааст. Ҳамагӣ 22 ғадуди сипаршакли мардони гирифтори ҷоғар таҳқиқ карда шуд. Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки дар ғадуди сипаршакл ҳангоми ҶПТ равандҳои гиперпластикӣ, инфилтратсияи лимфоидӣ дар строма ва фолликулаҳои тиреоидӣ, тағйироти шакли фолликулаҳо, бартарии намуди микрофолликулярӣ, ҳолатҳои тез-тез вохӯрандаи резорбсияи канории вакуолаҳо, пурзӯршавии васкуляризатсияи узв ва деформатсияи рагҳо бо васеъшавии минбаъдаи рагҳои ҷараёни микросиркуляторӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Калимаҳои калидӣ: ғадуди сипаршакл, ҷоғари паҳнёфтаи токсикӣ, сохтори рагию бофтавӣ.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 480–497. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-480-497




