Гурӯҳҳои калидӣ ва осебпазири аҳолӣ нисбат ба бемории сил: натиҷаҳои таҳлили маълумоти Китобхонаи Кокрейн (тадқиқоти сифатӣ)
О.И. Бобохоҷаев, П.У. Маҳмудова, С.Р. Наимов, Г.Б. Шарвонова, Ё.Ф. Расулов, Б.А. Сатторов, С.Н. Саидова
Кафедраи фтизиопулмонологияи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино»; Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
Мақсади омӯзиш. Арзёбии афзалиятнокии гурӯҳҳои калидӣ ва осебпазири аҳолӣ нисбат ба бемории сил.
Мавод ва усулҳо. Маводи ин таҳқиқоти таҳлилӣ маълумоти Китобхонаи Кокрейн буд, ки бо калимаҳои калидии «аҳолии калидӣ ва осебпазир нисбат ба бемории сил» (АКОБС) ба забони русӣ ва «key and vulnerable group population on tuberculosis» ба забони англисӣ ҷустуҷӯ карда шуд. Афзалиятнокии ҳар як гурӯҳ бо гузоштани хол вобаста ба шумораи истинодҳо ба он гурӯҳи АКОБС дар мақолаҳои нашршуда муайян карда шуд.
Натиҷаҳои тадқиқот ва муҳокимаи онҳо. Ба ҳашт гурӯҳи АКОБС-и сил, ки дар асоси натиҷаҳои тадқиқот холҳои бештар (аз 40 то 57 хол) гирифтанд, афзалият дода шуд. Ба ин рӯйхати афзалиятнок гурӯҳҳои зерини аҳолӣ дохил карда шудаанд: шахсони гирифтори ВНМО, шахсони дар ҳабс ва маҳрум аз озодӣ қарордошта, муҳоҷирони меҳнатӣ, истеъмолкунандагони маводи мухаддир, шахсони гирифтори бемориҳои музмини шуш, беморони гирифтори диабети қанд, одамони дорои мушкилоти равонӣ ва одамоне, ки бо беморони гирифтори сили фаъоли шуш робитаи наздик доштанд. АКОБС бо хатари умумии 40–57 хол ба гурӯҳҳои хавфи афзалиятнок тасниф карда шуданд. Гурӯҳҳое, ки хатари муштараки 24–29 холро ташкил медиҳанд, ҳамчун гурӯҳҳои дорои хатари миёнаи рушди бемории сил тасниф карда шуданд ва аз инҳо иборатанд: кормандони соҳаи тиб, одамоне, ки ҳангоми муоинаи рентгении қафаси сина дар шушашон тағйирот ошкор шудааст, кормандони аутрич ва иҷтимоӣ, ки дар барномаи мубориза бо сил иштирок мекунанд, ва кормандоне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ кор мекунанд. Тибқи нашрияҳо, тадқиқотҳо дар байни дигар гурӯҳҳои АКОБС мунтазам гузаронида нашудаанд.
Хулосаҳо. Аз байни 22 гурӯҳи хавфи сил (АКОБС) ба гурӯҳи афзалиятнок шахсони мубталои ВНМО, шахсони дар ҳабс ва маҳрум аз озодӣ қарордошта, муҳоҷирони меҳнатӣ, истеъмолкунандагони маводи мухаддир, беморони гирифтори бемориҳои музмини шуш, беморони гирифтори диабети қанд, одамони гирифтори бемориҳои равонӣ ва шахсоне, ки бо беморони гирифтори сили фаъоли шуш робитаи наздик доштанд, дохил мешаванд.
Калимаҳои калидӣ: бемории сил, аҳолии калидӣ ва осебпазир, таҳлили нашрияҳо, Китобхонаи Кокрейн.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 498–514. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-498-514




