Хусусиятҳои фарқкунандаи синдромҳои дард ва буғумӣ ҳангоми оғози остеоартрити ибтидоии буғумҳои зону
И.Ё. Одилзода, С.М. Холов, Н.Н. Ғайратова, Г.Н. Каримова, Р.Н. Зубайдов, Ё.У. Саидов
Кафедраи пропедевтикаи бемориҳои дарунии МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино», ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳадафи омӯзиш. Омӯхтан ва муайян кардани хусусиятҳои фарқкунандаи синдромҳои дард ва буғумӣ дар оғози остеоартрити ибтидоии (ОА) буғумҳои зону (БЗ).
Мавод ва усулҳо. Аз шумораи умумии беморони гирифтори ОА БЗ, ки аз ҷониби мо муоина шуданд (n=68), дар 26 бемор ташхис бо истифода аз тавсияҳои муосири байналмилалӣ тасдиқ карда шуд. Бо мақсади санҷиши ташхиси барвақтии ОА БЗ-и ибтидоӣ бо назардошти тавсияҳои байналмилалӣ мо як навъ «сенарияи ташхисӣ»-и семарҳилавӣ таҳия кардем, ки ба ҷустуҷӯи фаъол ва мақсадноки нишонаҳои аввали беморӣ равона шудааст.
Натиҷаҳо. Натиҷаҳои бадастовардаи мо дар маҷмӯъ инҳоро нишон медиҳанд: а) хусусиятҳои фарқкунандаи синдроми дард дар оғози ОА БЗ-и ибтидоӣ инҳо буданд: «ритми механикӣ» бо эҳсосоти гуногуни дард, аксар вақт дар шакли дард ҳангоми ҳаракат (дар 79,9%), «дарди оғозӣ» (дар 61,4%), дард дар ҳолати оромӣ (дар 19,2%) ва дарди шабона (дар 23,04%); б) хусусиятҳои фарқкунандаи синдроми буғумӣ (ҳангоми муоина, палпатсия ва аускултатсияи БЗ ошкор карда шуданд) инҳо буданд: эпизодҳои синовити равшан ифодаёфта дар анамнез (асосан дар заминаи бори механикӣ ба БЗ) ё дар лаҳзаи муоина (дар 19,2%), мавҷудияти дард дар ҷузъҳои сохтории периартикулярии БЗ (дар соҳаи энтезиси пайвандҳои паҳлуӣ дар 38,4%, болои зону дар 23,04% ва дар проексияи ба истилоҳ «пойи қоз» дар 46,08%), крепитатсияи фосилавӣ ҳангоми ҳаракати пассивии БЗ ва/ё ҳангоми аускултатсияи БЗ (дар 34,6%).
Хулосаҳо. Муайян кардани хусусиятҳои алоҳидаи синдромҳои музмин ва бисёромилаи дард ва буғумӣ, ки дар ташхиси барвақтии ОА БЗ-и ибтидоӣ аҳамияти калон доранд, марҳилаи аввали ҳалли ин мушкилоти мураккаб мебошад.
Калимаҳои калидӣ: остеоартрити ибтидоӣ, буғуми зону, синдроми дард, синдроми буғумӣ.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Илм ва таҳсилот» (Наука и образование), 2024, ҷ. 1, №4, саҳ. 531–540. DOI: 10.25005/3078-5022-2024-1-4-531-540




