Зеҳн

Ҳолати комплекси фетоплатсентарӣ дар ҳомилагони ҷавони гирифтори камхунӣ ва норасоии вазни бадан

21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

С.Г. Қодирова, М.Г. Шералиева, Р.А. Абдуллоева, Г.Н. Салоҳиддинова

Кафедраи акушерӣ ва гинекологии №1 (мудири кафедра, д.и.т. М.А. Ҳақназарова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Масъалаи солимии репродуктивии духтарони синну соли 12–19 сола дар тамоми ҷаҳон муҳим мебошад.

Давраи ҳомилагӣ, валодат ва давраи баъдивалодатии занҳои ҷавон бо оризаҳои камхунӣ, хавфи исқоти ҳамл, вайроншавиҳои гипертензивӣ, вайроншавии фаъолияти валодат ва ғ. мегузарад (1, 2, 4).

Ҷараёни ҳомилагӣ ва валодат ба насли модарони ҷавон таъсири худро мерасонад. Ҳар як даҳумин тифл норасид ва дар байни тифлони расида ҳар даҳумин тифл мубталои гипотрофия таваллуд мешавад.

Тифлони модарони ҷавон аксаран вазни камтар доранд. Одатан дар занҳои такрорзоянда, бо ҳар ҳомилагии навбатӣ вазни тифлонашон зиёдтар мегардад, аммо баъди таваллуди бисёр (зиёда аз 5) тавлиди тифли навзод бо вазни ками бадан аз сари нав мушоҳида мешавад.

Мақсади таҳқиқот. Омӯхтани ҳолати комплекси фетоплатсентарӣ дар ҳомилагони ҷавони гирифтори камхунӣ ва норасоии вазни бадан.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. 65 ҳомилаи ҷавон ба муоинаи ултрасадоӣ фаро гирифта шуданд, аз ҷумла 35 нафар – ҷавонони солим, 15 нафар – гирифтори камхунӣ ва 15 нафар – бо норасоии вазни бадан буданд. Гурӯҳи муқоисавиро 30 нафар зани ҳомилаи синну соли репродуктивие, ки давраи ҳомилагиашон бе авориз гузаштааст, ташкил дод.

Дар муҳлатҳои 22–24, 25–27, 28–31, 32–35 ва 36–38 ҳафтаи ҳомилагӣ нишондиҳандаҳои зерини фетометрияи тифл омӯхта шуданд: андозаи бипариеталии сарак, андозаи пешонию пуштисарӣ, диаметри шикам, диаметри қафаси сина ва дарозии устухони рон.

Натиҷаи тадқиқот ва баррасии он. Тадқиқот омӯзиши суръати гардиши хунро дар шарёнҳои бачадон ва рагҳои магистралии тифл: шарёни ноф, аорта, шарёни мобайнии мағзи сар, муайян намудани муносибати систоликию диастоликӣ дар бар гирифт. Динамикаи инкишофи тифл аз омилҳои гуногуни шароити дохилӣ ва берунӣ вобаста мебошад.

Нишондодҳои биометрии тифл ҳангоми патологияи гуногуни акушерӣ ва экстрагениталӣ ба монанди камхунӣ, вайроншавии гипертензивӣ, норасоии вазни бадан ва ғ. аз ҷониби муаллифон омӯхта шудаанд (3, 4).

Таҳлили фетометрияи ултрасадоӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои асосӣ дар ҳомилагони ҷавони солим нисбат ба гурӯҳи муқоисавӣ (занҳои синну соли репродуктивӣ) пасттар мебошанд. Дар гурӯҳи ҷавонони мубталои камхунӣ пастшавии назарраси андозаи бипариеталии сарак ба 0,18 ва бо норасоии вазни бадан ба 0,20, андозаи пешонию пушти сар ба 0,18 ва 0,22, диаметри шикам дар ҳар ду гурӯҳ ба 0,16, диаметри қафаси сина ба 0,24 дар гурӯҳи якум ва ба 0,20 дар гурӯҳи дуюм дида мешавад. Пастшавии нишондиҳандаҳои фетометрия дар рафти ҳомилагӣ нисбати гурӯҳи муқоисавӣ қайд карда мешавад.

То муҳлати 25–26 ҳафтаи ҳомилагӣ нишондиҳандаҳои фетометрикӣ аз гурӯҳҳои муқоисавӣ фарқият надоранд. Дигаргуниҳои намоён дар муҳлатҳои 28–31, 36–38 ҳафтаи ҳомилагӣ ба қайд гирифта шуданд. Дигаргуниҳои назарраси нишондиҳандаҳои фетометрикӣ дар тифлони модарони ҷавони солим камтар муайян карда мешаванд.

Гардиши хун дар шарёни ноф, шарёни бачадон ва рагҳои хунгарди тифл бо усули допплерометрия дар занҳои ҳомилаи ҷавон дар муҳлати 33–37 ҳафтаи ҳомилагӣ муоина карда шудааст.

Ҳангоми таҳлили суръати гардиши хун муносибати систоликию диастоликӣ муайян карда шудааст. Барои бақайдгирии дигаргуниҳои гардиши хун дар сатҳи бачадонӣ, платсентарӣ ва тифлӣ – платсентарӣ коэффитсиенти платсентарӣ (КП) ҳисоб карда шудааст.

Нишондиҳандаи эътидолии КП дар муҳлати 33–37 ҳафтаи ҳомилагӣ ба 0,261±0,006 баробар мебошад (А.Н. Стрижаков ва ҳаммуаллифон, 1991).

Дигаргуниҳои назарраси гардиши хун дар системаи шараёни бачадон ҳам дар гурӯҳи ҷавонони солим ва ҳам дар ҷавонони норасоии вазни бадандошта муайян карда шудаанд. Фарқи нишондиҳандаҳо нисбат ба гурӯҳи муқоисавӣ дараҷаи баланди эътимодиятро нишон медиҳад (Р<0,001).

Вайроншавии гемодинамика дар комплекси фетоплатсентарӣ ҳам дар ҷавонони солим ва ҳамчунон дар ҷавонони гирифтори камхунӣ ва норасоии вазни бадандошта муайян карда мешавад.

Дар бобати вайроншавии гардиши хун дар системаи фетоплатсентарӣ пастшавии нишондиҳандаҳои муносибати систоликию диастоликӣ аз каҷии суръати гардиши хуни шарёни миёнаи мағзи сар шаҳодат медиҳад.

Коэффитсиенти платсентарие, ки нишондиҳандаи нисбатан маълумотнок барои ташхиси бармаҳали вайроншавии гардиши хун дар тамоми системаи бачадонӣ, платсентарию тифлӣ мебошад, нисбати гурӯҳи муқоисавӣ паст буд.

Ҳамин тавр, вазни миёнаи тифлони навзоде, ки аз занҳои наврас таваллуд шудаанд, паст буда, 2253,0±72,4 г-ро ташкил дод (Р<0,01), вайроншавии гардиши хун дар системаи функсионалии модар–платсента–тифл дар 2/3 ҳомилагони наврас ба қайд гирифта шудааст, алалхусус дар гардиши хуни бачадонӣ – платсентарӣ назаррас мебошад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 9.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2