Арзёбии қиёсии самаранокии амалиёти ҷарроҳии бавосир
Ҷ.Қ. Муҳаббатов, Ш.А. Тошев
Кафедраи ҷарроҳии умумии №1 (мудири кафедра н.и.т., дотсент О.С. Боймуродов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Бавосир ва бемориҳои дигари ҳамрадифи он дар байни бемориҳои рострӯда 18–42%-ро ташкил медиҳанд [1, 2, 3]. Новобаста аз вуҷуд доштани усулҳои гуногуни ҷарроҳӣ ва мунтазам такмил ёфтани онҳо, то ҳол ҷарроҳон ва ҳам беморон аз натиҷаҳои ба даст омада қаноатманд нестанд. Ин пеш аз ҳама ба хеле паҳншуда будани беморӣ ва аксаран бо дигар бемориҳои рострӯда ҳамроҳикунанда будани он, ба табиб дер муроҷиат кардани беморон, инчунин дар ҳама гуна муассисаҳои табобатии ғайритахассусӣ ба роҳ мондани ҷарроҳии бавосир вобаста аст [4, 5].
Қатъи назар аз комёбиҳои назаррас дар колопроктология ва ворид шудани технологияи ҷадид дар ҷарроҳии бавосир, дар беморони ҷарроҳишуда дарди шадид (23–34%), боздории рефлексии пешоб (дар 15–26%), фасодгирии захми мақъад ва хуншории он (дар 4–6%), душвории қазои ҳоҷат (дар 14%) ва амсоли инҳо мушоҳида мешавад [2, 4]. Басомади рушди оризаҳои ҷарроҳии бавосир ба 6,2–13,0% мерасад [7,8]. Омӯзиши пайдоишу ҷараён ва масъалаҳои ташхиси бармаҳали оризаҳои ҷарроҳии бавосир, таҳқиқи нишондиҳандаҳои патофизиологӣ ва патоморфологии қисми канории рострӯдаро тақозо мекунад [1, 6].
Дар робита ба ин, дарёфти ҷиҳатҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки сабабҳои пайдоишу ҷараён, ташхис, пешгӯӣ, пешгирии оризаҳои ҷарроҳии бавосир ва меъёрҳо барои интихоби усул ва ҳаҷми ҷарроҳӣ аҳамияти тиббӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ доранд.
Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши пайдоишу ҷараён, ҷанбаҳои ташхиси барвақтӣ, такмили усулҳои пешгӯӣ, пешгирии оризаҳои ҷарроҳии бавосир ва тавонбахшии беморон.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Давоми солҳои 2015–2017 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар шуъбаи колопроктологияи Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи академик К.Т. Тоҷиев натиҷаи мушоҳидаи 124 бемори бавосири ҷарроҳишуда (94 мард – 75,8% ва 30 зан – 24,2%, дар синни аз 19 то 58 сола) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҳамаи гирифторони бемории бавосир ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба гурӯҳи якум (назоратӣ) 64 нафар (51,6%), ба гурӯҳи дуюм (асосӣ) 60 нафар (48,4%), ки аз рӯи консепсияи таҳиякардаи мо бо усули ҷарроҳӣ табобат гирифта буданд, дохил мешуданд.
Аз миқдори умумии беморон (124 нафар) дар 56 маврид (45,2%) беморон бо хуншории гиреҳҳои бавосири дарунӣ ва камхунии савияҳои гуногуни баъдибавосирӣ бистарӣ шуда буданд. Бояд қайд кард, ки 28 нафар бемор (22,6%) бо хуншории шадиди бавосирӣ бистарӣ гаштанд. Дар 40 (32,2%) нафар гирифторони бемории бавосири музмин, дараҷаи IV-и баромадани гиреҳҳои дохилии бавосирӣ ба мушоҳида расид. Дар 36 нафар бемор (29%) бавосир бо кафидагии маҷрои мақъад қайд шуд. Муддати ҷараёни бемории 64 нафар (51,6%) зиёда аз 3 солро ташкил медод. Дар 30 ҳолат (24,2%) гиреҳҳои бавосирӣ пароканда ҷой доштанд. 23 нафар бемор (18,5%) гирифтори бемориҳои ҳамрадифи роҳҳои ҳозима буданд.
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Бо мақсади пешгӯии инкишофи оризаҳои ҷарроҳии бавосир, баргузории тадбирҳои пешгирӣ дар давраи қаблазҷарроҳӣ ва ҳангоми иҷрои ҷарроҳӣ дар бемороне, ки баъди ҷарроҳии бавосир дучори оризаҳо шуда буданд, ҷиҳати муайян кардани омилҳои хавфпазир тадбирҳо ба анҷом расонида шуданд.
Арзёбии қиёсии самараи табобат дар гурӯҳҳои муқоисашаванда дар давраи ҷарроҳӣ ва баъди он гузаронида шуд.
Баъди ҷарроҳӣ дар гурӯҳи асосӣ дар як нафар (1,6%), дар гурӯҳи назоратӣ дар 3 нафар (4,7%) хунравӣ аз рострӯда мушоҳида шуд. Сабаби хунравӣ дар ибтидои давраи баъдиҷарроҳӣ аз боқимондаи поячаи раги гиреҳи бавосирӣ лағжидани лигатура буд, ки ҷарроҳии такрориро тақозо мекард.
Ҳангоми қазои ҳоҷати аввалин дар 18 бемори гурӯҳи асосӣ (30%) ва 25 бемори гурӯҳи назоратӣ (38,5%) аз рострӯда хунравии кам мушоҳида шуд. Қазои ҳоҷати душвор дар 21 (33%) нафар беморони гурӯҳи назоратӣ ва 24 (40%) нафар беморони гурӯҳи асосӣ қайд шуд. Дар давраи баъдиҷарроҳӣ дар 10 (16%) бемори гурӯҳи назоратӣ ва 17 (28,4%) бемори гурӯҳи асосӣ боздории рефлексии пешобкунӣ, кафидагии шадиди мақъад баъди ҷарроҳӣ дар 3 (4,7%) бемори гурӯҳи назоратӣ, парапроктити шадид дар 2 (3,1%) нафар бемори гурӯҳи назоратӣ мушоҳида шуд. Сабаби ба вуҷуд омадани парапроктитҳо фасод гирифтани захми маҷрои мақъад ва ташаккули хуномос (гематома)-ҳои зери луобпарда буданд, ки баъди нодуруст карахш бастани захми маҷрои мақъад пайдо шуданд.
Яке аз оризаҳои ҷарроҳии бавосир, ки бисёр вақт ҷарроҳии такрориро тақозо мекунад, бавосири бозгаштпазир ва гиреҳҳои бавосирии боқимонда мебошанд.
Ташхиси ҷарроҳии оризаноки бавосир, махсусан дар давраҳои аввали инкишоф хеле душвор аст. Яке аз тарзҳои мувофиқи ташхис ва пешгӯии оризаҳои бавосир дар давраи баъдиҷарроҳӣ таҳқиқи гиреҳҳои бавосирии (биоптатҳои) дар вақти ҷарроҳӣ буридашуда мебошад.
Дар гурӯҳи асосии беморон дар 9 гиреҳи буридашуда тағйироти морфологӣ дар шакли захмҳои сатҳи луобпарда, проктити назлавии музмин (дар 3 нафар), тунук ва ғафс шудани пӯстпарда (эпителия), дисплазияи равшан (дар 2 нафар) ба мушоҳида расиданд. Дар гурӯҳи назоратии беморон дар 19 препарат инфилтратсияи майдануқтаи луобпарда мушоҳида шуданд, ки ба пайдоиши проктити назлавии музмин (дар 14 нафар) ва проктити фасоддор (дар 5 нафар) мусоидат кардаанд.
Бемориҳои илтиҳобии музмини луобпардаи рострӯда ва ихтилоли карахшбандии захми маҷрои мақъад сабаби пайдоиши захмҳои дурустнашаванда ва андаке хун рафтан баъди қазои ҳоҷат дар 2 нафар бемори гурӯҳи назоратӣ ва 2 нафар бемори гурӯҳи асосӣ гаштаанд.
Ҳамин тавр, таҳлили қиёсии натиҷаҳои тақрибии бо ҷарроҳӣ муолиҷа кардани бавосир дар беморони гурӯҳҳои назоратӣ ва асосӣ исбот мекунад, ки тадбирҳои коркардашуда ба пешгирии оризаҳои бавосирбурӣ дар давраи баъдиҷарроҳӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ аз беморхона ҷавоб шудани беморон мусоидат мекунанд. Бо дарназардошти ин ҳама метавон чунин хулоса баровард:
Сабабҳои асосии оризаҳои ҷарроҳии бавосир тағйироти морфологию вазоифии луобпардаи қисми канории рострӯда ва ноҷӯрию камбудиҳо ҳангоми бавосирбурӣ мебошанд.
Беҳтарин усули пешгӯӣ кардани раванди давраи баъдиҷарроҳӣ ва хавфи инкишофи оризаҳои баъди бавосирбурӣ таҳқиқи морфологии препаратҳое (гиреҳҳое) мебошад, ки ҳангоми ҷарроҳӣ бурида гирифта шудаанд.
Истифодаи усулҳои такмилёфтаи бавосирбурӣ ва бо роҳи ҷарроҳӣ ислоҳ кардани оризаҳои он барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат мусоидат намуд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 16.




