Интихоби тарзи муолиҷаи гирифторони бемории парапроктити шадид бо истифода аз таҳқиқи ултрасадоӣ
Ҷ.Қ. Муҳаббатов, Ш.А. Тошев
Кафедраи ҷарроҳии умумии №1 (мудири кафедра н.и.т., дотсент О.С. Боймуродов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Парапроктити шадид (ПШ) дар амалияи ҷарроҳии колопроктологии таъҷилӣ бемории хеле паҳншуда мебошад. Мувофиқи маълумоти адабиёт ПШ дар байни гирифторони бемориҳои умумиҷарроҳӣ 0,5–4% ва дар сохтори бемориҳои проктологӣ 20–40%-ро ташкил медиҳад [1,6,8]. Дар 13–20% беморони ҷарроҳишуда оризаҳои фасодию илтиҳобӣ, дар 4–10% шакли музмин гирифтани ҷараёни беморӣ, дар 6–8% иллати ҳалқамушаки мақъад мушоҳида мешавад.
ПШ бемории паҳншуда буда, даҳсолаҳо боз мавзӯи баҳсу мунозираи олимони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Махсусан думмалҳои сурину рӯдаи рост, косу рострӯда, паси рострӯда, ки дар байни ПШ то 58%-ро ташкил медиҳанд, мавзӯи мубоҳисаҳои илмии олимон шудааст. Омилҳои пайдоиш ва инкишофи ПШ суст шудани масуният, ихтилоли меъдаю рӯда, мавҷудияти бемории бавосир ва ғ. мебошанд [1,11].
Солҳои охир ҷиҳати тавсифи топографии ПШ бештар аз усули таҳқиқи ултрасадоӣ (ТУС) истифода мекунанд. ТУС имконият медиҳад, ки мавзеъ, андоза ва сохтори иллат, дараҷаи ба девораи рострӯдаю торҳои ҳалқамушаки мақъад афзоиш ёфтани илтиҳоб ва ҳадди амиқии ҷойгирии осеб арзёбӣ карда шаванд [3,10].
Мақсади таҳқиқот. Истифодаи таҳқиқи ултрасадоӣ дар ташхиси тафриқавии бемории парапроктити шадид ва интихоби муолиҷаи дурусти гирифторони бемории мазкур.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Аз соли 2014 то 2017 дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, шуъбаи колопроктологии Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 ба номи академик К.Т. Тоҷиев 42 нафар беморони гирифтори намудҳои гуногуни ПШ мавриди муоина қарор гирифтанд. Бо мақсади ташхис ва табобати ПШ дар шуъба мо аз усули таҳқиқи ултрасадоии миёндуроҳа, ки басомади нақшбардории он 3,5–7,8 МГс буд, истифода намудем.
Пеш аз ҷарроҳӣ беморонро аз таҳқиқи ултрасадоӣ гузаронидан ҳатмист. Таҳқиқ дар дастгоҳҳои ултрасадоӣ бо истифода аз датчикҳои хаттӣ дар низоми ҷадвали хокистарранг сурат мегирад.
Ҳангоми таҳқиқи дубур ё миёндуроҳа датчики хаттӣ дар атрофи мақъад гузошта шуда, девораи маҷрои мақъад ва насҷи зерпӯсти мушакҳои миёндуроҳа мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Саҳеҳии таҳқиқи ултрасадоӣ дар ин ҳолат 90%-ро ташкил медиҳад [12].
Филиппов Д.Ю. [4], L. Stewart ва ҳаммуаллифон [5] ба хулосае омадаанд, ки таҳқиқи ултрасадоӣ имкон медиҳад тарзи тағйироти патологӣ дар фазои ҳуҷайравӣ дақиқан ошкор, инчунин бемориҳои дигари узвҳои ҳамшафат аз ПШ фарқ карда шаванд. Мувофиқи маълумоти Филиппов Д.Ю. саҳеҳияти усули мазкур 86%-ро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти L. Stewart ва ҳаммуаллифон нишондиҳандаҳои пешазҷарроҳии ТУС дар 85%-и ҷарроҳиҳо тасдиқ карда шудаанд [5].
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Усули мазкур ба мо имконият дод, ки мавҷудияти инфилтратсия, думмал, манбаъҳои иловагии фасод, маҷроҳо ва обварам дар мавзеи сурину чорбанд дақиқан ташхис ва афзоиши илтиҳоб ба девораи рострӯда ва ҳалқамушаки мақъад (сфинктер) муайян карда шаванд.
Дар гурӯҳи якум дар 23 нафар бемор (54,8%) баъди таҳқиқи ултрасадоии миёндуроҳавии басомадаш 5,3 МГс бо датчики хаттии нусхагирӣ ошкор гашт, ки дар мавзеи сурину чорбанди онҳо манбаъҳои фасод, маҷроҳо ва обварамҳо вуҷуд надоранд, вале инфилтратсияҳо ба мушоҳида расиданд. Ба ин беморон дору ва истифодаи ТУС-и назоратӣ таъин карда шуд. Баъди табобат вазъи ҳоли 16 нафар бемор (38,1%) беҳтар ва инфилтратсия ҷаббида шуд. 7 нафари боқӣ (16,7%)-ро зери назорати ТУС пунксия карда, чиркхонаро ба воситаи заҳкаш тоза намуданд.
Дар гурӯҳи дуюм дар 19 нафар бемор (45,2%) баъди таҳқиқи ултрасадоии миёндуроҳавии басомадаш 3,5 МГс дар насҷи пасирострӯдавӣ римхонаҳое ошкор карда шуданд, ки аз сатҳи пӯст дар умқи 2–4 см ҷой дошта, шаклашон нодуруст ва андозаашон аз 3,2×2,0 то 4,0×3,5 см буд. Аз асоси онҳо зардоброҳаҳо тӯл мекашиданд, ки сарҳади болоиашон ошкор карда нашуд. Дар мавзеи сурин ва чорбанди 7 нафар бемори дигар (16,7%) манбаъҳои иловагии чиркдор, роҳҳо ва обварамҳо ошкор карда нашуданд. Танҳо думмали андозааш аз 1,0×1,5 то 3,0×2,0 см ба назар расид, ки дар умқи 2–3 мм ҷой дошта, муҳтавояш гуногун буд. Ба ин гурӯҳи беморон амали ҷарроҳӣ ва дорушифоӣ иҷро карда шуд.
Ҳамин тавр, ТУС-и мавзеи миёндуроҳа ҳангоми ПШ имкон медиҳад, ки мавқеъ, андоза, хусусият ва миқдори фасоди думмал, инфилтратсияи насҷи зерипӯстӣ, мавҷудияти носур ва роҳҳои иловагии римхонаҳо ошкор карда шаванд, ки ҳамаи ин барои дуруст гузоштани ташхис ва интихоби тарзи муолиҷа хеле муҳим мебошад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 18.




