Тайёр намудани даҳони патсиентон барои протезмонӣ бо истифодаи тромботситҳои ғанигардонидашудаи плазмаи хун
С.А. Таибов, О.С. Аюбов, А.А. Иброҳимова, Х.С. Шарипов
Маркази таълимию клиникии стоматологӣ, кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ (мудири кафедра н.и.т. С.П. Тохтахоҷаева), ҶҶР ва имплантология (мудири кафедра н.и.т. Р.Н. Ҷонибекова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Солҳои охир эҳтиёҷ барои дандонмонии беморони қираи алвеолияшон пастшуда афзудааст. Дар тайёр намудани даҳони ин беморон барои дандонмонӣ аз ҳама бештар бояд ҷарроҳ-стоматолог саҳм дошта бошад. Истифодаи дарозмуддат ва сифати протезмонӣ аз кори дурусти онҳо вобастагии зиёд дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дараҷаи пломбамонии решаҳои дандон бо оризаҳои кариесӣ он қадар хуб нест. Тибқи маълумот 60–80% решаҳо бесифат пломбагузорӣ мешаванд. Аз сабаби паст будани таъминоти маводи эндодонтӣ дар дармонгоҳҳои стоматологӣ ба гумон аст, ки ин нишондиҳанда беҳтар гардад. Ҳаҷми тайёр намудани бемор дар ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ барои дандонмонӣ ба ҳолати ҷоғу даҳони бемор вобаста аст, ки тадқиқоти дурустро талаб менамояд. Ҷараёни ҷарроҳӣ дар даҳон гуногун аст. Тадқиқот дар бемороне, ки то дандонмонӣ барои табобат муроҷиат намудаанд, дар Маркази таълимию клиникии «Стоматология»-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва ПИК «Стоматология» ва ҶҶР солҳои 2011–2016 гузаронида шуд. Ҷарроҳии кандани дандон метавонад баъди худ ҷароҳате боқӣ гузорад, ки боиси иллати луобпарда ва бофтаҳои устухонии қираи алвеолӣ мегардад.
Ҳангоми кандани дандон ҳамаи нозукиҳои кор бояд риоя карда шавад, то ки ҳангоми дандонмонӣ мушкилот ба вуҷуд наояд.
Дар соҳаи стоматология плазмаи бо тромботситҳо ғанигардонидашуда дар ҷарроҳии устухоншинонӣ бардоштани теғаи ҷавфи гайморӣ, бардоштани қираи алвеолӣ, пешгирӣ кардани пастшавии шохаҳои алвеолӣ баъди кандани дандонҳо ва гузоштани имплантатҳо истифода бурда мешавад, ки ин боиси тезонидани муҳлати барқароршавии баъди ҷарроҳӣ ва нест шудани дард баъди ҷарроҳӣ мегардад.
Мақсади таҳқиқот. Истифодаи самараноки плазмаи бо тромботситҳо ғанигардонидашуда дар якҷоягӣ бо маводи устухонӣ ва коллапан. Тарзи дуруст тайёр намудани даҳон барои протезмонӣ.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Чор намуди ҷарроҳии ислоҳи қираи алвеолӣ, ки бештар вомехӯранд, амалӣ карда шуданд:
-
Ҷарроҳиҳое, ки дар марҳилаи охирини кандани дандон мегузаронанд;
-
Резексияи қираи алвеолӣ пеш аз тайёр намудани ғилофак ё протезҳои пулмонанд;
-
Барқарор намудани қисми алвеолӣ барои тайёрӣ ба гузоштани имплантати денталӣ бо табобати ортопедӣ.
-
Истифодаи усули барқароркунии бофтаҳои устухон бо истифодаи маводи устухонӣ.
Ҳангоми кандани дандонҳои курсӣ парадонти ҳифзшударо кӯтоҳ мекунанд. Қисми болои қираро ҳам ба тарафи медиалӣ ва ҳам дисталӣ бо дарозии 1,5–2,0 см мебуранд.
Баъди ҷудо намудани луобпарда дандонро канда, бо ёрии бормошин қисми баландии танаи лунка ва байндевори решаҳоро то он дараҷае мегирем, ки баландии алвеолаи он баъд аз тоза кардани ҷои ҷарроҳӣ бо баландии қираи алвеолӣ баробар шавад.
Баъди кандани якчанд дандон қираи лункаҳо ва байндевори онҳоро он қадар гирифтан лозим аст, ки ҳангоми дӯхтани ҷои яра мушкилӣ эҷод накунад ва боиси дароз шудани муҳлати барқароршавӣ нашавад.
Ҳангоми қисми ғилофак ё решаи дандони ашки ҷоғи боло, ки ҳангоми дандонмонӣ ҳамчун поя истифода мешаванд, агар ҷараён паҳн нашуда бошад, ба дохили алвеола ё берун аз ҷои доштани протезҳо ва инчунин барҳои ҷоғҳои бедандон, ки ҳангоми протезмонӣ халал мерасонанд, буриши қираи алвеолӣ иҷро карда мешавад. Ғайр аз бо қираи алвеолӣ рост буридан, боз буриши вертикалӣ низ иҷро карда мешавад. Пас аз ҷудо намудани бофтаҳои мулоим ва тайёр намудани лоскути гардан як қисми қираи алвеолиро ҳам мебуранд, ки барои доштани протезҳо мусоидат намояд. Вобаста ба пастии қираи алвеолӣ ба миқдори зарурӣ як қисми луобпардаро мебуранд.
Буридани сари реша дар ҳолате гузаронида мешавад, ки дандон хуб пломба шуда бошад ва наҷунбад. Хатои дағал он аст, ки пас аз ҷарроҳӣ решаро пломба кунанд ва пломба аз сари реша берун барояд. Вақтҳои охир ҳангоми периодонтити шадид дандонҳои шашумро бо ҷарроҳии сари реша нигоҳ дошта, барои протезҳои пулмонанд ҳамчун поя истифода мебаранд.
Хулоса, натиҷаи тадқиқоти гузаронидашуда ва амалҳои рентгенӣ нишон доданд, ки истифодаи якҷояи тромботситҳои ғанигардонидашуда бо маводи устухонӣ ва коллапан афзоиши устухони навро тезонида, устухони мустаҳкамеро ба вуҷуд меорад, ки нисбат ба устухоне, ки ҳангоми ҷарроҳии он танҳо маводи устухонӣ истифода шудааст (бе плазмаи бо тромботситҳо ғанигардонидашудаи хун), мустаҳкамтар мебошад. Бо тарзи дурусти ҷарроҳӣ тайёр намудани даҳон барои протезмонӣ боиси дурудароз ва мустаҳкам нигоҳ доштани протезҳо мегардад. Ҷарроҳиҳои нақшавии гузаронидаи мо тасдиқ намуданд, ки истифодаи якҷояи тромботситҳои ғанигардонидашуда бо маводи устухонӣ ва коллапан барои протезмонӣ муфид аст. Мукаммал омӯхтани патологияи ҷоғу рӯй, ҳаҷми ҷойи ҷарроҳӣ ва дуруст риоя намудани тарзи гузаронидани ҷарроҳӣ бо истифодаи тромботситҳои ғанигардонидашудаи хун боиси сари вақт шифоёбии ҷойи ҷарроҳӣ мегардад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 21.




