Зеҳн

Сабабҳои тамоюли ками занони гирифтори бемории гипертонияи шарёнӣ ба муолиҷаи зиддигипертензивӣ

21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Д.А. Қодирова

Кафедраи тибби оилавии №1 (мудири кафедра д.и.т., профессор Д.А. Қодирова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Самаранокии муолиҷа на танҳо аз ташхиси дурусту саривақтӣ ва интихоби муолиҷаи дуруст, балки аз риояи дақиқи реҷа низ вобастагӣ дорад. Тибқи ақидаи муаллифон [2], тамоюл ба муолиҷа дараҷаи мутобиқати рафтори бемор ба тавсияҳои табиб мебошад (аз ҷумла истеъмоли доруҳо, риояи парҳез ва дигар тадбирҳои тағйирдиҳии тарзи ҳаёт). Тамоюли беморон ба муолиҷа асосан ҷараён ва пешгӯии бемориро муайян мекунад [1]. Бо назардошти ин, сабабҳои тамоюли пасти занони мубталои гипертонияи шарёниро ба муолиҷаи зиддигипертензивӣ муайян кардан муҳим мебошад.

Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши сабабҳои тамоюли ками занони мубталои гипертонияи шарёнӣ ба муолиҷаи антигипертензивӣ; маълум кардани омилҳои ба тамоюли занони мубталои ГШ ба муолиҷаи зиддигипертензивӣ таъсиррасонанда.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Муайянкунӣ ва ташхиси ГШ дар заноне, ки ба Маркази шаҳрии саломатии (МШС) №2-и ш. Душанбе муроҷиат карданд, тибқи Тавсияҳои Ҷамъияти тиббии Русия оид ба ГШ (ҶРТГШ) ва Ҷамъияти умумирусиягии илмии кардиологҳо (ҶУИК) [3] амалӣ карда шуд.

Баҳодиҳии тамоюл ба муолиҷаи занони мубталои ГШ, ки дар БШК № 2-и ш. Душанбе муолиҷа мекарданд, бо ёрии анкетаи махсуси мутобиқ гузаронида шуд. Барои омӯзиши омилҳои таъсиррасонанда 80 анкетаи занони мубталои ГШ-и синни 45–65-сола таҳлил карда шуд. Ғайр аз ин, варақаҳои амбулаторӣ, бақайдгирии диспансерӣ, иқтибосҳои таърихи бемориҳо, маълумоти муоинаи умумии тиббӣ ва маълумоти муоинаҳои озмоишгоҳӣ ва асбобии беморон таҳлил карда шуданд.

Ба занони гирифтори ГШ дар БШК № 2 ш. Душанбе муолиҷаи тавассути доруворӣ амалӣ карда шуд. Дар 63% занон монотерапия ва дар 37% муолиҷаи муштарак бо синфҳои асосии маводи зиддигипертензивӣ (МЗГ) истифода шуд: ингибиторҳои ангиотензин, блокаторҳои ретсепторҳои AT1 (БРА), антагонистҳои калсий (АК), β-адреноблокаторҳо (β-АБ), диуретикҳо. Барои коркарди натиҷаҳои тадқиқот пакети омории Statistica for Windows 6.0 истифода шуд. Дар муоина усулҳои омории ҳисобкунии хатои миёнаарифметикӣ ва миёнаи бузургии мазкур истифода шуд. Аломати омории фарқиятҳоро аз рӯи меъёри t-и Стюдент баҳодиҳӣ кардем. Фарқиятҳоро ҳангоми P < 0,05 оморӣ муҳим ҳисоб мекардем.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Барои омӯзиши омилҳои ба тамоюли муолиҷа таъсиррасонанда 80 анкетаи занони мубталои ГШ таҳлил карда шуд. Муайян шуд, ки аз 80 нафар 35 нафар (31,4%, тақрибан сеяк) тавсияҳои табибонро риоя мекунанд. Аз ҷумла ба тавсияҳои табибон оид ба зиёд кардани фаъолияти ҷисмонӣ аз 80 нафар 34 зан (42,5%), маҳдуд кардани истеъмоли намак – 52 (64,9%), кам кардани истеъмоли равғани ҳайвонот – 64 (80,0%) риоя кардаанд. Ошкор карда шуд, ки 14 (17,5%) зани мубталои ГШ дар хона тонометр доранд, ки шаҳодати имконпазирии худназораткунии фишори шарёнӣ мебошад.

Оид ба муолиҷаи доруворӣ бошад, аз 80 нафар 39 нафар (48%) қайд карданд, ки доруҳоро танҳо зимни бад ҳис кардани саломатиашон истеъмол мекунанд, барои гузаронидан ва ислоҳи муолиҷа 40 (51,2%) зани мубталои ГШ муроҷиат мекунанд. Аз 80 нафар 49 (61,2%) зани мубталои ГШ ба саволи сабаби риоя накардани тавсияҳо оид ба доруворӣ чунин ҷавоб доданд: «фаромӯш мекунам» -24,8%; «аз истеъмоли онҳо монда шудам» -12,7%; «бовар надорам, ки ҳамеша бояд дору истеъмол кунам» – 15,5%; «ба ман нафаҳмонданд, ки чаро ман ба дору ниёз дорам» – 25,1%; «аз вобаста шудан ба дору хавф дорам» -13,4%; «аз зарари дору эҳтиёт мекунам» – 13,0%; «нархи гарон доранд» -13,5%; «худро бе истифодаи онҳо ҳам хуб ҳис мекунам» – 32,5%; «хоҳиши муолиҷа надорам» – 12,5%; «ба самарабахшии онҳо боварӣ надорам» – 12,1%; «баъзан аз истеъмоли онҳо танаффус мебояд» – 10,8%, «ҳангоми истифодаи онҳо худамро бад ҳис мекунам» – 14,2%. Номи доруҳоеро, ки барои ба эътидол овардани ФШ таъин шудаанд, танҳо 35% беморон дар хотир доранд.

Зиёда аз нисфи занон дар фаҳми инструксияҳои истеъмоли доруҳое, ки табиб таъин мекунад, душворӣ мекашанд. 18 (22,8%) гуфтанд, ки аз табиби оилавӣ ё аз ҳамшираи тиббӣ оид ба ФШ ва оризаҳои имконпазири гипертония маълумоти кофӣ мегиранд ва 36 (45,0%) зан маълумоти хеле кам мегиранд.

Камсимптомии бемории ГШ дар қисми зиёди беморон боиси кам истеъмол кардани маводи зиддигипертензивӣ мешавад. Такроршавии дардҳои сар, сарчархзанӣ, ҳиссиёти нохуши ноҳияи дилро бисёри беморон ҳамчун сигнали шаҳодати зарурияти истеъмоли доруҳо мешуморанд. Пас аз гузаштани симптомҳо (дарди сар, якбора баланд шудани фишори шарёнӣ ва ғ.) истеъмоли доруҳо одатан қатъ мегардад. Дар ин ҳол, бисёр вақт фишори шарёнӣ баланд аст, аз ин сабаб хавфи баланди фалокатҳои дилу раг боқӣ мемонад.

Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки ба тамоюли занони мубталои ГШ ба муолиҷаи зиддигипертензивӣ якчанд омил, аз ҷумла нархҳои гарони мавод, таъсирҳои иловагии онҳо, тарз ва миқдори истеъмол, синну сол ва бемориҳои ҳамроҳикунандаи бемор ва ғ. таъсир мекунанд. Омилҳои асосии ба муолиҷа ҷалб кардани беморон муносибати мутақобила, маҳорати ҳавасмандкунӣ ба самарабахшии муолиҷа, муҳокимаи нақшаи муолиҷа мебошанд.

Барои муолиҷаи самараноки ГШ беморон бояд масъулияти ҳолати саломатии худро ба зимма гиранд ва дорои малакаҳои худназораткунии беморӣ бошанд. Бо назардошти ин, табибони оилавӣ бояд дар фаъолияти худ бо мақсади пешгирии инкишофи беморӣ ва оризаҳои он омилҳои хавфи ГШ-ро дар занон ошкор созанд. Фаҳмондадиҳии беморон метавонад ба баланд кардани тамоюли онҳо ба муолиҷаи гипотензивӣ мусоидат намояд.

Ҳамин тавр, муайян карда шуд, ки тавсияҳои табибонро ҳамагӣ сеяки занон (31,4%) риоя мекунанд. Сабабҳои ин метавонанд беморон (фаромӯшхотирӣ, аз зарари доруҳо хавф доштан ва монанди инҳо), табиб (маълумоти нокифоя оид ба доруҳо, беморӣ ва муолиҷаи он), мушкилоти иҷтимоию иқтисодии беморон ва хусусияти худи муолиҷа ва таъсирҳои иловагии доруҳо шаванд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 24.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2