Афзалиятҳои асосии тайёрии аввалияи табибони оилавӣ
Д.А. Қодирова
Кафедраи тибби оилавии №1-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (мудири кафедра д.и.т., профессор Д.А. Қодирова)
Декларатсияи ТУТ, ки соли 1978 дар ш. Алма-Ато қабул шудааст, эътироф кардааст, ки ёрии аввалини тиббию санитарӣ (ЁАТС) бояд дараҷаи аввалини робитаи патсиентро бо системаи тандурустӣ аз рӯи ҷойи истиқомат ва аз рӯйи ҷойи кор таъмин намояд. Дар Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ ва инкишоф додани тибби оилавӣ ҳанӯз дар давраи банақшагирии реформаи сектор, яъне соли 1998 (фармони №236 аз 23 июни соли 1998 «Оид ба гузариши марҳила ба марҳила ба ташаккули ёрии аввалини тиббию санитарӣ тибқи принсипи табиби амалияи умумӣ (табиби оилавӣ) дар давраи солҳои 1998–2000») қарор қабул кард.
Соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ» қабул шуд (1). Яке аз масъалаҳои муҳими инкишофи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр кардани кадрҳои тиббӣ – табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат мебошад.
Қайд кардан зарур аст, ки ҳанӯз соли 1996 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар базаи факултетҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ факултети умумитиббӣ (ФУТ) таъсис ёфт, ки яке аз вазифаҳояш тайёр кардани табибони амалияи умумӣ (табибони оилавӣ) дар дараҷаи тодипломӣ буд (дараҷаи аввали тайёрӣ).
Соли 1999 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино махсус барои амалигардонии тайёр кардани табибони оилавӣ кафедраи тибби оилавии №1 ва соли 2007 кафедраи тибби оилавии №2 таъсис ёфт. Аз оғози мавҷудияти кафедраи мазкур то имрӯз зиёда аз 80 магистр, ординаторҳои клиникӣ ва интернҳо аз рӯи ихтисоси «тибби оилавӣ» тайёр карда шудаанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард (аз 31 октябри соли 2008, №512). Самтҳои асосии ислоҳот мукаммалгардонии таълимоти олии базавии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тайёрии табибони соҳаҳои гуногунро пешбинӣ мекунад. Яке аз вазифаҳои ислоҳот тайёр кардани кадрҳои форматсияи нав – мутахассисони тандурустии ҷамъиятӣ, менеджерони тандурустӣ; табибони оилавӣ, ҳамширагони тиббии оилавӣ ва мутахассисони техникаи тиббӣ мебошад. Дар робита бо ин дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети тиббӣ ташкил карда шуд. Тамоми барномаҳои кафедраҳои факултети мазкур бо ёрии мушовирони байналмилалӣ аз дида баромада шуданд ва аз нав ташкил карда шуданд. Аз нав барномаҳои таълимии ихтисосҳои тибби оилавӣ барои донишҷӯёни курсҳои 4, 5 ва 6-и факултети тиббӣ тартиб дода шуданд. Айни замон, ҳамаи донишҷӯёни факултети тиббӣ тибқи барномаи нав таҳсил мекунанд, пас аз хатми 6 соли таҳсили базавӣ, мутахассисони оянда, аз ҷумла табибони оилавии оянда, аз рӯи ихтисос дар ординатураи дусола таълим мегиранд.
Маълум аст, ки сифати тайёр кардани табибон, бахусус табибони соҳаҳои гуногун, аз ҷумла табибони оилавӣ, бевосита аз якчанд омил вобастагӣ дорад. Яке аз онҳо давомнокии тайёр кардан аст. Чи қадаре, ки ба тайёр кардан бештар вақт ҷудо карда шавад, ҳамон қадар сифат ва дараҷаи он баландтар аст. Тайёр кардани табибони оилавӣ муддати бардавом фақат ҳангоми тайёрии аввалӣ имконпазир аст, ки одатан дар муассисаҳои олии тиббӣ амалӣ мешавад (2). ДДТТ низ ба чунин муассисаҳо дохил мешавад ва аз оғози фаъолияташ тарбиятгоҳи асосии тайёр кардани табибон барои мамлакат ба ҳисоб меравад. ДДТТ, ки имкониятҳои калони потенсиалӣ ва захираҳои нави зеҳнӣ дорад, бояд дар масъалаи инкишофи тибби оилавии мамлакат мавқеи намоён дошта бошад.
Дар раванди тамоми солҳои таҳсил дар муассисаи олии тиббӣ донишҷӯён аз аввал, мунтазам, зина ба зина малакаҳои кори табиби амалияи умумӣ (табиби оилавӣ)-ро азхуд мекунанд ва таҷрибаи корӣ ҳосил мекунанд. Чунин намуди тайёркунӣ нисбат ба аз нав тайёркунии табибони оилавӣ аз ҳисоби дигар мутахассисон камхарҷтар аст. Дар тайёрии аввалияи табиби амалияи умумӣ (табиби оилавӣ) ҳамаи кафедраҳои донишгоҳи тиббӣ бо потенсиали калони илмӣ-педагогиаш иштирок мекунанд. Пас аз таҳсилоти «базавӣ» мутахассиси оянда бояд ҳадди ақал муддати 2 сол дар ординатураи клиникӣ аз фанни тибби оилавӣ дарс омӯзад. Аз ин пас табиби оилавӣ дар давоми фаъолияти худ мунтазам дар курсҳои такмили ихтисос иштирок карданаш лозим аст.
Дар тамоми мамлакатҳое, ки тибби оилавӣ инкишоф ёфтааст, аз нав тайёркунӣ (аз ҳисоби дигар мутахассисон, тавассути курсҳои таълими 6–8-моҳа) зуҳуроти муваққатӣ буд. Минбаъд таваҷҷуҳи асосӣ ба тайёрии аввалин дар муассисаҳои олии тиббӣ дода шуд.
Хулоса, тайёр кардани табиби оилавӣ – ин азхуд кардани маълумоти базавӣ, яъне дар факултети тиббӣ таълим додани донишҷӯён ба ихтисоси мазкур аз курси аввал то охир мебошад.
Барои фаъолият дар муассисаҳои ЁАТС, махсусан дар деҳот (зиёда аз 60%-и аҳолии мамлакати мо маҳз дар деҳот истиқомат мекунанд), чунин мутахассиси соҳаҳои гуногун зарур аст, ки дар муассисаи олии тиббӣ тайёр шуда бошад. Ба ин таҷрибаи бисёр давлатҳо ва воқеияти ҳаёт шаҳодат медиҳанд.
Тайёр кардани табибони аввалини оилавӣ бо бартариҳои объективии он – сифати нисбатан баланд вобаста ба давомнокии таълим, хароҷоти кам дар қиёс бо бозомӯзии табибон ва ғ. – барои рушди босуръат ва сифатноки тибби оилавӣ муҳим мебошад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 26.




