Зеҳн

Хосиятҳои клиникӣ ва эпидемиологии эшерихиозҳои энтеропатогенӣ дар кӯдакони хурдсол

21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Н.А. Раҳматов, Л.А. Зубайдова, М.С. Қодирова

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (мудири кафедра д.и.т. Г.М. Саидмуродова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Беморхонаи клиникии сироятии кӯдакона

Муҳиммият. Эшерихиозҳои энтеропатогенӣ гурӯҳи бемориҳои шадиди сироятии меъдаю рӯда буда, бештар дар кӯдакони хурдсол мушоҳида мешаванд. Онҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо мешаванд: эшерихиозҳои энтеропатогенӣ, энтероинвазивӣ, энтеротоксигенӣ ва энтерогеморрагӣ. Аслан барангезандаҳои ин беморӣ дар рӯда афзоиш ёфта, бо аломатҳои заҳролудшавӣ ва дарунравӣ (диарея) зуҳур меёбанд. Бештар дар байни кӯдакони навзод ва хурдсолон эшерихиозҳои энтеропатогенӣ паҳн гаштааст, ва сабабҳои сироятёбӣ гуногун мебошанд. Яке аз сабабҳо риоя накардани беҳдошти шахсии модар ё шахсони парастори кӯдакон мебошад.

Сироятёбӣ тавассути бозичаҳо ва дигар ашё низ қайд мешавад. Сироятёбии ин гурӯҳ эшерихиозҳо дар байни кӯдакони аз 3 то 12 моҳа бештар дида мешавад. Кӯдакони гурӯҳи хатар, норасид таваллудшуда ва масунияташон паст зудтар сироят меёбанд. Беморӣ асосан бо роҳи тамосию маишӣ, баъзан ба воситаи маводи хӯрока паҳн мегардад. Эшерихиози энтеропатогенӣ дар тамоми фаслҳои сол вомехӯрад.

Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши ҷараёни клиникӣ ва сироятёбии узвҳои ҳозима аз эшерихиози энтеропатогенӣ дар кӯдакони синни то 2 сола, ки дар Беморхонаи клиникии сироятии кӯдакона бистарӣ буданд.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Ба тадқиқот 39 кӯдаки то 2-солаи гирифтори гастроэнтероколити шадиди барангезандаашон эшерихиозҳои энтеропатогенӣ, ки дар беморхонаи мазкур табобат гирифтаанд, фаро гирифта шуданд. Аз онҳо 51,3% сокинони шаҳр ва 48,7% сокинони деҳот буданд. Аз ҷумла 51,3% духтарон ва 48,7% писарҳо мебошанд. Аз рӯи синну сол 15,3% кӯдакон то 6-моҳа, 69,4% то 1-сола ва боқимонда 15,3% то 2-сола буданд.

Дар байни сироятёфтагон кӯдакони гирифтори камхунӣ 38,4%, рахит 28,2% ва гипотрофия 41,1%-ро ташкил доданд. Тамоми кӯдакони ба таҳқиқот фаро гирифташуда аз муоинаи клиникӣ ва озмоишгоҳӣ гузаронида шуданд. Дар кишти бактериологии фазлаи ҳамаи онҳо сабзиши колонияҳои эшерихиозҳои энтеропатогенӣ ошкор шуд.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Зимни таҳлили таърихи бемориҳои ин гурӯҳи кӯдакон муайян гардид, ки онҳо ба беморхона бо шикоятҳои баландшавии ҳарорати бадан, беиштиҳоӣ, бемадорӣ, инҷиқӣ, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, фазлаи моеи луобдор ворид гардидаанд. Ҳарорати бадан дар 15,3% кӯдакони бемор то 37 °С, дар 46,3% то 38 °С ва дар 38,4% аз 38 °С боло буд. Инчунин аломатҳои заҳролудшавии бадан, ба монанди дилбеҳузурӣ, қайкунӣ дар ҳамаи кӯдакон, беҳолӣ дар 89,7%, инҷиқӣ дар 84,6% беморон қайд мешуд. Ҳамаи беморон ба фазлаи моеи луобдор шикоят доштанд, ки дар 30,8% ранги зард, дар 56,4% зарду сабзранг ва дар 12,8% ранги сабз дошт. Дар як шабонарӯз 58,9% беморон 5–6 маротиба, 28,3% аз 7 то 10 маротиба ва 12,8% зиёда аз 10 маротиба қазои ҳоҷат мекарданд.

Маълум карда шуд, ки дар 51,3% ҳолат беҳдошти шахсӣ аз тарафи парасторон риоя карда намешавад, зиёда аз 64,2% кӯдакон пистонак (соска) мемаканд. 12,8% кӯдакон шири модар, 43,6% ғизои сунъӣ ва 43,6% ғизои омехта истеъмол мекунанд.

Ҳолати кӯдакон чунин баҳодиҳӣ карда мешуд: бениҳоят вазнин – 7,6% ва вазнин – 92,3%. Дар рӯзҳои 1–3-юми беморӣ 61,6% ва баъд аз 4-ум рӯзи беморӣ 38,4% беморон ба БКСК бистарӣ карда шуданд. Дар аксари беморон аломатҳои камобии аёни бадан ба монанди ташнагӣ, чашмони коҳида, хушкшавии пӯсти бадан ва луобпардаҳо қайд мешуд. Камобшавии кӯдакони гирифтори гастроэнтероколити шадид се дараҷа дорад: камобшавии вазнин бо чунин аломатҳо зуҳур меёбад: хоби сактадор ё беҳушӣ, чашмони фурӯрафта, нанӯшидани об, дер ҳамвор шудани чини пӯст; камобшавии мӯътадил бо аломатҳои нисбатан сабуктар зоҳир мешавад ва дар ҳолати набудани чунин аломатҳо камобии сабук дида мешавад. Дар ҷараёни тадқиқот аломатҳои камобии вазнин дар 23,1%, камобшавии мӯътадил дар 48,7% ва камобии сабук дар 28,3% беморон ба назар мерасиданд. Аломатҳои заҳролудӣ низ дар ҳамаи беморон қайд мешуд. Камиштиҳоӣ дар 74,4% ва тамоман беиштиҳоӣ дар 25,6% мушоҳида шуд. Забони 48,7% кӯдакони бемор хушк буд. Дар вақти палмосидани шикам дар 69,4% дардмандӣ ва дар 17,9% дамиши шикам мушоҳида шуд. Дар рафти озмоиш дар таҳлили кишти бактериологии фазлаи ҳамаи кӯдакон колонияҳои эшерихиозҳои энтеропатогенӣ ошкор шуд. Ҳассосияти ин барангезанда ба дискҳои антибиотикҳо чунин натиҷагузорӣ карда шуд: сефтриаксон – 35,8%, гентамитсин – 23,1%, эритромитсин – 20,5%, сипрофлоксатсин – 15,3% ва ампитсиллин – 5,2%. Бо мақсади бартараф кардани аломатҳои камобии аёни бадан ва заҳролудӣ тибқи нақшаи А ва Б муолиҷаи регидрататсионӣ гузаронида шуд. Ба кӯдаконе, ки камобии мӯътадил ва сабук доштанд, маҳлули регидрататсионӣ истифода шуд, аммо дар кӯдакони камобии вазниндошта иловатан маҳлулҳои дохиливаридӣ гузаронида шуд. Дар рафти табобат биопрепаратҳои лактофлор ва ферментҳои панкреатин, руҳ ва смекта истифода карда шуданд.

Тибқи нишондиҳандаҳои кишти бактериологӣ, ки ҳассосиятро ба антибиотикҳо нишон доданд, дар рафти табобат чунин антибиотикҳо истифода бурда шуданд: сефтриаксон – 51,3%, гентамитсин – 12,8%, сипрофлоксатсин – 20,5% ва ампитсиллин – 2,6%. Дар 12,8% беморон кислотаи налидиксӣ истифода карда шуд, ки натиҷаи хуб дод.

Дар натиҷаи табобат ҳолати саломатии ҳамаи кӯдакон хуб гардид. Аломатҳои камобии аёни бадан пурра бартараф шуда, ҳарорати бадан мӯътадил гардид. Миқдори фазла дар як шабонарӯз то 2–3 маротиба камтар ва ранги он муқаррарӣ шуд. Пас аз беҳтар шудани ҳолати саломатии кӯдакон 64,2%-и онҳо дар рӯзҳои 7–8-ум ва 35,8% пас аз 10 рӯз ба хона ҷавоб дода шуданд.

Хулоса. Сабаби асосии паҳн гардидани беморӣ дар байни кӯдакони навзод ва хурдсолон ин риоя накардани беҳдошти шахсӣ аз ҷониби шахсоне, ки нигоҳубини кӯдакро ба уҳда доранд, мебошад. Беморӣ дар байни кӯдакон асосан бо роҳи тамосию маишӣ (51,3%) паҳн мегардад. Ғизои сунъӣ ва омехта (87,2%) ва истифодаи пистонак (64,2%) ба воридшавии барангезанда ба организм мусоидат менамоянд.

Ба сирояти эшерихиози энтеропатогенӣ бештар кӯдакони хурдсол гирифтор мешаванд. Дар рафти таҳқиқот муайян гардид, ки 15,3%-и сироятёфтагонро кӯдакони то 6-моҳа, 69,4% кӯдакони то 1-сола ва 15,3%-ро кӯдакони то 2-сола ташкил намуданд. Дар ин синну сол дар кӯдакон аломатҳои камобии аёни бадан бештар дида мешавад. Камобии дараҷаи вазнин дар 23,1%, камобии дараҷаи мӯътадил дар 48,7% ва камобии дараҷаи сабук дар 28,3% ҳолатҳо мушоҳида мешавад. Бо мақсади бартараф кардани аломатҳои камобии бадан муолиҷаро аз истифодаи маҳлули регидрон оғоз карда, пас аз он энтеросорбенти смекта илова карда шуд. Вобаста аз ҳассосияти барангезандаҳо ба антибиотикҳо ба беморон мутобиқан антибиотикҳои лозима таъин карда шуд, ки он дар муддати кӯтоҳ сабаби бартараф шудани аломатҳои ин сироят гашт. Бо мақсади барқарор намудани микрофлораи рӯдаҳо аз пробиотик лактофлор ва ферменти панкреатин, смекта ва руҳ низ истифода карда шуд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 28.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2