Зеҳн

Таъсирбахшии усулҳои табиатшифоӣ

21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Г.С. Мамадҷонова, З.А. Бадалова, Ф.У. Қобилова,

Л.С. Муҳидинова, К.А. Раҳимов Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 (мудири кафедра н.и.т., дотсент Г.С. Мамадҷонова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дар муолиҷаи маҷмӯи бемориҳои гуногун усулҳои табиатшифоӣ як қисми муҳимро ташкил медиҳанд. Усулҳои табиатшифоӣ ба ҷараёни беморӣ таъсир намуда, воситаи пешгирии беморӣ ва оризаҳои он мебошанд.

Ҳангоми муолиҷаи бемориҳои хирною шуш бештар усули электрофорез бо маҳлулҳои гуногуни зиддиилтиҳобӣ, зиддибактериявӣ ва зиддиаллергӣ истифода мешавад. Ба беморони илтиҳоби шуш бештар электрофорез бо маводи калий йодид, калсий хлорид, лидаза, химотрипсин, эуфиллин истифода мешавад. Истифодабарии электрофорез бо маводи гуногун дар маҷмӯъ бо усулҳои аэрозол, масҳ, электростимулятсия, варзиши муолиҷавӣ дорои хусусиятҳои зиддибактериявӣ, зиддиилтиҳобӣ буда, инчунин ба нест ва тунук кардани балғами фасодӣ, ки боиси тоза шудани роҳҳои нафаскашӣ мегардад, мусоидат мекунад. Аз роҳҳои нафас моддаҳои доруворӣ (эуфиллин, ферментҳо, витаминҳо, растаниҳо, равғанҳо, зиддигистаминҳо) ба хун ҷаббида шуда, ҷараёни илтиҳобиро паст мекунанд. Ҳангоми эхинококкози шуш ва ҷигар галванизатсияи гиреҳҳои лимфавӣ ва дохилибофтаҳо истифода карда мешавад. Эхинококкоз дар кӯдакон босуръат инкишоф меёбад ва дар як муддати кӯтоҳ ҳаҷми капсулаи паразитӣ калон мешавад. Пас аз ҷарроҳӣ дар якҷоягӣ бо дорувориҳо ба беморон дар мавзеи ҷойгиршавии капсулаи эхинококкӣ ҷараёни доимии барқ (галванизатсия) истифода мешавад.

Галванизатсияи дохилибофтавӣ инчунин бо мақсади пешгирии аз нав пайдошавии капсула пас аз 6 моҳ такроран истифода бурда мешавад. Ба беморони мубталои тангшавии сурхрӯда электрофорез бо калий йодид ва лидаза, электростимулятсия (ҷараёни интерференсӣ, ҷараёни диодинамикӣ) гузаронида мешавад. Ин усулҳо гардиши хун ва лимфаро пурзӯр намуда, ғизогирии бофтаҳоро беҳтар мегардонанд, равандҳои мубодилаи моддаҳоро пурзӯр менамоянд, ташаннуҷи мушакҳои суфта ва кундалангро паст мекунанд, ки дар натиҷа дард кам мешавад. Ҳангоми бемориҳои захми меъда ва рӯдаҳо, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, ғадуди зери меъда истеъмоли витамини Е тавсия карда мешавад. Истеъмоли витамини Е бисёр вақт дард ва дарунравиро рафъ мекунад. Ба беморон инчунин электростимулятсия таъин карда мешавад. Тибқи нишондиҳандаҳои гастродуоденоскопия аз таъсири усулҳои электрофорез, электростимулятсия, шуоъдиҳии инфрасурх андозаи захм хурд шуда, вазифаи қисмати ҳалкунандаи меъда беҳтар мешавад.

Ба беморони гирифтори бемориҳои системаи пешоб (санги масона, ист накардани пешоб, систит – илтиҳоби масона) муолиҷа тавассути электрофорез бо калий йодид, атропинизатсия, электростимулятсия (ҷараёни интерференсӣ, диодинамикӣ) ва шуоъдиҳии инфрасурх, ки хусусияти бактериостатикӣ ва дардкамкунанда доранд, иҷро карда мешавад. Ин усулҳо низ гардиши хун ва лимфаро пурзӯр намуда, қобилияти ғизогирии бофтаҳоро пурзӯр менамоянд; хунгардиши рагҳо меафзояд, дар бофтаҳо мубодилаи моддаҳо зиёд шуда, моддаи фаъоли биологӣ ҳосил мешавад, ки барои барқароршавии бофтаҳои иллатнок мусоидат мекунад.

Ҳангоми бемориҳои мазкур масҳи табобатӣ иҷро карда мешавад. Аз таъсири он рагҳои хунгард васеъ шуда, ғизогирии бофтаҳо ва оксигенизатсияи онҳо пурзӯр мешавад; мубодилаи моддаҳо баланд шуда, азнавбарқароршавии бофтаҳо, ҳалшавии бофтаҳои пайвасткунанда бо сабаби зиёд шудани моддаҳои фаъоли биологӣ мушоҳида мешавад.

Ҳамин тавр, истифодаи усулҳои табиатшифоӣ дар пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои гуногун хеле осон, муфид ва камхарҷ аст.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 31.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2