Ихтилолҳои депрессивӣ дар давраи постабстинентии вобастагӣ ба героин
М.А. Хидиров, Т.С. Шоҳмардонов, А.Х. Зокиров
Кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи проф. М.Ғ. Ғуломов (мудири кафедра д.и.т., профессор Н.М. Шаропова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Афзудани вобастагӣ аз истеъмоли героин дар замони ҳозира яке аз мушкилоти актуалии наркологияи муосир ба ҳисоб меравад [3,5]. Дар клиникаи он ҷойи асосиро ихтилолҳои аффективӣ ишғол мекунанд. Онҳо бо зуҳуроти клиникии синдромҳои абстинентӣ маълум мешаванд ва бо инкишоф ёфтани он вазнин ва мушкилтар мешаванд [1,2]. Хусусиятҳои таъсироти психотропии опиоидҳо, маҳз таъсироти седативӣ, анксиолитикӣ ва хобоварӣ ҳангоми ба таври музмин истеъмол кардан ва тобеъ шудан ба онҳо метавонад ба пайдошавии симптомҳои депрессивӣ оварда расонад ва дар давраи шадидан манъ кардани наркотик ва давраи барвақти постабстинентӣ ба ҳадди максималии возеҳии клиникӣ бирасад [4]. Мушкилоти сифати ҳаёт дар байни беморони наркологӣ хеле актуалӣ буда, то имрӯз кам омӯхта шудааст [5].
Мақсади таҳқиқот. Омӯхтани ихтилолҳои депрессивӣ дар беморони гирифтори наркоманияи опиоидӣ дар марҳилаи қатъсозии синдроми абстинентӣ.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. 40 нафар марди гирифтори наркоманияи опиоидии марҳилаи 2-ро (F11.2 тибқи МКБ-10) бо ихтилолҳои депрессивӣ дар марҳилаи қатъсозии синдроми абстинентӣ (дар шабонарӯзи 10-уми пас аз саршавии беморӣ) таҳти муоина ва таҳқиқоти мо қарор доштанд. Дар гурӯҳи назоратӣ 40 мард шомил буд, ки ба таври статсионарӣ аз хусуси депрессия (депрессияи возеҳияш сабук ва ё миёна – F 32.0, F 32.1, F 33.0, F 33.1) табобат мегирифтанд (дар рӯзи 10-уми пас аз омаданашон). Таҳқиқот дар базаи Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии наркологии ба номи М.Ғ. Ғуломов дар ш. Душанбе сурат гирифт. Синну соли гурӯҳи асосӣ ва назоратӣ аз 25 то 35-сола буда, синну соли миёна 27 сол ± 6 моҳро ташкил дод.
Зуҳуроти клиникии ихтилолҳои депрессивӣ бо ёрии шкалаи Гамилтон омӯхта шуд. Сатҳи изтироби реактивӣ ва шахсӣ бо шкалаи худбаҳодиҳии Ч.Д. Спилбергер – Ю.Л. Ханин арзёбӣ шуд.
Арзёбии возеҳии депрессия бо шкалаи Монтгомери–Асберг бо истифода аз комплекси «Психотест» анҷом дода шуд. Коркарди омории натиҷаҳо бо ёрии пакети омории Statistica 6.0 сурат гирифт. Критерияҳои φ*-и Фишер ва U-и Манн–Уитни истифода шуданд.
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Мувофиқи натиҷаи таҳлили маълумоти шкалаи Гамилтон 2 гурӯҳи симптомҳо муайян карда шуд, ки доираи аффективии беморонро нишон медоданд. Дар гурӯҳи якум симптомҳои психопатологӣ – табъи депрессивӣ, эҳсоси гунаҳкорӣ, қасди худкушӣ, тарсу ваҳми рӯҳӣ, халалдор шудани қобилияти корӣ (ангедония, паст шудани фаъолнокӣ), халалёбии ҳаракатӣ (таваққуф, ажитатсия), ихтилоли ипохондрӣ ва параноидӣ дида мешаванд. Дар гурӯҳи дуюм ихтилолҳои соматовегетативӣ – халалёбии хоб, лоғар шудан, тарсу ваҳми соматикӣ, симптомҳои ҳозима ва умумӣ, дисфунксияи сексуалӣ дида мешаванд.
Аломатҳои табъи депрессивӣ, ки дар ҳамаи муоинашудагони гурӯҳи асосӣ (100,0%) ба назар расид, дар 36 нафари онҳо (90,0%, φ*=9,15***) дар натиҷаи тасодуфан сухан рондани онҳо аз хусуси рӯҳафтодагӣ, навмедӣ, оҷизӣ ва беарзишии худ муайян гардид. Дар ду нафар бемор (5,0%, φ*=9,15***) табъи депрессивӣ танҳо ҳангоми пурсиш маълум карда шуд. Дар ду ҳолати дигар (5,0%, φ*=10,02***) табъи депрессивӣ дар натиҷаи мушоҳида ва таҳлил кардани мимика, поза (вазъи андом), оҳанги овоз ва дигар зуҳуроти ғайривербалӣ (ҳазинӣ) маълум гардид. Дар гурӯҳи назоратӣ дар аксари беморон (38 нафар – 95,0%, φ*=10,02***) зуҳуроти табъи депрессивӣ танҳо ҳангоми пурсиш ошкор гардид.
Қасди худкушӣ кардан дар 36 бемори муоинашуда (90,0%, φ*=9,15***) дида шуд, дар 4 бемори муоинашуда (10,0%, φ*=9,75***) ин ҳолат ба назар нарасид. Хоҳиши мурдан ва ё фикрҳои имконпазирии марги худро 11 нафар бемор (27,5%, φ*=6,73**), эҳсоси бемаънӣ будани зиндагиро 25 нафар (62,5%, φ*=6,73**) иброз шуд. Дар гурӯҳи назоратӣ танҳо дар як ҳолат (2,5%, φ*=6,73**) қасди худкушӣ кардан дида шуд.
Ихтилолҳои ҳаракат дар шакли таваққуф ва изтироб пайдо шудаанд. Таваққуф дар шакли дараҷаҳои мухталифи таваққуфи тафаккур ва нутқ, мушкилӣ ҳангоми мутамарказ сохтани диққат, паст шудани фаъолнокии ҳаракат дар 25 бемор (62,5%, φ*=6,73**) муқаррар карда шудааст. Таваққуфи сабук дар ҷараёни суҳбат дар 17 нафар (42,5%, φ*=0,69*), хеле возеҳ дар 8 нафар (20,0%, φ*=4,24**) дида шуд. Дар байни беморони гурӯҳи назоратӣ шахсони бидуни таваққуф (26 нафар – 65,0%, φ*=5,68**) бартарӣ доштанд. Дар ин ҷо таваққуфи сабук ҳангоми суҳбат дар 14 бемор (35,0%, φ*=5,16**) ба назар расид.
Ихтилолҳои соматовегетативӣ аз рӯзи якуми қатъсозии синдроми абстинентии опиоидӣ ошкор карда шуданд. Шикоят аз хоби ноором дар давоми тамоми шаб (бехобии миёна) дар 37 муоинашуда (92,5%, φ*=9,55**) дида шуд, танҳо дар 3 нафар (7,5%, φ*=5,44**) дар нисфи шаб халалёбии хоб дида нашуд.
Барои беморони гурӯҳи назоратӣ бехобии миёна хос набуд (танҳо ду ҳолат дида шуд). Дар 38 бемор (95,0%, φ*=10,02***) симптомҳои таҳлукаи соматикӣ ба қайд гирифта шуд: сардард, гипервентилятсия, тапиши дил, тез-тез пешоб кардан, гипергидроз, хушкии даҳон, орӯғзанӣ. Дар аксари онҳо – 23 нафар (57,5%, φ*=5,44**) дараҷаи возеҳии он суст ва дар 15 нафар (37,5%, φ*=3,55*) миёна буд. Дар гурӯҳи назоратӣ таҳлукаи соматикӣ дар 8 ҳолат (20,0%, φ*=3,55*) муайян гардид. Симптоматикаи умумии соматикӣ (вазнинӣ ва дард дар андомҳои болоиву поёнӣ, пушт, сар, мушакҳо; сарф кардани энергия) дар 38 бемори гурӯҳи асосӣ (95,0%, φ*=4,56*) ва 2 нафари (5,0%) гурӯҳи назоратӣ ба қайд гирифта шуд.
Аз ихтилоли шаҳвонӣ 34 нафар (85,0%, φ*=10,02***)-и гурӯҳи асосӣ шикоят доштанд: ба таври возеҳ паст шудани майли ҷинсӣ дар 31 бемор (77,5%, φ*=7,61**), сусттар дар 3 бемор (7,5%, φ*=7,15**) ба назар расид. Дар гурӯҳи назоратӣ ин нишондиҳандаҳо мутаносибан: 82,5%, φ*=7,88**; 5,0%, φ*=10,02***; 77,5%, φ*=7,15** буд. (Эзоҳ: * – p < 0,05; ** – p < 0,01; *** – p < 0,001- фарқиятҳои омории ишорашуда).
Хулоса. Натиҷаи таҳқиқоти беморони гирифтори наркоманияи опиоидӣ дар марҳилаҳои қатъ кардани синдроми абстинентӣ нишон дод, ки дар шабонарӯзи 10-ум дар заминаи табобати анҷомдодашуда аломатҳои устувори возеҳи депрессияи изтиробӣ мавҷуданд, ки аз рағбати патологӣ доштан ба наркотикҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамроҳ шудани ихтилолҳои депрессивӣ ва сатҳи пасти танқиди беморон ба ҳолати худ боиси ба таври бояду шояд дарк накардани ин беморӣ мегардад, ки хатари аз нав ба вуҷуд омадани истеъмоли наркотикҳоро дучанд зиёд мекунад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 32.




