Зеҳн

Тавсифи морфологӣ ва морфометрии маҷрои микрорагҳои девораи рӯдаи борик зимни перитонити эксперименталӣ дар шароити баландкӯҳ

21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

Х.М. Мирзоев, С.Т. Ибодов, И.А. Давлатов, К.Э. Ашуров

Кафедраи анатомияи одам ба номи Я.А. Раҳимов ва забони лотинӣ (мудири кафедра н.и.т., дотсент Х.М. Мирзоев)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Масъалаҳои омӯзиши морфологӣ ва эксперименталии қонуниятҳои ташаккули сохтории маҷрои микрогардиши узвҳои дохилӣ, аз ҷумла рӯдаи борик барои тибби муосир хеле мубрам боқӣ мемонанд, зеро функсияи бисёрпаҳлӯи он бо функсияи маҷрои хунгард ва фавтияти баланд, зимни перитонит (илтиҳоби сифоқ) марбут аст.

Новобаста ба пешравӣ ва дастовардҳои ҷарроҳии абдоминалӣ, перитонит оризаи зиёд вохӯранда ва хатарноки бемориҳои узвҳои ковокии шикам мебошад (Маломан Е.Н., Четуляну Е.А., 1976) ва дар байни сабабҳои марг аз бемориҳои мазкур дар ҷойи аввал аст (Савчук Б.Д., 1979, Гостищев В.К., 1996). Амсиласозии бемориҳои мухталифи ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ ва арзёбии фаъолияти онҳо дар организм ниҳоят заҳматталаб буда, мушкилотест, ки ҳанӯз ҳам роҳи ҳалли худро пайдо накардааст. Қисмати муайяни аҳолии курраи замин дар чунин шароит умр ба сар мебаранд, дар ин шароит саноат, хоҷагии қишлоқ, сохтмон рушд мекунанд ва маҳаллаҳои нав барои зист ба истифода дода мешаванд. Шумораи умумии одамони дар баландкӯҳҳо истиқоматкунанда, зиёда аз 700 млн нафарро ташкил медиҳад.

Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши тағйироти аломатҳои морфологӣ ва морфометрии маҷрои микрорагҳои девораи рӯдаи борик зимни перитонити эксперименталӣ дар шароити баландкӯҳ.

Мавод ва усулҳои тадқиқот. Ба тадқиқоти морфологӣ ва морфометрии маҷрои микрорагии рӯдаи борик зимни перитонити эксперименталӣ дар шароити баландкӯҳ маводи 36 саги болиғи ҳар ду ҷинс, ки вазнашон аз 10 то 15 кг-ро ташкил медод, фаро гирифта шуданд. Амсилаи перитонити эксперименталӣ тавассути усули такмилдодаи мо ба амал оварда шуд (ихтирооти №1037). Ба ҳайвонҳо пас аз беҳисгардонии пешакӣ, тавассути сӯзандору гомогенати 25%-и массаи фазла дар маҳлули физиологӣ (ба ҳисоби 1 мл ба 1 кг вазни бадани ҳайвон) ворид карда шуд. Дар тадқиқот усулҳои тазриқӣ, ғайритазриқӣ, гистологӣ ва морфологӣ ба кор бурда шуд. Коркарди омории маълумоти рақамӣ бо ҳисоб кардани фосилаи эътимод тибқи Р.Б. Стрелков ва С.Б. Стефанов гузаронида шуд. Дараҷаи саҳеҳияти фарқият (Р)-ро тибқи ҷадвали Стюдент–Фишер ошкор кардем.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки дар ҳайвоноти мутобиқнашуда маҷрои микрогардиши девораи рӯдаи борик ҳангоми таъсири омехтаи перитонити шадид ва омилҳои баландкӯҳ дар қиёс ба таҷриба дар водиҳо ба тағйироти нисбатан зуҳурёфтаи морфологӣ ва морфометрӣ дучор мегардад. Дар муҳлати барвақтии мушоҳидаҳо (дар дувоздаҳ соат пас аз оғози таҷриба) дар тамоми пардаҳои девораи узв дигаргунии рагӣ-бофтавӣ ва ихтилолоти гемодинамика мушоҳида гардид, ки васеъшавӣ ва пуршавии хунро дар қисмҳои варидии микрорагҳо дар пай дошт.

Дар бофтаҳои узв ва девораи микрорагҳо, хусусан шарёнӣ омос зиёд шуда, эндотелий варам мекунад, қабати мушакӣ бо инфилтратсияи муътадили периваскулярии лимфоидию ҳуҷайравӣ нарм мегардад.

Микрорагҳои устувор дар равзана бо дастгоҳи ҳалқамушак танг шудаанд, ки гумон меравад ба ҳосил шудани гипоксемия дар бофтаҳо мусоидат менамояд. Дар ҳамон муҳлати перитонит афзоиш ёфтани печидагии микрорагҳо, нумуъ кардан ва ғафсшавии шабакаҳои капиллярӣ мушоҳида мешавад. Дар ҳама ҷо анастомозҳои фаъолияткунандаи шарёнчагию варидчагӣ бо васеъшавии сегментҳои варидӣ фаъол мешаванд.

Шабонарӯзҳои аввали таҷриба дар баландкӯҳ дар қиёс бо водиҳо микрорагҳои хунгард ва сохтори бофтавии девораи рӯдаи борик ба таври аён ба тағйироти морфологӣ дучор гардида, хусусияти мутобиқшавию мувофиқшавӣ ва бештар патологӣ зоҳир менамуданд. Дар қиёс бо муҳлати таҷрибаи пешина васеъшавии интишорёфта ва пурхунӣ бо деформатсияи девораҳо на танҳо дар зинаҳои варидии маҷрои микрорагҳо, балки дар қисми шарёнии онҳо низ ба назар мерасад.

Девораи шарёнча ва прекапиллярҳо бо доштани омос ва равзанаи ноҳамвор, тарҳи нодақиқ, пайдо гардидани қитъаҳои деструктивӣ бо васеъшавии мавзеӣ фарқ мекунанд. Дар равзанаи капиллярҳои варидӣ, пас аз капиллярҳо ва варидчаҳо бо девораҳои тахрибшуда зуҳуроти рукуд, агрегатсияи унсурҳои шаклии хун то сладж-синдром мушоҳида мешавад.

Дар шабонарӯзи савуми таҷриба, зимни марҳилаи ниҳоии перитонити шадид, дар шароити баландкӯҳ, афзоиши минбаъдаи дигаргуниҳои морфологию функсионалии рагҳову бофтаҳои тамоми пардаи девораи узв ба назар мерасад. Дар заминаи ба таври васеъ омосидани бофтаҳо ва инфилтратсияи зуҳурёфтаи периваскулярии лимфоидӣ-ҳуҷайравӣ ташкили сохтории васеъшавӣ ва пурхуншавии зинаҳои маҷрои микрогардиши хун, дар қиёс ба санҷиш дар водиҳо, ба душворӣ назорат бурда мешуд.

Афзоиш ёфтани пурхунии микрорагҳо боиси ба таври оммавӣ кушода шудани резишгоҳҳои шарёнчагию варидчагӣ, афзоиш ёфтани капиллярҳо, коҳиш ёфтани зичии онҳо гардида, ҳаҷми рагҳои варидчагӣ меафзояд ва он бо тақвият ёфтани фаъолияти функсионалии узв алоқаманд буда, яке аз зуҳуроти реаксияи талофию мутобиқшавии микрорагҳо дар шароити таъсири омехтаи баландкӯҳ ба ҳисоб меравад.

Дар муҳлатҳои нисбатан таъхирёфтаи марҳилаи ниҳоӣ (шабонарӯзи 7-ум)-и перитонит, қиёсан ба муҳлати пешинаи мушоҳидаҳо, тамоми зинаҳои маҷрои микрорагҳои пардаи узв ба таври интишорёфта васеъ гардида, пурхун мешаванд. Омоси периваскуляриро микрогеморрагияи манбаӣ ҳамроҳӣ мекунад, ки далели ихтилолоти функсияи девораи рагҳо ба шумор рафта, дар навбати худ боиси халалёбии трофикаи бофтаҳо мегардад.

Дар ин муҳлати таҷриба беруншавии массаи тазриқӣ на танҳо тавассути девораи микрорагҳои варидӣ, балки тавассути зинаҳои маҷрои шарёнӣ ба назар мерасад, ки зимни перитонит дар шароити водӣ ҳеҷ мушоҳида намегардад.

Дар сатҳи маҷрои гемомикросиркулярии узв бехҳои ниҳоят хурд, ҳалқачаҳои аҷиб, анастомозҳои бешумори шарёнчагию варидӣ ва каҷукилебии ба назар аёни микрорагҳо то ба ҳадди пӯккашакл ва спиралмонанд ошкор мегардад.

Дар баъзе ҷойҳо девораҳои аз ҷиҳати деструктивӣ тағйирёфтаи микрорагҳо танг гардида, шакли «курра» ва «соати регӣ»-ро гирифтаанд, ки шояд бо сабаби баланд шудани фишори гидростатикии микрорагҳо дар шароити гипоксияи баландкӯҳ бошад ва он ҳангоми таҷрибаи санҷишӣ дар водӣ мушоҳида нагардид. Дигаргуниҳои нисбатан зоҳиршудаи дистрофии пролиферативӣ ва некрозӣ дар пардаҳои луобӣ ва зерлуобии узв ба назар мерасиданд.

Натиҷаҳои нишондиҳандаҳои морфометрии зинаҳои маҷрои микрорагҳои рӯдаи борик нишон доданд, ки васеъшавии дақиқи омории қутри шарёнча, прекапиллярҳо ва қисмҳои шарёнии капиллярҳо 12 соат пас аз оғози таҷриба дар пардаи зардобӣ (Р<0,01–0,001), шарёнчаҳо дар шабонарӯзи аввали пас аз оғози таҷриба дар пардаи мушакӣ (Р<0,01–0,001), прекапилляр ва қисмҳои шарёнии капиллярҳо 12 соат пас аз аввали таҷриба (Р<0,001) аҳамият пайдо мекунад. Зиёд шудани қутри шарёнчаи асоси зерлуобии рӯдаи борик дар шабонарӯзи 7-уми пас аз оғози таҷриба (Р<0,05), прекапилляр ва қисмҳои шарёнии капиллярҳо пас аз 12 соати оғози таҷриба (Р<0,001) аҳамият пайдо мекунад. Аниқ васеъ шудани қутри шарёнчаи луобпардаи узв дар шабонарӯзи 3-юми пас аз оғози таҷриба (Р<0,01–0,001), прекапилляр ва қисмҳои шарёнии капиллярҳо бошад, пас аз 12 соати оғози таҷриба (Р<0,001) мушоҳида гардид. Ба таври дақиқ васеъ гардидани қутри қисмҳои варидии маҷрои микрогардиш (қисмҳои варидии капиллярҳо, пасазкапиллярҳо ва варидча) дар тамоми пардаҳои девораи рӯдаи борик пас аз 12 соати аввали таҷриба (Р<0,001) мушоҳида гардида, тӯли тамоми муҳлати таҷриба идома ёфтааст. Омӯзиши қиёсии динамикаи маҷрои капиллярии девораи узв нишон дод, ки зимни перитонит миқдори капиллярҳои хунгарди девораи рӯдаи борик қиёсан бо гурӯҳи санҷишӣ дар тамоми муҳлати таҷриба ба таври дақиқ коҳиш ёфтааст (Р<0,001).

Ҳамин тавр, зимни амсиласозии перитонити шадиди интишорёфта, дар шароити амалкарди омилҳои мураккаби баландкӯҳ, дар ҳайвоноте, ки ба баландкӯҳ мутобиқ нестанд, маҷрои микрорагҳо ва бофтаи тамоми пардаҳои девораи рӯдаи борик, дар қиёс ба водӣ, ба тағйироти нисбатан зоҳиршудаи морфологиву морфометрӣ дучор гардиданд. Тағйироти мазкур далели ихтилолоти амиқи функсияи узв ва коҳишёбии равандҳои талофию мутобиқшавии системаи микрорагҳои девораи рӯдаи борик ҷараёнгиранда мебошад, ки бо таъсири омилҳои иловагии экстремалии баландкӯҳ ба организми ҳайвоноти таҷрибавӣ алоқаманд аст.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 35.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2