Зеҳн

Ташхиси барвақтии патоморфологии омосҳои қисмати рости рӯдаи ғафс

21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Ҳ.Ю. Шарипов, Х.М. Мирзоев, Ҳ.А. Боронов,

Л.В. Масаидова, Ф. Аскарализода Кафедраи анатомияи патологӣ (мудири кафедра н.и.т., дотсент Ҳ.Ю. Шарипов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар давлатҳо басомади зиёди гирифторони бемории омосҳои бадсифати қисмати рости рӯдаи ғафс мушоҳида мешавад [1]. Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар Русия афзоиши ин беморӣ то 11,1% ба қайд гирифта шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки аз се як ҳиссаи саратони рӯдаи ғафсро, саратони қисми рости чархакрӯда ташкил медиҳад [2]. Вобаста ба сохти анатомии рӯдаи ғафс аломатҳои клиникии беморӣ дертар мушоҳида мегарданд. На ҳама вақт ташхиси саривақтӣ гузошта мешавад ва ин боиси пайдоиши оризаҳо, решадавонии омос гардида, ба натиҷаҳои табобат таъсири манфӣ мерасонад. Тавре аз адабиёт ва аз таҷрибаҳо маълум мегардад, бештар дар қисмати рости чархакрӯда аломатҳои клиникии заҳролудӣ ва камхунии саратон мушоҳида мегардад, ки табибони оилавӣ ба он диққати кам медиҳанд. Аз ин лиҳоз, тақрибан дар 25% беморон марҳилаи 4-уми беморӣ ташхис гашта, ҳолати бемор ҳамчун ҷарроҳинашаванда баҳо дода мешавад [3]. Тағйироти патоморфологие, ки дар омосҳои хушсифати қисмати рости рӯдаи ғафс, решҳои ғайрихоси музмини ин қитъа инкишоф меёбанд, имконият медиҳанд, ки сари вақт раванди бадсифатгардии (малигнизатсия) омосро муайян намуда, табобати радикалӣ ва пешгирии такроран пайдо шудани омос гузаронида шаванд. Бинобар ин, гирифтани биопсия ҳангоми амалиёти эндоскопӣ гарави сари вақт муайян намудани дараҷаи омосҳои қисмати рости рӯдаи ғафс мегардад. Амалиёти ҷарроҳӣ қисми асосии табобати беморони гирифтори саратони рӯдаи ғафс мебошад. Дар асоси натиҷаи тадқиқоти патоморфологӣ, тактикаи табобат ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ тағир ёфта барои гузаронидани амалиёти радикалӣ хулосабарорӣ карда мешавад. Вобаста ба марҳилаи саратон дарозии умри баъдиҷарроҳии беморон муайян мегардад [5].

Бо назардошти ин далелҳо, омӯзиши амиқи мушкилоти омосҳои бадсифати қисмати рости рӯдаи ғафс муҳим мебошад.

Мақсади таҳқиқот. Беҳтар кардани ташхиси омосҳои бадсифати қисми рости рӯдаи ғафс.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Мавриди омӯзиш 48 маводи биопсионии аз муассисаҳои гуногуни тиббии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба озмоишгоҳи ситологӣ ва патоморфологии Маркази саратоншиносӣ пешниҳодшуда қарор гирифт. Мувофиқи роҳхате, ки аз муассисаҳои тиббӣ дастрас гардидаанд, синну соли беморон аз 23 то 80-сола буда, дар байни онҳо занон 19 нафар (39,6%) ва мардон 29 нафарро (60,4%) ташкил доданд. Аз колоноскопияи тоталӣ дар 9 маврид, лапароскопия (гирифтани биопсия аз бофтаҳои наздиомосӣ) – 12 ва дар 27 ҳолат ҳангоми амалиёти ҷарроҳии анъанавӣ мавод гирифта шуд. Маводи тадқиқоти патогистологӣ дар муҳлати аз 20 дақиқа то зиёда аз 72 соат фиристода шуданд. Дар 4 (8,3%) ҳолат маводи экспресс-биопсия аз Маркази Ҷумҳуриявии саратоншиносӣ ва беморхонаҳои шаҳрӣ дар муддати аз 20 то 45 дақиқа дастрас шуданд. Тадқиқоти гистологӣ бо рангкунандаи гематоксилин-эозин гузаронида шудааст.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки дар 42 (88,0%) маврид аденокарсинома пайдо карда шуд. Дар ин ҳолат омос аз эпителияи ғадудии атипӣ иборат буда, намудҳои гуногуни тубулярӣ, атсинарӣ ва пистонакиро дошт. Дар байни онҳо аденокарсиномаи дараҷаи баланди тафриқшаванда дар 23 маврид (54,8%) пайдо карда шуд. Сохтори ғадудии эпителий аз колоноситҳои ҷаббидакунанда, аз он ҷумла ҳуҷайраҳои Кулчитский иборат буд. Дар дохили ғадудҳо тарашуҳи зиёд дида мешавад. Аденокарсиномаи дараҷаи тафриқшавиаш паст дар 11 маврид (26,1%) ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳолат хислатҳои гистологӣ ва ситологӣ танҳо сохти дуртарини эпителияи дар меъёр бударо хотиррасон менамоянд. Ҳуҷайраҳо сохти полиморфӣ дошта, миқдори зиёди митозҳои атипӣ ҷой доранд. Ғадудҳое, ки ин ҳуҷайраҳоро ҳосил мекунанд, низ сохтори гуногун доранд. Аденокарсиномаи дараҷаи тафриқшавиаш миёна дар 3 (7,1%) ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки аз рӯи аломатҳои гистологиаш дар байни омосҳои хуб тафриқшаванда ва камтафриқшаванда ҳолати мобайниро ишғол менамояд. Саратони луобӣ, ки як намуди аденокарсинома мебошад, бо ҳосил кардани луоби зиёд фарқ дошта, дар 2 маврид ҷой дошт (4,2%). Ду намуди аденокарсиномаи луобӣ ба қайд гирифта шуд: намуди якум сохти ғадудӣ дошта, тарашуҳи мутсин дар ковокии ғадуд ва стромаи он ҷойгир буд. Намуди дуюм – аз кашакҳо ё гурӯҳи ҳуҷайраҳо иборат буда, бо луоб иҳота шудаанд. Омоси тафриқнашаванда дар 3 (7,1%) ҳолат қайд гардид, дар ин ҳолат саратон аз ҳуҷайраҳои эпителиалии атипӣ инкишоф ёфта, луоб надорад ва ғадуд ҳосил намекунад. Ҳуҷайраҳои омосӣ полиморфӣ буда, қабатҳо ва кашакҳо ҳосил менамоянд ва бо бофтаи камтарини пайвасткунанда ҷудо гардидаанд.

Аз рӯи градатсияи гистопатологӣ, дар асоси тадқиқоти гистологии биоптатҳо дар 23 ҳолат G1, дар 3 ҳолат G2 ва дар 11 ҳолат G3 ҷой дошт.

Хулоса, барои ташхиси барвақтии омосҳои бадсифат ва ба омосҳои бадсифат мубаддал гаштани омосҳои хушсифат (малигнизатсия) тадқиқоти патоморфологӣ яке аз муҳимтарин воситаҳо ба ҳисоб меравад.

Тарзи ҷарроҳӣ вобаста ба дараҷаи тафриқшавии омосҳои бадсифат интихоб карда мешавад ва сари вақту дуруст гузаронидани ҷарроҳӣ боиси дарозтар гаштани умри беморон мегардад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 39.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2