Басомади беморшавии сокинони гирду атрофи минтақаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ
Г.Н. Сафарова, Ф.Г. Солиев
Кафедраи варзиши муолиҷавӣ ва тибби Шарқ (мудири кафедра н.и.т. Ф.Г. Солиев)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Тамоюлҳои манфии динамикаи нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ ва ҳолати муҳити атроф мушкилоти таъмини бехатарии гигиениро ҳамчун вазифаи муҳими сиёсати давлат муайян мекунанд. Дар ин ҳол афзоиши хатари фаъолияти ҳаётии сокинони минтақаҳои истеҳсолоти ба вазъи экологӣ таъсири манфӣ расонанда зарурати коркард ва мукаммалгардонии тадбирҳои кам кардани хавфи таъсири омилҳои зараррасони муҳити зистро ба миён меорад (Н.Ф. Измеров, 2002–2006).
Айни ҳол, яке аз соҳаҳои асосии мамлакати мо истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва ҳосил кардани ашёи хом барои истеҳсоли онҳо мебошад. Аз ҷиҳати ҳолати гигиенӣ таваҷҷӯҳи бештар ба корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ ва азотӣ дода мешавад, ки сабаби ин асосан дараҷаи баланди хавфи масолеҳи аввалӣ – фосфор, кислотаи азот, апатитҳо, инчунин маҷмӯи мураккаби равандҳои технологии бавуҷудоварандаи ҷузъҳои токсикӣ (фтор, аммиак, оксидҳои азот ва дигар пайвастҳои кимиёвӣ) мебошанд.
Фаъолияти бардавоми завод (аз соли 1976), кӯҳнашавии системаи асбобҳои газтозакунӣ, чангдоранда, ҳавотозакунӣ ногузир боиси ифлос шудани муҳити атроф ва мавзеъҳои корӣ мешаванд, ки ин ҳолат ба инкишофи як қатор бемориҳои на танҳо коргарони завод, балки аҳолии дар минтақаи наздик истиқоматкунанда мусоидат мекунад.
Аз рӯи хусусиятҳои токсикию гигиенӣ масолеҳи аввалӣ (ангидриди сулфит, оксиди карбон, оксидҳои азот), масолеҳи омехта ва тайёр: аммиак, кислотаи азотӣ, аэрозоли селитраи аммиакӣ ва карбамид, ба моддаҳои хавфи синфҳои II-IV дохил мешаванд [ГОСТ 12.1.005–88 ССБТ].
Ҷойгиршавии истеҳсолоти нуриҳои минералӣ дар минтақаи хоҷагии қишлоқ, дар шароити иқлимҳои гарм ба ифлосшавии ҳаво ва объектҳои муҳити атроф мусоидат мекунад ва ба вазъияти экологии минтақаи ҷойгиршавӣ, пеш аз ҳама ба минтақаи завод таъсири манфӣ мерасонад.
Муқаррар шудааст, ки дар фазои ҳавои атрофи Заводи азоту нурии Вахш моддаҳои гуногуни кимиёвӣ (чанг, оксиди карбон, дуоксид ва оксиди азот, нитратҳо, нитритҳо, гази табиӣ, бензопирен) вуҷуд доранд. Коргарони майдонҳои ин минтақа ҳамеша гирифтори таъсири маҷмӯи омилҳои ҳам меҳнат ва ҳам экологӣ (шароити гарми иқлим, намӣ, бисёргазӣ, чангу ғубор) мешаванд. Таъсири омехтаи ин омилҳо боиси ихтилоли функсияҳои узв ва системаҳои организми истиқоматкунандагон ва коргарони ин минтақа мешавад.
Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши ҳолати саломатии аҳолие, ки дар минтақаи истеҳсолоти нуриҳои минералӣ зиндагӣ мекунанд.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар ноҳияҳои Бохтар (436 нафар) ва Сарбанд (264 нафар)-и вилояти Хатлон 700 нафари аз 6 то 76-сола (427 зан ва 273 мард) муоина карда шуданд. 232 нафар (33,1%)-ро кӯдакону наврасон ташкил доданд: 109 нафар (25,0%) дар ноҳияи озмоишӣ ва 123 нафар (46,6%) дар ноҳияи назоратӣ, яъне аз нисф камтари муоинашавандагони минтақаҳои озмоишӣ ва назоратиро кӯдакон ташкил карданд, ки омили хеле матлуб мебошад, зеро таҳлили маълумоти зиёди адабиёт оид ба таъсири моддаҳои токсикӣ ба организми кӯдакон аз ҳассосияти баланди онҳо нисбати калонсолон шаҳодат медиҳад.
Ба муоинаи тиббӣ мутахассисони ботаҷриба ҷалб шуда, тадқиқоти озмоишгоҳӣ ва рентгенологӣ иҷро шуд. Дар баробари муоинаҳо таҳлили умумии хун (1016) ва пешоб (628), флюорография (830), озмоиши ҷигар (350), ПОЛ (67), тадқиқоти иммунологӣ (56) ва ЭКГ (98) гузаронида шуд.
Муайян карда шуд, ки дар байни муоинашавандагон ҳамагӣ 126 (18%) нафар «солим» буданд.
Натиҷаҳои тадқиқот муайян карданд, ки дар ҳар ду гурӯҳ ҳам асосан бемориҳои узвҳои нафас мушоҳида мешаванд, дар ин ҳол дараҷаи беморшавӣ ба бемории мазкур бештар дар ноҳияи озмоишӣ – 28,4% қайд шуд, дар ноҳияи назоратӣ бошад, 14,8%-ро ташкил кард. Аз бемориҳои узвҳои ҳозима бештар гастродуоденити музмин мутаносибан – 8,7% ва 5,7%; решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта – 2,1% ва 1,5% мушоҳида шуд. Тақрибан ҳамин нишондиҳандаҳо аз рӯи бемориҳои музмини илтиҳобии ғадудҳои ҳозима ва энтероколити музмин (озмоишӣ – 1,6%, назоратӣ – 0,7%) қайд шуд.
Қайд кардан лозим аст, ки бемориҳои узвҳои ҳозима бештар дар синни 40–49-солагӣ дар ҳар ду гурӯҳ мушоҳида шуд.
Дар сохтори патологияҳои ошкоршуда аз рӯи басомад патологияи узвҳои системаи пешоброн ҷойи дуюмро ишғол мекунад. Аз патологияҳои узвҳои системаи пешоброн бештар пиелонефрити музмин қайд шуд, ки он дар гурӯҳи озмоишӣ – 14,5% ва дар гурӯҳи назоратӣ 12,1%-ро ташкил кард. Гирифторони ин патология асосан занони гурӯҳи 40–49-сола буданд.
Муайян карда шуд, ки сабаби осеби бештари роҳҳои нафас воридшавии пайвастҳои токсикии нитрат ва нитритҳо ба организм тавассути роҳҳои нафас ва меъдаю рӯда ва дар натиҷаи ин таъсири пайвастҳои токсикии нитратҳо ба ин системаҳо мебошад.
Пайвастҳои токсикии нитратҳо, ки ба роҳҳои меъдаю рӯда ва нафас ворид мешаванд, пеш аз ҳама ба тағйироти патологии системаҳои мазкур мусоидат мекунанд.
Хулосаи мутахассисон аз рӯи натиҷаи муоинаҳои тиббӣ
| Бемориҳои ошкоршуда | Бохтар (n=436), нафар | % | Сарбанд (n=264), нафар | % |
|---|---|---|---|---|
| Бронхити музмин | 124 | 28,4 | 39 | 14,8 |
| Пневмония | 11 | 2,5 | 5 | 1,9 |
| Гастродуоденити музмин | 38 | 8,7 | 15 | 5,7 |
| Решмараз | 9 | 2,1 | 4 | 1,5 |
| Холетсистити музмин | 17 | 3,9 | 8 | 3,0 |
| Панкреатити музмин | 14 | 3,2 | 3 | 1,1 |
| Гепатити музмин | 8 | 1,8 | 4 | 1,5 |
| Энтероколити музмин | 7 | 1,6 | 2 | 0,7 |
| Остеохондрози сутунмӯҳра | 34 | 7,8 | 23 | 8,7 |
| БИД | 4 | 0,9 | 5 | 1,9 |
| Бемории гипертоникӣ | 19 | 4,3 | 24 | 9,1 |
| Бемории ҷоғар | 278 | 63,7 | 132 | 50,0 |
| Пиелонефрити музмин | 63 | 14,5 | 32 | 12,1 |
| Артрити ревматоидӣ | 1 | 0,2 | 1 | 0,4 |
| Зуҳуроти боқимондаи ҶМК-и аз сар гузаронида | 8 | 1,8 | 10 | 3,8 |
| Бемории саръ | 2 | 0,4 | 3 | 1,1 |
| Фалаҷи кӯдаконаи мағзисарӣ | 2 | 0,4 | 1 | 0,4 |
| Ангинаи катаралӣ | 14 | 3,2 | 11 | 4,1 |
| Тонзиллити музмин | 8 | 1,8 | 10 | 3,8 |
| Аднексити музмин | 28 | 6,4 | 32 | 12,1 |
| Дигар бемориҳо | 38 | 8,7 | 2 | 0,7 |
| Шахсони пурра солим | 44 | 10,1 | 80 | 30,3 |
БИД – бемории ишемикии дил; ҶМК – ҷароҳати майнаю косахонаи сар.
Дар байни бемориҳои узвҳои хунгардиш, ки тибқи маълумоти муоинаҳои тиббӣ дар сохтори беморшавиҳо ҷойи намоёнро ишғол мекунанд, бештар бемории гипертоникӣ, бемории ишемикии дил қайд шуд. Гирифторони патологияи системаи дилу рагҳо, аз ҷумла бемории гипертоникӣ дар ноҳияи озмоишӣ 4,3%, дар ноҳияи назоратӣ 9,1%-ро ташкил кард. Шахсони бемори ишемикии дил дар ноҳияи озмоишӣ – 0,9%, дар ноҳияи назоратӣ – 1,9%-ро ташкил карданд.
Шароити номусоиди иқлим ва тағйирёбии ҳарорат боиси шиддат гирифтани механизмҳои мутобиқшавии организм мешаванд. Шиддатнокии бардавоми системаҳои гуногуни функсионалӣ метавонад боиси шиддатёбии аз ҳад зиёди организм ва пастшавии муқовимати организм шавад, ки дар натиҷа ба баланд шудани дараҷаи беморшавӣ мусоидат мекунад.
Ҳавои шаҳрҳои Қурғонтеппа, Сарбанд аз аммиак ифлос шудааст, ки консентратсияҳои миёнаи рӯзонаи аммиак аз консентратсияи ҳадди иҷозатдодашуда 2–10 маротиба зиёдтар аст.
Дар патогенези ташаккули патологияи дил таъсири токсикӣ ба ғадудҳои эндокринӣ нақши муҳим дорад. Тибқи муоинаи тиббии мутахассисон ҳолати камбуди йод дар организм дар шакли ҷоғари диффузӣ дар 278 ҳолат (63,7%) қайд шуд, дар ноҳияи назоратӣ ин нишондиҳанда 132 ҳолат (50,0%)-ро ташкил кард, ки сабаби ин таъсири азот мебошад.
Ҳамин тавр, ҳолати вазнини санитарию экологии минтақаи ҷойгиршавии Заводи азоту нурӣ бо маҷмӯи омилҳои шароити меҳнат ва рӯзгор ба ҳолати узвҳо ва системаҳои организми аҳолии гирду атрофи ин минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлили нишондиҳандаҳои ҳолати саломатии сокинони назди завод имкон дод, ки дараҷаи нисбатан баланди ба баъзе бемориҳо гирифтор шудани онҳо муайян карда шавад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 42.




