Чорабиниҳои зиддиэпидемии вараҷа
Ҳ.Қ. Рофиев, Л.М. Базарова, И. Давронзода
Кафедраи эпидемиология (мудири кафедра н.и.т. Г.Ҷ. Азимов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Айни ҳол, вараҷа яке аз мушкилоти иҷтимоии соҳаи тандурустии мамлакатҳои Осиё ва Африқо гаштааст. Муддати солҳои 2008–2012 ҳодисаҳои маҳаллии вараҷа дар Озорбойҷон, Юнон, Гурҷистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудаанд.
Бо тақвият додани назорати санитарию эпидемиологӣ, чорабиниҳои зидди вараҷа ва зидди хомӯшак солҳои 2015–2016 дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон вараҷаи маҳаллӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшони Афғонистон ҳамасола 1–2 млн ҳодисаи нави вараҷа ба қайд гирифта мешаванд.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Тадқиқоти мо солҳои 2005–2015 дар ду ноҳияи ВМКБ, дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Мо муоинаи эпидемиологии манбаъҳои сироят (беморон ва ҳомилони паразит)-ро амалӣ кардем. Маводи марбут ба шиддатнокии инкишофи хомӯшакҳои вараҷа аз рӯи мавсим, паҳншавии минтақавии вараҷа ва ҳомилони паразит дар байни аҳолии ҶТ таҳлил карда шуд. Натиҷаи як қатор чораҳои зидди бемории вараҷа дар манбаъҳои хуруҷи пуршиддати он ба қатъи пурраи вараҷаи серӯза ва вараҷаи тропикӣ (falciparum) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонд.
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Соли 2005, дар давраи пеш аз элиминатсия, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2501 ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта шуда буд; дар солҳои минбаъда (давраи элиминатсия, 2005–2015) якбора кам шудани шумораи беморон дида мешавад. Соли 2007 ҳамагӣ 735 ҳодисаи бемории вараҷа (P. vivax ва P. falciparum) ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2006 (1234) 51% камтар аст.
Ба паст шудани беморшавӣ амалисозии «Барномаи миллии мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» ва барномаҳои минбаъда (то соли 2015) мусоидат кардааст.
Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки яке аз омилҳои асосии паҳншавии босуръати бемории вараҷа дар кишвар ин зичии баланди аҳолӣ мебошад. Ба маҳалҳои шаҳрӣ бемории вараҷа аз минтақаҳои эндемияи вараҷа, аммо дар деҳот бошад, аз минтақаи хоси манбаи фаъоли пуршиддати вараҷа ворид шудааст. Дар маҳалҳои шаҳрӣ аксаран калонсолон, дар деҳот бошад, асосан кӯдакон бемор мешаванд. Муқаррар гардидааст, ки хатари мубталошавӣ ба вараҷа нисбат ба аҳолии деҳа дар аҳолии шаҳр бештар мушоҳида мешавад. Таҳлили ҳолатҳои бемории вараҷа вобаста аз ҷинс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи 2005–2010 нишон дод, ки дар аксари ҳолатҳо мардон аз бемории вараҷа азият мекашанд, ҳиссаи занон бошад камтар буда, аз 46,4% то 49%-ро ташкил медиҳад.
Натиҷаҳои тадқиқот собит карданд, ки аксар вақт беморӣ дар мавсими тобистону тирамоҳ – аз моҳи июн то октябр (ҳарорати миёна 25–26 °С) ба қайд гирифта мешавад. Бо усулҳои тадқиқотии эпидемиологӣ ва паразитологӣ ду намуди хомӯшаки зараровар: An. superpictus ва An. pulcherrimus муайян шуданд.
Хулоса, чорабиниҳои зиддиэпидемикии пешгирӣ ва мубориза бо бемории вараҷа натиҷаҳои хуб доданд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 45.




