Таърихи омӯзиш, ҷанбаҳои тамоюли генетикӣ ва ғайригенетикӣ ба синдроми метаболикӣ
С. Сатторов, Ҳ.С. Хайров, Ш.С. Сатторов, М.Х. Хайрова
Кафедраи микробиология, иммунология ва вирусология (мудири кафедра д.и.т., профессор С.С. Сатторов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»
Синдроми метаболикӣ (metabolic syndrome) мафҳуми умумӣ буда, бемориҳо ва ҳолатҳои ғайримуқаррарии бадани одамро дар бар мегирад ва дар шаклҳои муайяни тағйирёбии метаболикӣ, гормонӣ ва клиникӣ зоҳир мешавад (4, 5, 19).
Буқрот ҳанӯз дар асри V пеш аз мелод, бе маълумоти дақиқи илмӣ, қайд карда буд, ки нафарони фарбеҳ нисбат ба шахсони лоғар бештар мефавтанд.
Мутафаккири барҷастаи форсу тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар асри XI дар асари илмии худ «Қонуни тиб» алоқамандӣ байни бемориҳои фарбеҳӣ, диабети қанд ва фишорбаландии шарёниро хотиррасон кардааст.
Назарияҳои илмӣ оид ба СМ дар кишварҳои гуногуни кураи замин танҳо дар даҳсолаҳои аввали асри ХХ мавриди баҳсу мунозираи мутахассисони соҳаи тиб қарор гирифтанд. Олими шведӣ Е. Кейлин дар соли 1923 нахустин маротиба синдромро бо номи «гипертензия – гипергликемия – гиперурикемия» тавсиф ва пешниҳод намуд. Дар навбати худ, олими рус Г. Ланг алоқамандии зичро байни фишорбаландии шарёнӣ ва фарбеҳӣ, аз як тараф ва вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо ва ниқрис, аз тарафи дигар, нишон дод (11, 17).
Дар адабиёти илмӣ, синдроми метаболикӣ ҳамчун ҳолати патологии бадани инсон зери мафҳумҳои: се синдроми метаболикӣ (Camus J., 1966), синдроми полиметаболикӣ (Avogaro P., 1965), синдроми «фаровонӣ» (Mehnert A., 1968), синдроми Х (Reaven G., 1988), чор бемории марговар (Kaplan J., 1989), синдроми гормонии метаболикӣ (Bjorntorp Р., 1991), синдроми тобоварӣ ба инсулин (Haffner S., 1992), шашгонаи марговар (Enzi G., 1994) ва синдроми метаболикии хунрагӣ (Hanefeld M., 1997) ёд шудааст (3, 8).
Олимон Ханфелд М. ва Леонард В. С. соли 1981 аввалин шуда, пешниҳод намуданд, ки тағйирёбии мубодилаи моддаҳо дар бадан бо мафҳуми «синдроми метаболикӣ» номгузорӣ шавад. Соли 1988 профессор Ҷ. Ревен дар асоси натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ ва таҳлили таҳқиқоти дигар муаллифон ба ақидае омад, ки бемории диабети қанд, фишорбаландии шарёнӣ, дислипидемияи атерогенӣ ва бемории ишемикии дил бо якдигар алоқаманд мебошанд ва пешниҳод намуд, ки ин маҷмӯи бемориҳо ҳамчун «синдроми Х» номида шавад. Соли 1989 Каплан Д. мафҳуми «чоргонаи марговар»-ро дар ин самти илм ворид намуд, ки зери ин мафҳум байни якдигар алоқаманд будани диабети қанд, фарбеҳӣ, фишорбаландии шарёнӣ ва бемории ишемикии дил дар назар дошта мешавад (19, 20).
Ҳамин тавр, мутобиқи маълумоти мавҷуда метавон қайд намуд, ки бемориҳои фарбеҳӣ, фишорбаландии шарёнӣ ва диабети қанд ҷузъҳои асосии синдроми метаболикӣ буда, дар натиҷаи тағйирёбии мубодилаи карбогидратҳо, липидҳо ва пуринҳо дар бадани одам инкишоф меёбанд.
Дар соли 2005 Федератсияи байналмилалии диабет муқаррар кард, ки СМ дар якҷоягӣ фарбеҳии шикамӣ, тобоварӣ ба инсулин, гипергликемия, дислипидемия, фишорбаландии шарёнӣ, вайроншавии системаи гомеостаз ва илтиҳоби субклиникии музминро дар бар мегирад (14).
Омӯзиш ва таҳлили адабиёти илмии ба синдроми метаболикӣ бахшидашуда шаҳодат медиҳад, ки фарбеҳӣ омили асосии гирифторшавӣ ба ин ҳолат ва заминаи инкишофёбии ҷузъҳои дигари ин синдром – фишорбаландии шарёнӣ ва диабети қанд ҳисоб меёбад.
Фарбеҳӣ ва маҷмӯи оризаҳои он аз охири асри ХХ ва аввали асри XXI ин ҷониб масъалаи ҳалталаб барои ҳукуматҳо ва соҳаи тандурустии ҳамаи давлатҳои кураи замин ба шумор меравад. Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) фарбеҳиро ҳамчун эпидемияи глобалӣ эълон намуда, онро зери назорати худ қарор медиҳад. Мутахассисони ТУТ пешбинӣ мекунанд, ки то соли 2025 теъдоди нафарони ба ин беморӣ гирифторшуда ба 300 млн нафар расида метавонад (9).
Дар марҳалаи ҳозира зиёд гаштани фарбеҳӣ дар байни кӯдакон бисёр ташвишовар мебошад. Синдроми метаболикӣ дар кӯдакони гирифтори бемории фарбеҳӣ дар оянда сабаби маъюбшавии бармаҳал ва фароҳам овардани шароити номусоиди ҳаёти онҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии инкишофёбии синдроми метаболикӣ, аз ҷумла бемории фарбеҳӣ, муайян кардани гурӯҳҳои осебпазир дар байни кӯдакон ва гузаронидани тадбирҳои эҳтиётӣ зарур мебошад.
Ақидаи ягона оид ба сабабҳои инкишофёбии синдроми метаболикӣ, аз ҷумла, фарбеҳӣ вуҷуд надорад. То ҳол мавқеи хосиятҳои генетикии бадан ва ё омилҳои муҳити атроф дар инкишофёбии фарбеҳӣ баҳсталаб мемонад. Мутобиқи ақидаи баъзе олимон, фарбеҳии дараҷаи аввал дар натиҷаи таъсири якҷояи омилҳои эндогенӣ ва экзогенӣ инкишоф меёбад.
Ба ақидаи бештари олимон ва мутахассисони соҳаи тиб зиёдшавии басомади фарбеҳӣ дар байни аҳолии кураи замин ба тағйирёбии шароити иҷтимоӣ алоқаманд мебошад.
Заминаи инкишоф ва ҷараёни СМ-ро тобоварӣ ба инсулин (инсулинустуворӣ) ташкил медиҳад. Зери мафҳуми «тобоварӣ ба инсулин» вайроншавии истифодаи глюкоза дар се узв (мушакҳои скелет, бофтаи чарбу ва ҷигар) дар назар дошта мешавад, ки дар онҳо тағйироти патофизиологӣ ба таъсири инсулин алоқаманд аст. Риоя накардани тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла камҳаракатӣ, аз меъёр зиёд истеъмол намудани равғани ҳайвон ва карбогидратҳои тезҳазмшаванда ва тез-тез ба ҳолатҳои психоэмотсионалӣ гирифтор шудан барои равғанбандӣ замина тайёр мекунанд ва бештар ба захира шудани равған дар қисми шикам оварда мерасонанд (23).
Фаъолнокии системаи симпатоадреналии бадан ба зиёдшавии ҳаҷми кор ва миқдори кашишхӯрии мушакҳои қалб мусоидат намуда, дар натиҷа ташаннуҷ ва муқовиматнокии хунрагҳои ғайримарказӣ инкишоф меёбад. Дар навбати худ пайваста гирифторшавӣ ба фишорбаландии шарёнӣ дараҷаи инсулинуствориро мустаҳкамтар мекунад. Афзоиши миқдори инсулин дар бадан (гиперинсулинемия) баргашта ҷаббидашавии натрийро дар нефронҳо меафзояд, ки ин сабаби боздошти об ва баландшавии миқдори натрий ва калсий дар девораи рагҳо ва ташаннуҷи онҳо мегардад. Дар навбати худ афзоиши миқдори инсулин ба вайроншавии мубодилаи равған дар бадани инсон оварда мерасонад. Ҳамзамон, дар натиҷаи таҷзия (липолиз), чарбуҳуҷайраҳо кислотаҳои озоди равғанро хориҷ мекунанд, ки ин дар оянда сабаби афзоиши синтези липопротеидҳои зичиашон паст мегардад. Чунин ҳолат оҳиста-оҳиста ба инкишофёбии вайроншавии спектри липидҳо, яъне зиёдшавии холестеринҳои «бад» (зараровар) ва камшавии холестеринҳои «хуб» (фоидаовар) оварда мерасонад (1).
СМ дорои як қатор хусусиятҳои хос мебошад. Аз ҷумла, СМ барои бадани инсон ҳолати патологие мебошад, ки маҷмӯи якчанд бемориҳои мустақилро дар бар мегирад ва ҳар яке аз онҳо ҷузъи асосии ин синдром ҳисоб ёфта, аз ҷиҳати патофизиологӣ байни ҳамдигар вобастагии зич доранд. Аз тарафи дигар СМ дар муддати якчанд сол (на камтар аз 5 сол) метавонад ба вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо ва пайдоиши нишонаҳои клиникӣ оварда расонад. Ба ҳисоби миёна муҳлати пурра ташаккулёбии СМ на камтар аз 10 сол мебошад, ки ин дар охир ба шиддатгирии зоҳиршавии нишонаҳои клиникии он, аз ҷумла тақвияти фаъолнокии маркерҳои илтиҳобӣ, пайдоиши тромбҳо ва носозкории эндотелий оварда мерасонад (13).
Олими амрикоӣ Ҷералд Ривен соли 1988 инкишофёбии СМ-ро дар шароити эксперименталӣ зери омӯзиш қарор дода, ҷараёнгирии онро бо далелҳои илмӣ асоснок намуд ва бо ин назардошт ӯ асосгузори назарияи муосири ин синдром ҳисоб меёбад. Мутобиқи ин назария омили калидии пайдошавии СМ падидаи инсулинустуворӣ шуморида мешавад. Асоси инсулинустувориро норасоиҳои генетикии гуногун ташкил медиҳанд.
Дар ҳолати нормалӣ аутофосфорилизатсияи ретсепторҳо бо иштироки тирозинкиназаҳо амалӣ мегардад, ки он дар оянда ба ретсепторҳои инсулин пайваст мешавад. Ин ҷараён бо иштироки молекулаҳои субстратҳои ретсепторҳои инсулин – insulin receptor substrates (IRS-1, IRS-2) амалӣ мегардад. Дар навбати аввал ин молекулаҳо фосфатидилинозитол-3-киназа (PI3K)-ро, ки ангезандаи интиқоли глюкоза тавассути GLUT-4 аз мембрана ба дохили ҳуҷайра ҳисоб меёбад, фаъол мекунад ва ин ба авҷгирии қобилияти метаболикию митогении инсулин оварда мерасонад (18, 21).
Дар беморони гирифтори диабети қанд намудҳои 1 ва 2 интиқоли глюкоза вайрон мешавад. Ҳамчунин вайроншавии экспрессияи дигар генҳо (гликогенсинтетаза, липазаи ба гормонҳо ҳассос, омили некрози омос-алфа, таҷзияи протеин ва ғ.), ки метаболизми глюкоза ва липидҳоро таъмин мекунанд, ба назар мерасад. Сабаби дар бадани инсон васеъ паҳн будани генҳои номбаршуда то ба ҳол аниқ маълум нест. Дар навбати худ, назарияи «генотипи камсарф», ки соли 1962 аз тарафи Ҷ. Нил пешниҳод шуда буд, бештар тарафдорӣ мешавад. Мутобиқи ин назария, дар ҷараёни эволютсия, дар генотипи бадан генҳои «эҳтиётӣ»-и дорои аҳамияти физиологӣ мустаҳкам нигоҳ дошта шудаанд, ки онҳо барои захира намудани энергия дар шакли равған аҳамияти калон доранд. Дар давраи ҷамъияти ибтидоӣ, ҳангоме, ки ғизогирии одам реҷаи муқаррариро надошт ва марҳалаҳои фаровонии маводи ғизоӣ метавонист ба гуруснагӣ иваз шавад, захира намудани равған нақши мутобиқшавиро мебозид.
Бо вуҷуди ин дар давоми эволютсия баъди муддате, дар кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққиёфта ва шароити баланди иҷтимоӣ инсон ба истифода ва истеъмоли маводи ғизоии дорои калорияи баланд ва ҳамзамон пастшавии хароҷоти энергияи мушакҳо гузашт. Бо назардошти он, ки аз давраи ибтидоӣ дар хотираи генетикии бадан механизми «инсулинустуворӣ» мустаҳкам ҷойгир ва нигоҳ дошта мешавад, ҷараёни физиологии мубодила ва истифодаи равған дар бадани инсон то ба ҳол дар сатҳи қадимӣ қарор дорад, ки ин сабаби инкишофи пандемияи СМ дар байни аҳолии кураи замин ҳисоб меёбад (6, 10).
Як қатор олимон тахмин мекунанд, ки инкишофёбии синдроми метаболикӣ ба вуҷуд доштани як ва ё якчанд генҳои махсус, ки таъсири байни якдигарро доранд, вобастагӣ дорад. Дар марҳалаи ҳозира харитаи генетикии фарбеҳӣ дар ҳудуди хромосома тартиб дода шудааст. Тахмин мешавад, ки «харитаи генетикии фарбеҳӣ» (Human Obesity Gene Map) 600 ген, маркерҳои генетикӣ ва минтақаҳои хромосомаро дар бар мегирад. Зоҳиршавӣ ва намуди клиникии бемории фарбеҳӣ аз фаъолияти генҳои алоҳидаи ин харитаи генетикӣ вобаста аст. Дар бисёр ҳолатҳо фарбеҳӣ ба генҳои зерин алоқаманд мебошад:
-
FTO – вазни баданро назорат мекунад
-
NRXN3 – ба ҳиссиёти сершавӣ ва лаззат таъсир мерасонад
-
HMGI-C – инкишофёбии ҳуҷайраҳои равғани баданро метезонад ва ғ.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар тамоюл ба бемориҳои гуногуни одам маҷмӯи генҳои системаи HLA (human leucocyte antigens – антигенҳои лимфоситҳои одам) нақши калон мебозанд. Аз ҷумла, ба диабети қанд, ки яке аз «ҳамсафарони» бемории фарбеҳӣ ҳисоб меёбад, бештар нафароне гирифтор мешаванд, ки дар системаи HLA-и худ генҳои HLA-DQA1, HLA-DQA, HLA-DQB1, HLA-DQB, HLA-DRB1, HLA-DRA ва HLA-DRB-ро доранд (12, 15).
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки вобаста аз генҳои алоҳидаи системаи HLA 50 намуди синдромӣ ва 8 намуди моногении фарбеҳӣ вуҷуд дорад.
Дар бисёре аз ҳолатҳо намудҳои моногении фарбеҳӣ ба генҳое, ки иштиҳоро назорат мекунанд, алоқаманд мебошанд. Ин генҳо, иштиҳои одамро дар сатҳи системаи лептин-меланокортин назорат мекунанд ва аз ин лиҳоз ҳангоми нуқсондор шудани онҳо авҷгирии бармаҳали фарбеҳии намуди вазнин пайдо мешавад. Умуман нофаъолшавии 5 намуди генҳо – LEP, LEPR, POMC, PCSK1 ва MC4R ба инкишофёбии фарбеҳии назаррас оварда мерасонад.
Норасоии лептин, ки табиати аутосомию ретсессивӣ дорад, сабаби ба фарбеҳӣ гирифторшавии кӯдакони то 6-моҳа ҳисоб меёбад.
Сабаби дигари инкишофёбии фарбеҳӣ норасоии ретсептори лептин мебошад, ки он низ табиати аутосомию ретсессивӣ дошта, аз ҷиҳати клиникӣ ба норасоии лептин монанд аст.
Мутатсияи гени проопиомеланокортин ҳамчун бемории аутосомию ретсессивӣ сабаби норасоии анорексигении таъсири меланокортин мегардад. Лептин ба ядрои вентромедиалии гипоталамус ворид ва ҳосилшавии проопиомеланокортинро метезонад. Баъд аз таҷзияи протеолитикии проопиомеланокортин меланокортинҳои α, β ва γ озод шуда, онҳо дар оянда сабаби инкишофёбии намудҳои гуногуни бемории фарбеҳӣ мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби авҷгирии намудҳои гуногуни фарбеҳӣ бемориҳои гуногуни дорои табиати наслӣ ҳисоб меёбанд. Аз ҷумла, синдроми Прадер–Вилли, синдроми Барде–Бидл, синдроми Рохандер, синдроми Карпентер, синдроми Коэн ва ғ.
Дар бораи омилҳои инкишофёбии фарбеҳӣ бояд зикр кард, ки мавҷудияти майли генетикӣ на ҳама вақт ба гирифторшавӣ ба ин беморӣ оварда мерасонад. Дар бисёр ҳолатҳо (40–50%) ба фарбеҳӣ нафароне гирифтор мешаванд, ки ба ғайр аз заминаи генетикӣ тарзи ҳаёти камҳаракат дошта, аз пурхӯрии музмин азият мекашанд ва бештар хӯрокҳои «тезпаз» (fast food)-ро истеъмол мекунанд (7, 13).
Таҳқиқот ва амсилаҳои таҷрибавӣ дар ҳайвонҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар инкишофёбии фарбеҳӣ нақши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳои аденовирусӣ дар синни ноболиғӣ калон мебошад. Аз эҳтимолият дур нест, ки вирусҳо ҳосилшавии ҳуҷайраҳои бофтаҳои равғанро тезонида, ҳассосияти онҳоро ба инсулин паст мекунанд. Ин механизм ва фаъолшавии ферментҳои таҷзиякунандаи липидҳо боиси фарбеҳӣ мегарданд.
Маълумот оид ба таъсири омилҳои муҳити атроф ба генҳо пайваста мукаммал шуда истодааст. Ҳанӯз соли 1942 К. Уоддингтон барои ифодаи таъсири мутақобилаи омилҳои муҳити атроф ба генҳо мафҳуми «эпигенетика»-ро пешниҳод намуд. Омилҳои муҳити атроф ба раванди метилшавии КДН, тағйирёбии сафедаҳо ва хроматини хромосома таъсир расонида генотипи аслиро тағйир медиҳанд ва дар натиҷа генҳои дахлдор вазифаи аслии худро гум мекунанд. Бинобар ин мубодилаи моддаҳо дар бадан вайрон ва фарбеҳӣ инкишоф меёбад.
Тағйироти эпигенетикии КДН, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои муҳит ба вуҷуд меояд, ва зоҳиршавии он (фарбеҳӣ) метавонад аз насл ба насл гузарад. Заҳрҳо (токсинҳо), норасоии ҳаво (гипоксия) ва нурҳои ионизатсионӣ ҳамчун омилҳои дорои таъсири эпигенетикӣ ҳисоб меёбанд. Бояд қайд намуд, ки тифли дар батни модар буда нисбати чунин омилҳо бештар ҳассос мебошад.
Дар марҳалаи ҳозира, дар адабиёти илмӣ, оид ба эҳтимолияти таъсири омилҳои экзогенӣ ба гормонҳое, ки дар мубодилаи моддаҳои бадан иштирок мекунанд, маълумоти бешумор вуҷуд дорад. Яъне омилҳои экзогенӣ ба синтез, ҳосилшавӣ, ҷойивазкунӣ, метаболизм, пайвастшавӣ ва ё элиминатсияи гормонҳо таъсир расонида, ҷараёни табиии мубодиларо вайрон мекунанд.
Барои пешгирии фарбеҳӣ ва синдроми метаболикӣ то синни яксолагӣ бо шири модар хӯронидани кӯдак ва интихоби маводи ғизоӣ вобаста аз синну сол тавсия мешавад.
Яке аз далелҳои муҳими зарурати пурзӯр намудани омӯзиши СМ нақши ин синдром дар инкишофи бемориҳои дилу рагҳо ҳисоб меёбад. Мутобиқи маълумоти дақиқи илмӣ, дар нафароне, ки аз СМ азият мекашанд, нисбат ба нафароне, ки дар онҳо ин синдром ҷой надорад, гирифторшавӣ ба бемориҳои ишемикии дил 3–4 маротиба, фавт аз чунин бемориҳо 3 маротиба ва фавт аз дигар бемориҳо 2 маротиба бештар ба қайд гирифта мешавад. Нафарони гирифтори СМ 3,5 маротиба бештар ба сактаи дил ва сактаи майнаи сар (инсулт) гирифтор мешаванд.
Таҳқиқоти илмӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки гирифторшавӣ ба СМ ба ҷинс алоқамандии зичро дорад. Аз ҷумла муайян карда шудааст, ки дар байни беморони гирифтори СМ фавт аз бемориҳои дилу рагҳо дар занҳо 5 маротиба ва дар мардҳо 2 маротиба меафзояд (22, 23).
Ҳамин тавр, дар маҷмӯъ метавон қайд намуд, ки дар марҳалаи ҳозира СМ яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустии ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ҳисоб меёбад. Инкишофёбии СМ ба омилҳои эндогению экзогенӣ алоқаманд буда, дар қатори омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ омилҳои иммуногенетикӣ нақши алоҳида мебозанд. Барои коркарди усулҳои самараноки пешгирӣ ва табобати ин синдром пурзӯр намудани таҳқиқоти илмию амалӣ бо назардошти дастовардҳои илмии даҳсолаҳои охир зарур мебошад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 47.




