Нақши нейропептиди вазопрессин дар фаъолияти рефлекси шартӣ ва хотираи ҳайвонот
Г.Н. Азимова
Кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика (мудири кафедра д.и.т. М.Ё. Холбеков)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Солҳои охир тадқиқи функсияҳои физиологии гормонҳои пептидии гипофиз, махсусан вазопрессин аҳамияти калон пайдо мекунад. Ҳоло маълумоти зиёде дар бораи таъсири танзимкунандаи рафтори ҳайвонот мавҷуд аст. Аксарияти тадқиқотҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки аргинин-вазопрессин ба ҳама равандҳои марбути хотира таъсири қувватбахшанда мерасонад, ҳамзамон вай ҳам ба ҳосил шудан, ҳам ба нигоҳдорӣ ва ҳам ба аз нав бавуҷудоварии малакаҳои шартӣ таъсир мерасонад.
Вобаста ба ин, ақидаи васеъ паҳншудае пайдо шуд, ки мувофиқи он вазопрессин фаъолкунандаи махсуси хотира ба шумор меравад.
Мувофиқи гипотезаи De Wied, ки ҳамчун постулат баён шудааст, тазриқи вазопрессин дар давоми давраи бӯҳронӣ ба муттаҳидшавии равандҳои хотира ва омӯзиш таъсири мустақим мерасонад. Ҳамзамон вай пешбинӣ менамояд, ки таъсири вазопрессин ба хотира аз таъсири классикии эндокринии он фарқ мекунад. Вале мувофиқи маълумоти муаллифони дигар, аргинин-вазопрессин ба равандҳои дар ёд нигоҳ доштан таъсири қувватбахшанда намерасонад, дар ҳолатҳои алоҳида бошад ҳатто онҳоро бад менамояд.
Мақсади таҳқиқот. Тадқиқ намудани таъсири вазопрессин ба фаъолияти рефлекси шартӣ (ФРШ) ва хотираи объекти камомӯхташуда – хорпушти осиёимиёнагӣ (Hemiechinus auritus).
Мавод ва усулҳои тадқиқот. Таҷрибаҳо дар 5 хорпушт, дар амсилаи рафтори ғизоӣ аз рӯи рефлексҳои шартии инструменталии дараҷаи гуногуни мураккабӣ гузаронида шуданд. Дар ҳайвонот рефлексҳои шартии мусбат, инчунин боздории тафриқавӣ ва хомӯшшаванда ҳосил карда шуд. Барои тавсифи нисбатан объективии ФРШ таймер-хронометри махсуси автоматикӣ ба кор бурда шуд, ки имкон медиҳад тағйироти давраҳои ниҳонӣ, вақти ба назди донхӯрак омадан ва вақти ба ҷойи аввала баргаштан дақиқ арзёбӣ карда шаванд. Барангезандаи шартӣ рушноии чароғи барқии иқтидораш 25 Вт буд. Барангезандаи ғайришартӣ порчаи гӯшти хом ё тухми пӯхташуда ба шумор мерафт.
Боздории хомӯшшаванда бо роҳи хомӯшкунии якбора – 35–40 бор истифодаи сигнал дар як рӯзи таҷрибавӣ бо фосилаи 60–90 сония ҳосил карда шуд. Ба ғайр аз рефлексҳои шартии мусбат дар хорпуштҳо намудҳои гуногуни хотира – образнок, кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат (бо вақти таъхир аз 10 то 20 сония) тадқиқ карда шуданд. Баъди ҳосил намудани таҳкими рефлексҳои шартии мусбат ва намудҳои гуногуни боздории дохилӣ ба зери пӯсти ҳайвонҳо аргинин-вазопрессин бо вояи 0,5 мкг/кг вазн тазриқ карда шуд.
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Ошкор карда шуд, ки дар ҳайвоноти интактӣ рефлекси шартии мусбат баъди ҳамбастагии 25-ум зоҳир мегардад ва баъди ҳамбастагии 4-уми сигналҳои шартӣ бо таҳкими ғайришартӣ мустаҳкам мегардад. Боздории тафриқавӣ баъди 10-ум зоҳир гардид ва баъди истифодабарии 30-ум мустаҳкам гардид. Боздории хомӯшшаванда баъди истифодабарии 24-ум зоҳир гардида, баъди 37-ум мустаҳкам гардид. Дар таҷрибаҳои мо ҳамчунин давраи ниҳонии (ДН) барангезандаи шартӣ, вақти ба назди донхӯрак омадан ва вақти ба ҷойи аввала баргаштан ба назар гирифта шуданд.
Муқаррар карда шуд, ки ДН фаъолнокии ҳаракат дар ҳайвоноти интактӣ ба ҳисоби миёна 7,0 сония, вақти ба назди донхӯрак омадан – 12 сония, вақти ба ҷойи аввала баргаштан – 45 сонияро ташкил дод.
Фоизи ҷавобҳои дуруст ба рефлексҳои шартии мусбат 80%, ба боздории тафриқавӣ -75%, ба хомӯшшавӣ бошад -92%-ро ташкил дод.
Баъди гузаронидани як қатор силсилаи таҷрибаҳо дар ҳайвоноти интактӣ тести Хантер барои хотираи образнок гузаронида шуд.
Нишон дода шуд, ки дар 80–85% хорпуштҳо саҳван ба донхӯраки холӣ омаданд, ҳамчунин траекторияи ҳаракати онҳо вайрон гардид. Давомнокии хотираи образнок дар ин маврид 15–18 сонияро ташкил дод.
Чи хеле ки дар қисмати методикаи тадқиқот қайд карда шуд, баъди ҳосил намудан ва мустаҳкам кардани ҳамаи шаклҳои рефлексҳои шартии мусбат ва намудҳои гуногуни боздошташавии дохилӣ ба зери пӯсти ҳайвонҳо аз ҳисоби 0,5 мкг/кг вазн вазопрессин тазриқ карда шуд. Пас аз 20 дақиқаи баъди тазриқ ҳайвонотро дар камераи таҷрибавӣ ҷойгир намуда, рафти таҷрибаро назорат намуданд.
Ошкор карда шуд, ки дар ҳамаи ҳайвоноти таҷрибавӣ тазриқи вазопрессин боиси тағйирёбии муайяни ҳамаи шаклҳои ФРШ гардид.
Масалан, дар хорпуштҳо рефлексҳои шартии мусбат баъди ҳамбастагии 15-ум пайдо шуда, баъди 30-юм мустаҳкам шуданд. Боздошташавии тафриқанок баъди истифодабарии 5-ум зоҳир гардида, баъди 20-ум мустаҳкам гардид. Боздошташавии хомӯшшаванда баъди истифодабарии 8-ум зоҳир шуда, баъди 16-ум мустаҳкам гардид.
Давраи ниҳонии фаъолнокии ҳаракат 8 сония, вақти ба назди донхӯрак омадан 12 сония, вақти ба ҷойи аввала баргаштан 45 сонияро ташкил дод. Фоизи ҷавобҳои дуруст ба рефлексҳои шартии мусбат 85%, боздошташавии тафриқанок – 90%, боздошташавии хомӯшшаванда – 75%-ро ташкил дод.
Омӯзиши нақши вазопрессин дар танзими фаъолияти рафтор ва раванди хотираи хорпуштҳо нишон дод, ки вай ба ФРШ мағзи сар таъсири умумии сабуккунанда мерасонад. Тазриқи вазопрессин боиси кӯтоҳшавии эътимодноки (Р<0,05) ДН гардид. Таъсири нисбатан зоҳиршавандаи препарат ба раванди омӯзиш дар шакли зиёд шудани миқдори ҷавобҳои дуруст ва кӯтоҳшавии ДН, инчунин вақти ба назди донхӯрак омадан зоҳир гардид. Гарчанде ин сабукшавӣ хусусияти пурзӯршаванда надошт, марҳалаи баргаштан ба ҷойи аввала дар заминаи вазопрессин амалан ташаккул наёфт. Омӯзиши нақши вазопрессин дар танзими раванди хотираи хорпуштҳо нишон дод, ки вай таъсири равшани кӯтоҳмуддати умумисабуккунанда ба аксуламалҳои шартӣ дорад.
Ба дигар намудҳои хотира таъсири вазопрессин зоҳиршаванда нест. Махсусан баъди тазриқ намудани он тағйироти зиёд дар шаклҳои модарзодии рафтор мушоҳида карда шуданд. Онҳо аз фаъолнокшавии зиёди ҳаракат, пурзӯршавии фаъолияти ҷустуҷӯию тадқиқотӣ, тағйироти вегетативӣ (тахикардия, тахипноэ) ва баландшавии ангезаи ғизоӣ (гиперфагия) иборат буданд. Онҳо ба таври вертикалӣ меистанд, дар камера ҳаракатҳои мудавварро иҷро мекунанд, дар онҳо ҷузъҳои тарс ва дигар нишондиҳандаҳо вуҷуд надоштанд. Дар шабонарӯзи чоруми пас аз тазриқи вазопрессин ҳамаи тағйироти хос аллакай суст шуда буданд.
Хулоса. Маълумоти овардашуда шаҳодат медиҳад, ки дар қатори болоравандаи ширхӯрон тағйироти хусусияти таъсири танзимкунандаи вазопрессин ба ФРШ-и мағзи сар ва зиёд шудани дараҷаи иштироки он дар танзими функсияҳои олии асаб ва равандҳои хотираи образнок мушоҳида карда мешавад. Агар дар ҳайвоноти интактӣ ин механизм 15 сонияро ташкил диҳад, баъди тазриқи вазопрессин то ба 28 сония расид.
Ҳамчунин ошкор карда шуд, ки самараҳои нисбатан зоҳиршавандаи препарат баъди тазриқ намудани он бо вояҳои хурд – 0,3–0,5 мкг/кг ошкор карда мешаванд. Ин ҳам ба шаклҳои нисбатан одии фаъолияти асаб ва ҳам ба равандҳои хотира баробар дахл дорад. Таъсири ба воя вобастаи нейропептидҳоро ба фаъолияти рафтори ширхӯрон дигар муаллифон низ нишон медиҳанд.
Таҳлили маълумоти ҳосилшуда шаҳодат медиҳад, ки дар сатҳи ҳашаротхӯрон аз сабаби инкишофи сусти қишри нав вазопрессин дар танзими умумии функсионалии фаъолияти олии асаби (ФОА) ин ҳайвонот иштирок намекунад. Хулосаҳои ба даст овардаи мо бо натиҷаҳои таҷрибаҳои аз ҷониби Г.Н. Соллертинская гузаронидашуда мувофиқат мекунанд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 54.




