Арзёбии сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарони Донишгоҳи тиббии Кобул дар мавриди ваксинаи кузоз (тетанус)
Абдулматин Идрок, Идрис Анвар
Абдулматин Идрок – мудири кафедраи улуми рафторӣ ва таълимоти сиҳӣ; Идрис Анвар – мудири кафедраи сиҳати муҳитӣ ва ҳирфаӣ; Донишгоҳи тиббии Кобул, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
Ин таҳқиқ дар бораи баррасии сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарони факултетҳои гуногуни Донишгоҳи тиббии Кобул дар мавриди мараз (беморӣ) ва ваксинаи он сурат гирифтааст.
Ҳадафи таҳқиқ. Ҳадафи умдаи ин таҳқиқ баррасии сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарон дар мавриди мараз (беморӣ) ва ваксинаи кузоз буда ва фисади сатҳи дониш ва огоҳии муҳассилин ба баррасӣ гирифта шудааст.
Равиши пажӯҳиш. Ин таҳқиқ ба гунаи таҳқиқи мақтаӣ тавсифӣ буда, ки ба теъдоди 295 муҳассил ба гунаи намунагирии тасодуфӣ аз синфҳои (курсҳои) мухталиф шомил гардидаанд.
Дарёфтҳо (Натиҷаҳо ва баррасии онҳо). Дарёфтҳои тавсифии ин пажӯҳиш нишон медиҳанд, ки сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарон дар мавриди мараз (беморӣ) ва ваксинаи кузоз дар кулл хуб ва ҳудуди 50–70%-и муҳассилин дар мавриди мараз тадрис шудаанд, бештар аз 70%-и муҳассилин ваксини ин маразро низ ҳадди ақал як бор дарёфт кардаанд. Дар мавриди тариқи интиқоли мараз низ бештар аз 70%-и муҳассилин медонанд ва бештарашон ин маълумотро аз тариқи тадрис дар синф фаро гирифтаанд ва дар ҳудуди 78%-и онҳо гуфтаанд, ки ваксини ин маразро ба соири афроди маъруз ба хатар низ пешниҳод менамоянд.
Натиҷагирӣ ва пешниҳодот. Бо дарназардошти дарёфтҳо натиҷагирии ин пажуҳиш бар он аст, ки бо вуҷуди доштани маълумот аксаран 80%-и муҳассилин дар мавриди мараз ва ваксини он ин маълумоти кофӣ ва мутобиқ ба ниёзмандии муҳассилини ин риштаҳо намебошад ва дар қисмати ваксини он низ ҳадди ақал 70%-и донишҷӯдухтарон дарёфт намудаанд, аммо ба шакли муаззам ва ҳадафманд бештар набудааст. Ба ҳамин тартиб пешниҳодоти ин пажӯҳиш низ бештар дар мавриди тадрис ва корҳои илмии фанҳои мураттаб ва шомил сохтани муҳассилин дар корҳои илмӣ ҷиҳати огоҳии бештар дар мавриди ваксин ва анзори мараз буда, ки бояд дар назар гирифта шавад.
Пешина (Муқаддима). Кузоз бемории сироятие мебошад, ки бо сабаби заҳр ё токсини бактерияи анаэробии грамммусбати клостридиуми кузоз ба вуҷуд меояд ва ба далели эҷоди тақаллусот (часпидагиҳо) дар мушакҳои склети бадан ва эҷоди ҳамалот (хуруҷҳо) аксар дар клиника мушаххас мегардад. Ин бактерия дар гарду хоки қолин ва фаршҳо тавассути пойафзол ё пойҳо олуда мегардад ва дар хокҳои майдонҳои зироатӣ, боғҳо ва боғчаҳо ва маҳалли нигоҳдории ҳайвонот пайдо мегардад ва аз тариқи захм ба бадани инсон ворид мегардад.
Шиюъи ин бемории сироятӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ва кишварҳое, ки ваксинаи ин мараз зиёд тарвиҷ нагардидааст, бештар дида мешавад. Ба сурати кулл занон бинобар мусоид будани онҳо аз нигоҳи физиологӣ ба ин мараз бештар гирифтор мешаванд ва аломатҳои он аз тақаллусоти шадиди мушакҳои скелетӣ ва ҳамлаҳо мушаххас мегардад. Бактерияи омили ин мараз баъд аз дохил шудан ба бадан боиси эҷоди токсин дар дохили бадан гардида, ки марҳалаи заҳролудшавии он оғоз мегардад. Алоими аввалияи ин беморӣ нороҳатӣ ва бехобӣ буда, ба зудӣ мушакҳои ҷоғ ва забон низ гирифтори ташаннуҷ мегарданд ва бемор қудрати боз намудани даҳон ва хоиданро надорад. Ин ташаннуҷи мушакӣ дар рӯ боиси эҷоди як қиёфаи хандон мегардад, ки қиёфаи «кузозӣ» номида мешавад. Ин беморӣ аз чанд рӯз то чанд ҳафта метавонад идома ёбад ва ин ташаннуҷи мушакҳо метавонад билохира боиси ташаннуҷи мушакҳои нафаскашӣ ва марги бемор гардад. Кузоз бемории қобили пешгирист; пешгирии он бо тадбирҳои профилактикӣ сурат мегирад, ки беҳтарини онҳо татбиқи саривақтӣ ва муносиби ваксинаи кузоз мебошад.
Аломатҳои аввалини ин беморӣ нороҳатӣ ва бехобӣ буда, ба зудӣ ба ташаннуҷ ва шахшавии мушакҳои ҷоғ ва забон меанҷомад ва бемор даҳони худро боз ва хоида наметавонад. Баъди ин ташаннуҷоти мушакҳои сару риш, гардан, соид, дасту по ва билохира камар низ масоб (гирифтор) ба ин ташаннуҷ шуда, муҷиби хамидагӣ ба як тараф мегардад. Ин ташаннуҷот дарднок буда, ҳамроҳ бо таби 38° якҷо мешавад.
Ин беморӣ метавонад чанд рӯз ё чанд ҳафта тӯл кашад ва давраи ихтифои он байни 5 рӯз то 55 ҳафта бошад. Марг дар ин беморӣ аз боиси ташаннуҷ дар мушакҳои нафаскашӣ ва масобият (осеббинии) ба ҳуҷайраҳои майнаи сар имконпазир мегардад. Хушбахтона, табобати ин беморӣ бо ваксинаи зидди кузоз дар сурате, ки токсини микроб ба ҳуҷайраҳои майна нарасида бошад, имкон дорад (5).
Баёни масъала. Бемории кузоз бо он ки як микроби қобили интиқол мебошад ва дар сурати бетаваҷҷуҳии ҷиддӣ дар ҳифзи сиҳат ва меъёрот ва мавриди ниёз дар ин маврид имкони маргу мир аз боиси ин беморӣ низ вуҷуд дорад. Хушбахтона, барои пешгирӣ кардан ва гирифтор нашудан ба ин беморӣ монанди дигар бемориҳои сироятӣ ваксина вуҷуд дорад. Ин беморӣ ба далели наҳваи духули (тарзи дохилшавӣ) он ба ҷараёни хун ва раҳо намудани токсини марбута бештар аз тариқи захмҳо ва дар атфол бештар имкони вуқуи он дида мешавад. Бо ҳамин манзур барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ дар назди атфоли зери 5 сол аз ваксини ин беморӣ, ки ба шакли якҷо бо дигар ваксинҳои бемории гулӯзиндонак (дифтерия) ва сиёҳсулфа ба гунаи виёлҳои DPT таҳия шудааст, дар дастрас мебошад. Ваксинаи DPT барои кӯдакон дар се доза – DPT1, DPT2, DPT3 дар кӯдакони зери яксола тавсия мегардад, ки бо гирифтани ин ваксин кӯдакон метавонанд, маъофият (эминӣ) аз ин бемориро бо эҷоди антибодии дар муқобили он дар баданашон эҷод кунанд.
Ба далели мусоид будани занҳо ва духтарони ҷавон ба ин беморӣ ваксинаи кузоз, ки бо номи ТТ ё титанус токсид ёд мегардад, тавсия мегардад. Барои ҳар зан дар давраи синни бордорӣ дар кулл 5 доза аз ин ваксина тавсия мегардад.
Ба асоси гузориши Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) воқеоти кузози навзодон дар Афғонистон дар соли 2010 ба 23 воқеа расида, ҳол он ки тамоми воқеоти он ба шумули навзодон ва калонсолон низ 23 воқеа гузориш дода шудааст, ки нишондиҳандаи он аст, ки кадом воқеаи титанус дар калонсолон ба сабт нарасидааст (7).
Бо муқоиса аз омори Афғонистон бо аксари кишварҳои Африқоӣ ва ҳатто Бангладеш дида мешавад, ки ин дар ҳолест, ки омори системаи маълумоти сиҳии Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон пӯшиш ва ваксини DPT3 дар кишварро 35% гузориш медиҳад.
Ин бад-ин маънӣ аст, ки имкон вуҷуд дорад бисёре аз воқеоти маргумир аз боиси беморӣ бидуни гузоришдиҳӣ ба гунаи махфӣ боқӣ монда бошад, зеро пӯшиши 35%-и бо омори маргумир гузоришшуда тавассути ТУТ зиёд ҳамхонӣ надорад.
Ҳадафи таҳқиқ: ҳадафи куллии ин таҳқиқ шиносоии сатҳи дониш ва огоҳии донишҷӯён дар мавриди кузоз ва ваксинаи ин беморӣ мебошад.
Ҳадафҳои асосӣ:
-
Арзёбии сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарони Донишгоҳи тиббии Кобул дар мавриди бемории кузоз
-
Арзёбии сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарони донишгоҳи тиббии Кобул дар мавриди ваксинаи кузоз
-
Арзёбии сатҳи огоҳӣ дар мавриди фоидаҳо ва зарарҳои татбиқи ваксинаи кузоз.
Равиши таҳқиқ: ин таҳқиқ ба асоси равиши тавсифӣ – мақтаъӣ ё Descriptive Cross Sectional буда, ки сатҳи огоҳии донишҷӯдухтарон дар як мақтаи мушаххаси замонӣ дар миёни донишҷӯёни мухталиф (тибби муолиҷавӣ, стоматологӣ, сиҳати омма, қобилагӣ (акушерӣ), нарсингӣ (гинекологӣ) ва улуми мутамими сиҳӣ) ба баррасӣ гирифта шудааст.
Намунагирӣ:
Бо дарназардошти теъдоди кулли донишҷӯдухтарон дар соли 1394 теъдоди муҳассилин дар ин сол (930) буда, шеваи намунагирӣ дар нармафзор Epi info ва бо дарназардошти Expected Frequency 50% ва confidence interval 95% ба теъдод (272) муҳассил барои ин таҳқиқ дар назар гирифта шудааст. Қобили ёдоварист, ки баъд аз интихоби намуна бо дарназардошти саҳм ё proportion муҳассилин дар ҳар proportion аз ҳамон proportion теъдоди бештар муҳассилин шомили намуна гардида буд. Аз шеваи Simple Random Sampling method барои интихоби муҳассилин ҷиҳати хонапурии саволнома пешниҳод шудааст. Бо дарназардошти имкони адами посухдиҳӣ ҳудуди 23 муҳассил бештар дар назар гирифта шуд, ки дар кулл дар ин таҳқиқ 295 муҳассил иштирок намуданд.
Мушаххасоти адхол ва ихроҷ дар ин таҳқиқ
Бо дарназардошти ин, ки ин таҳқиқ сирф донишҷӯдухтаронро дар бар дорад, мушаххассоти адхол барои ин таҳқиқ тамоми муҳассилин аз синфи аввали олӣ синфи охири тамоми риштаҳо мебошанд ва донишҷӯписарон дар ин таҳқиқ дар назар гирифта нашудаанд.
Ҷамъоварии рақамҳо:
Баъд аз таҳияи саволнома ва мурур ва таъиди он тавассути кумитаи таҳқиқи Пӯҳантуни тиббии Кобул саволнома дар миёни бист тан аз донишҷӯдухтарони Пӯҳантуни Кобул ба гуна имтиҳони татбиқ ва хонапурӣ гардид, ки баъд аз имтиҳон намудани саволнома тағйироти хеле андак дар матни суолот эҷод ва саволнома омода ва ниҳоӣ гардид.
Арқом аз миёни 295 муҳассил аз тамоми факултетҳои Донишгоҳи тиббии Кобул бо дарназардошти теъдоди муҳассилин намунагирӣ шуд, ки бештарини теъдод аз тибби муолиҷавӣ ва ба тартиб аз стоматологӣ ва соир факултетҳо мебошанд. Саволнома дар синфҳо баъд аз лексия ба гунаи тасодуфӣ тавассути муҳаққиқ бо ҳамкории соир устодон тавассути донишҷӯдухтарон хонапурӣ гардидааст.
Рақамҳо бо дарназардошти шеваи таҳқиқ, ки тавсифӣ мебошад, баъд аз ҷамъоварии тавассути саволномаҳо дар Excel бо дарназардошти ҳар савол ба гунаи манзум дарҷ гардидааст.
Риояти ахлоқӣ дар ин таҳқиқ.
Ба манзури риояти ахлоқии таҳқиқ дар ин мутолиа як формаи (шакли) ризоиятнома дар аввали ҳар саволнома ҷиҳати иштироки ихтиёрии муҳассилин низ таҳия гардид, то муҳассилин ибтидо дар мавриди таҳқиқ ва аҳдофи он маълумот ҳосил намуда, баъдан дар сурати алоқамандӣ дар ин таҳқиқ иштирок намоянд. Дар ин таҳқиқ фақат огоҳии муҳассилин мавриди баррасӣ қарор гирифта ва кадом мудохилаи клиникӣ ва ё лаборатории дигаре сурат нагирифтааст. Дар ин таҳқиқ ризоияти шифоҳӣ аз тамоми муҳассилини шомил дар таҳқиқ гирифта шудааст.
Таъриф. Кузоз як марази дастгоҳи асабӣ аст, ки бо афзоиши муқовимат ва спазми мушакҳо (азалот) тазоҳур менамояд. Ин спазмҳо баъзан мувоҷиби садамоти мудҳиш, монанди шикастагии қабурғаҳо ва муҳраҳои сутуни фуқарот (сутунмӯҳра) ва хафақон гардида ва мумкин аст бо муҳаррикҳои монанди вазиши як насими мулоим, ҳаракати ногаҳонӣ, садо, нур, сурфа ва ғайра ба вуҷуд оянд.
Вазъияти ҷаҳонии бемории кузоз.
Кузоз дар саросари ҷаҳон рӯй медиҳад, вале алалрағми вуҷуди ваксинаи муассир ҳанӯз ҳамасола ҳадди ақал як миллион нафар дар сатҳи ҷаҳон, қурбонии ин мараз мешаванд, ки нимаи ононро навзодон ташкил медиҳанд. Шиюъи он дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа (рушд) бештар аст. Ба тавре ки дар ин манотиқ, гоҳе кузози навзодон омили беш аз 10% маргу мири давраи навзодӣ мебошад ва дар манотиқи назири Аврупо ва Америкаи Шимолӣ, ки аз назари иқтисодӣ пешрафтаанд, ин мараз ба таври куллӣ, нодир аст, зеро сатҳи ҳифзулсиҳавии мардум болотар мебошад. Ва ваксинатсияи афрод дар сатҳи васеъ анҷом мешавад ва дар ин кишварҳо кузози навзодон тақрибан решакан шуда ва кузоз бештар ба сурати як марази калонсолон мадди назар гирифта мешавад, зеро дар кӯҳансолӣ аксуламали мавзеӣ нисбат ба антон (сироят) коҳиш ёфта, маъофият (иммунитет) назди онҳо низ коҳиш пайдо мекунад.
Омилу сабаби мараз.
Клостридиуми кузоз батсилаи грамммусбат аст, ки бидуни ҳаво метавонад зиндагӣ намояд, як батсилаи мутаҳаррик ва муваллиди спора аст, ки ба фаровонӣ дар хок ва мадфуъи (наҷосати) ҳайвоноти аҳлӣ (хонагӣ) ва инсон ёфта мешавад ва спораҳои онро метавон аз гарду хок, либосҳо ва аз муҳити хушки атроф пас аз гузаштани солҳо низ кашф намуд. Ин спораҳо ва токсини батсила метавонанд ваксинаҳо, серумҳо (зардобҳо) ва ҳатто тори ҷарроҳӣ (кетгут)-ро низ олуда намоянд.
Махзани аслии клостридиуми кузозиро хок ташкил медиҳад. Ин микроорганизм зимнан бахше аз флораи табиии мадфуъи (наҷосати) ҳайвонот мебошад ва лизо батсилаҳо ва спораҳои мавҷуд дар мадфуъи (наҷосати) ҳайвонот ба муҳити хориҷ роҳ ёфта ва боиси олудагии хок мешавад ва замоне, ки ин гуна хокҳо бо захмҳои бози инсон дар тамос шаванд, сироят ворид мешавад. Ҳамчунин аз тариқи хатна бо васоил олуда ва пӯшонидани банди ноф бо фазлаҷоти ҳайвонот ё маводи олудаи дигар, ки дар баъзе аз ҷомеа марсум аст, низ мунтақил мешавад, вале аз инсоне ба инсони дигар, қобили интиқол намебошад. Лозим ба зикр аст, ки аҷсоми хориҷӣ ва ё ансоҷи некрозӣ шароитро барои рушди батсилаи кузоз мусоид менамояд.
Касрати (зиёдии) ин бактерия дар навоҳии пурҷамъият ва дар об ва ҳавои гарм ва мартуб (намнок) ва дар хоки ғанӣ аз маводи узвӣ (органикӣ), бештар аст ва ашколи (шаклҳои) лаборатории клостридиуми кузоз нисбат ба ҳарорат, бисёре аз маводи антисептикӣ ва антибиотикҳо ва махсусан пенсилин ҳассос аст, вале спораҳои он нисбат ба маводи антисептикӣ шадид муқовим (тобовар) буда, ба тавре, ки дар автоклав дар ҳарорати 121° сантиград ба муддати 10–15 дақиқа зинда мемонад. Дар сурате, ки ҳайвоноти монанди аспу гов ва фазлаҷоти онҳо дар муҳите вуҷуд дошта бошанд, бар миқдори клостридиуми кузоз, дар дастгоҳҳои ҳозимаи инсон ва дар муҳити зист, афзуда мешавад.
Ин мараз дар об ва ҳавои гарм ва дар манотиқи деҳоте, ки аксаран деҳқонкоранд, шиюъи бештаре дорад ва дар об ва ҳавои муътадил шиюъи он камтар аст ва ҳудуди 60%-и мавридҳои мараз аз аввали баҳор то охири тобистон таъсис менамояд.
Шиюъи мараз ва мизони маргу мири ношӣ аз он дар синни навзодӣ ва дар афроди беш аз 50-сола бештар аз соирин аст. Аз иллатҳои шиюъи шеваи кузози навзодӣ метавон ба зоимон дар шароити ғайрисиҳи (ғайритиббӣ), қатъи банди (буридани) ноф бо васоили олуда, пӯшонидани банди ноф бо порчаи олуда, иқдомоти суннатии мансух, монанди истифода аз кӯдҳои ҳайвонӣ ҷиҳати пӯшонидани банди ноф ва хатнаи навзодон бо васоили ғайримаъқум (ғайримумкин) ишора намуд. Шиюъи мараз дар ҷинси музаккар (мардон) ба маротиб бештар аст ва гарчи мардон бештар дар маърази тамос бо махозани антон мебошанд, вале ихтилофи тавзеъи ҷинсӣ дар байни навзодон низ мушоҳида мешавад. Ва ба нисбати 2,5 ба 1 мебошад. Гоҳе кузоз ба таъқиби як амали ҷарроҳӣ муоинаи лаборатории ҷилдӣ (пӯстӣ) ва тазриқотӣ рух медиҳад. Ин мараз дар байни муътодон шиюъи бештаре дорад ва ин амр шояд ба ин хотир бошад, ки героин ва баъзе маводи дигар, потенсиали оксидшавию барқароршавиро дар маҳалли зарқ (тазриқ) башиддат коҳиш медиҳад ва муҳитро ҷиҳати рушди микроб омода месозад. Лозим ба зикр аст, ки гоҳе эпидемияҳои маҳдуде дар асари хатна бо васоили ғайримаъқум рух медиҳад. Спораҳои батсилаи кузозро дар героин низ ёфтаанд. Яке аз анвои микробҳои шоеъ, ки дар заҳри мори зангӣ (Rattlesnake Venom) ёфтаанд, анвои клостридиум аст ва лизо дар моргазидагӣ низ бояд эҳтимоли таъсиси марази кузоз дар назар бошад. Ба назар мерасад, ки ҳассосияти афроди мухталиф нисбат ба марази кузоз яксон набошад, зеро дар серуми баъзе аз ашхосе, ки ҳеҷ гуна таърихчае аз дарёфти токсоидро надоранд, антитоксини кузозро ба сатҳи қобили таваҷҷуҳ маъофиятдиҳанда дарёфтаанд. Навзодоне, ки аз модарони дорои сатҳи маъофияти баланд мутаваллид мешаванд, дорои маъофияти пасиф мебошанд ва ба кузози навзодон мубтало намегарданд вале мубтало шудан ба кузоз боиси эҷоди маъофият намешавад ва лизо афроде, ки пас аз мубтало шудан ба кузоз зинда мемонанд, лозим аст алайҳи мараз ваксин шаванд, то дар муқобили мубтало шуданҳои баъдӣ маъофият дошта бошанд.
Ваксинаи кузоз:
Беҳтарин виқоя (пешгирӣ) ва табобати доимии ин беморӣ тавсияи ваксини зиддикузозӣ дар хонумҳои (занҳои) дар синни бороварӣ ва ашхоси дорои захмҳои боз мебошанд. Ин ваксина метавонад аз авоқиби (оқибатҳои) ҷиддӣ, монанди аъроз ва алоими ҷиддӣ ва ихтилототи вахими (вазнини) мараз ва муҳимтар аз ҳама аз марге, ки аз боиси масоб (гирифтор) шудан ба ин беморӣ мумкин воқеъ гардад, ҷилавгирӣ намояд.
Ваксинаҳои токсини кузоз ё ТТ дар ҷараёни ҳомилагӣ барои модарон тавсия мегардад, то аз масоб шудани тифли навзод ба ин беморӣ, ки яке аз омилҳои умдаи маргу мир дар онҳо мебошад, ҷилавгирӣ сурат гирад. Барои пешгирии мукаммал аз ин беморӣ як хонуми бордор ҳадди ақал ду дозаи ин ваксинро дар ҷараёни ҳар бори бордорӣ бояд бигирад. Дар сурате, ки як модар як дозаро қаблан дар ҷараёни кампоини ваксина ва бордории қаблӣ гирифта бошад, пас метавонад фақат як дозаи ваксинаро ахз намояд (бигирад). Барои доимулумр (дар давоми умр) 5 дозаи ин ваксин бояд гирифта шавад. Барномаи муносиб барои муҳофизати навзодон бар алайҳи бемории кузоз аз тариқи ваксина намудани модарони онҳо бастагӣ ба собиқаи маъофият (эминӣ) аз беморӣ дар байни занон дорад. Замоне ки занон дар синни бороварӣ қаблан тавассути ваксини мараз дар даврони кӯдакӣ ва ё балоғат маъоф (иммунизатсия) нашудаанд, истифода аз ҷадвали ваксинатсияи беморӣ барои занон дар синни бороварӣ аз бештарин аҳамият бархурдор аст. Ҳар як кишвар бояд гурӯҳи синни занон дар синни боровариро бар асоси олгуҳои бороварии маҳаллӣ ва вуҷуди манобеъ таъин кунад (6).
Ба асоси суруи маргу мири Афғонистон дар соли 2010 пӯшиши ваксинаи кузоз назар ба зонаҳо мутафовит мебошад. Тавре ки 60%-и модарон дар зонаи шомили ҳадди ақал 2 дозаи ваксинаро дарёфт намудаанд, ва дар муқоиса дар зонаи марказ ин фоиз камтар – 44% мебошад. Ин фоиз дар зонаи ҷанубу шарқ 29% будааст. Дарёфтҳои ин таҳқиқ баён менамоянд, ки таълими хонумҳо ва пулдор будан таъсири мусбӣ дар муҳофизат аз кузози давраи навзодӣ дорад. Таври мисол 80%-и модарони бо таълимоти олӣ атфолашонро дар муқобили кузози даврони навзодӣ муҳофизат намудаанд ва дар муқобили ин 57%-и модарони бемаълумот ва дарсхонда атфолашон муҳофизат шуда будаанд. Ҳамчунон 64%-и модарони боиқтисоди беҳтар ва пулдор, ки дар як чаҳорум ё convenience -и болоӣ аз нигоҳи иқтисодӣ қарор доранд, атфолашон муҳофизат шуда, дар муқобили 53% модарон дар convenience -и поён аз нигоҳи иқтисодӣ.
Мурур ба осор ва таҳқиқоти байналмилалӣ. Дар таҳқиқе, ки дар мавриди сулуки рафтори занон дар баробари ваксинаи кузоз дар вулусуволии (ноҳияи) Бҳаккари марбути иёлоти Панҷоби Покистон мебошад. Ин мутолиа бо методи таҳлилӣ-тавсифӣ дар вулусуволии BHAKKAR -и иёлоти Панҷоб сурат гирифтааст. Дар ин мутолиа ба теъдоди 100 зан, ки 50 нафари онҳо сокини шаҳр ва 50 нафари дигар сокини деҳот буданд, ба равиши симпулгирии convenience мавриди мусоҳиба қарор гирифтанд. Дар ин мутолиа арқом (рақамҳо) ва маълумот тавассути як саволномаи ҷомеъ ҷамъоварӣ гардида ва мутағайирҳое монанди сукунат, умр, сатҳи таълим, ҳолати иқтисоди оила, маҳалли будубоши занон, тарзи бархӯрди шавҳар ба баррасӣ гирифта шуд. Шаш фарзияи хурде дар ин мутолиа мабнӣ бар ин ниҳода шудааст, ки тафовуте дар бархӯрди занони шаҳрнишин ва рустоӣ дар баробари ваксини кузоз вуҷуд надорад. Барои таҳлил ва арзёбии натоиҷи ин мутолиа аз равиши муҳосиботии Chi-square test истифода шудааст. Дар ин марҳила арзиши Р дар ҳудуди 500 дар назар гирифта шуда ва ҳудуди мутавасит барои як дараҷаи озод 384 таъин гардида буд, ки баъд аз муҳосиба, арзиши ҳадди мутавасит дар ҳудуди 334 дарёфт гардид. Чун арзиши 384 нисбат ба 334 ба маротиб бузургтар аст, фи лиҳозо фарзияи сифрӣ мавриди таъид қарор мегирад. Натиҷаи ин мутолиа чунин мерасонад, ки дар аксар мавридҳо тафовуте миёни дидгоҳи занони шаҳрӣ ва деҳотӣ дар вулусуволии (ноҳияи) BHAKKAR-и Панҷоб вуҷуд надорад. Дар ин мутолиа дарёфт шуда, ки мардони рустонишини вулусуволии BHAKKAR иттилооти бисёр ночизе дар мавриди ваксинаи кузоз доранд ва ба ҳамин сабаб монеъи рафтани занон барои ваксина мешаванд (8).
Як мутолиаи дигар дар бораи такаррури муъофиятдиҳӣ (эмкунӣ) дар муқобили кузоз назди муҳассилини Донишгоҳ ва Коллеҷи Карочи роҳандозӣ шудааст. Ин мутолиа, ки дар моҳи январи соли 2010 тавассути Коллеҷи тиббии Аюб нашр шудааст, такаррури муъофиятдиҳӣ ва ваксинро дар миёни муҳассилини 11 Коллеҷи духтарона сурат гирифтааст. Дар ин мутолиа аз равиши мақтаӣ-тавсифӣ истифода гардида ва 1407 нафар муҳассил, ки дар Коллеҷҳо ва Донишгоҳи Карочи аз апрел то августи соли 2007 дарс мехонданд, бо истифода аз як пурсишнома мавриди мусоҳиба қарор гирифтанд.
Натиҷаи ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки аз ҷумлаи 1407 нафар иштироккунандагон 2320 тани он ки 14,48%-ро ташкил медиҳанд, ҳеҷ гуна иттилоъ аз барномаи муъофиятдиҳӣ бар зидди кузоз назди занони синни бороварӣ надоштанд. 560 тан муҳассилини мазкур (39,80%) ҳадди ақал як доза аз 5 доза ваксинаро дарёфт намуда буданд. Аз ҷумлаи тамоми иштироккунандагон сирф 41 муҳассил (2,91%) курси мукаммали ваксина наздашон татбиқ шуда буд, ки дар муқоиса бо стандартҳои Созмони Сиҳии Ҷаҳон (Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ) бисёр андак ба назар мерасад. Натиҷагирии муҳаққиқони ин мутолиа возеҳ месозад, ки пӯшиши муъофиятдиҳӣ тавассути ваксинаи ТТ дар миёни таҳсилкардаҳои як шаҳри пурнуфус (сераҳолӣ) ғайри қобили интизор буда ва ба ҳеҷ ваҷҳ қаноатбахш нест. Ин ҳақиқат мерасонад, ки дар Покистон ва ҳатто дар шаҳрҳои бузурге монанди Карочи барномаҳои огоҳидиҳӣ дар мавриди муъофиятдиҳӣ алайҳи кузоз бояд ба сурати ҷиддӣ ва давомдор риоя ва амалӣ гардад (4).
Мутолиаи дигаре дар бораи сатҳи огоҳӣ ва ҳолати муъофиятдиҳӣ дар миёни донишҷӯдухтарони лисонси як Донишгоҳи Нигерия сурат гирифтааст. Ин мутолиа аз сӯи бахши атфол (педиатрияи) шифохонаи тадрисии Донишгоҳи Порт-Харкорт дар моҳи январи соли 2015 ба нашр расидааст. Ҳадаф аз ин таҳқиқ иборат аз таъини сатҳи огоҳӣ татбиқи ваксинаи ТТ назди донишҷӯдухтарони барномаи лисонси Донишгоҳи Порт-Харкорт будааст. Ин мутолиа ба равиши мақтаӣ-тавсифӣ дар миёни донишҷӯдухтарон аз аввал то 31 майи соли 2014 анҷом пазируфтааст. Бо истифода аз як пурсишномаи аз қабл озмоишшуда назди 512 тан аз донишҷӯдухтарон ва аз тариқи намунагирии чанд марҳилаи мусоҳиба сурат гирифта ва иттилооти ҷомеъ ба шумули вазъияти иқтисодӣ-иҷтимоӣ. Огоҳӣ аз ваксинаи ТТ, маълумот дар бораи кампоинҳои ваксина бар зидди кузоз назди занони синни бороварӣ ва ҳолати муъофият бар зидди кузоз назди худи шахси мусоҳибашаванда ҷамъоварӣ гардидааст. Таҳлили арқом (рақамҳо) бо истифода аз барномаи Epi Info сурат гирифт. Авсати (ҳисоби миёна)-и умр дар ин мутолиа иборат аз 22±2,79 сол аст. Натоиҷи ин мутолиа нишон медиҳад, ки 475 муҳассил 33,8% дар бораи кузоз ва 79,9% дар бораи ваксинаи кузоз шунида буданд. Аз ҷумлаи мусоҳибашудагон 33,8%-и ҷомеа ҳадафи ваксинаи ТТ-ро медонистанд ва 18,2%-и онҳо теъдоди дозаҳои ТТ-ро ба сурати дуруст ҷавоб доданд. 58,3%-и муҳассилин як дозаи ваксина ва 2%-и муҳассилин дозаҳои мукаммали (5 доза) ваксинаро дарёфт намуда буданд. Муҳассилине, ки дар бораи ҷомеа ҳадафи (занони синни бороварӣ) ваксинаи зидди кузоз маълумот доштанд ва онҳое, ки бар муассирияти ваксинаи ТТ мутмаин буданд (бовар доштанд) ду маротиба бештар нисбат ба дигарон ваксина шуда буданд. Муҳаққиқин натиҷагирӣ намудаанд, ки сатҳи дониши бисёр поин дар миёни муҳассилини донишгоҳи Порт-Харкорт дар бораи барномаҳои кампоини зидди кузоз вуҷуд дорад ва сатҳи пӯшиши ваксинаи ТТ (хусусан ТТ5) дар миёни ин муҳассилин бисёр ғайримеъёрӣ ва пойин аст ва бояд дар кампоинҳои ваксинаи ТТ муҳассилини мазкур аз ҷумлаи ашхоси мавриди ҳадаф бошад (2).
Таҷзия ва таҳлили арқом (рақамҳо).
Маълумот ва саволҳо дар мавриди татбиқи ваксини кузоз аз муҳассилин аз тариқи саволномаҳое аз қабл дизайншуда ҷамъоварӣ ва баъд аз мурур дар барномаи Excel ба гунаи тавсифӣ ва ба шакли графикҳо ва нақшаҳо таҳлил ва ба намоиш гузошта шудааст. Бо дар назардошти ҳадафи умда ин таҳқиқ, ки арзёбии сатҳи огоҳии муҳассилин дар мавриди бемории кузоз ва ваксинаи он мебошад дарёфтҳои ин таҳқиқ бештар болои ҳамин мавзӯъ таваҷҷуҳ доштааст.
Дарёфтҳо.
Маълумоти гирдоваришуда аз муҳассилин мавриди таҷзия ва таҳлили тавсифӣ қарор гирифт ва умдатарин дарёфтҳои ин таҳқиқ қарори зайл мебошад:
Дақиқан нисфи муҳассилини шомил дар ин таҳқиқ дар синни 18–20-сола буданд, ки бо дар назардошти синфи аввал ё сеюм муҳассилини шомил дар ин таҳқиқ аксарашон дар ин синну сол мебошанд ва баъдан 41% синни байни 21–23-сола аст, ки он ҳам баёнгари он аст, ки муҳассилини синфҳои 3–5 дар ин гурӯҳ мебошанд.
Замоне, ки вазъияти мадании муҳассилин аз онҳо савол гардид, ҳудуди 82%-и онҳо муҷаррад ва танҳо 15% оиладоранд, ки бо дар назардошти синни издивоҷ дар кишвар мушобеҳ мебошад.
Аз ин ки дар кулли теъдоди муҳассилин муҳассилини муолиҷавӣ аз синфи аввал то панҷум бештарин мебошанд ва баъдан стоматологӣ ва нарсинг (ҳамширагӣ) дорои теъдоди бештари донишҷӯдухтарон мебошанд. Муҳассилини шомил дар ин таҳқиқ ба ҳамин тартиби зикршуда дар боло буда ва бештарини теъдоди муҳассилин аз тибби муолиҷавӣ дар ин таҳқиқ мебошанд.
Замоне, ки фисади теъдоди муҳассилин бо дарназардошти синфашон мавриди таҳлил қарор гирифта, дида шуда, ки бештарини теъдоди муҳассилин синфҳои саввуми тамоми риштаҳо аз ҳама бештар будааст.
Замоне, ки аз муҳассилин савол гардида, ин, ки оё дар мавриди марази кузоз маълумоти кофӣ доред ё не? Бештарини онҳо ҳудуди 46% баён доштанд, ки қисме дар мавриди ин мараз маълумот доранд ва дар кулл бо дарназардошти маълумоти комил ва қисме дар мавриди мараз бештар аз 50%-и муҳассилин дар мавриди мараз маълумот доранд ва фақат 8,5%-и муҳассилин гуфтанд, ки дар мавриди мараз намедонанд ва бо мурури ин гурӯҳи муҳассилин дида шуд, ки аксари онҳо муҳассилини синфи аввал ва дуввум буда, ки то ин синфҳо онҳо дар мавриди мараз дар мазмуни мушаххасе намехонанд.
Дар посух ба ин, ки омилу сабаби мараз чӣ мебошад, қарори маълумоти гирифташуда аз муҳассилин дар саволномаи бештарини муҳассилин ҳудуди 60%-и онҳо омилу сабаби маразро дуруст надониста ва вирус ё фангус омили маразро медонанд ва ё ҳам ҳеҷ посухро мушаххас нанамудаанд. Ва фақат ҳудуди 40%-и муҳассилин омилу сабаби маразро медонистанд, ки клостридиум мебошад.
Замоне, ки дар мавриди алоими мараз аз муҳассилин савол гардид, хушбахтона 70%-и муҳассилин алоими мушаххаси маразро ки шахшавии узлоти бадан мебошандро минҳайси алоими мараз баён дошта ва мутобиқи ҳудуди 22,5%-и соири алоими номушаххаси маразро баён дошта ва 7,5%-и муҳассилин ҳеҷ посухи мушаххасеро баён накардаанд.
Дар мавриди тариқи интиқоли мараз замоне, ки аз муҳассилин савол гардида, ки оё медонанд 68,5%-ашон посухи мусбат дода ва 24,1% посухи манфӣ ва 7,5% ҳеҷ гузинаеро интихоб нанамудаанд.
Ин дар ҳолест, ки замоне, ки аз онҳо мушаххасан тариқи интиқоли мараз пурсида шуд, ҳатто фисади бештари муҳассилин – 76,6% – тариқи интиқол аз захмро, ки равиши интиқоли мараз аст, интихоб намудаанд ва мутобиқи соир тариқҳои мухталифи дигарро, ки нодуруст мебошанд, мушаххас намудаанд.
Бо дарназардошти ҳадафи аслии таҳқиқ, ки арзёбии сатҳи огоҳии муҳассилин дар мавриди мараз мебошад, замоне, ки аз муҳассилин дар мавриди ин, ки маълумот дар бораи ваксинаи маразро аз кадом тариқ дарёфт намудаанд, бештаринашон 45,1% баён доштанд, ки аз тариқи тадрис дар Донишгоҳ ин маълумотро дарёфт намудаанд.
Баъд аз он муҳассилин манбаи маълумотро расонаҳо ва баъдан соири манобеъ мушаххас шудааст. Муҳассилин дар ин маврид нақши интернетро фақат 6,8% баён доштаанд.
Аз ин ки муҳассилини шомили ин таҳқиқ дар синни бороварӣ қарор доранд ва ин ваксин на танҳо ба модарони ҳомила, балки ба духтарҳои дар синни бороварӣ низ тавсия мегардад. Замоне, ки аз муҳассилин дар мавриди ин, ки оё ваксинаи ин маразро дарёфт кардаанд ё хайр, бештари фисадашон 73,2%-и онҳо посухи ҳа дода, ҳудуди 22% посух не, 4% гуфтаанд, ки намедонанд, ки оё ваксина дарёфт кардаанд ё не ва 1% мутобиқи ҳам ба ин савол посух баён накардаанд.
Дар посух ба ин, ки ваксинаро дар кадом маркази сиҳӣ дарёфт кардаанд бештаринашон 37,6% баён дошта, ки аз шифохонаҳои давлатӣ ҳудуди 30% гуфта, ки аз тариқи кампоин, 10% аз шифохонаҳои хусусӣ, 8% гуфтаанд, ки аз соири мароказ ва 15% ҳам ба ин савол посух ироа накардаанд. Дарёфти ҷолиб дар ин савол фисади баланди посух дар мавриди ба дарёфти ваксина аз тариқи кампоин мебошад, ки дар ин бахш кадом кампоин кузоз вуҷуд надорад.
Замоне, ки дар мавриди дафъоти (карати) дарёфти ин ваксина аз муҳассилин савол гардида, бештар аз 50%-и онҳо гуфтаанд, ки 3 ва ё бештар аз он бор ваксинаро дарёфт намудаанд ва посух ҳеҷ борро фақат 20%-и муҳассилин баён доштаанд. Бо дарназардошти ин, ки ҳаддиақал ду бор ин ваксина бояд гирифта шавад. Дарёфти ин таҳқиқ нишон медиҳад, ки бештар аз 50% дар ин категория шомил мешавад.
Дар мавриди фоидаҳои ваксина дар кулл, агар посухи ҳа ва қисманро дар назар нагирем, дарёфтҳо нишон медиҳанд, ки ҳудуди 70%-и муҳассилин дар мавриди фоидаҳои ваксина медонанд ва фақат 9% мутлақан баён дошта, ки намедонанд.
Бештарини муҳассилин 37,6% дар мавриди изрори мараз посухи мушаххасро нагуфта ва 30% мутобиқи алоими дурусти маразро минҳайси изрори мараз баён намуда ва 8,8% ҳам гуфтаанд, ки ба марг бианҷомад ва мутобиқи 23,7% ҳам соири алоим ғайримушаххасро минҳайси изрори мараз баён доштаанд.
Дар охири замоне, ки аз муҳассилин савол гардида, ки оё шумо ваксинаи ин маразро ба соири мардум пешниҳод мекунед, 78,3%-и онҳо посухи ҳа дода ва 15% на ва 7% ҳам посухи мушаххасро интихоб нанамудаанд.
Мубоҳиса: Тавре ки дарёфтҳои ин таҳқиқ нишон медиҳад, маълумот дар мавриди мараз дар кулл хуб буда ва чизе наздики 70%-и онҳо комилан ва ё қисман дар мавриди мараз маълумот доранд. Ин дар ҳолест, ки дар таҳқиқе, ки дар Нигерия дар миёни муҳассилин сурат гирифта буд. Фисади огоҳӣ аз мараз бештар аз 90% будааст. Аммо бо он ҳам бо дарназардошти соири посухҳои муҳассилин дар мавриди ваксинаи мараз дар Донишгоҳи тиббии Кобул мушобеҳ ба маълумот дар мавриди мараз буда ва 73%-ашон ҳатто ин ваксинаро дарёфт намудаанд. Ин дар ҳолест, дар таҳқиқи дигар дар Карочӣ шуда, муҳассилин фақат ҳудуди 17%-ашон дар мавриди мараз маълумот надоштаанд, ки бо ин ҳам тақрибан наздик ба дарёфтҳои ин таҳқиқ дар Донишгоҳи тиббии Кобул мебошад.
Гирифтани дозаи мукаммали ваксина дар миёни муҳассилин дар Донишгоҳи тиббии Кобул дар муқоиса бо муҳассилин дар Карочӣ хубтар буда ва бо дарназардошти гирифтани ҳадди ақал як доза, ки дар муҳассилини Карочӣ наздики 40% буда, ин рақам дар муҳассилини Донишгоҳи тиббии Кобул болотар аз 50% посух дода шудааст.
Аз дарёфтҳои қаблӣ ба ҳайси ин таҳқиқ посух наздики 30%-и муҳассилин дар мавриди дарёфти ваксина тавассути кампоини ваксина аст. Ин дар ҳолест, ки кадом кампоини мушаххас дар мавриди кузоз дар Афғонистон роҳандозӣ намегардад ва бештари ин ваксина дар клиникҳо ва шифохонаҳо арза мегардад.
Натиҷагирӣ. Бо дарназардошти ҳадафи кулли таҳқиқ, ки арзёбии сатҳи огоҳии муҳассилин дар мавриди марази кузоз ва ваксинаи он ва эҳдофи мушаххаси ин таҳқиқ дарёфтҳои ин таҳқиқ ба ин натиҷа мерасад, ки дар кулли сатҳи огоҳӣ аз мараз ва ваксинаи мараз дар кулл баланд буда ва байни 50 ва 70%-и муҳассилин дар мавриди мараз шунида ва огоҳии комил ва қисман доранд ва ин огоҳӣ дар муҳассилини синфҳои баландтар монанди синфи чаҳор ва панҷи муолиҷавӣ ва стоматологӣ ва синфҳои се ва чаҳори соири факултетҳо хубтар буда ва ин ба далели дарёфти маълумот аз тариқи дарсҳо метавонад бошад. Чунончи, 45%-и муҳассилин баён доштаанд, ки маълумот дар мавриди мараз ва ваксинаи онро аз тариқи тадрис дарёфт намудаанд.
Дар мавриди ваксинаи мараз дарёфтҳо баёнгари он аст, ки 70%-и муҳассилин ваксинаро ҳадди ақал як бор ва ё бештар дарёфт намудаанд, ки ин баёнгари он аст, ки муҳассилин аҳамияти мавзӯъро медонанд. Ва ҳамчунон бештар аз 70%-и муҳассилин ваксинаи ин маразро ба соири хонумҳо ва духтарон дар синни бороварӣ пешниҳод менамоянд. Натиҷагирии куллӣ аз ин таҳқиқро метавон гуфт, ки сатҳи огоҳии дониши муҳассилин дар Донишгоҳи тиббии Кобул дар мавриди мараз ва ваксина бисёр дақиқ набуда ва қисман мебошад ва тақрибан мушобеҳ ва андаке камтар аз огоҳии донишҷӯдухтарони дар яке аз коллеҷҳои Карочӣ мебошад.
Пешниҳодот:
Бо дарназардошти дарёфтҳои ин таҳқиқ ва истидлол аз ин дарёфтҳо ва мавриди пешниҳодот соири таҳқиқҳои байналмилалӣ дар ин маврид метавон маводи зерро барои беҳбуди огоҳӣ аз мараз ва ваксинаи он дар назар гирифт.
-
Тавре ки дарёфт гардид, огоҳии донишҷӯдухтарон дар мавриди мараз ва ваксинаи он бисёр дақиқ набуда ва куллӣ мебошад, зеро бо вуҷуди ин ки изрор ва алоими маразро 70%-ашон медонистанд, омилу сабаби маразро, ки клостридиуми кузоз мебошад, фақат ҳудуди 40%-и онҳо дар гузинаҳо интихоб намудаанд, ки баёнгари адами мавҷудияти маълумоти дақиқ дар замина мебошад. Маълумоти муҳассилин куллӣ буда, хеле дақиқ намебошад; пас ниёз аст, ки дар қисмати тадрис музомини антонӣ (уфунӣ) чӣ аз диди клиникӣ ва чӣ сиҳати омма таваҷҷуҳи бештар сурат гирад.
-
Муҳассилин бештар маразро аз диди клиникӣ мешносанд ва дар мавриди дозаи ваксина ва соир ибъоди (оқибатҳои) мараз аз диди сиҳати омма камтар иттилоот доранд. Ин ниёзманди он аст, то корҳои амалӣ ҳамроҳ бо дарсҳои назарӣ ҳамоҳанг сохта шавад ва муҳассилин бояд илова бар лексияҳо дар соири барномаҳои татбиқи сиҳати омма шомил гарданд, то дар паҳлӯи лексияҳо заминаҳои амалӣ татбиқи ваксина ва соири мавридҳои мураттабро аз наздик биомӯзанд.
-
Тавре ки дар соири таҳқиқҳо, ки дар ин маврид сурат гирифта бо он, ки огоҳии куллӣ дар мавриди мараз дар миёни муҳассилин хуб ва баланд аст, аммо дар амал дар бораи аҳамияти ваксинаи мараз бояд дар фанҳои марбута ва аз тариқи расонаҳо маълумоти бештар ироа гардад. Дар ин росто пешниҳод мегардад, ки Вазорати сиҳати омма ҳамроҳ бо ниҳодҳои таълимии сиҳӣ ҳамоҳангии лозимаро намуда, то барномаи таълимӣ мутобиқ ба ниёзмандии амрози эпидемикии ҷомеа бошад, то муҳассилин дар ҳар ду бахш – назарӣ ва амалӣ дарсҳояшон тақвия гардад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 57.




