Ташхиси ултрасадоии натиҷаҳои тайёр кардани ҳалқаи аз фаъолият бозмондаи рӯда барои ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорсозӣ
Ҳ.Ш. Назаров, М.С. Сафаров, А.Д. Бобоева, Х.З. Фақиров
Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 (мудири кафедра д.и.т. Ш.Қ. Назаров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Муддати тӯлонӣ дар пассажи ҷудогона вуҷуд доштани қисматҳои рӯда боиси инкишофи равандҳои морфофунксионалӣ ва дисбиотикии минтақаи мазкури рӯда мешавад, ки дар адабиёти ҳозира чун «синдроми рӯдаи аз фаъолият бозмонда» ном бурда мешавад [1; 4; 5]. Қайд намудан ба маврид аст, ки маҷмӯи равандҳои патологие, ки дар қисмати рӯдаи аз фаъолият бозмонда ба вуқӯъ меоянд, тадриҷан инкишоф ёфта, пеш аз ҳама ба муҳлати аз фаъолияти ҳазмкунӣ боз мондани рӯда вобастагӣ доранд [4]. Аз рӯи маълумоти адабиёт, дар ҳолати то 6 моҳ аз фаъолият боз мондани ҳалқаи рӯда бештар тағйироти сатҳӣ дар намуди зуҳуроти дистрофияи луобпарда аз ҳисоби фаъолшавии коллагеногенез, инчунин вайроншавии микросиркулятсия ва ҳаракати лимфа дар ин пардаи рӯда мушоҳида мешаванд, ки боиси инкишофи равандҳои склеротикии дуюминдараҷа мешаванд. Дар ҳолати зиёда аз 6 моҳ аз фаъолият боз мондани рӯда атрофияи луобпарда авҷ гирифта, склерози аён қабатҳои зерлуобӣ ва мушакии рӯдаро бо редуксияи фолликулаҳои лимфоидӣ фаро гирифта, дигаргуншавии колоноситҳо мушоҳида мешавад.
Ин ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо зиёдшавии муҳлати аз фаъолияти ҳазмнамоӣ бозмондани рӯда пастшавии мунтазами фаъолнокии кашишхӯрии рӯда ба вуқӯъ меояд, ки равандҳои барқароршавии вазифаи моторикию эвакуатории рӯдаро душвор месозад, инчунин ба натиҷаи ҷарроҳиҳои реконструктивию барқарорнамоӣ таъсири манфӣ расонида метавонад.
Бо назардошти ин, бисёр муаллифон масъалаҳои ташхис ва тарзҳои тайёрнамоии пешазҷарроҳии ҳалқаи рӯдаи аз фаъолият бозмонда ва тайёр будани онро барои гузаронидани ҷарроҳии реконструктивию барқарорсозӣ муҳим ва ҳалталаб мешуморанд.
Мақсади таҳқиқот. Беҳтар кардани натиҷаҳои ташхис, баҳодиҳии тайёр будани ҳалқаи аз фаъолият бозмондаи рӯда барои барқароркунии пассажи рӯда.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар мақола натиҷаҳои ташхис ва муолиҷаи 76 бемори колостомаи яксутуна, ки дар Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе барои гузаронидани амалиёти барқарорнамоию реконструктивӣ бистарӣ гардида буданд, оварда шудааст. Беморон аз 20 то 75-сола буданд, аз онҳо мардҳо 51 (67,1%) ва занон 25 (32,9%) нафар; беморони синну соли қобилияти коридошта 80,3% (61 нафар)-ро ташкил карданд. Ҳангоми иҷрои ҷарроҳии реконструктивию барқароркунанда якчанд меъёрҳо истифода шуданд: хусусияти беморие, ки зимни он колостома гузошта шудааст; намуди колостома; мақсади гузоштани колостома; синну соли бемор; қатъияти ҷарроҳии аввалин; вуҷуд надоштани аворизи параколостомикӣ ва умумиҷарроҳии ҳам девораи шикам ва ҳам ковокии шикам; мавҷуд набудани бемориҳои ҳамроҳикунанда ё дигар равандҳои патологии имкониятҳои репаративӣ ва адаптатсионии организмро ба таври аён камкунанда; нишондиҳандаҳои таҳлили клиникӣ – биохимиявии хун, ки дараҷаи заҳролудшавии эндогенӣ ва фаъолияти ҷараёнҳои илтиҳобиро дар организм нишон медиҳанд.
Ҳамаи беморонро вобаста ба вақти воридшавиашон барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии реконструктивию барқароркунӣ ба 2 гурӯҳ тақсим намудем: беморони барвақт муроҷиатнамуда – то 4 моҳ баъд аз гузоштани колостома (n=31) ва беморони дер муроҷиатнамуда – дертар аз 4 моҳи гузоштани колостома (n=46).
Инчунин дар ҷараёни гузаронидани тадқиқот сабабҳои гузоштани колостома муайян карда шуданд, ки аксарияти онро тобхӯрии рӯдаи сигмашакл ташкил намуд (ниг. ҷадвал).
Гарчанде дар 2 ҳолат (гузоштани сӯрохи муҳофизатӣ зимни бартараф намудани носури масонаю рӯдаи мустақим ва дӯхтани захми рӯдаи мустақим) колостомаи дусутунаи наздидевора гузошта шуда бошад ҳам, девораи ақиби рӯда мисли дарғот гузариши муҳтавои рӯдаро ба ҳалқаи баранда бозмедошт, ки дар натиҷаи он қисмати ҳалқаи барандаи рӯда дар ҷараёни ҳазмнамоӣ фаъолият намекард.
Беморон ба 2 гурӯҳ тақсим карда шуданд: гурӯҳи асосӣ: 23 беморе, ки ба онҳо амали тайёрнамоии пешазҷарроҳии рӯдаи аз фаъолият бозмонда бо усули дар клиника пешниҳодгардида гузаронида шуд; гурӯҳи санҷиширо 53 беморе ташкил мекард, ки ба онҳо амали мазкур бо усули анъанавӣ гузаронида шуд.
Ҷадвал. Сабабҳои гузоштани колостома
| № | Сабабҳо | Миқдор | % |
|---|---|---|---|
| 1 | Тобхӯрии рӯдаи сигмашакл | 39 | 51,31 |
| 2 | Саратони рӯдаи сигмашакл | 14 | 18,42 |
| 3 | Саратони қисмати ректосигмоидалии рӯдаи мустақим | 12 | 15,78 |
| 4 | Номустаҳкамии кӯкҳои анастомози рӯдаи ғафс | 3 | 3,95 |
| 5 | Осеби рӯдаи сигмашакл | 3 | 3,95 |
| 6 | Гиреҳҳосилшавии куррӯда ва рӯдаи сигмашакл | 2 | 2,63 |
| 7 | Осеби рӯдаи кундаланг | 1 | 1,32 |
| 8 | Носури масонаю рӯдаи мустақим | 1 | 1,32 |
| 9 | Осеби рӯдаи мустақим | 1 | 1,32 |
| Ҳамагӣ | 76 | 100 |
Бо мақсади муайян кардани ташхис ба ҳамаи беморон муоинаҳои клиникию озмоишӣ, ТУС, фистулография, проктография, ректороманоскопия ва дар ҳолатҳои зарурӣ видеолапароскопия гузаронида шуд.
Натиҷаи тадқиқот ва баррасии он. Бо мақсади тайёрнамоии пешазҷарроҳии рӯдаи аз фаъолият бозмонда (барқарорнамоии тонуси он ва бартараф намудани ҷараёнҳои илтиҳобии дар он ҷойдошта) дар 23 бемор ҳамарӯза гидростимулятсияи ин қисмати рӯда бо роҳи вориднамоии моеъ ба дохили он тавассути мақад гузаронида шуд. Зимни тайёрнамоии беморон барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии реконструктивию барқарорнамоӣ бо усули дар клиника пешниҳодгардида муддати 10–15 шабонарӯз гидростимулятсия ва тозанамоии механикии рӯдаи аз фаъолият бозмонда бо истифодаи маҳлули чойкаҳак ва сӯзгиёҳ ва ё фуратсилин гузаронида шуд. Ҳангоми истифодаи ин усули тайёрнамоии пешазҷарроҳӣ фаъолшавии вазифаи рӯда аз ҳисоби кашишхӯрии девораи он бо таъсири моеи ба дохилаш фиристодашуда ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати ҷой доштани қисмати рӯдаи сигмашакл дар ҳалқаи баранда (n= 18) ҳаҷми моеи фиристодашуда 350–800 мл, аммо зимни ҷой доштани танҳо қисмати рӯдаи мустақим (n=7) ин нишондиҳанда 200–300 мл-ро ташкил намуд. Зимни истифодабарии усули пешниҳодгардида ҳаҷми максималии лозимаи вориднамоии моеъ аз рӯи пайдошавии ҳиссиёти дамиши рӯда муайян карда мешавад. Бо пайдошавии ҳиссиёти дамиши рӯда вориднамоии моеъ қатъ карда шуда, нӯги берунаи найчаи моеъворидкунанда бо мақсади пешгирии рехтани моеъ аз рӯда муддати 20–30 сония маҳкам карда шуда, баъдан бо мақсади холишавии рӯда аз моеъ он кушода мешавад. Баъд аз 20 сония амали зикргардидаро аз нав такрор менамоянд. Чунин амалро 10–15 маротибагӣ (ду маротиба дар як шабонарӯз) муддати 12–15 шабонарӯз мегузаронанд.
Натиҷабахшии усули пешниҳодгардидаи тайёрнамоии пеш аз ҷарроҳии рӯдаи аз фаъолият бозмондаро аз рӯи пайдошавии ҳаракатҳои перисталтикии рӯда ва васеъшавии қутри он дар ташхиси ултрасадоӣ (ҳар 4–5 шабонарӯз), ки бевосита баъд аз ба итмом расонидани амали тайёрнамоӣ гузаронида мешавад, баҳо дода мешавад.
Зимни баҳогузорӣ ба натиҷаи тайёрнамоии рӯда муайян гардид, ки дар бемороне, ки на зиёда аз 4–5 моҳи баъд аз гузоштани колостома бистарӣ гардидаанд, барвақттар пайдо шудани аломатҳои кашишхӯрии рӯда (дар 5–8 шабонарӯз то 2 маротиба дар як дақиқа, дар 13–15 шабонарӯз бошад то 3 маротиба дар як дақиқа) дар муқоиса бо бемороне, ки аз 5 моҳ дертар бистарӣ гардидаанд ба мушоҳида расид.
Дар тамоми бемороне, ки баҳогузории ултрасадоии натиҷаи тайёрнамоӣ гузаронида шуд, андозаи дарозии рӯдаи аз фаъолият бозмонда зиёда аз 15 см-ро ташкил менамуд ва шароити беҳтарин барои баҳогузории ултрасадоӣ гузаронидани ташхис ҳангоми пур будани масона ба ҳисоб рафт.
Дар марҳалаи пасазҷарроҳӣ бо мақсади баҳодиҳии натиҷаи чорабиниҳои тайёрнамоию муолиҷавии доиршуда ба ҳама беморон ташхиси ултрасадоӣ гузаронида шуд. Дар 17 ҳолат дар байни бемороне, ки ба онҳо тайёрнамоии пеш аз ҷарроҳии рӯдаи аз фаъолият бозмонда бо усули анъанавӣ гузаронида шуда буд (ҳуқнаи тозакунанда), аломатҳои бараълои фалаҷи рӯдаҳо (васеъшавии ҳалқаи рӯда, сустшавии кашишхӯрии рӯда, мавҷудияти моеъ дар дохили рӯда) ва дар 6 ҳолати дигар бошад аломатҳои нобасомонии хати кӯкҳои анастомози гузошташуда (сустшавии кашишхӯрии рӯда, васеъшавии рӯда болотар аз мавзеи анастомоз, мавҷудияти моеи озод дар ковокии шикам, наздик ба мавзеи анастомоз) ба мушоҳида расид. Дар бемороне, ки тайёрнамоӣ бо усули дар клиника пешниҳодгардида гузаронида шуда буд, аломатҳои бараълои фалаҷи рӯдаҳо дар 2 ҳолат, нобасомонии хати кӯкҳои анастомоз дар як бемор мушоҳида шуд.
Ҳамин тавр, ташхиси ултрасадоӣ дар ҷараёни баҳогузорӣ ба натиҷаи омодасозии рӯдаи аз фаъолият бозмонда ва тайёр будани ин қисмати рӯда барои гузаронидани ҷарроҳии реконструктивию барқарорнамоӣ, инчунин ошкор кардани аломатҳои барвақти аворизи баъд аз ҷарроҳӣ усули баландмаълумот ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии ҷарроҳии беморони колостомадошта мусоидат менамояд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №1 (26), 2017, саҳ. 12.




