Роҳҳои беҳтар кардани натиҷаҳои муолиҷаи гирифторони сӯхтагиҳои андомҳои поён
Ҷ.А. Абдуллоев, Т.Ғ. Ғайратов, М.Х. Набиев, У.М. Бегаков, А.А. Абдурасулов
Кафедраи ҷарроҳии умумии №2 (мудири кафедра н.и.т. М.Х. Набиев)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Беморхонаи шаҳрии клиникии №3 ш. Душанбе
Калимаҳои калидӣ: муолиҷаи антибиотикии дохилишарёнӣ, мексидол, тармими озоди пӯсти давра ба давра, пластинкаҳои «ТахоКомб».
Муҳиммият. Тибқи маълумоти ТУТ, дар сохтори осебият дар байни дигар намудҳои осебҳо осеби сӯхтагӣ ҷойи 3-юмро ишғол мекунад [3]. Нишондиҳандаҳои басомади сӯхтагиҳо тамоюл ба пастшавӣ надорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо сабаби сӯхтагӣ барои ёрии тиббӣ тақрибан 6000 нафар муроҷиат мекунанд. Солҳои охир тамоюли рушди травматизми сӯхтагӣ мушоҳида мешавад: тибқи Маркази ҷумҳуриявии омор ва маълумоти тиббӣ соли 2012 зиёда аз 7220 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст. Ҷароҳатбардоштагони сӯхтагиҳои амиқ, аз рӯи маълумоти муаллифони гуногун дар байни тамоми беморони статсионарии махсуси сӯхтагиҳо аз 20 то 60%-ро ташкил мекунанд. Беморони мубталои сӯхтагиҳои сиркулярии андомҳои поён гурӯҳи махсусро ташкил мекунанд. Дар байни онҳо нишондиҳандаҳои фавтият баланд боқӣ монда, дар калонсолон 4,8% ва дар кӯдакон 1%-ро ташкил мекунад [10].
Сӯхтагиҳои андомҳои поён ҳангоми осеби сиркулярӣ боиси инкишофи ишемия поёнтар аз мавзеи осеб мешаванд. Дар натиҷа, дар 31,5% беморон [9] вобаста ба инкишофи гангрена ампутатсияҳо иҷро карда мешавад. Бо назардошти ин, масъалаи муҳимтарини муолиҷаи ҷарроҳӣ барвақттар озод кардани андом аз карахши фишорорандаи сӯхтагӣ ва пӯшондани сатҳи ҷароҳат бо порчаи пӯст мебошад [1, 2]. Бо мақсади ҳар чи барвақттар гузаронидани аутодермопластика шаборӯзҳои аввал ва дуюми пайдоиши беморӣ некротомияи декомпрессионӣ ва некротомияи барвақтиро иҷро мекардем. Муолиҷаи бемороне, ки мубталои сӯхтагиҳои амиқ (дараҷаи IIIБ–IV) дар майдонҳои калон шудаанд ва зимни онҳо тақрибан усули ягонаи барқароркунии рӯпуши пӯст аутодермопластика мебошад, диққати махсус талаб мекунанд. Ҷарроҳии аутодермопластика дар муолиҷаи ҷарроҳии захмҳои сӯхтагӣ нақши калон мебозад [8]. Ба ғайр аз таъсири косметикии худ усули мазкур ба хеле кам кардани басомади бавуҷудоии оризаҳои гуногун, нигоҳдории ҳаёти беморон ва ба нисбатан зудтар барқароршавии қобилияти кори онҳо мусоидат мекунад [6, 7]. Вобаста ба ин, дар ҷарроҳии комбустиология ҳам усулҳои анъанавӣ ва ҳам усулҳои муосири муолиҷа васеъ паҳн шудаанд [3].
Яке аз самтҳои муҳими расондани ёрии тиббии беморони гирифтори сӯхтагиҳо муолиҷаи ҷузъии консервативӣ мебошад, зеро ҷараёни беморӣ, профилактикаи инкишофи оризаҳои сироятӣ, инчунин муҳлатҳои барқароршавии рӯпуши пӯсти аздастдода ва оқибатҳои осеб маҳз аз самаранокии он вобаста аст. Мақсади ниҳоии муолиҷаи ҷузъии сӯхтагиҳо илтиёми мустақилонаи беоризаи онҳо ҳангоми осебҳои сатҳӣ ё барқароркунии таъҷилии ҷарроҳии рӯпуши пӯсти аздастдода ҳангоми осебҳои амиқ мебошад [4]. Дар ин ҳол, муолиҷаи ҷузъии консервативии ҷароҳатҳои сӯхтагӣ аҳамияти калон дорад. Ҳангоми сӯхтагиҳои амиқ усулҳои консервативии муолиҷаи ҷузъӣ бо мақсади тайёр кардани ҷароҳатҳои сӯхтагӣ ба ҷарроҳӣ ва барои пайвасти аутодермотрансплантатҳои кӯчатшуда шароит фароҳам овардан, истифода мешаванд.
Усули нави муолиҷаи антибактериалии гирифторони сӯхтагиҳои вазнин, махсусан ҳангоми сироятнокшавии онҳо пешниҳод шудааст, ки мақсади он расондани интихобии маводи антибактериалӣ зимни сӯхтагиҳои амиқи сироятнокшудаи андомҳои поён мебошад. Ҳамзамон пластикаи пӯсти ҷароҳатҳои сӯхтагӣ дар 15–40% беморони мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поён бо лизиси трансплантатҳои пӯст оризанок мешавад [5]. Аз ин сабаб, тайёр кардани сатҳи сӯхтагӣ ба ҷарроҳии пӯсту пластика ҳалли нопурраи мушкилоти комбустиологияи амалӣ боқӣ мемонад.
Мақсади таҳқиқот: омӯхтани самаранокии муолиҷаи ҷузъӣ, антибактериалию антиоксидантӣ ва муолиҷаи давра ба давраи ҷарроҳии беморони мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поён.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар тадқиқот натиҷаҳои муоина ва муолиҷаи 55 бемори гирифтори осеби сӯхтагии амиқ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш, дараҷаҳои вазнинии гуногун, ки солҳои 2013–2015 ба Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои сӯхтаи ш. Душанбе муроҷиат карданд ва бистарӣ буданд, таҳлил карда шуд. Тамоми патсиентон то воридшавӣ ба беморхона ба таври соматикӣ солим буданд. Синну соли беморон аз 20 то 61-сола, синну соли миёна 35±0,5 сол, мардон 24 (43,6%), занҳо – 31 (56,4%)-ро ташкил карданд. Ҳамаи беморон ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд: гурӯҳи асосӣ – 26 (47,2%) нафар, ки дар баробари муолиҷаи маҷмӯии консервативӣ ба онҳо иловатан дохилишарёнӣ мексидол дар якҷоягӣ бо инфузияи реамберини 1,5%-а дар вояи 400 мл ворид карда шуд.
Ба гурӯҳи назоратӣ 29 (52,7%) бемороне дохил буданд, ки муолиҷаи анъанавии консервативии иборат аз терапияҳои умумимустаҳкамкунӣ, антибактериалӣ, антиоксидантӣ, инчунин некрэктомия (бурида партофтани бофтаҳои мавтшуда)-и давра ба давраи барвақт ва кашолёфта бо минбаъда тармими озоди пӯст (ТОП) қабул мекарданд. Гурӯҳҳои тадқиқшаванда аз рӯи майдони сӯхтагӣ, аз рӯи синну сол, муддати аз оғози беморӣ то воридшавӣ ба беморхона қиёс карда шуданд. Дар беморони гурӯҳи асосӣ, дар баробари истифодаи табобати умумимустаҳкамкунии инфузионӣ барои тезонидани тозакунии ҷароҳатҳои сӯхтагӣ аз бофтаҳои некротикӣ ва кам кардани муҳлатҳои бошиши беморон дар беморхона мо усули воридкунии антибиотикҳоро дар якҷоягӣ бо муолиҷаи антиоксидантӣ ҳангоми муолиҷаи ҷароҳатҳои сӯхтагии андомҳои поён такмил дода, озмоиш кардем.
Натиҷаҳо ва баррасии онҳо. Маълумоти ҳосилшуда бо усулҳои омори тасвирӣ бо ҳисоббарории бузургиҳои миёна (М) ва хатоии миёна (±m), инчунин бо ҳисоббарории бузургиҳои нисбӣ коркард карда шуданд. Аломатҳои миёнаро аз рӯи t – меъёри Стюдент, бузургиҳои нисбиро бошад, аз рӯи χ² (хи-квадрат) муқоиса мекардем. Фарқиятҳо ҳангоми p<0,05 муҳим ҳисоб меёфтанд. Бо мақсади беҳтар кардани натиҷаҳои муолиҷаи ҷарроҳӣ ва таъмини имконияти гузаронидани некрэктомияи барвақт, барқароркунии яклухтии рӯпушҳои пӯст дар муддатҳои оптималӣ ва маҳдуд кардани муҳлатҳои бошиши патсиентон дар беморхона усули воридсозии дохилишарёнии антибиотикҳо (бо назардошти ҳассосият) ва антиоксидантҳо (мексидол) истифода шуданд. Дар беморони мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поёни дараҷаи III – IV-и гурӯҳи асосӣ зиёда аз 20%-и сатҳи бадан катетеризатсияи a. epigastria inferior иҷро карда шуд. Дар беморони гурӯҳи назоратӣ катетеризатсияи шарён гузаронида нашуд.
Дар муҳлатҳои гуногуни аз лаҳзаи сӯхтан ба 3 бемори гурӯҳи асосӣ 48–72 соати аввал ва ба 3 бемори гурӯҳи назоратӣ шаборӯзҳои 3–12-уми пас аз лаҳзаи сӯхтани камтар аз 20% майдони осеб некрэктомияи барвақт бо минбаъда тармими барвақти озоди пӯст иҷро карда шуд. Тавре аз маълумоти оварда маълум аст (ҷадвали 1), дар гурӯҳи асосӣ дар 14 ҳолат дар муҳлатҳои барвақт аз лаҳзаи гирифтани осеби сӯхтагӣ некротомия гузаронида шуд. Аз инҳо дар 8 ҳолат некротомия бо мақсади декомпрессия дар муҳлатҳои барвақт иҷро карда шуд. Дар 5 ҳолат некротомия аз шаборӯзҳои 3 то 12-и пас аз сӯхтан иҷро карда шуд, ки сабаби ин инкишофи карахши сиркулярии фишороранда мебошад. Дар ҳама ҳолатҳо некротомия бо гемостази дақиқ – тариқи ба ҷароҳати хуншор гузоштани саччоқҳо бо маҳлули гарми 0,9%-аи хлориди натрий бо адреналин (1 мл 0,1%-аи маҳлули адреналини гидрохлорид ба 200 мл маҳлули 0,9%-аи хлориди натрий) бо истифодаи маҳлули 3%-и перекиси водород ва тампонгузории захми ҷароҳат бо маҳлулҳои антисептикҳо (декасан, хлоргексидин) ба анҷом мерасид.
Ҷадвали 1. Муолиҷаи давра ба давраи ҷарроҳии беморони гурӯҳҳои асосӣ ва назоратии мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поён
| Намудҳои ҷарроҳӣ | Гурӯҳ | 48–72 соат | 3–12 шаборӯз | 13–21 шаборӯз | зиёда аз 21 шаборӯз | Ҳамагӣ |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Некротомия бо катетеризатсияи a. epigastria inferior | а | 14 (53,8%) | 12 (46,1%) | – | – | 26 (100%) |
| Некротомия | н | – | 1 (3,4%) | – | – | 29 (100%) |
| Некрэктомия бо катетеризатсияи a. epigastria inferior | а | 5 (19,2%) | 9 (34,6%) | 12 (46,1%) | – | 26 (100%) |
| Некрэктомия | н | – | 2 (6,8%) | 8 (27,5%) | 19 (65,5%) | 29 (100%) |
| ТОП-и озод бо катетеризатсияи a. epigastria inferior | а | – | 4 (15,3%) | 10 (38,4%) | 12 (46,1%) | 26 (100%) |
| ТОП-и озод | н | – | – | 4 (13,7%) | 23 (79,3%) | 29 (100%) |
Эзоҳ: а – гурӯҳи асосӣ, н – гурӯҳи назоратӣ.
Инчунин дар 8 патсиент ҳангоми хунравии пасазнекрэктомӣ ва барои муваққатан пӯшондани ҷароҳатҳои сӯхтагӣ пластинкаҳои «ТахоКомб» (маводи адсорбсиякунанда ва гемостатикӣ барои васл кардани бофтаҳо ва гемостаз, комбинатсияи самарабахши пластинаи коллагенӣ ва унсурҳо, ширеши фибриновӣ)-и ширкати NYCOMED, Австрия истифода шуд. Майдони максималии буриш 20% аз сатҳи умумии баданро ташкил кард. Некрэктомияи марҳилавиро ба 15 бемор 2–3 шаборӯз пас амалӣ кардем.
Дар 12 ҳолат дар гурӯҳи асосӣ пас аз истифодаи табобати дохилишарёнии антибиотикӣ ва маводи антиоксидантии «Мексидол», шаборӯзҳои 13–21-ум некрэктомия иҷро карда шуд, дар гурӯҳи назоратӣ бошад, некрэктомия бе истифодаи усули мазкур, шаборӯзҳои 3–12-ум дар 2 бемор, шаборӯзҳои 13–21-ум дар 8 бемор, дар 19 бемор бошад, зиёда аз 21 рӯз пас аз лаҳзаи сӯхтан, яъне дар муҳлатҳои дер иҷро карда шуд.
Мувофиқи маълумоти муаллифони гуногун (В.Д. Федоров, 1999; А.А. Алексеев, 2003), дар беморони гирифтори сӯхтагиҳои васеи амиқ ҳангоми гузаронидани ТОП-и ҷароҳати сӯхтагӣ дар 2,4–17% ҳолатҳо лизиси трансплантатҳои пӯст мушоҳида карда шуд. Ин вазъиятро ба назар гирифта, пеш аз ҷарроҳиҳои ТОП консентратсияҳои баланди антибиотикҳо ва антиоксидантҳо тавассути a. epigastria inferior ворид карда шуданд. Дар нафарони дорои сӯхтагиҳои вазнин бо хавфи баланди инкишофи оризаҳои фасодӣ-илтиҳобӣ сатҳи ҷароҳатро муваққатан бо антисептикҳо ҷароҳатбандӣ карда, ТОП гузарондем. Дар ин давра омодагии ҷароҳат ва бемор ба аутодермопластика баҳодиҳӣ карда шуд. Ҳаҷми ҷароҳатҳои доначадори дар ҳар як марҳила пӯшондашаванда аз ҳолати бемор, қитъаи донорӣ ва майдони ҷароҳатҳои доначадор вобаста буд.
Тарзи муолиҷаи фаъоли ҷарроҳии беморони вазнини дорои сӯхтагиҳои васеъ бо гемотрансфузияҳои зуд-зуд дар давраҳои пешазҷарроҳӣ ва пасазҷарроҳӣ гузаронида шуд. Ба беморон инчунин истеъмоли ғизои сервитамин ва серсафеда, муроқибати дақиқ ва табобат бо доруворӣ таъин карда шуд. Ҳангоми сӯхтагиҳои дараҷаи ІV буриши бофтаи некротикӣ то фассияи амиқ ва пӯшондани яклаҳзаинаи ҷароҳат бо аутодермотрансплантат амалӣ карда шуд. Баҳодиҳии натиҷаҳои бевоситаи муолиҷаи ҷарроҳӣ аз рӯи ҳолати трансплантат пас аз итмоми илтиёми ҷароҳатҳо, яъне аз рӯи мавҷудият ё набудани оризаҳои пасазҷарроҳӣ гузаронида шуд.
Ҷадвали 2. Оризаҳои пасазҷарроҳии фасодӣ дар беморони мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поён пас аз гузаронидани ТОП
| Оризаҳо | Гурӯҳи асосӣ, n | % | Гурӯҳи назоратӣ, n | % |
|---|---|---|---|---|
| Лизиси ҷузъии трансплантат | 1 | 3,8 | 2 | 6,8 |
| Лизиси пурраи трансплантат | – | – | 4 | 13,7 |
| Ҳамагӣ | 26 | 100 | 29 | 100 |
Тадқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки дар беморони гурӯҳи асосӣ дар қиёс бо беморони гурӯҳи назоратӣ динамикаи мусбии ҷараёни ҷароҳати сӯхтагӣ мушоҳида мешавад. Ин ба сари вақт тоза кардани ҷароҳат, ба афзоиш ва нумӯи гранулятсия (гӯшти нави ҷароҳат) дар сатҳи сӯхтагӣ мусоидат мекунад, ки дар натиҷа барои иҷрои барвақти тармими озоди пӯст имконият фароҳам меояд. Истифодаи муолиҷаи маҷмӯӣ дар асоси тарзи фаъоли ҷарроҳии ба табобати дохилишарёнии антибиотикӣ равонашуда ба 6,5 маротиба камтар шудани басомади оризаҳои пасазҷарроҳӣ имконият медиҳад (ҷадвали 2).
Хулоса. Ҳамин тавр, истифодаи дохилишарёнии антибиотикҳо вобаста ба ҳассосият дар якҷоягӣ бо маводи антиоксидантӣ дар беморони мубталои сӯхтагиҳои андомҳои поён имкон дод, ки муҳлатҳои омода кардани ҷароҳатҳо ба тармими озоди пӯст ба 13,7% ва муҳлатҳои бошиши беморон дар беморхона ба 7–8 шаборӯз кам карда шаванд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 4.




