Ҳолати гемостаз зимни хунравии шадиди гастродуоденалии генези решмараз дар пиронсолон
А.А. Абдурасулов, Д.А. Абдуллоев, Р.Д. Ҷамилов, Р.А. Зокиров, А.А. Абдурозиқов
Кафедраи ҷарроҳии умумии №2 (мудири кафедра н.и.т. М.Х. Набиев)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Тадқиқот ба мушкилоти муҳими ҷарроҳии таъҷилии абдоминалӣ – хунравиҳои решноки гастродуоденалӣ дар пиронсолон бахшида шудааст. Манбаъҳои хунравиҳоро дар 25,6% ҳолат – решмарази шадиди меъда, дар 62% – решмарази шадиди рӯдаи дувоздаҳангушта (РД) ташкил кард, дар 21% ҳолатҳо бошад, хунравиҳои решҳои ҳам меъда ва ҳам рӯдаи дувоздаҳангушта қайд шуд.
Натиҷаҳои тадқиқоти маҷмӯии нишондиҳандаҳои низоми гемостаз дар гирифторони бемории хунравиҳои шадиди меъдаю рӯда нишон доданд, ки дараҷаҳои вазнини талафоти шадиди хун, новобаста аз мавқеи реши хуншор, тақрибан дар ҳама ҳолат бо тағйирёбиҳои амиқи низоми гемостаз ҳамроҳикунанда мебошад. Ҳангоми дараҷаҳои вазнини талафоти шадиди хун, тағйирёбиҳои низоми гемостаз хусусияти гуногунсамт доштанд, дар ин ҳол дар натиҷаи пастшавии индекси протромбинӣ (77,38±1,44), баландшавии тобоварии плазма ба гепарин (350,6±22,4 сония) ва эҳтимолияти инкишофи синдроми ДВС мушоҳида мешавад.
Дар байни гурӯҳи мазкури патсиентон, такроршавии хунравиҳо аз реши гастродуоденалӣ, ки нисбат ба онҳо муолиҷаи консервативӣ истифода шуд, ба 58,1% расид.
Калимаҳои калидӣ: хунравии гастродуоденалӣ, низоми гемостаз, решҳои шадиди гастродуоденалӣ.
Муҳиммият. Хунравиҳои меъдаю рӯда (ХМР) оризаи мудҳиши бемории решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин бемориҳои соматикии бо фавтияти баланд алоқаманд мебошад. Аз ин сабаб, муолиҷаи ХМР, ки дар байни оризаҳои геморрагӣ ҳангоми бемориҳои роҳи ҳозима 60–80%-ро ташкил мекунад, яке аз мушкилоти муҳими ҷарроҳии таъҷилӣ боқӣ мемонад [1–3].
Фавтият ҳангоми хунравиҳои гастродуоденалии генези решмараз тамоюли назаррас ба пастшавӣ надорад ва мувофиқи маълумоти муаллифони гуногун аз 8 то 30%, дар беморони пиронсол аз 30 то 40%-ро ташкил мекунад. Фавтияти баъдиҷарроҳии хунравиҳо то 55–70% мерасад [4, 5]. Тавре натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, патогенези осебҳои шадиди эрозивӣ-решии қисми болоии роҳи меъдаю рӯда (РМР) дар беморони пиронсол ҳангоми ҳолатҳои таъҷилӣ полифакторӣ мебошад, асоси онро вайроншавиҳои амиқи низоми гемостаз дар натиҷаи инкишофи шок, агрессияҳои ҷарроҳӣ, вайроншавиҳои функсияи ҷигару гурда ва синдроми нокифоягии полиорганӣ ташкил мекунад [6–11].
Ин ҳолат омӯзиши минбаъдаи тағйирёбиҳои низоми гемостазро ҳангоми хунравиҳои решмаразҳои шадиди гастродуоденалӣ ва омӯзиши аҳамияти онҳо дар бавуҷудоии хунравиҳо талаб мекунад.
Вобаста ба ин, на танҳо аниқ кардани дигаргуниҳои патофизиологии ҳангоми ХМР ба вуҷудоянда ва таъсири онҳо ба динамикаи раванди решмараз муҳим ҳисоб мешавад, балки омӯзиши имкониятҳои табобати консервативӣ ҳангоми вайроншавии низоми гемостаз низ бояд диққати ҷиддӣ дод.
Мақсади таҳқиқот. Муайян кардани ҳолати гемостаз ҳангоми хунравиҳои шадиди гастродуоденалии генези решмараз дар пиронсолон.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар клиникаи ҷарроҳии умумии № 2-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино солҳои 2012–2017 101 бемори пиронсоли гирифтори хунравиҳои шадиди гастродуоденалӣ қарор доштанд. Аз онҳо 68 нафар мард ва 33 нафар зан буданд; синни миёнаашон 68,0±6,5 солро ташкил кард.
Ҳамаи беморон аз муоинаҳои усулҳои умумиклиникӣ ва физикалӣ гузаштанд. Инчунин ба онҳо усулҳои озмоишгоҳӣ ва асбобии тадқиқот: таҳлили умумии хун ва пешоб, бо муайян кардани гурӯҳи хун ва резус-омил, нишондиҳандаҳои биохимиявии функсияҳои ҷигар, гурда ва гадуди зери меъда, ҳолати низомҳои лахтабандӣ ва зиддилахтабандии хун, СБКД, санҷидани ФШ, басомади набз ва нафаскашӣ, муоинаи ангуштии рӯдаи рост, ТУС-и узвҳои ковокии шикам иҷро карда шуд. Дар ташхиси ХМР ошкор кардани хусусият, мавқеи манбаъ ва давомнокии хунравӣ муҳим буд. Вобаста ба ин, бо мақсади муайян кардани дараҷаи вазнинии хунравӣ ва устувории он ба тамоми беморон ГДФС тибқи таснифи J.A. Forrest (1974) гузаронида шуд. Коркарди омории маълумоти тадқиқот ба воситаи барномаҳои Excel ва Statistica for Windows амалӣ карда шуд.
Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Решмаразҳои шадиди меъда дар 25,6% ҳолатҳо, рӯдаи дувоздаҳангушта (РД) – дар 62% манбаъҳои хунравӣ буданд, хунравиҳои решҳои омехтаи меъда ва РД дар 21% ҳолатҳо мушоҳида шуд.
Барои муайян кардани дараҷаи хунравӣ ва шиддатнокии он тадқиқи нишондиҳандаҳои гемоглобин, гематокрит, ва эритротситҳои таркиби хун хеле муҳим буданд. Тағйирёбии ин нишондиҳандаҳо дар аксар ҳолатҳо ба дараҷаи вазнинии талафоти хун мутобиқат мекард. Ғайр аз ин, кам ва ё зиёдшавии ин нишондиҳандаҳои хуни периферӣ дар раванди мушоҳидаи динамикӣ аз ҳолати гемостаз шаҳодат медоданд ва омилҳои муҳимтарини имконпазирии хунравиҳои такрорӣ ҳисоб мешуданд (ҷадвали 1).
Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои хуни сурх дар беморони пиронсоли гирифтори ХШМР-и генези решмараз
| Нишондиҳанда | Меъёр | Реши хуншори меъда | Реши хуншори РД |
|---|---|---|---|
| Гемоглобин, г/л | 120,0–140,0 | 51,3±6,5 | 46,4±6,5 |
| Эритротситҳо, ×10¹²/л | 3,7–5,0 | 2,2±0,6 | 2,1±0,8 |
| Гематокрит, % | 37,0–54,0 | 18,4±0,6 | 17,4±0,6 |
Эзоҳ: ХШМР – хунравиҳои шадиди меъдаю рӯда; РД – рӯдаи дувоздаҳангушта.
Таҳлили нишондиҳандаҳои ҳолати хуни сурх (ҷадвали 1) дар 101 бемори мубталои ХШМР-и генези решмараз дигаргуниҳои нисбатан аёнро дар гирифторони бемории решҳои дуоденалӣ нишон дод, ки сабабгори ин хунравиҳои вазнин (Hb – 46,4±6,5 г/л, эритротситҳо – 2,1±0,8×10¹²/л, Ht – 17,4±0,6%) буданд.
Дар қатори тағйирёбиҳои нишондиҳандаҳои хуни сурх, дар беморони ХШМР-и генези решмараз дигаргуниҳои нишондиҳандаҳои сафедаи умумӣ ва фраксияҳои сафеда мушоҳида мешавад (ҷадвали 2).
Ҷадвали 2. Тағйирёбии нишондиҳандаҳои фраксияҳои сафеда дар пиронсолони гирифтори ХШМР-и генези решмараз
| Нишондиҳанда | Меъёр | Реши хуншори меъда | Реши хуншори РД |
|---|---|---|---|
| Сафедаи умумӣ, г/л | 63,5±8,6 | 51,5±1,2 | 47,8±1,3 |
| Албумин, % | 49,2±6,4 | 47,6±1,4 | 45,5±0,8 |
| α1-глобулин, % | 3,6±0,1 | 5,2±0,5 | 4,1±0,5 |
| α2-глобулин, % | 6,5±1,2 | 11,1±0,6 | 10,4±0,7 |
| β-глобулин, % | 11,6±1,19 | 11,0±0,8 | 10,6±0,7 |
| γ-глобулин, % | 19,8±0,5 | 28,2±0,9 | 31,3±0,6 |
| Коэффитсиенти албумин/глобулин | 0,7±0,3 | 0,5±0,1 | 0,5±0,2 |
Қайд кардан лозим аст, ки нишондиҳандаҳои сафедаи умумӣ ва фраксияҳои сафеда дар гурӯҳи беморони мубталои ХШМР-и тадқиқшаванда аз меъёр хеле фарқ мекарданд. Нишондиҳандаи нисбатан пасти фраксияҳои сафедаи хун дар беморони решҳои хуншори дуоденалӣ қайд шуд.
Солҳои охир ба дигаргуниҳои коагулятсионии беморони хунравиҳои гастродуоденалӣ аҳамияти калон медиҳанд, зеро дар маҷмӯъ бо дигар муоинаҳо (клиникӣ, биохимиявӣ) онҳо барои баҳодиҳии ҳолати бемор ва гузаронидани муолиҷаи гемостатикӣ – ҳамчун кӯмак ва меъёри муҳими ташхис истифода шуда метавонанд.
Натиҷаҳои тадқиқоти маҷмӯии нишондиҳандаҳои низоми гемостаз дар гирифторони бемории ХШМР нишон доданд, ки дараҷаҳои вазнини талафоти шадиди хун, новобаста аз мавқеи реши хуншор, тақрибан ҳамеша бо тағйирёбиҳои амиқи низоми гемостаз ҳамроҳикунанда мебошанд. Ҳангоми дараҷаҳои вазнини талафоти шадиди хун, тағйирёбиҳои низоми гемостаз хусусияти гуногунсамт доштанд, дар ин ҳол дар натиҷаи пастшавии индекси протромбинӣ (77,38±1,44), баландшавии тобоварии плазма ба гепарин (350,6±22,4 сония) ва эҳтимолияти инкишофи синдроми ДВС мушоҳида мешавад. Агар ин далел ба назар гирифта шавад, ки хунравиҳои решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта дар пиронсолони дорои вайроншавиҳои лахтабандии хун тамоюл ба зуд-зуд такроршавӣ доранд ва дорои тобоварии аён ба табобати гемостатикӣ ҳастанд, масъалаи ҷудо кардани омилҳои такроршавии хунравиҳо боз ҳам муҳиммияти бештар касб мекунад. Тибқи маълумоти мо, дар байни беморони пиронсол такроршавии хунравиҳо аз решмарази гастродуоденалӣ дар бемороне, ки ба онҳо табобати консервативӣ иҷро карда шуд, ба 58,1% расид.
Хулоса. Ҳамин тавр, дар асоси таҳлили низоми гемостази гирифторони ХШМР-и генези решмараз муҳиммияти ин нишондиҳандаҳо барои муайян кардани хавфи имконпазири хунравии такрорӣ ошкор карда шуд; инчунин маълумоти мазкур барои интихоби тафриқавии усули муолиҷаи беморон истифода мешавад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 9.




