Зеҳн

Муолиҷаи ҷарроҳии осебҳои асаби соқи хурд

21 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 8 дақиқа хондан

У.А. Қурбон, А.А. Давлатов, С.М. Ҷанобилова, Ҷ.Д. Ҷононов, Ҷ.Ю. Дадаҷонов

Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 (мудири кафедра д.и.т., профессор К.П. Артиков)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо

Муҳиммият. Муолиҷаи ҷарроҳии осебҳои асаби соқи хурд ва оқибатҳои он яке аз масоили мубрам ва мураккаби ҷарроҳии тармимии пойҳо ба шумор меравад [1, 2].

Осебҳои ҷароҳатии ҳиссаи соқи хурди асаби сурин метавонанд дар дараҷаи гуногун қарор дошта, зуҳуроти клиникии ихтилоли ноқилият метавонанд ба таври нопурра дараҷаи қатъи анатомиро инъикос намоянд [3]. Ҳангоми қатъи нопурраи асаб қисмати солимбудаи бозмонда аз ҳисоби фастсикулаҳои боқимонда метавонад қисман гузариши импулсҳоро таъмин намояд ва ихтилоли ҳаракат метавонад чандон зиёд набошад ва баръакс, ҳангоми аксонотмезис бе осеби анатомии танаи асаб аз сабаби муҳосираи пурраи ноқилият функсияи асаби соқи хурд метавонад пурра халалдор гардад. Ҳангоми аксонотмезис ҳаҷми ҷарроҳӣ бо тафтиш ва декомпрессияи танаи асаб маҳдуд мегардад, ҳангоми қатъи нопурра ва пурраи он бошад, ҷарроҳии барқароркунӣ (реконструктивӣ) зарур аст. Ҳангоми қатъи нопурра ё пурраи асаб дарзи нӯг ба нӯг усули асосии муолиҷаи ҷарроҳӣ боқӣ монда, ҷуброн намудани нуқси танаи асаб бо аутотрансплантат «стандарти тиллоӣ»-и ҷарроҳии асабҳои канорӣ шуморида мешавад [4]. Ба туфайли таҳқиқҳои сершумори фундаменталӣ муваффақиятҳои зиёде дар ҷарроҳии асабҳои канорӣ ба даст оварда шуда, усулҳои комилан нави ҷарроҳиҳо таҳия ва ҷанбаҳои тактикию техникии муолиҷаи ҷарроҳии осебҳои асабҳои канорӣ ва оқибатҳои он такмил дода шуданд. Бо вуҷуди ин, бисёре аз масъалаҳои муолиҷаи ҷарроҳии осебҳои соқи хурд то имрӯз ба таври васеъ муҳокима карда мешаванд, то ҳол меъёрҳои муайян намудани нишондод барои иҷрои ислоҳи ортопедии фалаҷи соқи хурди пойҳо вуҷуд надоранд, ҳаҷми транспозитсияи пайиву мушакӣ муайян карда нашудааст, ақидаҳо оид ба муҳлати барқароршавии функсияҳои асаби соқи хурд гуногун мебошанд.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар шуъбаи микроҷарроҳии реконструктивӣ ва пластикии муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳои ш. Душанбе аз соли 2000 то 2015 107 нафар бемори гирифтори осебҳои асаби соқи хурд дар синни аз 3 то 57-сола (аз онҳо 32 нафар то 14-сола) ҷарроҳӣ шуданд. Аксарияти беморон (75 нафар – 70,1%) ҷавонон ва дар синни қобили меҳнат буданд. Беморони ҷинси мардона 63 нафар (58,9%), занон – 44 нафарро (41,1%) ташкил доданд.

Вобаста аз давомнокии давраи денерватсия-реиннерватсия беморон ба ду гурӯҳи клиникӣ тақсим карда шуданд: беморони дорои осебҳои кӯҳнанашудаи асаби соқи хурд ва беморони дорои осебҳои кӯҳнашудаи асаби соқи хурд. Давомнокии умумии давраи денерватсия-реиннерватсияи мушаки фалаҷшуда давраи аз лаҳзаи денерватсияи он то оғози реиннерватсияи ин мушак номида шуд. Барои муайян намудани давомнокии умумии давраи денерватсия-реиннерватсия дараҷаи осебёбии асаб, муҳлати расидани аксонҳои сабзидаистода ба дарвозаи мушакҳо ва даврае, ки дар давоми он тағйироти мушаки денерватсияшуда ҳанӯз бозгарданда мебошанд, ба назар гирифта шуданд. Ҳамзамон таҳқиқҳои сершуморе ба инобат гирифта шуданд, ки дар онҳо суръати таҷдиди аксонро қариб 1 мм дар 1 шабонарӯз ё 1 инч дар як моҳ нишон медиҳанд, инчунин нишон медиҳанд, ки давраи бозгарданда будани тағйироти мушаки денерватсияшуда ба 18 моҳ баробар аст [5–8].

Ба гурӯҳи якум гирифторони осебҳои кӯҳнанашудаи асаби соқи хурд 71 нафар (66,4%) беморон дохил карда шуданд. Ба ҳамаи онҳо ҷарроҳии худи асаби соқи хурд иҷро карда шуд. Дар 58 ҳолат (81,7%) қатъи пурраи ҳиссаи соқи хурди асаби сурин дар рон (7) ё қатъи пурраи танаи асаби соқи хурд дар савияи қисмати зери зону ва сеяки болоии соқ мушоҳида карда шуд (51). Қайд кардан лозим аст, ки дар ҳамаи 58 нафар беморони гирифтори осеби асаби соқи хурд ва ҳиссаи соқи хурди асаби сурин давомнокии умумии давраи денерватсия-реиннерватсияи мушакҳо камтар аз 12 моҳро ташкил дод (ба ҳисоби миёна 290±48,8 рӯз). Ҳангоми қатъи асаби соқи хурд ва ҳиссаи соқи хурди асаби сурин бо диастази байни нӯгҳои он 3 см ва камтар баъди буриши асаб (60) дарзҳои эпиневралӣ бо риштаи беосеб 7/0–6/0 пролен гузошта шуд. Дар ҳолатҳои нодир (5) бо риштаи 5/0 ё 4/0 пролен бо мақсади пешгирии кандани дарзҳо ҳангоми тасодуфан рост кардани пайванди зону ҳангоми захмбандӣ се дарзи қавитар гузошта шуд. Дар 2 ҳолат аз сабаби мавҷудияти диастази зиёда аз 3,5 см байни нӯгҳои танаи асаби соқи хурд дар савияи сеяки болоии соқ тармими асаб бо трансплантати сеқабатаи асаби suralis, ки аз соқи ҳамном гирифта шуда буд, иҷро карда шуд. Дар 9 ҳолат ҷарроҳӣ бо невролизи асаби сурин дар савияи сеяки болоӣ (3) ва миёнаи (6) рон ба анҷом расид.

Муқаррар карда шуд, ки баъди тармими асаби соқи хурд нумӯи аксонҳои сабзидаистода дар савияи канали мушакию соқи хурд (canalis musculoperoneus) дучори монеа мешавад, монеа бошад, мушакҳои сахту беасабшудаи гурӯҳи пеш ва паҳлӯии соқ мебошанд, ки девораи пеши канали мушакию соқи хурдро ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин, мо усули беҳтар намудани натиҷаҳои барқарор намудани асаби соқи хурдро бо роҳи бурида гузаштани апоневрози мушакҳои девораи пеши канали мушакию соқи хурдро ташкилдиҳанда, ҳамзамон бо азнавсозии асаби соқи хурд таҳия намудем (Шаҳодатномаи пешниҳоди навоварии № 1978/р-7.05.01, ки аз ҷониби ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз 28.05.2001 дода шудааст). Ҳоло бурида гузаштани девораи пеши канали мушакию соқи хурд яке аз марҳилаҳои ҳатмии ҷарроҳии асаби соқи хурд ва ҳиссаи соқи хурди асаби сурин мебошад.

Гурӯҳи дуюм аз 36 нафар (33,6%) беморон иборат буд, ки давомнокии давраи денерватсия-реиннерватсияи мушакҳо зиёда аз 18 моҳро ташкил дод ва осеби асаби соқи хурд кӯҳнашуда ҳисобида шуд. Тарзи ҷарроҳии ин беморон аз гузаронидани транспозитсияи пайиву мушакӣ бо мақсади ҷуброн намудани функсияи аздастрафтаи росткунандаи ангуштон ва панҷаи пой аз ҳисоби мушакҳо-синергистҳо иборат буд. Дар 29 (80,6%) ҳолат ҳиссаи паҳлӯии мушаки моҳичаро дар мавқеи росткунандаи умумии ангуштон ва росткунандаи дарози ангушти калони панҷаи по ба кор дароварданд. Ҳиссаи берунаи мушаки моҳича дар сатҳи пеши пайванди соқу попанҷа ба воситаи канори берунаи соқ, мушаки ақиби соқи калонро ба воситаи сатҳи дохилии (медиалии) соқ гузарониданд. Дар 3 ҳолат ҷарроҳии тенодезкунанда бо роҳи кӯтоҳ намудан ва дӯхтани пайи мушакҳои пеши соқи калон, росткунандаи дарозии ангуштони панҷаи пой ва росткунандаи дарози ангушти калон ба нақби ташаккулдодашудаи устухони соқи калон иҷро карда шуд.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Дар давраи наздики баъдиҷарроҳӣ ҳамаи 107 бемори ҷарроҳишуда назорат карда шуданд. Ҷараёни давраи баъдиҷарроҳии беморон мавзун, сиҳатшавии захмҳо ба таври аввалия буд. Дар давраи баъдиҷарроҳӣ андом дар давоми 3 ҳафта бо лангети гаҷӣ имобилизатсия карда шуд, ба беморон антибиотикҳо, доруҳои бедардкунанда таъин карда шуд. Дарзҳои пӯст дар шабонарӯзи 14-ум, лангети гаҷӣ бошад, дар шабонарӯзи 21-ум гирифта шуд. Як моҳ пас аз ҷарроҳӣ дар шароити амбулаторӣ ба беморон дар ҷойи зисташон доруҳое таъин карда шуданд, ки сабзиши аксонҳоро беҳтар мекунанд. Муолиҷаи консервативӣ витаминҳои гурӯҳи «В», медиатори интиқоли синапсӣ (прозерин), доруҳои фаъоли биологӣ (дибазол, алоэ) ва албатта ба таври ҷузъӣ истифода бурдани гармии хушк – аппликатсияи парафин ё озокеритро дар бар гирифт, ҳамчунин масҳ ва варзиши муолиҷавӣ таъин карда шуд. Қайд кардан лозим аст, ки муолиҷаи дар боло овардашудаи консервативиро беморон такроран бо фосилаи як моҳ гирифтанд. Баъди гирифтани лангети гаҷӣ ба беморон пӯшидани ортез барои пайванди соқу панҷаи пой тавсия карда шуд.

Натиҷаҳои дур дар муҳлатҳои аз 6 моҳ то 15 сол дар 96 нафар (89,7%) беморони ҷарроҳишуда – 67 нафар беморони гурӯҳи аввали клиникӣ ва 29 нафар гурӯҳи дуюми клиникӣ назорат карда шуданд. Натиҷаҳои дури функсионалӣ дар ҳар як гурӯҳи клиникӣ ба таври алоҳида баҳо дода шуданд. Меъёри асосии баҳодиҳии натиҷаҳо устуворшавии панҷаи пой ҳангоми роҳгардӣ, қувваи экстензияи фаъоли панҷаи пой ва ангуштон шуморида шуд. Дар 65 нафар (97%) беморони назоратшудаи гурӯҳи аввали клиникӣ экстензияи хуби панҷаи пой ва ангуштон мушоҳида карда шуда, панҷаи пой ҳангоми роҳгардӣ муътадил буд, роҳгардии нусхабардорона вуҷуд надошт. Дар 2 ҳолат (3%) кашишхӯрии мушакҳои сатҳи пеши соқ барои экстензияи фаъол ва устуворшавии панҷаи пой ҳангоми роҳгардӣ нокифоя буд. Ба ин беморон иҷро намудани транспозитсияи пайиву мушакӣ дар марҳилаи дигари муолиҷаи ҷарроҳӣ тавсия дода шуд.

Аз 29 нафар беморони назоратшудаи гурӯҳи дуюми клиникӣ дар 27 нафар (93,1%) натиҷаҳои хубу қаноатбахш мушоҳида карда шуд: роҳгардии нусхабардорона ва панҷаи пойи овезон пурра бартараф шуданд. Дар 2 нафар (6,9%) натиҷаҳои дури ислоҳи ортопедии фалаҷи соқи хурди пой ғайриқаноатбахш буд, аз ин сабаб амалиёти ҷарроҳии такрории онҳо гузаронида шуд.

Дар асоси таҳлили маълумоти адабиёти илмӣ Ш.Д. Имяров [1] ба хулосае омад, ки муолиҷаи шаклдигаркунии панҷаи пой аз 6% то 50% натиҷаи дури ғайриқаноатбахш дорад. Мувофиқи маълумоти А.П. Чернов ва ҳаммуаллифон [2] натиҷаҳои дарзи нӯг ба нӯг ҳангоми қатъи асаби соқи хурд ва невролиз ҳангоми компрессияи он дар муҳлатҳои ҷоиз хуб буданд, дар беморони дорои атрофияи аллакай бебозгашти денерватсионии мушакҳои бо асабҳои соқи хурд иннерватсияшуда натиҷаҳои хуб бо иҷрои транспозитсияи пайиву мушакӣ ба даст оварда шуд.

Тавре таҷрибаи мо нишон медиҳад, беморон ба муассисаҳои махсусгардондашуда дар муҳлатҳои гуногуни баъди осеббардорӣ муроҷиат менамоянд. Бояд қайд намуд, ки барвақт муроҷиат намудани беморон ҳалли вазифаҳои мураккаби тактикиро талаб намекунад ва ҳаҷми ҷарроҳӣ аз барқарор намудани мутассилияти танаи асаб ё декомпрессияи он иборат аст. Ҳангоми дар муҳлатҳои дури баъди осеббардорӣ муроҷиат намудан табобат нисбатан душвортар аст, чунки ба ҷарроҳ муайян намудани намуди зарурии амалиёти ҷарроҳӣ – тармими асаб ё ислоҳи ортопедии панҷаи пой лозим меояд. Дар ин замина усули пешниҳоднамудаи мо оид ба муайян намудани кӯҳна будани осеби асаби соқи хурд вобаста ба дараҷаи осеб ва вақти баъди осеб сипаришуда бо назардошти даврае, ки дар давоми он тағйироти денерватсионӣ дар гурӯҳи пеши мушакҳои соқ ҳанӯз бозгардандаанд, қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Хулоса, муолиҷаи ҷарроҳии осебҳои асаби соқи хурд ва оқибатҳои он бо назардошти давраи денерватсия-реиннерватсияи мушакҳои соқ имкон медиҳад, ки тарзи ҷарроҳӣ дуруст интихоб карда шуда, натиҷаҳои хуби функсионалӣ ба даст оварда шаванд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 12.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2