Зеҳн

Ҳолат ва тасҳеҳи статуси антиоксидантӣ дар гирифторони бемории зардпарвини механикии генези хушсифат

21 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Қ.Р. Назирбоев, К.М. Қурбонов

Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1 (мудири кафедра д.и.т. Ш.Қ. Назаров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Афзоиши шумораи гирифторони норасоии ҷигар (НҶ), ки сабабгораш зардпарвини механикӣ (ЗМ) мебошад, ва на ҳамеша мусбат будани натиҷаҳои муолиҷа тасҳеҳи муносиби тамоми ҷузъҳои патогенези ин бемориро ба яке аз мушкилоти нисбатан муҳими ҷарроҳии таъҷилии абдоминалӣ табдил медиҳад [3]. Истифодаи усулҳои муосири муолиҷаи ҷарроҳӣ ва лавозимоти реаниматсионӣ, бешубҳа, ба беҳтаршавии натиҷаҳои муолиҷаи гирифторони бемории ЗМ мусоидат кард [4], аммо ин натиҷаҳо табибонро қаноат карда наметавонанд. Фавтияти баъдазҷарроҳӣ дар байни беморони мубталои зардпарвини ғайриомосӣ аз 4% то 23%-ро ташкил мекунад [1]. Сабаби фавтияти беморони мубталои ЗМ обструксияи бардавоми билиарӣ бо инкишофи тағйирёбиҳои некробиотикӣ ва дегенеративӣ дар бофтаи ҷигар мебошад [2]. Аз ин лиҳоз, яке аз масъалаҳои асосии муолиҷаи зардпарвини обтуратсионӣ усулҳои аз ҷиҳати патогенетикӣ асосноки барқароркунии фаъолнокии функсионалии бофтаи ҷигар, ки ба нигоҳдории метаболизми он асос ёфтааст, мебошад [5]. Нақши муҳимтарин дар ташаккули дезорганизатсияи сохторию функсионалии мембранаҳои беруниҳуҷайравӣ ва дохилиҳуҷайравии гепатотситҳоро равандҳои озодрадикалӣ (РОР) мебозанд. Маҳз РОР-и зимни норасоии комил ё нисбии антиоксидантҳои эндогенӣ инкишофёбанда, боиси шиддатёбии оксидшавии перекиси липидҳо (ОПЛ) бо минбаъда фаъолшавии маҷмӯи ферментҳои лизосомӣ мешавад [6].

Мақсади таҳқиқот – омӯзиши ҳолати стресси антиоксидантӣ ва нишондиҳандаҳои оксидшавии перекиси липидҳо дар беморони мубталои бемории ЗМ-и генези хушсифат.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Тадқиқоти мазкур дар асоси натиҷаҳои ташхис ва муолиҷаи маҷмӯии 80 бемори мубталои бемории ЗМ-и генези хушсифат амалӣ карда шуд. Мардон – 26 (32,5%), занҳо – 54 (67,5%) нафар; синну сол аз 17 то 84-сола.

Ҳангоми таҳлили натиҷаҳои маълумот муайян карда шуд, ки дар сохтори бемориҳои хушсифате, ки сабабгори инкишофи ЗМ шудаанд, бемории санги талха (БСТ), ки бо холедохолитиаз оризанок шудааст – 47 (58,8%), бартарӣ дошт. Стенозҳои пистони калони дуоденалӣ (ПКД), аз ҷумла зимни БСТ – дар 12 (15%) мушоҳидаҳо, синдроми Мирризи – дар 6 (7,5%) ва стриктураи холедох ва анастомози билиодигестивӣ дар 15 (18,7%) беморон ошкор карда шуданд. Қайд кардан лозим аст, ки дар тамоми гирифторони ЗМ норасоии ҷигари дараҷаҳои гуногун ҷой дошт.

Барои ташхиси ЗМ, дар қатори таҳқиқҳои асбобӣ ба беморон таҳлили клиникӣ-озмоишгоҳии хун гузаронида шуд, инчунин нишондиҳандаҳои оксидшавии перекиси липидҳо ва стресси антиоксидантӣ дар хун омӯхта шуд.

Натиҷаи таҳқиқот ва баррасии он. Тадқиқоти маҷмӯии гузаронидашуда шаҳодат медиҳад, ки нишондиҳандаҳои биохимиявии хун дар беморони дараҷаҳои гуногуни вазнинии ЗМ ва норасоии ҷигар дар сатҳи хеле баланд мебошанд (ҷадвали 1).

Ҷадвали 1. Баъзе нишондиҳандаҳои биохимиявии хун дар беморони мубталои дараҷаҳои гуногуни вазнинии ЗМ (n=80)

НишондиҳандаҳоДонорҳо (n=40)Дараҷаи сабук (n=25)Дараҷаи миёна (n=35)Дараҷаи вазнин (n=20)
Билирубини умумӣ, мкмол/л20,5то 100100–200200 ва зиёда
Сафедаи умумӣ, г/л64,3±8,360,2±0,656,4±1,252,2±1,3
Индекси протромбин, %92,0±2,0291,1±2,089,3±2,178,3±3,1
АлАТ, мкмол/л0,32±0,090,33±0,081,19±0,15*1,45±0,24
АсАТ, мкмол/л0,42±0,040,46±0,061,25±0,13*1,38±0,17
ФИ, МЕ160,12±8,3342,24±7,3583,16±6,5824,3±7,2

Ҳангоми дараҷаи сабуки (n=25) зардпарвини механикӣ баландшавии муътадили нишондиҳандаҳои АлАт (0,33±0,08 мкмол/л) ва АсАт (0,46±0,06 мкмол/л) ва билирубини умумӣ (то 100 мкмол/л) қайд шуд. Дар беморони дараҷаи вазнинии миёнаи зардпарвини механикӣ (n=35) ҳангоми баландшавии аёни дараҷаи билирубини умумӣ (100–200 мкмол/л), АлАт (1,19±0,15 мкмол/л), АсАт (1,25±0,13 мкмол/л), пастшавии нишондиҳандаҳои сафедаи умумӣ (56,4±1,2 г/л), индекси протромбин (89,3±2,1%) қайд шуд. Нишондиҳандаҳои ФИ ҳам дар дараҷаи баланд (583,16±6,5 МЕ) буданд.

Бешубҳа, вазнинтарин гурӯҳ беморони дараҷаи вазнин (n=20) буданд, ки дар онҳо дараҷаи билирубини умумӣ зиёда аз 200 мкмол/л, нишондиҳандаҳои ферментҳои ситолитикӣ: АлАт – 1,45±0,24 мкмол/л ва АсАт – 1,38±0,17 мкмол/л ташкил кард, инчунин дараҷаҳои ФИ ба таври назаррас баланд (824,3±7,2 МЕ) буданд. Дар баробари ин, нишондиҳандаҳои пасти сафедаи умумӣ (53,2±1,4 г/л) ва индекси протромбин (78,3±3,1%) қайд шуд. Маълумоти мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар гирифторони бемории ЗМ тағйирёбиҳои аён ва амиқи ҷигар, вайроншавиҳои функсияҳои ҳуҷайраҳои ҷигар, инчунин узвҳои ҳаётан муҳим мушоҳида мешаванд, ки механизми ба кор андохтани онҳо фаъолшавии ОПЛ ва стресси антиоксидантӣ мебошад. Барои тасдиқи ин далелҳо миқдори маҳсули ОПЛ (ДК ва МДА) ва стресси антиоксидантӣ (САО) дар зардоби хуни беморони ин гурӯҳ тадқиқ карда шуд (ҷадвали 2).

Ҷадвали 2. Баъзе нишондиҳандаҳои маҳсулоти оксидшавии перекиси липидҳо ва стресси антиоксидантӣ дар гирифторони бемории ЗМ (n=80)

НишондиҳандаҳоДонорҳо (n=40)Дараҷаи сабук (n=25)Дараҷаи миёна (n=35)Дараҷаи вазнин (n=20)
ДК, воҳ.0,87±0,041,42±0,521,74±0,861,84±0,70
МДА, нмол/мл2,1±0,115,24±0,367,24±0,358,64±0,28
Кислотаи аскорбин, мг%1,29±0,030,72±0,240,56±0,380,43±0,30
СОД, воҳ.ш.17,58±0,139,56±0,267,24±0,325,82±0,22

Тавре аз ҷадвал маълум аст, ҳангоми дараҷаи сабуки зардпарвини механикӣ дараҷаи нишондиҳандаҳои ОПЛ (ДК – 1,42±0,52 воҳ., МДА – 5,24±0,36 нмол/мл) баланд шуда буд, нишондиҳандаҳои САО бошад, баръакс (кислотаи аскорбин – 0,72±0,24 мг% ва СОД – 9,56±0,26 воҳ.ш.) паст шуда буд. Дар беморони вазнинии миёнаи зардпарвини механикӣ нишондиҳандаҳои ОПЛ (ДК – 1,74±0,86воҳ., МДА – 7,24±0,35 нмол/мл) ва пастшавии дараҷаи САО (кислотаи аскорбин – 0,56±0,38 мг% ва СОД – 7,24±0,32 воҳ.ш.), дар беморони дараҷаи вазнин бошад, дараҷаи ДК (1,84±0,70воҳ.), МДА (8,64±0,28 нмол/мл) ба таври назаррас баланд буд, нишондиҳандаҳои САО бошад: кислотаи аскорбин – 0,43±0,30 мг% ва СОД – 5,82±0,22 воҳ.ш.-ро ташкил кард.

Тағйирёбии таносуби проксидантию антиоксидантӣ нишон медиҳад, ки бо мурури авҷгирии беморӣ, давомнокии зардпарвин ва инкишофи дигар оризаҳо дар беморони ЗМ дар ҷигар дигаргуниҳои морфологӣ ва биохимиявии барои гепатити музмини ғайрихос ва сиррози билиарии ҷигар хос, мушоҳида мешаванд.

Ҳангоми гузаронидани таҳлили коррелятсионӣ барои муайян кардани муътамадии алоқамандӣ байни нишондиҳандаҳои тадқиқшаванда дар низоми ОПЛ-САО дар гирифторони бемории ЗМ, алоқаи коррелятивӣ байни фаъолнокии СОД ва кислотаи аскорбин ошкор карда шуд. Дар байни ДК, МДА ва фаъолнокии СОД, миқдори кислотаи аскорбин алоқамандии баръакси хаттӣ ошкор карда шуд, ки ин имкон медиҳад вобастагии зиёдшавии ДК, МДА ва кам шудани антиоксидантҳо аз ҳамон як омилҳо тахмин карда шавад.

Натиҷаҳои ҳосилшуда то гузаронидани тарзҳои гуногуни ҷарроҳӣ ва пас аз онҳо вобаста ба хусусияти беморӣ, вазнинии зардпарвин барои истифодаи маводи доругии дорои таъсири антигипоксикӣ ва антиоксидантӣ (аз ҷумла ремаксол) асос буданд. Бо мақсади гузаронидани омодагии маҷмӯии пешазҷарроҳӣ, инчунин дар марҳилаи пасазҷарроҳӣ дар 40 бемори мубталои ЗМ маводи ремаксол истифода шуд. Ғайр аз ин, ба гурӯҳи назоратӣ боз 40 беморе дохил карда шуд, ки доруи ремаксол истеъмол намекарданд. Ремаксол муддати 5–8 рӯз, 400 мл дар як рӯз як маротиба, дохиливаридӣ бо суръати 40–60 қатра дар як дақиқа таъин карда мешуд.

Барои маълум кардани моҳияти механизми патогенетикии таъсири ремаксол ба гепатотситҳо миқдори маҳсули ОПЛ ва САО дар хун то муолиҷа ва пас аз муолиҷа таҳқиқ карда шуд (ҷадвали 3).

Ҷадвали 3. Баъзе нишондиҳандаҳои ОПЛ ва САО дар гирифторони бемории зардпарвини механикӣ то муолиҷа ва пас аз муолиҷа

НишондиҳандаҳоГурӯҳи асосӣ (n=40), то муолиҷаГурӯҳи асосӣ, пас аз муолиҷаГурӯҳи назоратӣ (n=40), то муолиҷаГурӯҳи назоратӣ, пас аз муолиҷа
МДА, мкмол/л7,23±0,343,1±0,127,22±0,355,9±0,14
СОД, воҳ.ш.7,17±0,3115,6±0,147,23±0,2212,28±0,15
Кислотаи аскорбин, мг%0,56±0,381,21±0,280,55±0,320,96±0,25

Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки ремаксол оксидшавии озодрадикалиро хеле бозмедорад, ки шаҳодати ин пастшавии дараҷаи МДА (аз 7,23±0,34 то 3,1±0,12 мкмол/л) ва зиёд шудани фаъолнокии СОД (аз 7,17±0,31 то 15,6±0,14 воҳ.ш.) ва миқдори кислотаи аскорбин (аз 0,56±0,38 то 1,21±0,28 мг%) мебошад. Ҳамин нишондиҳандаҳо дар беморони гурӯҳи назоратӣ хеле бадтар буданд. Самаранокии ремаксол аз ҳисоби он аст, ки унсури фаъоли он – суксинат суръати сикли кислотаҳои трикарбонро тезонда, расондани НАД-и тайёрро таъмин мекунад ва зуҳуроти дистрофияи чарбуи ҷигарро кам мекунад.

Хулоса. Ҳамин тавр, авҷгирии раванди патологӣ ҳангоми ЗМ-и генези хушсифат ба шиддат ёфтани оксидшавии озодрадикалӣ ва пастшавии антиоксидантҳо дар зардоби хун ки аз мавҷудияти гепатити музмини ғайрихоси реактивӣ ва сиррози билиарии ҷигар шаҳодат медиҳанд, мусоидат мекунад. Далелҳои мазкур зарурати гузаронидани табобати маҷмӯии консервативии давраҳои пешазҷарроҳӣ ва пасазҷарроҳӣ бо истифода аз доруи ремаксолро бо мақсади пешгирӣ намудани авҷгирии норасоии баъдиҷарроҳии ҷигар, беҳтар шудани ҳолати функсионалии ҷигар ва паст шудани басомади оризаҳо ва фавтият талаб мекунад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 16.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2