Ба эътидол овардани норасоии гемореологӣ дар муолиҷаи гирифторони бемории инсулти шадиди ишемикӣ
Ҷ.А. Ахмедов, А.П. Нуров, Ҳ.А. Абдусамадов
Кафедраи анестезиология ва реаниматологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (мудири кафедра профессор Ҷ.А. Ахмедов)
Муҳиммият. Вайроншавии шадиди гардиши хун дар мағзи сар яке аз бемориҳои паҳншудае мебошад, ки ба синну сол вобастагӣ надорад. Ҷараёни вазнини беморӣ, фоизи баланди маъюбӣ ва натиҷаҳои номатлуб хоси ин бемориҳо, яъне инсултҳо мебошад [1–4].
Тибқи маълумоти Ч.П. Верлоу (2008) фавт ҳангоми хунрезиши субарахноидалӣ дар ҳафт рӯзи аввали беморӣ 27%-ро ташкил медиҳад. Баъди бемории инсулт маъюбият то ба 90% мерасад [3–5].
Бо сабаби дар байни аҳолӣ зиёдшавии вазни хоси шахсони миёнсол ба гумон аст, ки дар оянда низ басомади бемориҳои мазкур кам шавад [2–5].
Таҳлили натиҷаҳои ҷараёни инсулти ишемикӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми норасоиҳои неврологӣ дар давоми 3–5 рӯз комилан ташаккул меёбанд. Сатҳи баландтарини фавт аз 70 то 89% мерасад [1–3].
Ба хусусиятҳои вайроншавии шадиди гардиши хун дар майнаи сар зуд ба амал омадани беҳушӣ ва вайроншавии фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим дохил мешаванд.
Табобати интенсивии инсулти шадиди ишемикӣ яке аз проблемаҳои мураккабтарин ва муҳимтарин аст [1, 3]. Дар даҳсолаҳои охир зиёдшавии шумораи инсулти шадиди ишемикӣ дар сохтори патологияҳои музмини майнаи сар ба мушоҳида мерасад.
Бо шарофати усулҳои замонавии ташхис (томографияи компютерӣ), муолиҷа ва пешгирӣ фавт аз инсулти шадиди ишемикӣ дар солҳои охир аз 42 то 31% паст фаромадааст [2–4]. Дар намудҳои паҳнгаштаи инсулти шадиди ишемикӣ ин рақамҳо 42–55%-ро ташкил медиҳанд [1, 3–5].
Калимаҳои калидӣ: гемореология, инсулти шадиди ишемикӣ.
Мақсад аз тадқиқот омӯзиши самарабахшии маводи латрен ва трентал барои ислоҳи норасоии гемореологӣ дар муолиҷаи маҷмӯии беморони инсулти шадиди ишемикӣ мебошад.
Мавод ва усулҳои тадқиқот. Дар шуъбаи эҳёгарии калонсолони МД ММТ ҶТ 30 бемор бо инсулти шадиди ишемикӣ (ИШИ) таҳти назар қарор доштанд. Синну соли беморон аз 68 то 80 сол (ба ҳисоби миёна 74,0±1,0 сол) буд. Бо мақсади ба эътидол овардани норасоиҳои гемореологӣ дар ҳоли гузаронидани муолиҷаи маҷмӯии вусъатнок ба беморон маҳлулҳои Латрен ва Трентал ба дохили варид таъин карда шуд.
Барои баҳодиҳии ҳолати беморон ва самаранокии табобати гемореологӣ усулҳои тадқиқоти зерин истифода шуданд: бақайдгирии нишондиҳандаҳои гардиши хун – фишори шарёнӣ (ФШ), шумораи заробони кашишхӯрии дил (ШЗКД), фишори марказии варидӣ (ФМВ), электрокардиография (ЭКГ), ҳолати туршию ишқорӣ, нишондиҳандаҳои гемоглобин ва гематокрит (Hb, Ht), лахташавии хун, ғилзати хун.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Ба эътидол овардани гемокоагулятсия ва реологияи хун дар соатҳои аввали бистарӣ гардонидани беморон яке аз марҳилаҳои асосии табобат мебошад. Ҳангоми бистарӣ шудани беморони инсулти шадиди ишемикӣ дар шуъбаи эҳёгарӣ тағйироти зерин қайд шуд: баландшавии фишори шарёнӣ (фишори систоликӣ – 180,0±6,0 мм сут. сим.; фишори диастоликӣ – 96,0±3,0 мм сут. сим.), ғилзати хун (7,2±0,9 сантипуаз), протромбин (115,0±2,0), гемоглобин (148,0±6,0 г/л), гематокрит (47,0±1,2%), пастшавии электролитҳои хун (K⁺ дар плазма – 3,6±0,2 ммол/л; Na⁺ дар плазма – 131,0±2,0 ммол/л), аз тарафи ҳолати туршию ишқорӣ – алкалози респираторӣ (pH – 7,34±0,01; SB – 22,0±1,0 ммол/л; BE – 5,0±2,0 ммол/л; pCO₂ – 34,0±2,0 мм сут. сим.; pO₂ – 88,0±3,0 мм сут. сим.).
Баъди табобати вусъатноки инсулти шадиди ишемикии майнаи сар бо ворид кардани маҳлулҳои Латрен ва Трентал нишондиҳандаҳои физиологӣ чунин тағйир ёфтанд: фишори шарёнӣ 15% (то 170,0±1,5 мм сут. сим.), ғилзати хун 8% (то 6,1±0,6 сантипуаз), протромбин 20% (то 97,0±1,0), гемоглобин (то 131,0±3,0 г/л) ва гематокрит (то 41,0±2,0%) паст шуданд. Электролитҳои хун (K, Na) ва ҳолати туршию ишқорӣ ба меъёр омаданд.
Дар 20 бемори гурӯҳи назоратӣ, ки дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шуданд, чунин тағйирот мушоҳида шуд: ФШ (систоликӣ – 178,0±4,0 мм сут. сим.; диастоликӣ – 84,0±3,0 мм сут. сим.), ШЗКД – 76,0±3,0 дар 1 дақ., ғилзати хун – 7,0±1,0 сантипуаз, гемоглобин – 146,0±4,0 г/л, гематокрит – 44,0±3,0%.
Ин беморон дар табобати вусъатнок маҳлули Латрен ва Трентал қабул накарданд. Пас аз 5 рӯзи табобат дар ин беморон нишондиҳандаҳои ғилзати хун, протромбин, гемоглобин ва гемотокрит ба эътидол омад.
Хулоса. Дар беморони инсулти шадиди ишемикии майнаи сар хавфи баландшавии норасоии гемореологӣ (ташаккулёбии тромб) мавҷуд мебошад. Бинобар ин, дар табобати вусъатноки онҳо истифодаи маҳлулҳои Латрен ва Трентал барои ба эътидол овардани хусусиятҳои гемореологӣ зарур аст.
Маълумоти бадастомада имкон медиҳад, ки ин маҳлулҳо барои ба эътидол овардани норасоиҳои гемореологӣ ва микросиркулятсионӣ ба беморони инсулти шадиди ишемикӣ тавсия дода шаванд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 20.




