Хусусиятҳои муолиҷаи ҷарроҳии нефролитиаз дар кӯдакон
Ш.Р. Султонов, Д.М. Маҳмадҷонов, З.А. Бобоев, Ш.Ч. Раҳмонов
Кафедраи ҷарроҳии кӯдакона (мудири кафедра профессор Ш.Р. Султонов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Калимаҳои калидӣ: нефролитиаз, пиелонефрит, кӯдакон, нефролитотомия, пиелолитотомия, бемории санги пешоб.
Муҳиммият. Муолиҷаи бемории нефролитиаз дар кӯдакон солҳои охир ба туфайли усулҳои муосири муолиҷаи ҷарроҳӣ (нефролитотрипсияи пӯстгузар, литотрипсияи масофавӣ), инчунин усулҳои нави ба таври эндоскопӣ рафъ кардани сангҳо инкишофи нав касб намуд. Тибқи маълумоти муаллифони зиёд, зиёда аз 80–90%-и сангҳои гурдаро тавассути тарзҳои муолиҷаи ғайриинвазивӣ (литотрипсияи экстракорпоралӣ) ё каминвазивӣ (эндоскопӣ) бартараф кардан мумкин аст. Усулҳои мазкур камбудиҳо низ доранд: ба таври эндоскопӣ бартараф кардани сангҳо дар кӯдакони синни барвақт метавонад бо осеби роҳҳои пешоб анҷом ёбад; литотрипсияи экстракорпоралӣ бо ёрии мавҷи зарба метавонад боиси вайроншавии функсияи гурдаҳо шавад. Айни ҳол, на ҳамаи муассисаҳои табобатӣ бо дастгоҳҳои эндоскопӣ ва литотрипсӣ таҷҳизонида шудаанд [1, 3, 5, 6].
Мувофиқи маълумоти мо ва маълумоти адабиёт, дар гирифторони бемории нефролитиаз нуқсҳои инкишофи роҳҳои болои пешоб дар 35–62%, пиелонефрити шадиди фасодии калкулёзӣ (ПШФК) дар 6–19,8% вомехӯрад [2, 4, 7, 8]. Ин нишондиҳандаҳо, махсусан дар кӯдакони синни барвақт истифодаи васеи технологияҳои муосир (усулҳои эндоскопӣ ва литотрипсияи экстракорпоралӣ)-ро маҳдуд месозанд. Аз ин сабаб, зимни оризаҳо, ҳангоми сангҳои калон, сершумор ва марҷонмонанд ҳангоми якҷояшавии сангҳои гурда бо аномалияҳои инкишофи системаи пешоб усулҳои анъанавӣ – ҷарроҳии кушодаро истифода бурдан лозим аст. Муайян кардани тарзи муолиҷа, интихоби нишондод барои истифодаи ягон намуди ҷарроҳӣ, ба назар гирифтани оризаҳои эҳтимолӣ, такмили тарзу усулҳо имрӯз ҳам муҳиммияти худро гум накардаанд.
Мақсади таҳқиқот: беҳтар кардани натиҷаҳои иҷрои ҷарроҳии кушода ҳангоми бемории нефролитиаз дар кӯдакон.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Тадқиқот таҳлили мушоҳидаҳо ва табобати ҷарроҳии 121 кӯдаки 1–15-солаи гирифтори нефролитиази оризанок (НО)-ро, ки дар клиникаи ҷарроҳии кӯдаконаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар базаи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2004–2016 ҷарроҳӣ карда шуданд, фаро гирифт. Кӯдакони аз 1 то 5-сола – 50 нафар, аз 6 то 10-сола – 46 нафар, аз 11 то 15-сола – 25 нафарро ташкил карданд. Писарон (76 нафар) аз духтарон (45 нафар) зиёдтар буданд. 63,6%-и кӯдаконро сокинони минтақаҳои номусоиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекарданд.
Омилҳои гуногуни хусусиятҳои соматикӣ, ки ҷараёни бемории асосиро вазнинтар мекарданд, дар 87,1% беморон ошкор карда шуданд. Бештар инҳо кӯдакони то 3-сола буданд. Дар нисфи зиёди беморон патологияҳои гуногуни соматикӣ: гипотрофия, анемияи гипохромӣ, пневмонияи шадид, бемориҳои шадиди респираторӣ, рахит, чурраи девораи пеши шикам, афтодани рӯдаи рост ва ғ. қайд шуд. Ба вазнинии ҳолати умумии беморони се соли аввали ҳаёт патологияи соматикӣ, дар кӯдакони калонсолтар бошад, бештар тағйирёбии системаи пешоб мусоидат мекард.
Ба тамоми беморон муоинаи клиникӣ-озмоишгоҳӣ, усулҳои тадқиқи бактериологӣ гузаронида шуд, функсияи умумии гурдаҳо омӯхта шуд. Таҳлили маълумоти рентгенологӣ ва усулҳои сонографикии муоина иҷро карда шуд. Нишондиҳандаҳои морфологии гурдаҳо тадқиқ карда шуданд.
Муоинаи ҳаматарафаи беморон ба муайян кардани намуд ва мавқеи конкрементҳо, навъи сохтори ҳавзак, мавҷудияти оризаҳои нефролитиаз, ба арзёбӣ кардани вазнинии ҳолати умумӣ бо назардошти патологияи ҳамроҳикунанда ва аномалияи инкишофи роҳҳои пешоб, ба ошкор кардани вазнинӣ ва давраи фаъолнокии пиелонефрити калкулёзӣ (ПК) ва ба такмил додани ташхис ва муайян кардани марҳилаи гидронефрози калкулёзӣ (ГК) бо назардошти давраҳо ва фаъолнокии ПК имконият дод. Натиҷаҳои муолиҷаи ҷарроҳии марҳилаи наздиктарини баъдиҷарроҳӣ ва муҳлатҳои дури мушоҳидаҳо баҳодиҳӣ карда шуданд. Усулҳои муолиҷаи кӯдакони мубталои нефролитиаз гуногунанд, онҳоро ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим кардан мумкин аст: консервативӣ ва ҷарроҳӣ. Интихоби муолиҷа аз ҳолати умумии бемор, синну соли он, аз ҷараёни клиникии беморӣ, аз ҳаҷм ва мавқеи сангҳо, аз ҳолати анатомӣ-функсионалии гурдаҳо, давраҳои норасоии музмини гурда вобаста аст.
Муолиҷаи консервативӣ ҳамчун алтернативаи рафъи сангҳо ҳисоб намеёбад, балки яке аз марҳилаҳои муолиҷаи маҷмӯии гирифторони бемории нефролитиаз мебошад. Муолиҷаи дорувории нефролитиаз дар кӯдакон чунин тадбирҳоро фаро мегирад: муайян кардан ва ислоҳ кардани вайроншавиҳои метаболикӣ; гузаронидани табобати зиддиилтиҳобӣ; таъсир расондан ба гемодинамикаи узв ва баланд бардоштани муқовиматнокии организми кӯдаки бемор; муолиҷаи бемориҳои ҳамроҳикунанда; назорати доимии кӯдакон бо минбаъда ислоҳи муолиҷа. Ҳангоми хуруҷҳои дарди на он қадар сахт ба кӯдакони бемор спазмолитикҳо, инчунин гармии маҳаллӣ (ҳаммоми гарм, гармкунак ё компресси гармкунанда ба ноҳияи миён) таъин карда мешавад. Ҳангоми синдроми дарди аён ба шакли коликаи гурда ба кӯдакон аналгин, трамадол, ҳангоми зарурат маҳлули 1%-аи промедол ворид мекунанд. Дар кӯдакони синни калонтар блокадаи новокаинии танобаки нутфа тибқи усули Лорин-Эпштейн ё блокадаи новокаинии миён тибқи усули Вишневский истифода мешавад. Ба муолиҷаи консервативӣ дохил кардани маводе, ки ба обшавии сангҳо мусоидат мекунанд (уролисан, магурлит, уролит, фитолизин, оксиди магний, витаминҳои А, В1, В6, бо назардошти ҳассосияти микрофлора – антибиотикҳо) аҳамияти калон дорад, инчунин фитотерапия, парҳез, табобати осоишгоҳӣ таъин карда мешавад.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Муваффақиятҳои муолиҷаи бемории нефролитиаз дар кӯдакон муҳиммияти масъалаи ба таври ҷарроҳӣ рафъ кардани сангҳоро кам намекунад. Басомади зиёди ҷойгиршавии дохилигурдаии ҳавзак (79,5%), инчунин фоизи калони сангҳои марҷоншакл ва сангҳои марҷоншакл дар якҷоягӣ бо сангҳои зиёди гурдаҳо (77,6%) зарурати таъмини дастрасии хуб ба гурдаҳо барои рафъи сангҳо ба миён меорад. Чунин дастрасиро нефротомия таъмин менамояд. Дар клиника усули нефротомия тибқи А.Т. Пулатов (1966, 1973, 1982, 1990, 1998) коркард ва якчанд маротиба мукаммал гардонда шуд. Нефролитотомия нисбатан бештар ба кӯдаконе истифода карда шуд, ки дар гурдаҳояшон ҳам сангҳои марҷоншакл ва ҳам сангчаҳои бисёр доштанд. Ба кӯдакони то 7-сола нефролитотомия ба беморони мубталои ҳавзаки дохилигурдаӣ ва намуди омехта, зимни тамоми намуди сангҳо иҷро карда шуд. Ба кӯдакони аз 7-сола боло нефролитотомия асосан ҳангоми намуди дохилигурдаии ҳавзак амалӣ карда шуд, дар ҳоле ки андозаҳои қисми интрареналии санг аз 1,7 то 3,1 (2,3±0,01) см, андозаҳои қисми беруназгурдаии ҳавзак бошад, аз 0,8 то 1,1 (0,9±0,02) см-ро ташкил мекард. Басомади нефролитотомия ҳангоми сангҳои марҷоншакл ва якҷояшавии сангҳои марҷоншакл бо сангҳои сершумор баробар қайд шуд. Ҳангоми сангҳои марҷоншакл нишондод барои истифодаи нефролитотомия дар кӯдакони гирифтори ҳавзаки намуди омехта аз рӯи урограммаҳои экскреторӣ бо назардошти баландии қисми дохилигурдаии санг ва қисми беруназгурдаии ҳавзак муайян карда мешуд. Дар ин ҳол, баландии қисми интрареналии санг аз 2,0 то 3,2 (2,5±0,1) см, баландии қисми экстрареналии ҳавзак аз 1,0 то 1,6 (1,2±0,06) см, фарқияти қисми интрареналии санг ва ҳавзак 1,0–1,8 (1,5±0,08) см-ро ташкил мекард. Ба 34 бемор нефролитотомия гузаронида шуд.
Нефролитотомия дар тамоми ҳолатҳо бо усули сабуки А.Т. Пулатов амалӣ карда шуд, ки чор марҳиларо дар бар мегирад: мобилизатсияи гурда ва қисмҳои болои роҳҳои пешоб; нефролитотомия, рафъи конкрементҳо аз системаи косачаву ҳавзакӣ; биопсияи гурдаҳо, дӯхтани ҷароҳати гурда, шустани лахтаҳои хун ва дренажкунии системаи косачаву ҳавзакӣ; тасбити гурда ва дӯхтани захми ҷароҳат.
Ҳамин тавр, нефролитотомия бештар ба беморони дорои сангҳои марҷоншакл ва ба беморони дорои сангҳои марҷоншаклу сангчаҳои бисёр дар гурда амалӣ карда шуд. Дар кӯдакони то 7-сола бо усули нефролитотомия сангҳои марҷоншакл ҳангоми ҳавзаки намуди дохилигурдаӣ ва намуди омехта рафъ карда шуданд.
Бо назардошти намуд ва ҳаҷми конкрементҳо, намуди сохтори ҳавзак ва синну соли беморон аз рӯи нишондод – пиелолитотомияи қафоӣ ба 40, пиелолитотомияи пешӣ ба 16 (ҳамагӣ ба 56) бемор иҷро карда шуд.
Ҳангоми мавҷудияти сангҳои марҷоншакл дар якҷоягӣ бо сангҳои сершумор пиелолитотомия танҳо ба кӯдаконе иҷро карда шуд, ки зимни ҳавзаки беруназгурдаӣ пиелоэктазия мушоҳида мешуд. Ба кӯдакони то 7-сола пиелолитотомия асосан ҳангоми сангҳои ҳавзак ва сангҳои ҳаракаткунандаи косачаҳо, ки онҳоро аз косача ба ҳавзак фуровардан мумкин буд, иҷро карда шуд. Дар ин ҳол сангҳои якка ва марҷоншакли дараҷаҳои як ва ду қайд шуданд. Нишондод ба истифодаи пиелолитотомия ҳангоми сангҳои марҷоншакл дар беморони гирифтори ҳавзаки намуди омехта вобаста ба андозаҳои қисми дохилигурдаии санг ва қисми беруназгурдаии ҳавзак муқаррар карда мешуд. Дар ин ҳолатҳо баландии қисми дохилигурдаии санг аз 1,4 то 2,1 (1,7±0,07) см, қисми беруназгурдаии ҳавзак бошад, аз 0,9 то 1,7 (1,3±0,08) см-ро ташкил мекард.
Пиелолитотомия ҳам ба беморони дорои сангҳои якка ва ҳам ба беморони дорои сангҳои марҷоншакли ҳавзак гузаронида шуд. Дар ин ҳол ба кӯдакони тамоми синну сол бо усули пиелолитотомия сангҳои марҷоншакли дар ҳавзаки намудҳои омехта ва беруназгурдаӣ ҷойгиршуда рафъ карда шуд. Дар ҳолати мавҷудияти ҳавзаки намуди дохилигурдаӣ сангҳое рафъ карда шуданд, ки фарқияти қисми дохилигурдаӣ ва қисми беруназгурдаии ҳавзаки он аз 0,7 см зиёд набуд.
Дар муолиҷаи ҷарроҳии нефролитиаз дар 37% ҳолатҳо рафъи санг бо ҷарроҳиҳои пластикӣ дар якҷоягӣ амалӣ карда мешуд, ки ба барқарор кардани гузаронандагии роҳҳои пешоб равона шуда буданд. Дар байни ҷарроҳиҳои пластикие, ки бо ҷарроҳиҳои рафъи сангҳо (пиелолитотомия, нефролитотомия, коликотомия) дар якҷоягӣ амалӣ карда мешуданд, нисбатан зиёд уретеролиз (ба 57 бемор) иҷро карда шуд. Мо «уретеролиз»-ро танҳо дар мавридҳое ба ҷарроҳии алоҳида нисбат додем, ки раванди лиҳомӣ дар ноҳияи сегменти ҳавзаку ҳолиб боиси тангшавии зиёда аз нисфи диаметри равзани ҳолиб шуда буд.
Дар он ҳолатҳое, ки раванди лиҳомӣ дар атрофи гурда ва дарвозаҳои он қайд мешуд, гузаронидани нефролиз ва ҷудо кардани сегменти ҳавзакию ҳолибӣ марҳилаи гузаронидани дахолати асосии ҷарроҳӣ ҳисоб мешуд. Пас аз нефролиз, уретеролиз ва рафъи конкремент ҳолиб бо найчаи тунуки полиэтиленовии диаметраш то 4 мм найчагузорӣ карда шуд. Системаи косачаву ҳавзакӣ бо найчаи дуюми полиэтиленовии диаметраш калон (5–6 мм) дренаж карда шуд. Солҳои охир истифодаи васеи стентҳо мушоҳида мешавад.
Дар клиника ҳангоми равандҳои обструктивӣ дар ноҳияи гарданаки косачаҳо самаранокии колико-коликокостомия такмил ва исбот карда шудааст. Ин имкон дод, ки уродинамикаи роҳҳои пешоб нисбат ба бемороне, ки ба онҳо ин усул гузаронида нашуд, беҳтар ва ҳаҷми системаи косачаву ҳавзакӣ кам карда шавад.
Ҳангоми равандҳои доғшавию илтиҳобии ноҳияи сегменти ҳавзакию ҳолибӣ, ки сабабгори тангшавӣ ё норасоии функсионалии он буданд, ба 16 бемор дар қатори рафъи сангҳо тибқи усули Андерсон–Хайнс–Кучера неопиелоуретероанастомоз иҷро карда шуд. Зимни сангҳои такрорӣ, ки дар натиҷаи нуқсҳои модарзодии инкишофи гурдаҳо ташаккул ёфтанд, дар баробари рафъи конкрементҳо дар ҳар як ҳолати мушаххас ислоҳи ин нуқсҳо гузаронида шуд.
Ҳаҷм ва усули дахолати ҷарроҳӣ ҳангоми мавҷудияти пиелонефрити шадиди обструктивию фасодии калкулёзӣ (ПШОФК), ки зимни нефролитиаз инкишоф меёбад, то ҳол баҳснок мебошанд. Нефростомияи декомпрессивӣ, ки дар клиникаи мо ва дигар клиникаҳо ҳангоми нефролитиази оризаноки марҷоншакл ва сершумор ҳамчун ҷарроҳии ҳаҷман минималӣ васеъ истифода мешавад, на ҳама вақт самаранок буд. Ин усул на дар ҳама ҳолатҳо ба камшавии инфилтратсияи илтиҳобии бофтаҳои гурда мусоидат мекунад, дренажкунии комили системаи косачаву ҳавзакӣ ва барқароркунии пурраи уродинамикаро таъмин намекунад. Аз ин сабаб, дар клиника истифода кардани усули нисбатан радикалии нахустин нефролитотомия бо нефростомия ба роҳ монда шудааст, ки ба барқароршавии оптималии уродинамикаи вайроншуда мусоидат мекунад. Дахолати ҷарроҳӣ аз нефролиз, мобилизатсияи рагҳои магистралии гурдаҳо, муваққатан гузоштани турникет ба пойчаи раг ҳангоми нефротомия ва санатсияи системаи косачаву ҳавзакӣ аз санг иборат аст. Лаҳзаи муҳими ҷарроҳии нефролитотомия ҳангоми ПШОФК дуруст гузоштани кӯкҳои гиреҳӣ ба ҷароҳати паренхимаи гурда мебошад.
Кӯкҳо бояд рост ва кам бошанд ва дар мавзеи ҷароҳати паренхима гардиши хун ва лимфаро вайрон накунанд. Барои пешгирии буридани кӯкҳо халондан ва баровардани сӯзан бо кетгут 2,0–2,5 см дуртар аз канорҳои бофтаи инфилтратсияшудаи гурда иҷро карда мешавад; масофаи байни кӯкҳо бояд аз 2,0 см камтар бошад. Барои шустани системаи косачаву ҳавзакӣ ду найчаи полиэтиленовӣ гузошта мешавад. Эътимоднокӣ ва самаранокии кори найчаҳои дренаж бо роҳи шустани системаи косачаву ҳавзакӣ тавассути дренажҳо бо маҳлули каме гарми безараргардонидашуда назорат карда мешавад. Тибқи усули мазкур ба 17 бемор ҷарроҳӣ иҷро карда шуд. Барои ба даст овардани натиҷаҳои хуби муолиҷаи ҷарроҳӣ назорати дурусти давраи баъдиҷарроҳӣ аҳамияти калон дорад. Ба беҳтаршавии марҳилаи баъдиҷарроҳӣ усули дар клиника коркардшудаи шустани бисёршаборӯзаи қатравии системаи косачаву ҳавзакӣ бо маҳлули гарми антисептикҳо мусоидат мекунад. Истифодаи ин усул ба зуд тозашавии системаи косачаву ҳавзакӣ аз лахтаҳои хун ва фибрин, инчунин ба беҳтаршавии хунгардиш дар гурдаҳо мусоидат мекунад. Муайян кардани муҳлатҳои дренажкунӣ муҳим аст. Барои гирифторони бемории ПК1 муҳлати дренажкунии системаи косачаву ҳавзакӣ набояд аз 5–6 шаборӯз зиёд бошад. Ҳангоми ПК2 муҳлати дренажкунӣ метавонад то 10 рӯзро дар бар гирад. Ҳангоми истифодаи ин усул дар ягон ҳолат авҷгирии ПК қайд нашуд. Дар ин ҳол, муҳлати будубоши бемор дар беморхона ба ҳисоби миёна 3–4 рӯз камтар шуд. Дренажкунии системаи косачаву ҳавзакӣ дар давраи баъдиҷарроҳӣ ба ҷараёни мавзуни он, пешгирии авҷгирии пиелонефрити музмин, пастшавии сангташаккулёбии такрорӣ дар муҳлатҳои дури мушоҳида мусоидат менамояд.
Хулосаҳо:
-
Ошкорсозии барвақти раванди патологӣ ба бартарафкунии саривақтии обструксияи роҳҳои пешоб, ки сабабгорашон на танҳо конкрементҳо, балки патологияҳои модарзодӣ ва дар ҳаёт пайдошуда мебошанд, мусоидат мекунад. Муолиҷаи раванди илтиҳобӣ ва бемориҳои ҳамроҳикунанда шароити хуби оқибати муолиҷаи ҷарроҳӣ мебошад.
-
Дар кӯдакон ҳангоми сангҳои марҷоншакл ва сангҳои сершумор, ки системаи косачаву ҳавзакии гурдаро пур мекунанд, дар ҳоле ки андозаҳои қисми интрареналии санг нисбат ба қисми беруназгурдаии ҳавзак калонтар аст, нишондод барои истифодаи нефролитотомия мебошад.
-
Мавҷудияти сангҳои якка ва марҷоншакли ҳавзак нишондод барои истифодаи пиелолитотомия мебошад.
-
Рафъи сангҳо аз гурда дар 37% ҳолатҳо бо ҷарроҳиҳои реконструктивӣ, ки ба барқароршавии уродинамика равона шуда буданд, дар якҷоягӣ истифода шуд.
-
Ҳангоми мавҷудияти пиелонефрити шадиди обструктивию фасодии калкулёзӣ, ки зимни нефролитиаз инкишоф меёбад, истифода кардани усули радикалии нахустин нефролитотомия бо нефростомия зарур аст, зеро он ба барқароршавии оптималии уродинамикаи вайроншуда мусоидат мекунад.
-
Пас аз рафъи конкремент тавассути ҷарроҳии кушода гузаронидани муоинаи мунтазами назоратӣ зарур аст: соли аввал дар се моҳ як маротиба, минбаъд дар ним сол як маротиба.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 22.




