Зеҳн

Муолиҷаи оризаҳои пасазтазриқии фасодию илтиҳобӣ дар нашъамандон

21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

С.А. Холбоев, Х.Н. Мансуров, Н.И. Расулов

Кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ (мудири кафедра н.и.т., дотсент Ҷ.М. Қурбонов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Дар охири асри ХХ ва аввали асри ХХI дигаргуниҳои зиёди сиёсиву иҷтимоӣ ба амал омаданд, ки барои паҳн шудани нашъамандӣ дар миёни аҳолии бисёр мамлакатҳо шароити мусоид фароҳам оварданд. Илова бар ин, мавҷуд набудани манбаи даромади молӣ, фурӯши маводи мухаддир барои баъзе одамон роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти иқтисодӣ гардид. Ҳамин тавр, дар дасти як гурӯҳ аҳолӣ мавҷуд будани маводи мухаддир ба таври табиӣ ба афзоиши шумораи истифодабарандагон мусоидат мекунад.

Хусусияти фарқкунандаи нашъамандӣ дар солҳои охир гузариш аз шакли даҳонӣ ба шакли тазриқии истифодаи он мебошад, ки на танҳо ҷараёни асосии вобастагӣ аз маводи мухаддирро мураккаб мегардонад, балки миқдори зиёди оризаҳои фасодию илтиҳобиро низ ба вуҷуд меорад (А.Д. Гаибов ва ҳаммуал., 2001; А.Ю. Миронов ва ҳаммуал., 2010). Оризаҳои зиёди пасазтазриқии нашъамандон бештар дар миёни ҷавонон ба назар мерасад.

Тазриқи маводи мухаддир, ки бе риояи қоидаҳои асептикӣ ва дар як мавқеъ якчанд маротиба мегузаронанд, сабаби пайдошавии оризаҳои тромбофлебит, тромбоз ва эмболияи рагҳои асосӣ мешавад. Ин оризаҳо ба пайдо шудани думмалҳои пасазтазриқӣ ва дабилаҳо мусоидат мекунанд (А.С. Абрамов ва ҳаммуал., 2010; A.T. Partanen et al., 2009). Қайд кардан зарур аст, ки дар организми заифгардида, ки сабаби он синдроми абстинентӣ ва норасоии масуният мебошад, оризаҳои зикргардида ба таври ғайримуқаррарӣ, ба шакли полиморфӣ ҷараён мегиранд ва муолиҷаи он бо усули анъанавӣ мушкил мегардад (С.Ю. Баранович, 2006; А.Б. Земляной ва ҳаммуал., 2011; C. Irish et al., 2007). Зимни раванди некрозӣ ва инфилтратсияи бофтаҳо ҳангоми тармими рагҳои иллатнокшуда низ мушкилиҳо пайдо мешаванд (Г.А. Блувштейн ва ҳаммуал., 2008; А.С. Никоненко ва ҳаммуал., 2010; S.A. Naqi et al., 2006; R.A. Yegane et al., 2006; A.H.M. Bashar et al., 2010). Ҳамин тавр, ҷараёни ғайримаъмулии оризаҳои ҷарроҳӣ ҳангоми истеъмоли дохилирагии маводи мухаддир, коҳиш ёфтани масунияти маҳаллӣ ва умумӣ, ҷараёни агрессивии раванди фасодию илтиҳобӣ, ки басомади баланди оризаҳои тааффунӣ ва фавт бо он алоқаманд аст, ҷустуҷӯи муносибатҳои навро ба ташхис, муолиҷа ва солимгардонии ин гурӯҳи беморон тақозо мекунанд.

Мақсади таҳқиқот: беҳтар намудани усули ҷарроҳии оризаҳои пасазтазриқии фасодӣ – илтиҳобӣ дар нашъамандон.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар давоми солҳои 2006–2010 дар 64 бемори мубталои нашъамандӣ, ки дорои оризаи пасазтазриқӣ буданд, амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Синну соли беморон аз 18 то 43 сол буда, синни миёна 31±2,4 солро ташкил медод. Мардҳо 63 (97,9%), занон бошад, 1 (2,1%)-ро ташкил медоданд. Маводи асосие, ки нашъамандон истифода бурдаанд, маҳлули ба таври хонагӣ тайёркардаи героин (n=76), ашёи хоми кукнор, ки бо ангидриди сирко коркард шудааст (n=20), навъи муайяннашудаи маводи мухаддир (n=2) мебошанд. Собиқаи умумии нашъамандӣ 20 сол буда, нишондиҳандаи миёна 7±0,6 солро ташкил медод. Мутаносибан давомнокии шакли тазриқии маводи мухаддир аз ду сол зиёд набуд.

42 (42,85%) бемор дар ҳолати вазнин бо сабаби сепсис ва мавҷудияти реаксияи системавии илтиҳобӣ ба беморхона ворид шуданд, дар 34 (34,69%) бемори дигар бошад, клиникаи алоими абстинентӣ мушоҳида гардид. Ташхиси сепсис дар асоси меъёрҳои таснифоти конференсияи амрикоии Коллеҷи пулмонологҳо ва ҷамъияти мутахассисони тибби буҳронӣ – ACCP/ SCCM (1992) гузошта шуд.

Дар 64 (64,8%) бемор, ки шакли тазриқии маводи мухаддирро истифода кардаанд, бемориҳои вазнини ҳамрадиф – сил, гепатит, сифилис, сирояти ВНМО қайд гардиданд, ки ин бемориҳо на танҳо ҳолати умумии беморро вазнин мекунанд, балки ба кормандони тиббӣ ва дигар беморони дар беморхона бистарӣ хавфи воқеӣ эҷод менамоянд.

Ҳамаи беморон аз муоинаҳо – электрокардиография, рентгенографияи қафаси сина ва мавзеи осебёфта, ТУСи узвҳои ковокии шикам, сканеркунии дуплексии рагҳо ва допплерография гузаштанд. Усулҳои иловагии тадқиқоти лабораторӣ, аз ҷумла таҳлили умумӣ ва биокимиёвии хун, таҳлили хун барои ВНМО, маркери гепатитҳо, RW, таҳлили умумии пешоб низ гузаронида шуданд. Ҳамчунин рентгенографияи устухонҳои мавзеи манбаи римии пасазтазриқӣ низ гузаронида шуд.

Барои ташхиси думмал ва дабилаҳо ба таври иловагӣ ТУС-ро бо дастгоҳҳои Siemens SS 800 ва Logiq 3 PRO бо истифода аз датчикҳои хатӣ ва секторалӣ бо басомади 3,5 ва 7,5 МГс истифода намудем.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Зуҳуроти клиникии думмал ва дабила дар нашъамандон хусусиятҳои фарқкунанда доранд. Ташхиси думмал ва дабила дар 30%-и беморон бо сабаби симтоматикаи пӯшидаи клиникӣ мураккаб гардида буд. Дар чунин ҳолат, дар як гурӯҳ беморон, илова бар мураккабии ташхиси думмал ва дабила дар мавзеи эҳтимолии манбаи фасодӣ «чоҳ»-ҳо ва осори зиёди тазриқ ба назар мерасид, ки дар атрофи онҳо инфилтратҳо ташаккул ёфта буданд.

Дар беморхонаҳои умумии ҷарроҳӣ пас аз тадқиқоти пешакии ултрасадоӣ кушодани думмал ва дабилаҳои рагҳои асосӣ иҷро карда шуд. Дар давраи пас аз ҷарроҳӣ муолиҷаи думмал ва дабила бо усули кушода гузаронида мешуд. Ба 16 бемор тавассути контрапертура найчаи заҳкашӣ (фуратсилин + диоксидин, декасан, маҳлули физиологӣ + антибиотик) гузошта шуд. Чунин усули муолиҷа дар беморони мубталои нашъамандӣ таъсири мусбат мерасонад.

Ҳангоми мавҷуд будани қитъаи калони бофтаҳои некрозшуда пас аз чок кардан ҷароҳатро ба таври кушода муолиҷа намудем. Пас аз поксозӣ ҷароҳатро бо перекиси водород ва диоксидин шуста, бо фатилаи докагии бо маҳлули гипертонӣ, диоксидин ва фуратсилин тар кардашуда фатилагузорӣ карда шуд. Марҳилаҳои поксозӣ, некроэктомия ва муолиҷаи кушодаи ҷароҳат, вобаста аз раванди ҷароҳат бо истифода аз навъҳои мухталифи марҳамҳо гузаронида шуд. Дар чор ҳолат баъди гузаронидани некроэктомияи марҳилавӣ ҷароҳат калон шуд ва ин масоҳатро бо усули тармими пӯст аз ҳисоби бофтаҳои маҳаллӣ барқарор намудем.

Дар 15 ҳолат ҳангоми муолиҷаи кушодаи ҷароҳат антибиотики тиватратсинро истифода кардем, ки микроорганизмҳо дар баробари он ҳассосият нишон медоданд. Дар 25 ҳолат шаклҳои дигари антибиотикҳо ба кор бурда шуданд. Тиватратсин антибиотик барои истифодаи берунӣ мебошад, ки дар шакли аэрозол ё хока буда, таркиби он аз омехтаи се моддаи фаъол – неомитсин, полимиксин ва батситратсин иборат аст. Бартарии ин мавод: канори ҷароҳат ва тамоми сатҳи онро фаро гирифта, таъсири антибиотикро ба ҷароҳату микроорганизмҳо васеъ менамояд.

Дар ду бемор қарасони газӣ мушоҳида шуд, ки ба онҳо ампутатсияи аввалияи рон дар сатҳи сеяки болоӣ гузаронида шуд.

Ҳангоми кишт чунин микроорганизмҳо муайян карда шуданд: Staphylococcus aureus, Pseudomonas aeruginosa, Staphylococcus epidermidis. Ин микробҳо ба антибиотикҳо – сефтриаксон ва сипрофлоксатсин ҳассосияти зиёд нишон доданд. Истифодаи ин маводҳо дар табобати тромбози варидҳо бартараф шудани симптоматикаи клиникӣ ва реканализатсияи ҷузъии тромбро ба ҳисоби миёна дар 16±0,2 шабонарӯз имконпазир гардонида, муҳлати муолиҷаро то 20 шабонарӯз кӯтоҳ намуд.

Хулоса. Муолиҷаи ҷарроҳии беморони мубталои нашъамандӣ бо оризаҳои думмалу дабила ва фасодию септикӣ, ки дар натиҷаи тазриқи маводи мухаддир ба вуҷуд меоянд, мураккаб буда, сабабҳои он мавҷуд будани бемориҳои ҳамроҳикунанда, паст будани масунияти бадан ва сироятҳои вирулентнокиашон баланд мебошанд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 28.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2