Роҳҳои беҳтаркунии натиҷаи муолиҷаи муштараки полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан
Н.И. Базаров, Ш.О. Назаров, Ф.И. Салимов
Кафедраи онкология (мудири кафедра профессор Н.И. Базаров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Омосҳои бадсифати аввалиндараҷаи сершумор ё полинеоплазия ин ташкилаҳои яквақта ё пасиҳами манбаи нумӯии бадсифат мебошанд. Онҳо мустақилона ва новобаста аз якдигар дар ҳудуди як ё якчанд узвҳои бадани инсон инкишоф меёбанд. Басомади инкишофи омосҳои бадсифати аввалиндараҷаи сершумор то ҳол муайян нашудааст. Нишондиҳандаи беморшавии навташкилаҳои аввалиндараҷаи сершумор дар Русия соли 2003 аз 5,1 то 7,4 ба сари 100 000 нафар аҳолӣ зиёд шуда буд. Мувофиқи таҳлили синну сол, ҷойгиршавӣ, миқдори манбаҳо ҳангоми саратони аввалиндараҷаи сершумори ҳуҷайраи базалии пӯсти сар ва гардан дар байни 73 нафар беморони 60–69-сола ва 80–89-сола бештар осеби пӯсти пешона ва супраи гӯш – 11 (15%)-и ҳолатҳо мушоҳида гардид. Дар гурӯҳи синну солии 50–69-сола саратони аввалиндараҷаи сершумори ҳуҷайраи базалии пӯсти сар ва гардан аз рӯи ҷойгиршавии онҳо дар тартиби пастшавӣ бо чунин тарз ба назар мерасиданд: лунҷҳо дар 9,5%-и ҳолатҳо, ноҳили лунҷ ва пушти бини – 6,8% ва ғайра қайд шуданд.
Ҳангоми таҳлили миқдори манбаъҳо ва ҷойгиршавии саратони аввалиндараҷаи сершумори ҳуҷайраи базалии пӯсти сар ва гардан мушоҳида шуда буд: 131 – манбаъ дар пӯсти бинӣ, 57 – дар лунҷ, 44 – дар ноҳияи чакка, 33 – дар кунҷи даруни чашм, 28 – дар пилки поён, 23 – супраи гӯш, 19 – ноҳияи фарқи сар, 14 – пилки боло, 13 – дар ноҳияи рухсора ва 9 – манбаъи осеб дар кунҷи берунии чашм ва дар ноҳияи зери чашм. Ҷойҳои аз ҳама бештар осебёбанда ноҳияи бинӣ, лунҷҳо ва кунҷи даруни чашм мебошанд.
Ташхиси муосири омосҳои аввалиндараҷа ва дақиқ дар онкология ба истифодаи муоинаи рентгенологӣ, эндоскопӣ, ултрасадо, томографияи компютерӣ, магнитию резонансӣ ва муоинаҳои гуногуни морфологӣ асос ёфтааст. Ҳангоми омосҳои аввалиндараҷаи сершумори ба таври синхронӣ ошкоршуда омилҳои ба тактикаи муолиҷа таъсиррасонанда вуҷуд доранд.
Ҳангоми омосҳои аввалиндараҷаи сершумор ба таври синхронӣ вазъият аз ҳисоби зарурати муолиҷа, бештар ҳамбастагии ҳамаи манбаъҳои дарёфтшуда аз рӯи ҳассосият ба нурдармонӣ ва доруворӣ душвор мегардад. Ҳангоми ташхиси навташкила ба таври метахронӣ баҳодиҳии натиҷаи муолиҷаи омоси барвақт ошкоркарда, ҳисоби вайроншавии вазоифӣ ва органикӣ пештар муолиҷашуда ва муайянкунии сарчашмаи организми нигоҳдоранда [1–4, 7, 8] зарур аст. Яке аз қисмҳои мураккаби онкологияи клиникӣ ин интихоби муолиҷаи адекватӣ ҳангоми полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан ба шумор меравад. Бештар полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан дар натиҷаи чунин омилҳо ба амал меоянд:
-
Камшавии муқовимати масунияти организми беморони полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан, баъди дар минтақаи экологияаш номувофиқ зистан, кӯчонидани ҳуҷайраҳои танагӣ ва узвҳо ҳангоме, ки беморон иммунодепрессантҳо қабул мекунанд ва дигар сабабҳо ба инкишофи навташкила бо сохти гуногуни морфологӣ ва манбаъҳои нави омосӣ мусоидат мекунанд.
-
Пайдошавии устувории нави омосҳои пӯст бо таъсири нурӣ ва кимиёвӣ баъди муолиҷаи аввалини навташкилаи гуногуни бадсифат.
-
Таъсири нохуши муолиҷаи зиддиомосӣ ба саломатии қисми бадани инсон номумкинии дастрасии манбаъи навташкила.
-
Мушкилии муайянкунии ҳассосияти онҳо ба кимиёдармонӣ, системавӣ камкунии консентратсияи маводи дорувории зиддиомосӣ дар манбаъҳои омосии пӯст.
-
Таъсири заҳрогении маводи зиддиомосӣ ба узвҳои иммунокомпонентӣ, хунофар ва дигар силсилаи инсон.
Мақсади таҳқиқот. Такмил додани усули муносиби муолиҷаи беморони полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан бо роҳи ворид кардани интрамуралии маводи кимиёвии метотрексат тавассути муолиҷаи нурии наздифокусӣ.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Ба тадқиқот 46 бемор – 25 (54%) мард ва 21 (46%) зан бо ташхиси полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан, ҳангоми Т1, Т2, Т3 дараҷаи паҳншавӣ аз рӯи силсилаи байналхалқӣ TNM, фаро гирифта шуданд; синну соли беморон аз 55 то 88-сола буд. Ба онҳо муолиҷаи нурӣ дар нақшаи муолиҷаи ҳамбастагӣ, интрамуралии маводи кимиёвӣ (30 дақиқа пеш то муолиҷаи нурӣ) метотрексат 1,5 мг/м² дар об барои инъексия ба ҳар як манбаи омос вояи умумии манбавӣ (ВУМ) 15–20 мг/м² дар давраи муолиҷаи рентгении наздифокусии вояи умумии манбавӣ 30–40 Грей (Гр) гузаронида шуд. Истифодаи нақшаи муолиҷаи ҳамбастагӣ бо роҳи интрамуралӣ гузаронидани метотрексат 30 дақиқа пеш аз муолиҷаи нурӣ, ба гирифтани регрессияи пурраи манбаи омос дар 42 (92%)-и беморон, қисман регрессия – дар 2 (5%)-и беморон, манбаъҳои омосҳои паҳншуда танҳо дар 1 (3%)-и беморони полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан имконият дод.
Хулоса. Ҳамин тавр, муолиҷаи муштараки полинеоплазияи бадсифати пӯсти сар ва гардан фаъолияти аёни зиддиомосӣ ва заҳрнокии паст дошта, таъсири нохуши маҳаллӣ ва умумӣ надорад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 31.




