Зеҳн

Дурнамои истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар стоматология

21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 3 дақиқа хондан

С.А. Таибов, А.И. Юнусов, Ш.Т. Тохтахоҷаева

МТК «Стоматология»; Озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ; Кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Бадани инсон хусусияти аҷиби барқароршавӣ дорад, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди олимони соҳаи тибби имрӯза қарор гирифтааст. Ҳуҷайраҳои узвҳои инсон дар давоми тамоми ҳаёташ тақсим шуда аз нав барқарор мешаванд. Дар як қисми узвҳо зуд ва дар қисми дигараш оҳиста барқарор шуда ба сигналҳои биологии махсус ҷавоб медиҳанд. Тадқиқоти ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар дунё ба ҳаёти миллионҳо одамон таъсири бузург мерасонад. Ҳуҷайраҳои бунёдиро метавон барои барқарор намудани осебҳои ҷоғу рӯй дар якҷоягӣ бо маводи биологӣ ё алоҳида истифода бурд. Истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар стоматология такони ҷиддиест барои рушди соҳа. Дар ИМА соли 2010 барои табобати дандонҳо амрикоиҳо 108 млрд доллар сарф намудаанд. Олимон чанд сол пеш дар Ҷопон аз як ҳуҷайраи бунёдӣ дандони табиӣ парварида, баъдан онро ба даҳони муш гузошта, ба муваффақият ноил гаштанд. Аз ҳама дастоварди хуб он аст, ки бо истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ дар табобати периодонтит, парадонтоз ва дар барқарор намудани дандонҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд. 24–27 июни соли 2015 дар Стокголм (Шветсия) 13-умин вохӯрии умумиҷаҳонии ҷамъияти олимон ва тадқиқотчиёни ҳуҷайраҳои бунёдӣ баргузор гардид, ки дар он ҳазорон табибон, тадқиқотчиён ва биотехнологҳо иштирок намуда, тадқиқот ва дастовардҳои худро дар бораи навовариҳои тибби барқароркунӣ пешниҳод намуданд. Тадқиқоти олимони Амрико ва Бритониё нишон додааст, ки дандони ақл яке аз манбаҳои беҳтаринест барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ. Ҳуҷайраҳои бунёдӣ дорои хусусиятҳои зерин мебошанд:

  1. Худбарқароркунӣ – баъди ҷудо намудан қобилияти худбарқароркуниро бо нигоҳ доштани фенотипи худ доранд.

  2. Универсалӣ ё умумӣ – надоштани структураи муайяне, ки функсияи муайянро иҷро намояд. Ҳуҷайраҳои бунёдӣ метавонанд ба ҳар гуна ҳуҷайраи бадани инсон табдил ёбанд. Хусусияти насл додан дар шакли ҳуҷайраҳои махсус.

Ҳуҷайраҳои бунёдиро аз мағзи устухон, хун ё дандонҳои сиҳати худи бемор мегиранд ва ба ҷои парма намудани канали решаи дандон ва гузоштани пломба табиб ҷои хӯрдашудаи дандонро бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ пур менамояд, ки дар охир пулпаи дандон худ барқарор мешавад. Ин усулро дар ИМА барои нигоҳ доштани пулпаи дандон истифода мебаранд. Олимон бо тадқиқоти хеш кӯшиши он доранд, ки бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдӣ бофтаҳои мулоим ва сахти дандонро барқарор намоянд. Аз пулпаи дандони сиҳат аз 12 то 20 ҳуҷайра ҷудо намудан мумкин аст. Барои дар оянда истифода бурдан ин ҳуҷайраҳоро дар ҷойгоҳи махсус кишт намуда шумораашонро ба зиёда аз 1 млн расонида, бо криопротектор нигоҳ медорем ва пок будан аз бактерияҳо ва қобилияти зиндамонии онҳоро месанҷем. Боварии комил дорем, ки дар ояндаи наздик садҳо миллион одамон тарс аз муолиҷаи дандонро фаромӯш менамоянд ва истифодаи мақсадноки ҳуҷайраҳои бунёдӣ боиси ба истеъфо рафтани бормашинаҳо мегардад.

Мақсади ҳамкории МТК «Стоматология» бо Озмоишгоҳи кишти ҳуҷайраҳои бунёдӣ (ОКҲБ) гузаронидани маҷмӯи корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ ва таълимӣ, ҳалли проблемаҳои тиббию биологӣ ва кӯмак расонидан ба корҳои илмию тадқиқотии унвонҷӯёни ҷавон мебошад. Бояд қайд намуд, ки аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як бемор бо миопатия ду маротиба ҳуҷайрадармонӣ шуд. Табобати ин намуди беморӣ бо ҳуҷайраҳои бунёдӣ яке аз самтҳои нави тибби муосир ба шумор меравад, зеро то ҳол дигар намуди табобати комили он вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, бо истифодаи ҳуҷайраҳои бунёдӣ барои беморони остеоартрози зону (гонартроз) ва осеби сутунмӯҳра натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, дар оянда истифодаи он барои табобати беморони диабети қанд, бемории ишемикии дил, кардиомиопатия ва табобати беморони стоматологӣ ба нақша гирифта мешавад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 33.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2