Зеҳн

Нишондиҳандаҳои беҳдошти ковокии даҳон дар беморони соматикӣ бо протезҳои дандонии гирифтанашаванда

21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 6 дақиқа хондан

С.К. Сабуров, А.Р. Зарипов, П.О. Аминов

Кафедраи стоматологияи ортопедӣ (мудири кафедра н.и.т., дотсент С.К. Сабуров)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Протезҳои гирифтанашаванда шакли дандонҳоро тағйир дода, боиси пайдо шудани мавзеъҳои андармонӣ мегарданд, ки он беҳдошти ковокии даҳонро бадтар менамояд.

Тағйирёбии анатомияи меъёрии ковокии даҳон, ки бо миқдори зиёди пломбаҳо, сохтҳои ортопедӣ ва дастгоҳҳои ортодонтӣ алоқаманд аст, бештар ба пастшавии сатҳи беҳдошти даҳон оварда мерасонад. Протезҳои гирифташаванда низ боиси ҷамъшавии карахи (лояи) дандон мегарданд, лекин тозакунии онҳо мушкилие надорад.

Таъсири манфии протезҳои гирифтанашавандаро ба пародонти канорӣ бисёр муҳаққиқон [1, 2] қайд намудаанд.

Барои пешгирии оризаҳои илтиҳобӣ ҳангоми протезмонӣ истифодаи доруҳои зиддимикробие, ки ба микрофлораи аэробӣ ва анаэробӣ таъсир мерасонанд мувофиқи мақсад аст, вале истифодаи тӯлонии онҳо боиси хавфи вусъати дисбиоз пас аз осеби ятрогенӣ мегардад [3–5, 8].

В.Н. Трезубов ва ҳаммуаллифон [6] дар давраи протезмонӣ азназаргузаронии мунтазами диспансерӣ, баҳодиҳии индексии ковокии даҳон ва ҳолати пародонт, гузаронидани беҳдошти касбӣ, маслиҳат оид ба беҳдошти инфиродӣ – маҳлулҳои обгардонии даҳон, хамира ва балзамро тавсия медиҳанд.

Барои пешгирии бемориҳои пародонт бояд доруҳои зиддимикробӣ истифода шаванд. Маводи зиддиуфуние, ки бештар таъсири ҳаматарафа доранд, хлоргексидин ва триклозан мебошанд [7].

Мақсади таҳқиқот. Такмилдиҳии усулҳои пешгирии ориза ва омилҳои манфӣ дар беморони дорои патологияи ҳамроҳикунанда, пас аз табобати ортопедӣ бо сохтҳои гирифтанашаванда.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар кафедраи стоматологияи ортопедии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба 348 бемор протезҳои гирифтанашаванда гузошта шуд. Беморон ба 2 гурӯҳ: гурӯҳи назоратӣ – 184 нафар ва гирифторони патологияи ҳамроҳикунанда – 164 нафар ҷудо карда шуданд.

Дар гурӯҳи якум ғайр аз усули анъанавии беҳдошти ковокии даҳон, дигар тадбирҳо гузаронида нашуд. Дар гурӯҳи дуюм табобати ортопедӣ якҷоя бо маҷмӯи чорабиниҳои беҳдоштии касбии зерин гузаронида шуд:

  • тозакунии таҳшинҳои дандонӣ бо ёрии дастгоҳи ултрасадо;

  • обгардонии (ирригатсияи) ковокии даҳон бо маҳлулҳои антисептикӣ (0,001% хлоргексидин биглюконат ва 0,05% триклозан);

  • интихоби усул ва маводи беҳдошти инфиродии ковокии даҳон, тавсия оид ба истифодаи онҳо.

Ба беморони дорои патологияи ҳамроҳикунанда тарзи тозакунии инфиродии дандонҳо бо истифодаи чӯткаи дандонии якбандчагии Oral-B Interdental бо ершикҳои ивазшавандаи «Inter brush», хамираи дандонии зиддиилтиҳобии «Малавит ДЕНТ» (рН=4,5–10,5) ва маҳлули обгардонии ковокии даҳон тавсия шуд. Барои тозакунии дандонҳо истифодаи хамира 2 маротиба ва масҳи милкҳо дар муддати 2–4 дақиқа бо истифодаи чӯткаҳои махсуси дандонии пешгирикунанда (чӯткаҳо бо мӯйи нарм – soft ё ниҳоят нарм – extra soft) тавсия карда шуд.

Беморони гурӯҳи дуюм барои беҳдошти ковокии даҳон дар шароити хона боз ирригатори дастӣ истифода бурданд. Обгардонии даҳон бо об (гидромасҳ дар реҷаи «душ»), инчунин бо маҳлули 0,001% хлоргексидин (обгардонӣ дар реҷаи «фавраҳо») ҳамарӯза дар муддати 15–30 сония пешниҳод шуд.

Назорати клиникӣ дар муҳлатҳои 3, 6 ва 12 моҳ бо истифодаи усули назорати объективӣ – баҳодиҳии индексии вазъияти беҳдоштӣ ва стоматологии беморон гузаронида шуд. Нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шуданд: индекси гингивити PMA (C. Parma, 1960), индекси соддакардашудаи беҳдошти ковокии даҳон OHI-S (J. Greene, J. Vermillion, 1964), индекси самаранокии беҳдошти ковокии даҳон PHP (Podshadley, Haley, 1968). Барои баҳодиҳии воқеии ҳолати беҳдоштии сохтҳои ортопедии гирифтанашаванда индекси беҳдошти инфиродии онҳо (ИГ НОК; С.Б. Улитовский, 2004) истифода шуд. Вазъияти беҳдоштии бемор – истифодабарандаи протезҳои дандонии гирифтанашаванда бо ҷамъи қиматҳои индексҳои OHI-S ва ИГ-и сохтҳои ортопедии гирифтанашаванда баҳогузорӣ шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Сатҳи ибтидоии беҳдошти ковокии даҳони шахсони муоинашуда ба ҳолати қаноатбахши беҳдошти ковокии даҳон мувофиқ буд. Нишондиҳандаи индекси OHI-S дар гурӯҳи назоратӣ ба 1,78±0,09, дар гурӯҳи дуюм (беморони дорои патологияи ҳамроҳикунанда) ба 2,95±0,51 баробар буд.

Дар гурӯҳи дуюм (беморони дорои патологияи ҳамроҳикунанда) қиматҳои OHI-S ва PHP камтар шуда, пас аз 6 моҳ мувофиқан ба 0,92±0,06 ва 1,08±0,07 баробар буданд, ки чун сатҳи хуби беҳдошти ковокии даҳон баҳогузорӣ шуд.

Ҷадвали 1. Маълумоти нисбии дараҷаи инкишофи индексҳо дар гурӯҳи якум (назоратӣ)

НишондиҳандаҳоМаълумоти ибтидоӣПас аз 3 моҳПас аз 6 моҳПас аз 12 моҳ
PMA (%)23,66±2,6428,01±1,1041,01±2,1356,03±3,17
OHI-S1,78±0,092,02±0,012,32±0,023,44±0,07
PHP2,12±0,021,80±0,023,02±0,034,13±0,07
ИГ НОК1233

Ҷадвали 2. Маълумоти нисбии дараҷаи инкишофи индексҳо дар гурӯҳи дуюм (беморони дорои патологияи ҳамроҳикунанда)

НишондиҳандаҳоМаълумоти ибтидоӣПас аз 3 моҳПас аз 6 моҳПас аз 12 моҳ
PMA (%)48,21,06±2,0442,16,03±2,045,88±1,092,35±1,02
OHI-S2,95±0,511,83±0,320,92±0,060,61±0,03
PHP3,01±0,022,06±0,051,08±0,070,83±0,06
ИГ НОК2,32,01,81,0

Дараҷаи инкишофи беҳдошти инфиродии сохти ортопедии гирифтанашаванда самаранокии чорабиниҳои пешгирикунандаи баргузоршударо дар гурӯҳи дуюм нишон дод, ки дар он ҷо беҳдошти қаноатбахш ва хуби сохтҳои ортопедии гирифтанашаванда қайд гардид. Дар гурӯҳи назоратӣ беморон дорои ҳолати бади беҳдошти сохтҳои ортопедии гирифтанашаванда буданд. Шарти ҳатмии комёбӣ дар табобати маҷмӯии бемороне, ки дар ковокии даҳон сохтҳои ортопедии гирифтанашаванда доранд, беҳдошти комилан мувофиқи ковокии даҳон (инфиродӣ ва касбӣ) мебошад.

Иҷроиши ҷиддии чорабиниҳои беҳдоштӣ бо истифодаи асбобҳои иловагӣ (обгардонаки (ирригатор) ковокии даҳон, чӯткаҳои дандонии пешгирикунанда, пашмаки (ершик) дандонӣ), инчунин истифодаи маҳлулҳои гуногун барои обгардонии даҳон, ки дар таркибашон маводи зиддиуфунӣ (антисептик) ба мисли триклозан ва хлоргексидин барои муҳосираи адгезияи микроб дар масолеҳи конструксионии ортопедӣ доранд, имконияти ниҳоят камшавии хавфи ривоҷи ҷараёнҳои илтиҳобӣ ва дигар ҷараёнҳои патологӣ дар ковокии даҳон ва зиёдшавии давраи ифоқат (ремиссия) дар беморони ортопедиро пас аз табобат бо роҳи назорати доимии микробиосенози ковокии даҳон медиҳад.

Хулоса. Дар асоси маълумоти ба дастомада ба табибони амалия тавсияи зерин бармеояд: ҳангоми протезмонии беморони дорои патологияи соматикӣ дар шахсони истифодабарандаи протезҳои гирифтанашавандаи дандонӣ ба таври муносиб гузаронидани чорабиниҳои беҳдоштӣ (пешгирикунанда); ба табобати ортопедӣ илова кардани ислоҳи (коррекция) даврии ҳолати беҳдошти ковокии даҳон; пас аз итмоми табобати ортопедӣ дар ҳар се моҳ гузаронидани беҳдошти касбии ковокии даҳон (гирифтани сангҳои дандонӣ ва назорати риоякунии қоидаҳои беҳдошти инфиродии ковокии даҳон).

Ҳамин тариқ, такмилдиҳии усулҳои беҳдошти инфиродӣ ва касбии ковокии даҳон боиси пешгирии бемориҳои зиёди ковокии даҳон, хусусан амалкунии устувор ва тӯлонии сохтҳои ортопедӣ ва офияти устувори беморон бо патологияи ҳамроҳикунанда мегардад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 35.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2