Масъалаҳои профилактика ва муолиҷаи остеопороз дар гирифторони бемории диабети қанди навъи 1
Ш.С. Анварова, З.А. Адамхонова, М.А. Пирматова
Кафедраи эндокринология (мудири кафедра н.и.т. Н.Ф. Ниёзова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Диабети қанд яке аз муҳимтарин мушкилоти тандурустии муосири тамоми ҷаҳон мебошад. Сабаби ин паҳншавии васеи патология, босуръат зиёдшавии шумораи беморон, шаклҳои оризаноки беморӣ, маъюбият ва фавтияти зиёд мебошад. Давомнокии миёнаи ҳаёти беморони гирифтори диабети қанд нисбат ба дигар гурӯҳҳои аҳолии мамлакатҳои гуногун 6–12% камтар мебошад [2, 6]. Омӯзиши ин масъала (тибқи маълумоти Кумитаи коршиносони ТУТ, соли 1981) нишон дод, ки ҳангоми инкишофи диабети қанд дар синни кӯдакӣ давомнокии ҳаёт тақрибан 30 сол (50% меъёр), ҳангоми диабети қанди намуди 2 бошад, ба ҳисоби миёна тақрибан 70% ташкил мекунад.
Муваффақиятҳои бадастомадаи ташхис ва муолиҷаи ДҚ бо истифода аз технологияҳои нав боиси зиёдшавии давомнокии ҳаёти беморон гардидааст, ки дар навбати худ сабаби зиёд шудани миқдори оризаҳои дери беморӣ мегардад, ки ҳам сифати ҳаёт ва ҳам бисёр вақт пешгӯӣ (прогноз)-и ҳаётро муайян мекунанд. Аз рӯи маълумоти Вазорати тандурустии Федератсияи Русия соли 2009 давомнокии миёнаи ҳаёти беморони гирифтори ДҚ-и намуди 2 дар мардон 62,9 сол ва дар занон 75 солро ташкил мекард [7]. Эҳтимол ин натиҷаи назорати нисбатан дақиқи ҳолати саломатии гирифторони бемории ДҚ ё диспансеризатсияи патсиентон, назорати омилҳои хавфи пайдошавии оризаҳои он мебошад, ки дар Федератсияи Русия гузаронида мешаванд. Айнан ҳамин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Ҷумҳурии мо ба қатори мамлакатҳое дохил мешавад, ки бемории ДҚ мушкилоти ҷиддии ҷомеа ва давлат дар умум ҳисоб меёбад. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳамасола зиёда аз 1000 ҳодисаи нави беморшавӣ қайд мешавад. Қабули Барномаи Миллии профилактика ва муолиҷаи бемории ДҚ (солҳои 2006–2017) дар ҶТ ва паҳнкунии идеологияи омӯзиш дар мамлакат ба беҳтар намудани сифати ҳаёти беморони мазкур мусоидат кард. Аммо то ба имрӯз як қатор масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мондааст.
Мақсади таҳқиқот. Беҳтар кардани нишондиҳандаҳои метаболизми устухонҳо ҳангоми табобати тафриқавӣ бо маводи калсий, витамини D ва маводи остеотропӣ дар заминаи ҷуброни ҳосилшуда дар беморони мубталои диабети қанди навъи 1.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Ба гурӯҳи асосӣ патсиентони гирифтори диабети қанди намуди 1, ки дар шуъбаи эндокринологии МТШ-и ҷумҳуриявӣ бистарӣ буданд, дохил карда шуданд. Ҳамагӣ 120 бемори ДҚ намуди 1 ба муоина фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо занон – 45, мардон – 75 нафар буданд; синну сол аз 18 то 51 сол, синни миёна 30,1±0,7 солро ташкил кард. Ба тамоми патсиентон гликемия дар шиками гурусна ва дар давоми рӯз, инчунин миқдори гемоглобини гликатсияшуда муайян карда шуд. Бо мақсади муайян кардани зичии минералии бофтаи устухон (ЗМБУ)-и патсиентони гирифтори бемории ДҚ-и навъи 1 инчунин абсорбсиометрияи дуэнергетикии рентгенӣ (DEXA) дар ноҳияи миёни сутунмӯҳра (L1-L4), дар ноҳияи проксималии устухонҳои рон ва соид гузаронида шуд. Тадқиқот дар дастгоҳи «Prodigy» Lunar (ИМА) дар базаи ИТИҶТ ВДҶТ иҷро карда шуд. Гурӯҳи назоратиро 30 нафари солим (15 мард ва 15 зан)-и синну соли мутобиқи гурӯҳи асосӣ ташкил карданд. Дар натиҷа ҳамаи беморони муоинашуда ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд: гурӯҳи 1-умро 41 гирифтори ДҚ-и намуди 1 бо остеопения ташкил кард. Ба гурӯҳи 2-юм 23 патсиенти мубталои остеопороз дохил шуданд. Муолиҷаи остеопения ва остеопороз дар гирифторони ДҚ-и намуди 1 аз таъини маводи «Калсий-D3 Никомед форте» (дар таркибаш 1250 мг карбонати калсий ва 400 МЕ витамини D3), 1 ҳаб дар як рӯз ду маротиба, муддати як сол ҳангоми зуҳуроти остеопения ва маводи бисфосфонатии «Осталон Калсий-D» (унсури асосиаш алендронати натрий дар вояи 91,35 мг, ки ба 70 мг кислотаи алендронӣ баробар аст, + холекалсиферол (витамини D3) 400 МЕ + калсий 600 мг) ҳангоми ошкоршавии остеопороз дар заминаи табобати ивазкунанда бо инсулин аз рӯи нақшаи базис-болюсӣ ва омӯзиши беморон иборат буд.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Дар ҷараёни тадқиқот дар гурӯҳи якум дар 41 патсиенти ДҚ-и намуди 1 бо остеопения, то муолиҷа тағйирёбии ЗМБУ бо дараҷаҳои гуногуни аёният дар мавзеъҳои алоҳидаи скелет муайян карда шуд: L1-L4 T-s -1,1 [-2,2; 0,4], L1-L4 Z-s -0,7 [-1,8; 0,4], DTLT-s -0,9 [-1,7; 0,4], DTLZ-s -0,7 [-1,6; 0,4], DTRT-s -1,1 [1,8; 0,5], DTRZ-s -0,7 [-1,6; 0,4]. Дар гурӯҳи дуюм дар 23 патсиенти мубталои остеопороз L1-L4 T-s -2,6 [-2,9; -2,3], L1-L4 Z-s -2,6 [-3,1; -2,2], DTLT-s -1,7 [-2,1; -1,1], DTLZ-s -1,8 [2,4; -1,2], DTRT-s -1,4 [-2,1; -1,1], DTRZ-s -1,6 [-2,2; -1,2] қайд шуд. Истифодаи маводи калсий ва витамини D3 муддати як сол ва назорати хуб ва қаноатбахши дараҷаи гликемия дар гирифторони бемории ДҚ-и навъи 1 бо остеопения, барои пешгирии инкишофи остеопороз ва нигоҳ доштани вазни устухон ҳам дар сутунмӯҳра 0,8 [0,7; 1,0], 0,8 [0,6; 1,0] ва ҳам дар ноҳияҳои проксималии устухони рон 0,9 [0,6; 1,2], 0,3 [0,2; 0,5] ва соид 0,3 [0,2; 0,5], 0,8 [0,7; 1,3] шароит фароҳам овард. Истифодаи якҷояи маводи калсий ва «Осталон» дар патсиентони мубталои остеопороз нишондиҳандаҳои ЗМБУ дар сутунмӯҳра 1,2 [0,7; 1,5], 1,1 [0,6; 1,5] дар мавзеи проксималии рон 1,0 [0,4; 1,4], 1,2 [0,1; 1,4] ва соид 1,1 [0,3; 1,5], 1,0 [0,1; 1,4] беҳтар намуд. Ҳамин тавр, истифодаи маводи калсий ва витамини D дар гурӯҳи якум ва маводи «Осталон» дар гурӯҳи дуюм нишондиҳандаҳои ЗМБУ (р<0,05) беҳтар мекунад ва вазни устухонҳои ҳам сутунмӯҳра ва ҳам мавзеи проксималии устухони ронро нигоҳ медорад, ки ин ба беҳтаршавии боэътимоди нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи ҳолати ЗМБУ мусоидат мекунад.
Оид ба таъсири мусбати табобати инсулинӣ дар якҷоягӣ бо бисфосфонатҳо дар гирифторони бемории ДҚ-и навъи 1 баъзе муаллифони дигар низ қайд кардаанд [8, 9].
Маълумоти ба даст омадаи мо зарурати табобати тафриқавиро бо калсий, метаболитҳои фаъоли витамини D ва бисфосфонатҳо дар заминаи ҷуброни ҳосилшуда дар беморони гирифтори диабети қанди навъи 1 ва синдроми остеопеникӣ асоснок мекунад. Дар ин ҳол муҳиммияти истифодаи табобати инсулинӣ аз рӯи нақшаи базис-болюс бо ҳисоби воҳидҳои нонӣ ва омӯзиши беморон қайд мешавад.
Нақшаи такмилшудаи тадбирҳои профилактикӣ ба натиҷаҳои ҳосилшуда, ки инкишофи синдроми остеопеникиро бештар дар гирифторони ДҚ-и навъи 1 бо зуҳури беморӣ дар давраи барвақти кӯдакӣ ва наврасӣ инъикос мекунанд, мутобиқат мекунад. Тадбирҳои профилактикии мазкур ба таъмини зичии бофтаи устухон ва пешгирии талафи он дар давраҳои гуногуни синну солӣ равона шудаанд. Ин нақшаи тадбирҳои профилактикӣ бо маълумоти тадқиқоти диабетолог ва мутахассисони машҳури остеопороз мувофиқат мекунад [1, 4, 5, 10] ва хусусиятҳои тадқиқоти гузаронидашударо инъикос мекунад.
Барномаи таълимии такмилшудаи омили хавф ва профилактикаи остеопорози гирифторони бемории ДҚ-и навъи 1 дар кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 2012 таҳияшуда ва дар рӯйхати машғулиятҳои «Мактаби остеопороз» дохилшуда – маҷмӯӣ мебошад ва бо маълумоти адабиёт доир ба масъалаи мазкур мутобиқат мекунад [3].
Хулоса. Дар гирифторони бемории ДҚ-и навъи 1 дар Тоҷикистон ЗМБУ камтар аст, басомади остеопения ва остеопороз бошад, дар қиёс бо нишондиҳандаҳои популятсионии шахсони синну соли мутобиқ зиёдтар мебошад. Беҳтар шудани ҳолати бофтаи устухон бо афзоиши зичии минералии он ва беҳтаршавии нишондиҳандаҳои биохимиявии маркерҳои метаболизми устухон ҳангоми гузаронидани табобати тафриқавӣ бо маводи калсий, витамини D ва маводи остеотропӣ дар заминаи ҷуброни ҳосилшудаи ДҚ муайян карда шуд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 39.




