Оид ба омосҳои гормоналӣ-фаъоли гипофиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ш.С. Анварова, М.А. Пирматова, Н.А. Тоҳирова
Кафедраи эндокринология (мудири кафедра н.и.т. Н.Ф. Ниёзова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Озмоишгоҳи клиникаи шахсии «Мадади Акбар»
Муҳиммият. Ба туфайли истифодаи томографияи компютерӣ ва магнитию резонансӣ басомади ошкоршавии омосҳои гипофиз сол ба сол меафзояд. Аденомаҳои гипофиз ин гурӯҳи ташаккулаҳои бештар хушсифати ҳиссаи пеш (аденогипофиз) ё ҳиссаи ақиби ғадуд мебошанд, ки тибқи маълумоти баъзе муаллифон тақрибан 15%-и тамоми ташаккулаҳои мавқеи косахонаи сарро ташкил медиҳанд, ки бештар дар марду занони аз 30 то 40-сола мушоҳида мешаванд.
Аз рӯи маълумоти адабиёт, дар 75%-и беморон аденомаҳои гормоналӣ-фаъоли гипофиз муайян карда мешаванд, ки бо аломатҳои клиникии марбут ба секретсия (тарашшӯҳ)-и баланди ягон намуди гормон зуҳур мекунанд; дар 25%-и беморон бошад, аденомаҳои «нофаъол» муайян карда мешаванд, ки гиперсекретсияи гормонҳои гипофизарӣ дар онҳо аз ҷиҳати клиникӣ зуҳур намекунад.
Дар байни омосҳои гормоналӣ-фаъол 40% ҳолатҳоро пролактиномаҳо, камтар аденомаҳое, ки боиси акромегалия ва бемории Итсенко–Кушинг мешаванд, ва ғайра ташкил медиҳанд.
Мақсади таҳқиқот – муайян кардани хусусиятҳои клиникӣ-гормоналии омосҳои гипофиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Ба тадқиқот 160 нафар: 96 зан ва 64 марди гирифтори бемории аденомаи гипофиз фаро гирифта шуданд. Барои верификатсияи ташхис аломатҳои клиникӣ, рентгенограммаи косахонаи сар дар ду проексия бо минбаъд гузаронидани МРТ ва ТК-и тафриқавӣ, инчунин муоинаи дақиқи офталмологӣ ва баҳодиҳии тезбинии чашм ва ҳолати қаъри чашм истифода карда шуд.
Ғайр аз ин, фаъолнокии гормоналии ташаккулаҳои аденогипофиз бо истифодаи маҷмӯаҳои (наборҳои) стандартии тиҷоратӣ барои таҳлили иммуноферментӣ арзёбӣ карда шуд, аз ҷумла дараҷаҳои пролактин, гормонҳои соматотропӣ, адренокортикотропӣ ва кортизолро муайян мекардем.
Таҳлили омории маълумот дар компютер бо ёрии барномаи Statistica 6.0 иҷро карда шуд. Барои муқоисаи интихобҳои новобаста меъёри U-и Манн–Уитни, барои интихобҳои вобаста меъёри T-и Вилкоксон истифода шуд. Таҳлили коррелятсиониро аз рӯи усули Спирмен амалӣ кардем. Фарқияти нишондиҳандаҳо ҳангоми р<0,05 аз ҷиҳати оморӣ муҳим ҳисобида шуд.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Дар ҷараёни тадқиқот 160 нафар гирифтори бемории аденомаҳои гипофиз ошкор карда шуданд. Аз инҳо аденомаҳои ҳосилкунандаи гормон 65%, омосҳои нофаъол – 35%-ро ташкил карданд. Дар гурӯҳи беморони мубталои омосҳои ҳосилкунандаи гормон микроаденомаҳо (андозаҳояшон то 1 см) – дар 5% ва макроаденомаҳо (андозаҳояшон аз 1 см то 3,5 см) – дар 20%-и беморон муайян карда шуд. Инчунин тағйирёбиҳои дараҷаи гормонҳо дар хуни муоинашавандагон муайян карда шуд. Дар байни онҳо баландшавии дараҷаи пролактин дар 31,8%-и беморон, ки бо галакторея, аменорея ва безурётӣ дар занон, пастшавии шаҳват ва безурётӣ дар мардон ҳамроҳ буд, ошкор карда шуд. Дар 19,3%-и беморони мубталои бемории Итсенко–Кушинг баландшавии дараҷаи АКТГ ва кортизол муайян карда шуд. Дар 13,9%-и беморон макроаденомаҳои СТГ-ҳосилкунандаи гипофиз бо зуҳуроти клиникии акромегалия ошкор шуданд. Синдроми хиазмалӣ дар 21%-и беморон, аз ҷумла давраи аввали вайроншавии биноӣ дар 15% ва синдроми аёни хиазмалӣ дар 6%-и беморон қайд шуд. Дар гурӯҳи гирифторони бемории макроаденомаҳои гипофиз инчунин симптоматикаи неврологии бо сардард (60%), сарчархзанӣ (23%) ва сустшавии хотира (13%) тавсифшаванда ошкор карда шуд. Дар баъзе беморон баландшавии дараҷаи гликемия ҳангоми шиками гурусна ва гемоглобини гликатсияшуда дар хун қайд шуд, ки аз мавҷудияти инсулинтобоварӣ ва аз оризанок шудани бемории асосӣ бештар дар гурӯҳи беморони гирифтори акромегалия ва бемории Итсенко–Кушинг шаҳодат медод.
Хулоса. Тадқиқоти гузаронидашуда аз манзараи хоси клиникии омосҳои гипофиз дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад, ки сабабгораш генез ва андозаҳои ташаккулаҳои калонҳаҷм мебошанд. Барои верификатсияи ташхис ва табобати минбаъдаи патогенетикӣ гузаронидани муоинаи маҷмӯии беморон, ба назар гирифтани маълумоти клиникӣ, натиҷаҳои муоинаҳои рентгенологӣ, ТК, МРТ, офталмологӣ ва баҳодиҳии фаъолнокии гормоналии омосҳои ошкоршудаи гипофиз, бо аниқкунии тафриқавии дараҷаи макропролактин зарур мебошад.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 42.




