Омилҳои хавфи анемияи норасоии оҳан дар занони ҳомила. Профилактика ва муолиҷаи онҳо мутобиқи протоколҳои клиникӣ
М.Ҷ. Мирзокалонова, М.Ҷ. Мирҷалолова, М.Ҷ. Ёдгорова, З.Қ. Қурбонов
Кафедраи тибби оилавии №2 (мудири кафедра н.и.т., дотсент М.Ҷ. Ёдгорова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маркази саломатии шаҳрии №3-и ш. Душанбе
Муҳиммият. Анемияи норасоии оҳан (АНО) дар занони ҳомила шакли патологияи васеъ паҳншуда аст. Ба он тақрибан аз се ду нафар зани ҳомила гирифтор мешавад; дар 95–98%-и ҳолатҳо сабаби анемия норасоии оҳан дар организми модари оянда мебошад.
Дар адабиёти хориҷӣ низ қайд мешавад, ки АНО бештар дар занони ҳомила вомехӯрад. Заминаи асосии инкишофи АНО ҳангоми ҳомилагӣ талаботи зиёди организми модари оянда ба оҳан мебошад. Норасоии оҳан дар 20% занони ҳомила мушоҳида мешавад. Анемия патологияест, ки бо камшавии миқдори гемоглобин ё эритротситҳо дар воҳиди ҳаҷми хун тавсиф шуда, боиси инкишофи гуруснагии оксигении бофтаҳо мегардад. Анемия ба патологияи васеъ паҳншудаи занони ҳомила дохил мешавад. Аз рӯйи басомад, таъсири бевосита ва бавосита ба беморшавии модарон ва перинаталӣ ва аз рӯйи фавтият анемия ҳоло ҳам аҳамияти яке аз мушкилоти муҳими ҳифзи тандурустии ҷамъиятии тамоми ҷаҳон ҳисоб меёбад [3, 4].
Бо сабаби бад шудани сифати ҳаёт, пастшавии нишондиҳандаҳои саломатии занон дар ҶТ басомади анемия дар занони ҳомила хеле афзудааст. Дар сохтори анемияҳо дар занони ҳомила аз рӯйи басомад ҷойи аввалро АНО ишғол мекунад: норасоии оҳан сабаби 95%-и ҳолатҳои анемия мегардад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар 20–30% занони синни валодат норасоии ниҳонии оҳан, дар 8–10% анемияи норасоии оҳан мушоҳида мешавад. Сабаби асосии бавуҷудоии гипосидероз дар занон, ба ғайр аз ҳомилагӣ, ҳайзбинии патологӣ ва хунравиҳои бачадон, инчунин истеъмоли ғизои камвитамин мебошад. Полименорея метавонад сабаби камшавии захираи оҳан дар организм ва инкишофи норасоии ниҳонии оҳан, сипас анемияи норасоии оҳан низ шавад. Хунравиҳои бачадон дар аксар маврид ҳаҷми талафоти хунро дар занон зиёд мекунанд ва ба пайдо шудани ҳолатҳои норасоии оҳан дар организм мусоидат мекунанд [2].
Аз рӯйи басомад, дар байни омилҳои боисшавандаи инкишофи анемияи постгеморрагии норасоии оҳан мавқеи дуюмро талафоти хун аз канали ҳозима ишғол мекунад, ки бештар хусусияти ниҳонӣ доранд ва ташхис карданашон душвор аст. Вайроншавии мувозинати оҳан метавонад бо эзофагитҳо ва гастритҳои такрории шадиди эрозивӣ, решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта бо хунравиҳои такрорӣ, бемориҳои музмини сироятӣ ва илтиҳобии канали ҳозима ҳамроҳ бошад. Ҳангоми гастрити гигантии гипертрофикӣ (бемории Менетрие) ва гастрити полипозӣ луобпарда зуд осеб мебинад ва зуд-зуд хуншор мешавад. Бисёр вақт сабаби талафоти хуни ниҳонӣ, ки ташхисашон душвор аст, чурраи сӯрохи сурхрӯдаи диафрагма, васеъшавии вариозии варидҳои сурхрӯда ва рӯдаи рост ҳангоми гипертензияи порталӣ, бавосир, дивертикулҳои сурхрӯда, меъда ва рӯдаҳо, дивертикули Меккел ва омосҳо мебошанд. Хунравиҳои шушҳо – сабаби аҳёнан вохӯрандаи инкишофи норасоии оҳан мебошад. Хунравиҳо аз гурда ва роҳҳои пешоб баъзан метавонанд боиси инкишофи норасоии оҳан гарданд, ки бисёр вақт бо гематурия ҳангоми гипернефрома ҳамроҳ мебошанд.
Мақсади таҳқиқот – омӯзиши басомади омилҳои хавфи анемияи норасоии оҳан ва самаранокии муолиҷа мутобиқи протоколҳои клиникӣ дар занони ҳомила.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Асоси тадқиқотро 629 варақаи инфиродии занони ҳомила, ки дар маркази репродуктивӣ солҳои 2012–2013 зери назорат буданд, ташкил кард.
Омӯзиши АНО бо роҳи муроҷиати занони ҳомила ва гардишҳои хона ба хона дар минтақаи МСШ № 3 ш. Душанбе гузаронида шуд. Муоинаи маҷмӯии занони ҳомила ба воситаи таҳлили шикоятҳо, анамнези ҳаёт ва анамнези беморӣ, маълумоти объективӣ, усулҳои тадқиқоти озмоишгоҳӣ ва дастгоҳӣ иҷро карда шуд.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки аз шумораи умумии занони ҳомилаи ба тадқиқот фарогирифта дар 629 нафар анемия мушоҳида шуд, ки 38,2%-ро ташкил кард. Аз инҳо анемияи дараҷаи сабук дар 31,9%, вазнинии миёна дар 6,0%, дараҷаи вазнин дар 0,1% қайд шуд.
АНО бештар дар синни 20–40-солагӣ вомехӯрад. Омилҳои хавфи зерини АНО муайян карда шуданд:
-
Бисёртаваллудкардаҳо – 175 ҳомила (10,6%);
-
Риоя нашудани фосилаи байни зоишҳо – дар 160 нафар (9,7%);
-
Патологияи экстрагениталӣ – дар 37 ҳомила (2,2%);
-
Аз 30-сола боло – 75 ҳомила (4,5%);
-
Боқимонда 182 нафар (11,0%) – дигар сабабҳо.
Натиҷаҳои бадастомадаи тадқиқот самарабахшии муолиҷаи анемияро мутобиқи протоколҳои клиникӣ исбот карданд, аз ин рӯ истифодаи онҳо ба табибони гинеколог-мушовир дар фаъолияти ҳамарӯзаашон тавсия карда мешавад.
Хулоса. АНО патологияи зиёд вохӯрандаи занони ҳомилаи ш. Душанбе мебошад. Омилҳои хавф бештар зоишҳои зиёд, риоя накардани фосилаи байни валодат, бемории роҳҳои меъдаю рӯда ва ғизогирии нодуруст ҳисоб меёбанд. Аз ин сабаб, табибони оилавӣ бояд ба омилҳои мазкури хавфи АНО диққати ҷиддӣ дода, барои пешгирии онҳо дар байни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 44.




