Зеҳн

Ҳолати клиникии нефрити ирсӣ

21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Л.А. Бабаева, А.Қ. Маҷидзода, М.А. Ҳомитова, М.С. Сомонӣ, С.Б. Аҳмедов

Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона (мудири кафедра н.и.т., дотсент Л.А. Бабаева)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муҳиммият. Дар кӯдакон се варианти нефрити ирсӣ: синдроми Алпорт, нефрити ирсии ношунавоӣ ва гематурияи хушсифати оилавиро фарқ менамоянд.

Аввалин маротиба соли 1902 L.G. Guthrie ҳангоми таҳқиқи чандин насли як оила гематурияро мушоҳида карда, бемории нефрити ирсиро тавсиф намудааст. Соли 1915 аз тарафи A.F. Hurst дар аъзоёни ҳамин оила уремияро ва соли 1927 A.C. Alport дар якчанд хешу табор бо гематурия аввалин маротиба нефрити ношунавоиро ошкор кард.

Солҳои 50-уми асри гузашта ҳангоми бемории мазкур осебёбии чашмон мушоҳида шуд. Соли 1972 дар беморони гирифтори бемории гематурияи ирсӣ ҳангоми муоинаи морфологии бофтаи гурда Hinglais et al. васеъшавии нобаробар ва ба қабатҳо ҷудошавии пардаи базалии гломеруляриро қайд кардааст. Соли 1985 гени асосии нефрити ирсӣ – мутатсия дар гени коллагени намуди IV муайян шудааст (Feingold et al., 1985).

Таҳқиқи табиати ирсӣ доштани беморӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки фарқият дар зуҳуроти фенотипии нефрити ирсӣ аз дараҷаи зуҳури гени мутантӣ вобастагӣ дорад. Айни замон ҳама вариантҳои клиникӣ, ҳамчун зуҳуроти як беморӣ дида баромада шуда, истилоҳи «нефрити ирсӣ» синоними истилоҳи «синдроми Алпорт» мебошад.

Мувофиқи маълумоти эпидемиологӣ, нефрити ирсӣ дар байни кӯдакон 17 нафар ба сари 100 000 кӯдак вомехӯрад. Аҳамияти калонро никоҳи хешутабории байни мардуми як ё якчанд авлод доро мебошад, зеро дар никоҳи хешутаборӣ, эҳтимолияти мутобиқати генҳои якхела аз тарафи ҳарду волидайн зиёд мегардад. Ношунавоӣ хусусияти нейросенсорӣ дошта, бештар дар писарҳо (дар 8–10-солагӣ) мушоҳида мешавад. Ҷараён ва оқибати беморӣ аз ҷинси бемор вобастагӣ дорад: дар писарчаҳо (10–15-сола) фишорбаландӣ ва норасоии музмини гурдаҳо зуд инкишоф ёфта, оқибати марговар дар синни 15–30-солагӣ ба амал меояд [1–3].

Алоқаи муайяне дар саршавии нефрити ирсӣ бо сирояти гузаронида (омили ангезанда), ки дар аксарияти ҳолатҳо он тасодуфан пайдо мешавад, мушоҳида мегардад. Омилҳое, ки ба пайдоиши нишонаҳои клиникии беморӣ мусоидат карда метавонанд:

  • бемориҳои сироятӣ (аз ҷумла СШВРН);

  • сарбории вазнини ҷисмонӣ;

  • эмкуниҳои профилактикӣ.

Мақсади таҳқиқот. Мушоҳидаи клиникии нефрити ирсӣ дар ду бародари 13- ва 16-сола.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Таҳлили усулҳои клиникию анамнезӣ ва асбобию озмоишгоҳии муоинаи ду бародар яке 13-сола ва дигаре 16-солаи мубталои бемории нефрити ирсӣ дар шуъбаи 1-уми нефрологии қисми бемориҳои соматикии кӯдаконаи МД МТ «Истиқлол»-и ш. Душанбе гузаронида шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Нефрити ирсӣ – бемории ирсии муайяншудаи гломерулопатияи ғайрииммунӣ буда, бо гематурия (баъзан протеинурия), суст шудани фаъолияти функсияҳои гурдаҳо зоҳир мегардад. Ҷараёни вазнини беморӣ бештар дар мардон мушоҳида мешавад. Нефрити ирсӣ бо роҳи доминантии бо X-хромосома пайваста ирс мегузарад. Ин гувоҳии он аст, ки аз падари бемор писарҳои солим ба дунё омада, духтарҳо бошанд, паҳнкунандаи гени мутантӣ мебошанд. Аз зани бемор ҳам писар ва ҳам духтари гирифтори ин беморӣ таваллуд мешавад. Беморӣ дар синну соли гуногун зоҳир мешавад ва аз амали гене вобастагӣ дорад, ки то вақти муайян дар ҳолати репрессивӣ қарор дошт.

Ҳангоми муоина маълум гашт, ки кӯдакон аз никоҳи хешу таборӣ мебошанд. Аз гуфти падарашон, модари писарон ва 2 хоҳарашон аз нефрит фавтидаанд. Кӯдакон аз ҳомиладории 1-ум ва 2-юм буда, аввалин маротиба ба беморхона бо ҳамин беморӣ баъди гузаронидани сирояти вирусӣ бо шикоятҳои варамҳои тамоми бадан, кам пешобкунӣ, сустҳолӣ, дарди сар, сарчархзанӣ ва ихтилоҷҳо ворид шудаанд.

Ҳангоми муоина ҳар ду писарча дар инкишофи ҷисмонӣ қафо монда буданд; варамҳо ба намуди анасарка ва рангпаридагии пӯсту луобпардаҳо мушоҳида мешуд. Зуҳуроти гӯшвазнинӣ ва пастшавии биноӣ (ретинити пигментӣ) мушоҳида мешуд. Фишори шарёнӣ аз 160/100 то 180/100 мм сут. сим. баланд мешуд.

Таҳлилҳои лабораторӣ: таҳлили умумии хун – гемоглобин 53 г/л, эритротситҳо 1,66×10¹²/л, таҳлили пешоб – сафеда 0,99‰, лейкотситҳо 12–15 д.м.б., эритротситҳо 2–3 д.м.б., биохимияи хун – сафедаи умумӣ 58 г/л, мочевина 42 ммол/л, креатинин 1098 мкмол/л, холестерин 8 ммол/л, калий 1,9 ммол/л, β-липопротеидҳо 65 в.ш., калсий 1,1 ммол/л, коагулограмма – фибриноген 456 мг/дл. Клиренси креатинини эндогенӣ 15,6 мл/дақ. Муоинаи ултрасадоии гурдаҳо – пучшавии гурдаҳо.

Ҳангоми дар беморхона бистарӣ будани кӯдакон ба падари онҳо (42-сола) муоинаи ултрасадоии гурдаҳо ва пешобдон гузаронидем, ки дар ӯ низ пучшавии гурдаҳо ошкор шуд. Ӯ пештар оид ба бемории гурда ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накарда будааст.

Хулоса. Сари вақт муайян намудани ин беморӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба табиби нефролог, инчунин табобати бамавқеъ хавфи пайдоиши оризаҳои ҷиддиро ба монанди норасоии музмини гурдаҳо ва пучшавии онҳо паст менамояд. Барои пешгирии ин беморӣ гузаронидани машваратҳои генетикию тиббӣ дар оилаҳои гирифтори ин беморӣ ва муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ зарур аст. Инчунин риояи моддаҳои 14–15 (Оид ба манъи никоҳи хешу таборӣ ва то ақди никоҳ аз муоинаҳои тиббӣ гузаштани шаҳрвандон)-и Кодекси оилаи ҶТ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2016 ба он тағйиру иловаҳо дароварда шуда буд, ҳатмӣ мебошад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 46.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2