Нишондиҳандаҳои клиникию биокимиёии гепатити вирусии В
Э.Р. Раҳмонов, А.А. Боймуродов, Ш.А. Тошева, А.Б. Исмоилов, О.Х. Хусаинов
Кафедраи бемориҳои сироятӣ (мудири кафедра д.и.т., профессор Э.Р. Раҳмонов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Муҳиммият. Гепатити вирусии В бемории сироятии антропонозӣ буда, ангезандаи он бо роҳи ғайрирудавӣ (парэнтералӣ) интиқол меёбад ва асосан ба ҷигар осеб мерасонад. Солҳои пеш гепатити В ҳамчун гепатити А ташхис ва муолиҷа карда мешуд.
Маълумоти нахустин оид ба ангезандаи гепатити В-ро соли 1965 олим Блумберг (Blumberg) ба даст овардааст. Ӯ аз хуни як шахси австралиягӣ (абориген) сафедаеро пайдо кард, ки қаблан муайян нашуда буд ва баъдан онро «подгуни австралиягӣ» номиданд. Вируси гепатити В дар фарқият аз ангезандаҳои дигар гепатитҳо на кислотаи рибонуклеинӣ (РНК), балки кислотаи дезоксирибонуклеинӣ (ДНК) дорад ва се подгуни хос – HBsAg, HBeAg ва HBcorAg дорад. Подгуни австралиягӣ ё HBsAg ба вирус устувории иловагӣ дар организм, масуниятоварии нисбатан суст, тобоварӣ ба гармӣ ва ба протеазаҳою детергентҳо мебахшад. Вируси гепатити В ба таъсири муҳити беруна пурбардошт аст. Манбаи асосии сироятёбӣ одамони «солим»-е мебошанд, ки дар хунашон вирус доранд (ҳомилони вирус). Ин гуна одамон дар дунё зиёда аз 350 млн нафар мебошанд. Ҳам дар ҳомилони вирус ва ҳам дар беморон HBsAg маркери асосии муайянкунандаи HBV буда, дар моеъҳои гуногуни биологӣ, масалан дар хун, пешоб, оби даҳон, талха, ашк, наҷосат, шири сина, тарашшуҳоти маҳбал, нутфа, моеи ҳароммағз ва хуни ноф вомехӯрад. Хун, нутфа ва ҳамчунин оби даҳон хавфи ҷиддии эпидемиологӣ доранд, зеро дар дигар моеъҳо миқдори вирус хеле кам мебошад.
Мақсади таҳқиқот. Арзёбӣ намудани нишондиҳандаҳои клиникию биокимиёӣ дар гирифторони бемории гепатити вирусии В.
Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар давоми солҳои 2008–2009 дар беморхонаи клиникии шаҳри Душанбе 28 нафар беморони гирифтори гепатити вирусии шадиди В ҷиҳати ташхису муолиҷа бистарӣ гардонида шуда буданд. Ташхиси гепатити шадиди вирусии В дар асоси маълумоти клиникию эпидемиологӣ гузошта шуда, бо усулҳои таҳқиқӣ ва вирусологӣ тасдиқ карда шуд. Аз миқдори умумии беморони муоинашуда 13 нафарро мардон ва 15 нафарро занон, 20 нафарро сокинони шаҳр ва 8 нафарро сокинони ноҳияҳо ташкил мекарданд. Синну соли беморон аз 16 то 49-сола буд.
Аз рӯи маълумоти анамнези эпидемиологӣ маълум гашт, ки 15 нафар беморон (53,5%) дар давоми сол дар назди табибони дандон табобат гирифта, шаш нафар (21,4%) ҷарроҳии шикамро аз сар гузаронидаанд; 7 нафари дигар (25,0%) бошад, сӯзандору (ба мушак ва варид) қабул кардаанд.
Аз нишондиҳандаҳои биокимиёӣ миқдори билирубини хун, намунаҳои тимол, сулема ва йод, инчунин ферментҳои аланинаминотрансфераза (АлАт) ва аспартатаминотрансфераза (АсАт) мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Дар ҳамаи ҳолатҳо ташхиси HBV бо усули ИФА ва бо роҳи ошкор сохтани HBsAg, HBeAg, HBcorAg тасдиқ карда мешуд.
Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Мувофиқи маълумоти анамнез, давраи ниҳонӣ (инкубатсионӣ) аз лаҳзаи сироятёбии тахминӣ аз 45 рӯз то 3 моҳро дар бар мегирифт. Дар ҳамаи беморон оғози беморӣ шадид буд. Дар 18 нафар (64,2%) беморӣ бо дилбеҳузурӣ ва дар 9 нафар (32,1%) бо қай кардан зуҳур мекард; 18 нафар (64,2%) беморон аз сустию беҳолӣ ва набудани иштиҳо шикоят доштанд. То зардшавии бадан 17 нафар беморон (60,7%) тира шудани ранги пешобро мушоҳида намудаанд ва пеш аз зардпарма ранги наҷосаташон сафед шудааст. Дар 26 нафар бемор (92,8%) зардшавии пӯст ва чашм ба мушоҳида расид, 14 нафар (50%) аз хориши пӯст шикоят доштанд. Алоими буғумдард, ки тамоми рагу пайвандҳоро фаро гирифта буд, дар 18 нафар (64,2%) беморон ба қайд гирифта шуд. Дардҳои зери қабурғаи рост 10 нафар беморро (35,7%) безобита мекарданд, дар 2 нафар (7,1%) калоншавии сипурз мушоҳида гашт ва дар ҳамин беморон калоншавии ҳаҷми ҷигар қайд мешуд.
Ҳангоми таҳқиқи биокимиёвии хун нишондиҳандаҳои билирубин дар 28 (100%) нафар беморон аз меъёр хеле зиёд, ба ҳисоби миёна 95,0±5,3 мкмол/л-ро ташкил кард. Санҷиши йод, ки аз халалдор шудани мубодилаи сафеда дар ҷигар дарак медиҳад, дар 18 нафар бемор (64,2%) мусбат буд; санҷиши тимол-вероналӣ дар 18 нафар бемор (64,2%) аз меъёр зиёд буда, ба ҳисоби миёна 8,6±0,8 воҳидро ташкил мекард. Дар ҳамаи беморон фаъолнокии ферментҳо баланд буд: нишондиҳандаҳои АлАт аз меъёр 3–4 баробар зиёд буд, АсАт бошад, ба ҳисоби миёна ду баробар зиёд буд.
Дар мавриди санҷиши умумии хун дар ҳамаи беморон хуни сурх бетағйир буд. Лейкопения фақат дар як нафар бемор (3,6%) қайд шуд (3,6×10⁹/л). Суръати таҳшиншавии эритротситҳо (СТЭ) дар 8 нафар бемор (28,5%) – 15,7±2,7 мм/соат қайд шуд.
Ҳамаи беморон ба муолиҷаи асосӣ фаро гирифта шуданд: парҳез (парҳези №5 аз рӯи Певзнер), маҳдуд кардани ҳаракат; ғайр аз ин, онҳо гепатопротектор Эссенсиале форте (як капсула рӯзе 3 маротиба) ва рибоксин (як ҳаб рӯзе 3 маротиба) қабул мекарданд. Илова бар ин, аз рӯи нишондод муолиҷаи безаҳргардонӣ бо ба варид ворид кардани маҳлули 5%-и глюкоза – 400 мл, маҳлули физиологии 0,9% – 400 мл ва сорбилакт – 400 мл истифода шуд.
Хулоса. Ҳамин тавр, дар беморони гирифтори гепатити вирусии шадиди В чунин нишондиҳандаҳои биокимиёвии хун мавҷуд будаанд: ферментҳои АлАт, АсАт дар аксари ҳолатҳо дар сатҳи баланд қарор доштанд. Гепатити шадиди вирусии «В» дар беморон бо носомонии вазифаи ҷигар ва зардпарма тавсиф ёфта, бо зиёд шудани миқдори билирубини хун ва фаъолнокии ферменти аланинаминотрансфераза (АлАт), ки ҳангоми гепатити В 10–20 маротиба меафзояд, ҳамроҳ аст.
Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 48.




