Зеҳн

Нуқтаи назари муосир оид ба истифодабарии шираҳои Нео Пекес дар педиатрия

21 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Г.М. Саидмуродова, Н.М. Хоҷаева, М.Г. Мамадёрова, А.Д. Салимов

Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона (мудири кафедра н.и.т., дотсент Г.М. Саидмуродова)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Дар мақола оид ба истифодабарии шираи Нео Пекес дар таҷрибаи педиатрия ба сифати ислоҳи иловагии витамину минералҳо, ки истеҳсолкунандааш Неовитал Дистрибюшн аст, оварда шудааст.

Муҳиммият. Саломатии кӯдакон ин яке аз проблемаҳои муҳим дар педиатрия ба шумор меравад. Чи тавре ки Оскар Уайлд гуфтааст: «Яке аз мақсадҳои беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва саломатии кӯдакон хушбахт намудани онҳо мебошад; хушбахтии онҳо беҳтар шудани сифати зиндагӣ ва саломатии онҳоро ифода менамояд».

Бо хӯрокаи хушсифату серғизо ва витаминҳо таъмин намудани кӯдакон имконият медиҳад, ки саломатии онҳо хуб нигоҳ дошта шавад. Организми кӯдак ба норасоии витаминҳо ҳассоснок мебошад. Витаминҳо ба вуҷуд омадани бемориҳои сироятии шадидро пешгирӣ карда, инчунин функсияҳои муқаррарии узвҳои ҳозима ва хунофариро таъмин менамоянд. Адади зиёди витаминҳо дар организми одам синтез намешаванд (ё ки бо миқдори кам синтез мешаванд) ва онҳо ҳамчун омили ҷавҳарии хӯрока ба ҳисоб рафта, бояд бо хӯрок ба организм дохил шаванд. Таъмин намудани инкишофи организми кӯдак бо витаминҳо танҳо бо воситаи хӯрока имконнопазир аст. Дар таҷрибаи педиатрҳо бештар саволҳо доир ба табобат бо витаминҳо, маводи гуногуни онҳо, муддати истеъмол ва хусусияти таъсири манфии онҳо дар шароити истеъмоли ҳаррӯза вомехӯранд.

Норасоии маводи витаминию минералӣ – ин ҳолати паҳнгашта ва хеле зарарнок барои саломатии кӯдакон ҳисоб мешавад. Сабабҳои асосии пайдоиши норасоии витаминию минералӣ дар кӯдакон ин ҳолатҳои норасоии алиментарӣ мебошанд (истеъмоли нодурусти ғизо, вайрон намудани коркарди технологию кулинарии хӯрока, таъсири омилҳои зиддивитаминӣ), ки ба сарфи бисёри витаминҳо, пастшавии инкишофи микрофлораи рӯдаҳо, вайроншавии ассимилятсия ва мубодилаи витаминҳо оварда мерасонанд.

Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши истифодаи шираҳои Нео Пекес дар педиатрия.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Бо мақсади барқарор кардани норасоии витаминию минералӣ дар ҳолатҳои гуногун дар кӯдакон дар таҷрибаи мо шираҳои муосири Нео Пекес (истеҳсолкунанда – Неовитал Дистрибюшн) ҳамчун воситаи иловагӣ истифода бурда шуданд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии он. Шираҳои Нео Пекес дар 150 кӯдак ҳангоми ҳолатҳои гуногун истифода шуд. Аз адади умумии онҳо 85 (56,6%) нафарашон кӯдакони синни томактабӣ, 65 (43,4%) нафарашон кӯдакони синни мактабӣ буданд. Навъҳои гуногуни шираҳои Нео Пекес ба силсилаи нӯҳ намуди шираҳои педиатрӣ мансуб буда, таъми гуворо доранд; дар таркибашон гиёҳҳои асосии табиӣ, витаминҳо, минералҳо дохил мешаванд, ва дар мавридҳои зерин васеъ истифода бурда мешаванд: дар бемориҳои зуком ва зукоммонанд, вайроншавии кори меъдаю рӯдаҳо, барои баланд гардонидани иштиҳо, масуният, барои инкишофи солим, ҳамчун «Релакс» (транквилизатор) ва ором гардонидани хоб, ҳамчунон барқароркунандаи норасоии равғани моҳӣ.

Маълум аст, ки норасоии витаминҳо ба инкишофи организми кӯдак, мубодилаи моддаҳо, инкишофи асабу рӯҳи онҳо таъсири манфӣ дорад ва ба вайроншавии масунияти одам, пастшавии қобилияти мутобиқшавӣ ба муҳит ва таъсири омилҳои номусоиди беруна мусоидат мекунад. Ин ҳама омилҳо барои пайдоиши ҳар гуна беморӣ дар синни хурдсолӣ, ки дар оянда ба ҷараёни музмин мегузарад, боис мешаванд. Тавассути хӯрока миқдори кам дохил шудани витаминҳо боиси инкишофи гиповитаминозҳо мешавад, ки нишонаҳояш зуд мондашавӣ, сустии умумии бадан, суст шудани диққату таваҷҷуҳ, камшавии қобилияти корӣ, сустшавии мубориза бо сироятҳо, инҷиқии зиёд, дигаргуншавии ҳолати пӯст ва луобпардаҳо аён мешаванд. Дар ҳисоби талаботи шабонарӯзӣ ба витаминҳо, бояд баъзе ҳолатҳое дар кӯдакон ба қайд гирифта шаванд, ки истеъмоли маводи витаминию минералиро бо вояи баланд талаб мекунанд, ба мисоли ҳолатҳои махсус, ки барои инкишофи шиддатноки организми кӯдакон (дар шароити махсуси иқлимӣ ва номусоиди экологӣ зистани кӯдак), шиддатнокии ҳолати ҷисмонӣ ва асабию рӯҳӣ, бо бемориҳои сироятӣ ва заҳролудӣ, бемориҳои узвҳои дохилӣ ва ғадудҳои дохилӣ бемор шудани онҳо, ки сабаби ихроҷи беҳад зиёди витаминҳо мегарданд.

Инкишофи системаи масунии кӯдак аз панҷ давраи буҳронӣ иборат аст, ба мисли давраи навзодӣ (4 ҳафтаи аввали ҳаёт – 28 рӯз), ки ба он афсурдагии физиологии масуният хос аст, 3–6-ум моҳи ҳаёт, ки бо сустшавии масунияти гуморалии нофаъол хос мебошад, ки бо катаболизми зиддиҷисмҳои модарӣ алоқаманд мебошад. Дар 2-юм, 6–7-ум солҳои ҳаёт, системаи масунияти мавқеии кӯдак бошад ҳоло на он қадар инкишофёбии худро тамом кардааст, ки дар оянда сабаби бемориҳои атопикӣ, иммунокомплексӣ ва паразитӣ шуда метавонад. Зоҳиршавии ҳолатҳои дери норасоии масунияти одам ва синни балоғатӣ (дар духтарони синни 12–13-сола, дар писарони синни 14–15-сола), афзоиши босуръати ҷинсӣ боиси камшавии вазни гиреҳҳои лимфатикӣ мегардад.

Ба ҳамаи кӯдакон бо мақсади пешгирӣ ва табобати зуком ва бемориҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас ва инчунин ба 35 (20%) кӯдаконе, ки бемориҳои гуногуни музмин доштанд, иловагӣ дар давраи табобати зиддибактериявӣ, инчунин, шираи Нео Пекес барои масуният таъин карда шуд. Меъёри он барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба дар як рӯз, барои кӯдакони синни 2–5-сола бо миқдори 10,0 мл 1 маротиба дар як рӯз ва барои кӯдакони аз синни 5-сола боло бо миқдори 10,0 мл 2 маротиба дар як рӯз, дар давоми 15–20 рӯз. Ин намуди шира дар таркибаш хонаи занбӯри асал (прополис) дорад, ки хусусиятҳои зиддивирусӣ, зиддитоксикӣ, баландбардорӣ ва пурзӯрнамоии масуниятро, пасткунандаи дард ва инчунин антиоксидантиро дорад.

Дар давраи аз ҳама шиддатноки инкишофёбии организми кӯдак шираи Нео Пекес барои инкишофи солим таъин карда мешавад, ки ба таркиби он витаминҳои А, Е, Н, К, РР ва С, В1, В2, калсий, магний, натрий, фосфор, намаки йодонидашуда, равғани эфир, каротин, намакҳои минералӣ дохил мешаванд. Меъёри он барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба дар як рӯз, барои кӯдакони синни 2–5-сола бо миқдори 10,0 мл 1 маротиба дар як рӯз ва барои кӯдакони синни аз 5-сола боло бо миқдори 10,0 мл 2 маротиба дар як рӯз, даври табобат аз 15–20 рӯз иборат аст. Аз рӯи маълумоти тадқиқоти сершумор ва муоинаи дарозмуддати шахсоне, ки аз синни кӯдакӣ маводи витаминҳо ва минералҳоро дар вояи табобатӣ, ҳатто зиёдтар аз вояи тавсияшуда истеъмол кардаанд, ин барои саломатӣ хавф надорад. Эҳтимолияти гипервитаминоз то андозае кам аст, ки ҳангоми истеъмоли витаминҳо миқдори витаминҳоро секарата ва барои витаминҳои С ва Е даҳкарата расман иҷозат дода шудааст.

Ба ғайр аз ин, ба ҳамаи кӯдакон новобаста аз ҳолаташон шираи Нео Пекес «Равғани моҳӣ», ки дар 5 мл-и он Омега-3 – 150 мг, вит. A – 0,1 мг, вит. B6 – 1,4 мг, вит. C – 15 мг, вит. D3 – 0,0025 мг, вит. E – 5 мг, Mg – 0,75 мг мавҷуд аст, таъин карда шуд. Ин намуди шира дар инкишофи мағзи сар ва узви басират, ки компонентҳои асосии моддаи хокистарранги мағзи сар, шабакияи чашм ва мембранаи ҳуҷайравӣ мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин барои мӯътадил намудани кори буғумҳо ва тамоми системаи дил ва рагу хунгард, инкишофи дандонҳои болиғон муҳим буда, барои инкишофи пӯст ва мӯйҳо ва ба туфайли доштани хусусияти зиддиилтиҳобӣ масуниятро баланд карда, барои инкишофи диққату хотира (зеҳн) ёрӣ мерасонад. Вояи он барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба дар як рӯз, барои кӯдакони синни 2–5-сола бо миқдори 10,0 мл 1 маротиба дар як рӯз ва барои кӯдакони синни аз 5-сола боло 10,0 мл 2 маротиба дар як шабонарӯз буда, даври муолиҷа аз 15–20 рӯз иборат аст.

Ҳангоми бемориҳои роҳҳои нафас ба 60 (40%) нафар кӯдак шираи Нео Пекес аз зуком таъин карда шуд, ки аз глюканҳо, ки ба луоб монандӣ доранд ва дар луобпардаҳо пардаи муҳофизатӣ ҳосил менамоянд, бо намуди полисахаридҳо, ки хосияти пурзӯрнамоии таъсирнокии масуниятро доранд, аз ҳисоби зиёд истеҳсолнамоии иммуноглобулини секреторӣ, ки дорандаи хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва бронхолизиявӣ мебошанд, луобпардаҳоро аз вирусҳо ва бактерияҳо муҳофизат менамоянд, балғамро мулоим ва тунуктар месозанд ва инчунин барои осон баровардани балғам кӯмак мерасонанд, масунияти мавқеии девораҳои бронхҳоро пурзӯр мегардонанд, тарашшуҳи биниро камтар ва тунуктар мегардонанд, иборат мебошанд. Барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба дар як рӯз, кӯдакони синни 2–5-сола ба миқдори 10,0 мл 1 маротиба дар як рӯз ва кӯдакони аз 5-сола боло ба миқдори 10,0 мл 2 маротиба дар як рӯз таъин мешавад, даври муолиҷа аз 15–20 рӯз иборат аст. Ҳангоми бемориҳои шадиди меъдаю рӯда ба 75 (50%) кӯдак шираи Нео Пекес барои боди шикам ва барои вайроншавии кори меъда таъин карда шуд. Шираи Нео Пекес чун спазмолитик ва антисептик таъсири зиддидамишӣ дошта, аз гиёҳҳое иборат аст, ки фаъолияти тарашшуҳӣ ва таҳриқии узвҳои ҳозимаро ба танзим медарорад ва дамиши шикамро (хусусан дар кӯдакони навзод) кам мекунад. Барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба дар як рӯз, кӯдакони синни 2–5-сола ба миқдори 10,0 мл 1 маротиба ва кӯдакони аз 5-сола боло ба миқдори 10,0 мл 2 маротиба, бо даври муолиҷавии 15–20 рӯз таъин карда шуд. Шираи Нео Пекес аз вайроншавии кори меъда аз пробиотикҳои зерин иборат мебошад (дар 10 мл – 5×10⁹): Saccharomyces boulardii – 8,34×10⁸, Lactobacillus casei – 8,33×10⁸, Lactobacillus rhamnosus – 8,34×10⁸, Lactobacillus acidophilus – 8,34×10⁸, Bifidobacterium infantis – 8,33×10⁸, Bifidobacterium lactis – 8,33×10⁸. Барои муолиҷаи дарунравӣ новобаста аз синнусол 1 шишача 1 маротиба дар давоми 8–10 рӯз таъин карда шуд.

Ба ҳамаи кӯдакон новобаста аз синну сол шираи Нео Пекес барои иштиҳо таъин карда шуд, ки тарашшуҳии кислотаҳои узви ҳозимаро зиёд менамояд ва ба хубшавии иштиҳо мусоидат мекунад. Кори меъдаву рӯдаҳоро хуб менамояд, қазои ҳоҷатро ба танзим медарорад. Барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба, кӯдакони синни 2–5-сола ба миқдори 10,0 мл 1 маротиба ва кӯдакони синни аз 5-сола боло ба миқдори 10,0 мл 2 маротиба дар як рӯз, даври муолиҷа аз 15–20 рӯз иборат аст. Шираи Нео Пекес «Релакс» (транквилизатор) барои кӯдакони синни мактабӣ таъин карда шуд ва аз ҷавҳари гиёҳҳо иборат буда, инҷиқиро кам ва хобро ором месозад. Ҳангоми тарс ё ҳолатҳои стрессӣ, ҳангоми инҷиқӣ, асабонӣ шудан, хасташавӣ, шиддатнокии асабию рӯҳӣ, рӯҳафтодагӣ ва ҳаяҷон таъин карда мешавад. Барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба, кӯдакони синни 2–5-сола ба миқдори 10,0 мл 1 маротиба ва барои кӯдакони синни аз 5-сола боло ба миқдори 10,0 мл 2 маротиба, даври муолиҷа аз 15–20 рӯз иборат аст.

Ҳангоми бехобии кӯдакон ва наврасон вобаста ба ҳаяҷоннокӣ, тарс ё нооромӣ, мондашавӣ, ҳангоми баландшавии қобилияти ангезишии асабӣ шираи Нео Пекес «Барои хоби ором» таъин карда мешавад, ки таъсири оромкунанда дорад ва ҳангоми вайроншавии хоб, хастагӣ, ҳаяҷон таъин карда мешавад. Ба таркиби шира L-триптофан ва гиёҳҳое, ки хобро ба танзим медароранд, дохил мешаванд. Шира ҳангоми табобати бехобии эпизодӣ, кӯтоҳмуддат, бехобӣ вобаста аз рафтор ва дар ҷараёни коркард ва қувва ва синтези ферментҳо иштирок менамояд, ба фаъолияти системаи асаб мусоидат менамояд, оксигенро ба ҳуҷайраҳои мағзи сар дастрас намуда, фаъолияти онҳоро беҳтар месозад. Барои кӯдакони синни то 2-сола – 5,0 мл 1 маротиба таъин карда мешавад, дар синни 2–5-солагӣ ба миқдори 10,0 мл 1 маротиба дар давоми рӯз ва барои кӯдакони аз 5-сола боло ба миқдори 10,0 мл 2 маротиба дар як рӯз, даври муолиҷа аз 15–20 рӯз иборат аст.

Хулоса. Бо мақсади барқарор кардани норасоии витаминҳо ва минералҳо дар амалияи табибони кӯдакона истифодаи шираҳои Нео Пекес (истеҳсолкунанда – Неовитал Дистрибюшн) ҳамчун маводи иловагӣ тавсия дода мешавад. Бартарии асосии шираҳои Нео Пекес дар он аст, ки онҳо дар намуди комплексҳои поливитаминӣ бо мақсади пешгирии норасоии витаминҳо дар кӯдакон истифода мешаванд, мувозинати витаминҳою минералҳоро нигоҳ медоранд ва ба саломатӣ таъсири манфии иловагӣ намерасонанд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 50.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2