Зеҳн

Ҳолати системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзоди гирифтори осебҳои перинаталии системаи марказии асаб

21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 5 дақиқа хондан

К.И. Исмоилов, С.М. Ҳаётова, М.А. Исмоилова, Ш.С. Музаффаров

Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 (мудири кафедра д.и.т., профессор К.И. Исмоилов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибниСино

Муаллифон дар 100 нафар кӯдакони навзоди дорои осебҳои перинаталии системаи марказии асаб (СМА)-и дараҷаи вазниниашон гуногун оид ба ҳолати вазоифии системаи дилу рагҳо маҷмӯи тадқиқот гузарониданд. Дар натиҷаи тадқиқот дар кӯдакони гирифтори энсефалопатияи перинаталӣ тағйироти гуногуни нишондиҳандаҳои вазоифӣ ба намуди тахикардияи синусӣ ё брадикардия, сарбории меъдачаи рости дил, пастшавии фаъолияти барқии мушаки дил, ҷойивазкунии фосилаи ST ба боло ва дандонаи патологии Т муайян карда шуд.

Муҳиммият. Дар раванди инкишофи дохилибатнӣ ва постнаталии кӯдак дар системаи дилу рагҳо дигаргуниҳои назаррас ба амал меоянд. Дар ин ҳол, тағйироти нисбатан аёни гемодинамика дарҳол пас аз таваллуд ба амал омада, мутобиқшавии системаи хунгардишро ба шароити зиндагии беруназбатнӣ дар бар мегирад. Ҳамин тавр, пас аз таваллуд ва дар рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак ҷараёни хуни шуш хеле афзуда, ҳаракати хуни дохили дил ташаккул меёбад ва рониши дил зиёд мегардад. Дар тамоми мамлакатҳои дунё бемориҳои системаи дилу рагҳо дар байни сабабҳои фавти кӯдакон мавқеи муайянро ишғол намуда, яке аз сабабҳои аз даст додани қобилияти корӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, сарчашмаи бештари зарарёбиҳои вазнини дил, ки ба маъюбияти бармаҳал ва ҳатто фавти беморон мусоидат мекунанд, ба синни кӯдакӣ ва пеш аз ҳама ба давраҳои перинаталиву неонаталии кӯдакӣ тааллуқ дорад.

Мақсади таҳқиқот. Омӯзиши ҳолати системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзоди гирифтори осеби перинаталии системаи марказии асаб бо мақсади пешгирии бемориҳои музмини дил.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар ҷараёни омӯзиш 100 таърихи бемории кӯдакони навзоди гирифтори осеби перинаталии СМА-и дараҷаҳои вазниниашон гуногун таҳқиқ карда шуд. Усулҳои таҳқиқот баҳодиҳии маълумоти анамнезӣ, тадқиқоти клиникӣ ва натиҷаҳои нейросонография, СБД (электрокардиография), ЭхоКГ ва ДЭхоКГ-ро дар бар мегиранд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. Дар асоси тадқиқоти муштараки кӯдакон бо истифода аз усулҳои муосири тадқиқоти мағзи сар (нейросонография) ва системаи дилу рагҳо (СБД, ЭхоКГ бо ДЭхоКГ) ҳолати системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзоди гирифтори осебҳои перинаталии СМА-и дараҷаи вазниниашон миёна ва вазнин мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар байни кӯдакони мавриди омӯзиш қарордошта аломатҳои ангезиши СМА бо намуди синдроми гипертензионӣ (дар 75%) ва аломатҳои афсурдагии СМА (дар 25%) бартарӣ доштанд. Ҳангоми гузаронидани озмоиши нейросонографӣ осеби гипоксикию ишемикии СМА (дар 83%) ва осеби гипоксикию геморрагӣ (дар 17%) ташхисгузорӣ карда шуд.

Муайян гардид, ки дар ҳамаи кӯдакони гирифтори осебҳои мазкур дигаргуншавии фаъолияти системаи дилу рагҳо ба назар мерасид ва зоҳиршавии ин дигаргуниҳо аз дараҷаи вазнинии осебҳои мағзи сар вобастагӣ дошт. Омӯзиши муштараки ҳолати вазоифии системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзоди дар ҳафтаҳои 32–40-уми ҳомилагӣ таваллудшуда нишон дод, ки дигаргуниҳои вазоифии системаи дилу рагҳо бо намуди сианоз (86,4%) ва «ранги мармарии» пӯсти бадан (84,7%) зоҳир мешаванд. Ба нишондиҳандаҳои аускултативӣ дар ин маврид вайроншавии ритми синусии дил (50,5%), тағйирёбии садоҳои дил – пастшавӣ (37,3%) ва тозаданокшавӣ (30,5%), брадикардия (23,7%), тахикардия (22,0%) ва номураттабии кори дил (22,0%) хос буд.

Ҳангоми гузаронидани СБД дар 45 нафар кӯдакони мавриди омӯзиш нишонаҳои сарборӣ ба фаъолияти меъдачаи рост (дар 81%), пастшавии фаъолияти барқии мушакҳои дил (дар 50%), вайроншавии ҷараёни реполяризатсия бо намуди ҷойивазкунии фосилаи ST ба боло (дар 65%) ва дандонаи патологии Т муайян карда шуд. Нишондиҳандаҳои ЭхоКГ ва доплерокардиография нисбатан дигаргун буда, дар онҳо аломатҳои фишорбаландӣ дар шарёни шуш (дар 25%) ва сустшавии фаъолияти дарғотҳои дил (дар 33%) ба қайд гирифта шуд. Вайроншавии ритм ва гузаронандагии дил дар 80% кӯдакони расида ва дар 85,7% кӯдакони норасид таваллудшудаи гирифтори осебҳои перинаталии СМА ба назар мерасид. Экстрасистолияи меъдачавӣ бошад, танҳо дар кӯдакони норасид ба қайд гирифта шуд. Айни замон афзоиши миқдори гирифторони осебҳои перинаталии СМА ва оқибатҳои он ба назар мерасад. Бо дар назардошти таъсири амиқи осебҳои перинаталии СМА ба механизмҳои танзими нейрогуморалии дил омӯзиши зарарёбиҳои миокард дар мавриди осебҳои перинаталии СМА аҳамияти зиёд дорад. Аммо дар синни бармаҳали кӯдакӣ вобаста ба душвор будани ҷараёни ташхисгузориву гузаронидани ташхиси тафриқавӣ бемориҳои системаи дилу рагҳо дар бисёр мавридҳо сари вақт муайян карда намешаванд ва ин дар оянда боиси дигаргуниҳои нисбатан вазнини фаъолияти мушакҳои дил мегардад.

Бино бар ин, оқибатҳои деринаи осеби гипоксикии системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзод метавонанд вазнин бошанд ва ин оризаҳо бо ташаккулёбии кардиосклерози манбавӣ, миокардиодистрофия, кардиопатияи вазоифӣ ва ноустувории барқии дил, ки ба пайдоиши механизмҳои дилии синдроми марги нобаҳангоми тифлӣ мусоидат мекунанд, зоҳир мешаванд. Маълумоти дар ҷараёни тадқиқот ба даст омада аз басомади баланди дигаргуниҳои дилу рагҳо дар кӯдакони гирифтори осебҳои перинаталии СМА-и дараҷаи вазниниашон миёна ва вазнин шаҳодат медиҳад ва ба табибон имкон медиҳад, ки барои ташхисгузории барвақти осебҳои постгипоксикии дил дар навзодон диққати хоса зоҳир кунанд. Нишонаҳои ошкоршудаи клиникӣ, эхокардиографӣ ва махсусан электрокардиографии тағйироти постгипоксикии системаи дилу рагҳо метавонанд дар мавриди ташхисгузорӣ ва ҷараёнгирии дигаргуниҳои мазкур истифода бурда шаванд.

Хулосаҳо.

  1. Дар ҳамаи кӯдакони навзоди гирифтори осебҳои перинаталии СМА-и дараҷаи вазниниашон миёна ва вазнин аз ҷониби системаи дилу рагҳо дигаргуниҳо ба назар мерасиданд ва дараҷаи вазнинии ин дигаргуниҳо аз дараҷаи осебёбии мағзи сар вобастагӣ дорад.

  2. Дар заминаи табобат ҳолати системаи дилу рагҳо дар кӯдакони навзоди гирифтори осеби перинаталии СМА-и дараҷаи вазниниашон ҳам миёна ва ҳам вазнин бо беҳтаршавии тадриҷӣ дар тӯли нимсолаи аввали ҳаёт тавсиф карда мешавад.

  3. Кӯдакони гирифтори осебҳои перинаталии СМА ба гурӯҳи хавфи инкишофёбии бемориҳои системаи дилу рагҳо мансуб мебошанд ва хавфи мазкур талаб мекунад, ки чунин кӯдакон дар давоми соли аввали ҳаёт таҳти назорати неонатолог, асабшинос ва кардиологи кӯдакона қарор дошта бошанд.

  4. Бо дарназардошти фоизи баланди дигаргуниҳои ритм ва гузаронандагии дил, инчунин ҷараёни бе аломати ин тағйирот дар кӯдакони гирифтори осебҳои перинаталии СМА ба нақшаи муоина бояд мониторинги шабонарӯзии СБД (усули Холтер) илова карда шавад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 55.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2