Зеҳн

Омилҳои хатари кардиоваскулярӣ ва алоқамандии онҳо бо нишонаҳои клиникии ниқрис

21 ноябри 2026 · 16 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Х.Қ. Тоиров, О.А. Замунов, З.А. Тоҷиева, М.Б. Ҳамдамова

Кафедраи бемориҳои дарунии №2 (мудири кафедра дотсент Н.М. Хурсанов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Омилҳои нисбатан хоси хатари кардиоваскулярӣ дар беморони ниқрис (подагра) дар баробари синну сол баландшавии сатҳи умумии холестерин (89,3% беморон), пастшавии сатҳи холестерини липопротеидҳои зичии баланд (60,7%), фарбеҳӣ (85,7%) ва фишори баланди хуни раги шарён (57,1%) мебошанд. Азбаски беморони илтиҳоби банди ниқрисдошта маҷмӯи вайроншавиҳоро доранд, ки ба инкишофи ҳалокати кардиоваскулярӣ оварда мерасонанд, баҳодиҳии нишондиҳандаи хатарии маҷмӯии рагҳои дил мақсаднок аст. Қимати хатари маҷмӯии рагҳои дил ба нишондиҳандаҳои инъикоскунандаи вазнинии ниқрис – давомнокии беморӣ, миқдори буғумҳои иллатнокшуда ва миқдори ҳуҷумҳои артрит дар соли охири беморӣ мувофиқат мекунад.

Калимаҳои калидӣ: ниқрис (дарди мафосил), омилҳои хатари кардиоваскулярӣ, бемории ишемияи дил.

Муҳиммият. Ниқрис дар замони ҳозира на танҳо чун яке аз мушкилоти муҳими тарбодшиносӣ, балки чун мушкили муҳими умумитиббӣ баррасӣ мешавад [1]. Хусусияти хоси бемории мазкур зуд-зуд тавъамшавии он бо чунин ҳолатҳои патологӣ мисли фишори баланди хуни раги шарён (ФБХРШ), аломати метаболикӣ (АМ) ва бемории қанди (КҚ) намуди дуюм мебошад. Барои бемориҳои зикршуда хатари баланди ҳалокати кардиоваскулярӣ, ки бо иллатнокшавии атеросклеротии рагҳо вобаста аст, хос мебошад [2, 3]. Тавъамшавии патологияи кардиоваскулярӣ ва ниқрис боиси мушкилии муҳими тиббию иҷтимоӣ мегардад, зеро дар натиҷаи алоқаи патогенетикӣ ва таъсири манфии мутақобила сифати ҳаёти бемор бад шуда, хавфи маъюбшавии бармаҳал ва марги бемор аз аворизҳои зиёд ба миён меояд. Зарурати назорати дақиқи омилҳои хатари (ОХ) кардиоваскулярӣ дар беморони ниқрис ҳеҷ гуна шубҳа надорад. Зеро ки беморони гиперурикемиядошта (ГУ) аксаран вазни зиёдатӣ, дислипидемия доранду аз ФБХРШ азоб мекашанд, онҳо бешубҳа ба назорати дақиқи ҳолати узвҳои дилу раг зарурат доранд. Миқдори зиёди маълумоти эпидемиологӣ, клиникӣ ва таҷрибавӣ ассотсиатсияи байни ГУ ва бемориҳои кардиоваскулярӣ (БКВ)-ро тасдиқ мекунад [4–6]. Такроршавӣ ва вазнинии сактаи майна, бемориҳои дил ва иллатнокшавии гурдаҳо, ки ҳатто пас аз назорати ҳамаи ОХ-и кардиоваскулярӣ боқӣ мемонанд, сабаби кофист барои он ки чораҳои пешгирии имрӯза начандон мувофиқ ҳисобида шаванд. Донистан ва муайян намудани ОХ, ташхиси барвақтӣ ва пешгирии саривақтии ҳалокатҳои кардиоваскулярӣ, ки бо атеросклерози беморони ниқрис вобастагӣ дорад, ба сифати ҳаёт ва пешгӯйии беморӣ мусоидат мекунад. Бо сабаби ҳолатҳои номбаршуда омӯзиши такрорёбӣ, хусусият ва нақши ОХ-и кардиоваскулярӣ дар инкишофи БКВ ва баҳодиҳии алоқаи онҳо бо нишонаҳои асосии клиникии вазнинии ниқрис ояндадор мебошад.

Мақсади таҳқиқот. Муайян намудани омилҳои нисбатан аҳамиятноки хавфи кардиоваскулярӣ ва баҳодиҳии алоқамандии онҳо бо хусусиятҳои хоси клиникии ниқрис.

Мавод ва усулҳои таҳқиқот. Дар таҳқиқот 56 бемори мард иштирок доштанд, ки ба Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2008 то декабри соли 2010 бо ташхиси бемории ниқрис аз рӯйи меъёри S.L. Wallace (1977) [7] муроҷиат намуда буданд. Синну соли миёнаи беморон 53,2 ± 8,8 сол, синну сол дар ибтидои беморӣ 49,4 ± 8,8 солро ташкил мекард. Давомнокии беморӣ дар лаҳзаи муроҷиат 3,8 [1,0; 5,0] сол (аз 2 ҳафта то 25 сол) буд. Басомади ҳуҷумҳои артрит дар соли охирони беморӣ 3,0 [1,0; 10,0]-ро ташкил дод. Ба ҳисоби миёна дар тамоми давраи беморӣ иллатнокшавии буғумҳо 5,0 [2,0; 4,0] ба қайд гирифта шуд.

Ҳангоми баҳодиҳии собиқаи беморӣ варианти артрит аз рӯйи давомнокии шиддатёбии охирин дар соли гузашта муайян карда мешуд. Ҳамин тариқ, дар лаҳзаи муоинаи аввалин дар 15 бемор (26,8%) илтиҳоби банди шадиди ниқрис ташхис карда шуд. Дар 6 бемор (10,7%) илтиҳоби банд хусусияти дуру дароз (аз 3 ҳафта то 3 моҳ) ва дар 16 бемор (28,6%) хусусияти доимӣ (зиёда аз се моҳ) дошт. 19 бемор (33,9%) дар ҳолати байни ҳуҷумҳо ташхис карда шуданд.

Дар 23 бемор (41,1%) тофусҳои зерипӯстӣ муайян карда шуданд, миқдори онҳо ба ҳисоби миёна 4 [2; 11] (аз 1 то 21)-ро ташкил намуд.

Нишонаҳои рентгенологии тофуси мағзиустухонӣ – нишонаҳои «сӯрохча» дар 12 бемор (21,4%) муайян карда шуд. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои таҳқиқоти ултрасадоӣ нефролитиаз дар 24 бемор (42,9%) маълум гашт. Дар рафти таҳқиқот ба 27 бемор (48,2%) муолиҷаи зиддиниқрисӣ бо истеъмоли аллопуринол (аз 1 ҳафта то 1 сол) гузаронида шуд.

Ба таҳқиқот беморони ниқрисе, ки мустаҳзарҳои урикозурӣ, қандпасткунанда ва пешобовар қабул мекарданд, беморони дорои норасоии музмини гурдаи марҳалаи II–III, норасоии музмини дил (синфҳои функсионалии II–IV; ВНОК ва ОССН, 2007) ва бемориҳои омосӣ дохил карда нашуданд.

Дар рафти таҳқиқот параметрҳои антропометрии қад, массаи бадан, индекси массаи бадан (ИМБ) аз рӯйи формулаи Кеттле (кг/м²), ғафсии миён (ҒМ) (см) муайян карда шуданд. Ташхиси фарбеҳшавӣ ва арзёбии зуҳуроти он бо кӯмаки муайянкунандаи ИМБ аз рӯйи нақшаи тавсиядодаи ТУТ [8] амалӣ гардид.

Сатҳи фишори хун (ФХ) бо усули Н.С. Коротков рӯзона дар ҳолати оромӣ ва нишаста муайян карда шуд. ФБХРШ ҳангоми фишори хуни систолӣ (ФХМ) баландтар аз 140 мм сут. сим. ё фишори хуни диастолӣ баландтар аз 90 мм сут. сим. (таснифоти ТУТ ва МОАГ, 1999) дар ду ва зиёда ташрифи пайдарпай бо фосилаи на камтар аз 1 ҳафта ба шарти набудани табобати антигипертензивӣ ташхис карда шуд.

Ташхиси бемории ишемии дил (БИД) аз рӯйи меъёри ТУТ (1979) муайян карда шуд. Барои муайян намудани хавфи ҷамъбастии рагҳои дил (ХҶРД) алгоритми аз тарафи Маркази давлатии илмию таҳқиқотии тибби пешгирии ВТ ФР пешниҳодшуда истифода бурда шуд. Мутобиқан қимати ХҶРД ≥ 20% чун хавфи баланд ва қимати ХҶРД 25 кг/м², БИД ё бемориҳои дигари атеросклеротӣ дар хешовандони наздик: мардҳо ҷавонтар аз 55 сол, занҳо ҷавонтар аз 65 сол) ХҶРД мутобиқи модели истифодабурда 2 маротиба зиёд мешуд. Будани нишонаҳои клиникии БИД дар худи бемор чун +20% хавфи ҷамъбастии аворизи БИД баҳогузорӣ карда мешавад.

Ба таври клиникӣ АМ дар асоси меъёрҳои кории мутахассисони Донишкадаи миллии тандурустии ИМА (ATP III, 2002) ташхис карда шуд. Барои арзёбии тағйироти мубодилаи карбогидратҳо ва ташхиси КҚ меъёрҳои ташхисии ТУТ (1999) истифода бурда шуданд. Ташхиси КҚ дар сурати тамарқузи глюкоза дар зардоби хун ба дили наҳор ≥ 7,1 ммол/л гузошта шуд.

Таҳқиқи клиникӣ ва биокимиёвии хун бо усулҳои стандартӣ дар озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии клиникии кардиологии Тоҷикистон гузаронида шуд. Ба ҳамаи беморон ба дили наҳор сатҳи глюкоза (усули глюкооксидазӣ) ва кислотаи пешоб (КП) дар зардоби хун (усули колориметрии ферментативӣ) муайян карда шуда, таҳқиқоти спектри липидии хун – холестерини умумӣ (ХС), триглитсеридҳо (ТГ) ва холестерини липопротеидҳо бо зичии калон (ХСЛПЗБ) бо усули колориметрӣ [9] гузаронида шуд. Сатҳи холестерини липопротеидҳо бо зичии паст (ХСЛПЗП) бо роҳи ҳисоб аз рӯйи формулаи Фридвалд [10] муайян карда шуд. Коэффитсиенти атерогенӣ аз рӯйи формулаи (ХС – ХСЛПЗБ)/ХСЛПЗБ ҳисоб шуда, чун меъёр қимати <3,0 гирифта шуд.

Таҳқиқоти электрокардиографӣ бо усули стандартӣ дар ҳолати оромӣ, дар 12 кӯчониш (3 стандартӣ, 3 пурқувваткардашуда аз дасту по ва 6 аз қафаси сина) гузаронида шуд. Маълумоти миқдории натиҷаҳои таҳқиқот дар сурати тақсимоти мӯътадили нишона, ки бо ёрии тести Шапиро–Уилк баҳогузорӣ мегардад, ба шакли қимати миёна (M) ± майли миёнаи квадратӣ (SD) нишон дода шудааст. Бо дарназардоште, ки аксарияти нишонаҳо ба қонуни тақсимоти мӯътадил тобеъ нашудаанд, қисми зиёди маълумот ба шакли медиана (Me) ва фосилаи интерпротсентилӣ [протсентили 5; протсентили 95] нишон дода шудааст.

Коркарди оморӣ бо ёрии барномаи Statistica 6.0 (StatSoft, ИМА) гузаронида шуд. Барои муайян намудани тафовут дар гурӯҳҳо меъёри Манн–Уитни ё Стюдент (дар сурати мутобиқати нишонаҳои арзёбшаванда ба қонуни тақсимоти мӯътадил) ва барои 3 ва ё аз он зиёда гурӯҳҳо усули Краскел–Уоллис истифода бурда шудааст. Барои муайян намудани алоқаи байни нишонаҳои таҳқиқшаванда таҳлили коррелятсионии Спирмен истифода бурда шуд. Баҳодиҳии нишондиҳандаҳои сифатнок дар гурӯҳҳо бо роҳи таҳлили ҷадвалҳои вобастагӣ бо усули χ² ва меъёри дутарафаи Фишер гузаронида шуд.

Натиҷаҳои таҳқиқот ва баррасии онҳо. ФБХРШ дар 32 бемор (57,1%) дида шуд. Дар 11 бемор (34,4%) ФБХРШ бори аввал муайян карда шуд ва табобат нашуда буд; аз онҳо дар 7 бемор (63,6%) ФБХРШ-и дараҷаи I, дар 2 бемор (18,2%) ФБХРШ-и дараҷаи II ва дар 2 бемори дигар (18,2%) ФБХРШ-и дараҷаи III ташхис карда шуд. БИД дар 18 бемор (32,1%) муайян карда шуд. Аз онҳо 2 бемор (11,1%) дар собиқаи беморӣ инфаркти миокард доштанд. Дар 16 бемор (88,9%) стенокардияи шиддати синфҳои функсионалии I–IV ташхис карда шуд. Дар собиқаи бемории 1 бемор (1,8%) вайроншавии шадиди гардиши хуни майна дида шуд. Норасоии музмини дили синфҳои функсионалии I–II дар 6 бемор (10,7%) муайян гардид. АМ дар 16 бемор (28,6%) ташхис карда шуд.

Басомади ОХ-и кардиоваскулярӣ дар гурӯҳи беморони таҳқиқшаванда дар ҷадвали 1 оварда шудааст.

Ҷадвали 1. Такрорёбии омилҳои хавфи кардиоваскулярӣ дар гирифторони бемории ниқрис (n=56)

Омилҳои хавфn (%)
Синну сол > 55 сол20 (35,7%)
ХС > 6,5 ммол/л50 (89,3%)
ХСЛПЗБ ≥ 1,6 ммол/л34 (60,7%)
Тамокукашӣ7 (12,5%)
ФХМ > 140 мм сут. сим.32 (57,1%)
Бемории қанди намуди 219 (33,9%)
ТГ > 2,3 ммол/л18 (32,1%)
ИМБ > 25 кг/м²48 (85,7%)
Собиқаи оилавии БИД15 (26,8%)

Дар байни ОХ аксаран баландшавии сатҳи холестерини умумӣ, пастшавии сатҳи ХСЛПЗБ ва болоравии ФХМ маълум гаштанд; тамокукашӣ нисбатан камтар буд. Аз хатарҳои иловагӣ дар аксарияти беморон афзуншавии ИМБ дида шуд. Ҳангоми қади миёнаи беморони таҳқиқшаванда 1,73 ± 0,07 м (аз 1,56 то 1,99 м) вазни миёна 83,1 ± 9,9 кг (аз 65 то 110 кг)-ро ташкил намуд. Танҳо дар 8 бемор (14,3%) вазни бадан ба меъёр мутобиқ буд, дар 38 бемор (67,8%) зиёдии вазни бадан дида шуд. 10 бемор (17,9%) аз фарбеҳӣ дар азоб буданд. Намуди висцералии фарбеҳӣ (ғафсии миён > 102 см), ки бо хавфи зиёдшавии инкишофи БКВ алоқаманд аст, дар 9 бемори (90%) ниқрис, ки аз фарбеҳӣ азоб мекашиданд, муайян шуд.

Аз рӯйи маълумоти адабиёт, басомади ФБХРШ ҳангоми ниқрис аз 36 то 41% мебошад [11, 12], дар тавъамшавӣ бо АМ ин нишондиҳанда то 72% [3] зиёд мегардад. Маълумоти бадастомада оид ба алоқаи байни инкишофи ФБХРШ ва мавҷудияти АМ дар беморони ниқрис шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар беморони ниқрис аксаран 2 ва зиёда омили хатари кардиоваскулярӣ якҷоя вомехӯранд.

Хотиррасон менамоем, ки тибқи маълумоти таҳқиқоти эпидемиологӣ тавъамшавии ду, се ва зиёда омил дар як бемор хавфи ҳалокати кардиоваскуляриро зиёд мекунад [13]. Дар баробари ин, якҷояшавии якчанд ОХ-и кардиоваскулярӣ, ҳатто бо ифодаи мӯътадил, нисбат ба баландшавии назарраси як омил аз ҷиҳати пешгӯӣ номусоидтар мебошад.

ХҶРД-и паст (камтар аз 5%) танҳо дар 9 бемор (16,1%), миёна – дар 20 бемор (35,7%) ҷой доштанд. 27 бемор (48,2%), бо вуҷуди он ки қариб 59%-и онҳо аз 55-сола ҷавонтар буданд, хавфи баланди кардиоваскулярӣ (> 20%) доштанд.

Таҳқиқи тақсимоти ХҶРД дар гурӯҳҳои синну солашон гуногун гузаронида шуд. Ба гурӯҳи якум беморони синну солашон то 40 сола (n=3), ба гурӯҳи дуюм беморони синну солашон аз 40 то 50 сола (n=13), ба гурӯҳи сеюм беморони синну солашон аз 50 то 60 сола (n=30), ба гурӯҳи чорум беморони синну солашон аз 60 то 70 сола (n=7) ва ба гурӯҳи панҷум беморони калонтар аз 70 сола (n=3) дохил шуданд. Муайян карда шуд, ки бо ҳар даҳсола қимати ХҶРД, хусусан пас аз даҳсолаи панҷуми ҳаёт, ба таври назаррас (р < 0,001) зиёд мешавад. Бо болоравии синну сол сатҳи ФХМ ва ИМБ меафзояд.

Ҷадвали 2. Тавсифи клиникию биохимиявии беморони ниқриси гурӯҳҳои гуногуни синну солӣ (M ± SD ё Me [протсентили 5; протсентили 95])

НишондиҳандаҳоГурӯҳи I (n=3)Гурӯҳи II (n=13)Гурӯҳи III (n=30)Гурӯҳи IV (n=7)Гурӯҳи V (n=3)
ИМБ, кг/м²25,8 ± 2,1626,7 ± 1,9627,7 ± 2,927,9 ± 230,6 ± 1,4
ФХМ, мм сут. сим.133,3 ± 11,5126,9 ± 12,5139,6 ± 18,4141,4 ± 19,5163,3 ± 25,2
ХС, ммол/л7,3 [6,98; 7,6]7,0 [6,8; 7,5]7,54 [6; 8]6,4 [5,9; 7,8]7,17 [7; 7,43]
ХСЛПЗБ, ммол/л2,12 [1,95; 2,3]1,99 [1,88; 2,2]1,99 [1,86; 2,2]1,86 [1,76; 2]1,99 [1,88; 2,2]
Глюкоза, ммол/л6,0 [5,8; 7,4]5,7 [4,9; 7]6,9 [6,3; 7,6]6,8 [5,8; 8]7 [6,2; 8]
ТГ, ммол/л3,6 [2,9; 4,4]3,1 [3; 3,4]3,4 [3; 3,9]3,2 [3; 3,4]3,2 [2,6; 5]
КП, мкмол/л628 ± 74595 ± 54605 ± 71549 ± 781620 ± 56

Гиперхолестеринемия бо басомади баланд дар ҳамаи гурӯҳҳои синну солӣ дида шуд. Лекин алоқаи байни синну соли бемор ва сатҳи холестерини умумӣ, ХСЛПЗБ, ТГ ва тамарқузи КП (р > 0,05 дар ҳама ҳолатҳо) дида нашуд. Ин маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки хавфи инкишофи патологияи кардиоваскулярӣ на танҳо ба беморони калонсол, балки ба беморони ҷавон низ хос аст.

Омӯзиши алоқаи байни ХҶРД ва нишонаҳои асосии клиникии ниқрис диққати махсусро ба худ ҷалб мекунад (ҷадвали 3).

Ҷадвали 3. Тавсифи клиникии беморони ниқрис вобаста аз қимати хавфи ҷамъбастии рагҳои дил (M ± SD ё Me [протсентили 5; протсентили 95])

Тавсифи клиникӣХҶРД < 20% (n=29)ХҶРД ≥ 20% (n=27)p
Давомнокии беморӣ, сол2,7 [0,5; 7]5 [1; 10]< 0,001
Синну сол дар ибтидои ниқрис, сол48,4 ± 7,952,6 ± 8,7< 0,001
Миқдори буғумҳои иллатнокшуда дар давоми беморӣ4 [2; 9]6 [2; 14]< 0,001
Миқдори ҳуҷумҳои артрит дар соли охирон3 [1; 6]4 [1; 10]< 0,05

Тавре аз ҷадвал маълум аст, беморони дорои ХҶРД-и паст аз беморони дорои ХҶРД-и баланд аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосии клиникие, ки шадидии ниқрисро инъикос мекунанд, ба таври назаррас фарқ мекунанд. Алоқаи мутақобилаи байни сатҳи ХҶРД ва давомнокии ниқрис (r=0,40; p < 0,001), бо миқдори буғумҳои иллатнокшуда (r=0,45; p <0,001) ва бо шумораи ҳуҷумҳои илтиҳоби бандҳо дар соли охирони беморӣ (r=0,30; p <0,05) муайян карда шуд.

Барои муайян кардани омилҳои хатари нисбатан аҳамиятнок дар инкишофи БИД дар беморони ниқрис ҳамаи беморон ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд: ба гурӯҳи якум 38 бемори БИД надошта ва ба гурӯҳи дуюм 18 бемори дорои БИД дохил шуданд.

Ҷадвали 4. Омилҳои хавфи кардиоваскулярӣ дар беморони ниқрис вобаста аз мавҷудияти бемории ишемияи дил (%, M ± SD ё Me [протсентили 5; протсентили 95])

Омилҳои хавфБеморон бе БИД (n=38)Беморон бо БИД (n=18)p
Синну сол, сол51,1 ± 7,857,7 ± 9,4< 0,001
ХС, ммол/л7,4 [4,8; 8,2]7,65 [5,9; 9]< 0,05
ХСЛПЗБ, ммол/л2,7 [0,5; 7]2,7 [0,5; 7]< 0,05
Тамокукашӣ, n (%)5 (13,2%)2 (11,1%)
ФХМ, мм сут. сим.136,7 ± 16,7149,4 ± 17,5< 0,05
ТГ, ммол/л3,4 [2,9; 4,6]3,2 [2,3; 5]< 0,05
ИМБ, кг/м²27,1 ± 2,227,9 ± 2,4< 0,05
БИД дар хешу табор, n (%)9 (23,7%)6 (33,3%)
КҚ намуди 2, n (%)8 (21%)11 (61%)

Чи тавре ки дар ҷадвали 4 дида мешавад, беморони бо БИД калонсолтаранд ва нисбат ба беморони БИД надошта сатҳи баландтари ФХМ доранд. КҚ намуди 2 низ бештар дар беморони гурӯҳи дуюм вомехӯрад. Ғайр аз он, беморони бо БИД давомнокии зиёдтари ФБХРШ доштанд: дар беморони гурӯҳи якум давомнокии ФБХРШ 4,2 (1,8–9) солро ташкил намуд, ҳол он ки дар беморони гурӯҳи дуюм ин нишондиҳанда ба 9,5 (3,5–22) сол (р < 0,05) баробар буд.

Дар байни омилҳои дигар дар беморони бо БИД сатҳи ХСЛПЗП баландтар буд: мутобиқан 5,4 [4; 7,2] ва 5,1 [3,1; 6,4] ммол/л (р < 0,05). Басомади АМ дар беморони бо БИД нисбатан баланд буд (мутобиқан 44,4% ва 21,1%).

Дар ҷадвали 5 натиҷаҳои муқоисаи нишонаҳои асосии клиникии ниқрис дар беморони бо БИД ва бе БИД оварда шудаанд.

Ҷадвали 5. Тавсифи клиникии беморони ниқрис вобаста аз мавҷудияти бемории ишемияи дил (M ± SD ё Me [протсентили 5; протсентили 95])

НишонаБеморон бе БИД (n=38)Беморон бо БИД (n=18)p
Давомнокии беморӣ, сол2,2 [1; 3]7,1 [3; 10]< 0,001
Синну сол дар ибтидои ниқрис48,9 ± 7,850,5 ± 10,7< 0,001
Миқдори буғумҳои иллатнокшуда дар давоми беморӣ, n5 [2; 11]7 [4; 14]< 0,05
Миқдори ҳуҷумҳои артрит дар соли охирони беморӣ, n3 [1; 10]4 [2; 9]

Тавре аз ҷадвали 5 бармеояд, дар беморони бо БИД давомнокии ниқрис, синну сол дар лаҳзаи илтиҳоби банди аввалини ниқрисӣ ва миқдори буғумҳои иллатнокшуда дар тӯли беморӣ нисбат ба беморони бе БИД зиёдтар аст. Ҳуҷумҳои артрит дар давоми соли охирони беморӣ дар ҳар ду гурӯҳ бо басомади якхела такрор мешуданд.

Хулоса. Дар беморони ниқрис омилҳои нисбатан хоси хавфи кардиоваскулярӣ, дар баробари синну сол, болоравии сатҳи холестерини умумӣ (дар 89,3% беморон), пастшавии сатҳи холестерини липопротеидҳои зичии баланд (дар 60,7% беморон), фарбеҳшавӣ (дар 85,7% беморон) ва фишори баланди хуни раги шарён (дар 57,1% беморон) мебошанд. Бо сабаби он ки дар беморони артрити ниқрис як қатор вайроншавиҳое дида мешаванд, ки ба инкишофи ҳалокатҳои кардиоваскулярӣ оварда мерасонанд, баҳогузории нишондиҳандаи маҷмӯии хавфи рагҳои дил мақсаднок аст. Қимати хавфи маҷмӯии рагҳои дил ба нишондиҳандаҳои инъикоскунандаи шадидии ниқрис мутобиқат мекунад: бо давомнокии беморӣ (р <0,001), бо миқдори буғумҳои иллатнокшуда (р < 0,001) ва инчунин бо миқдори ҳуҷумҳои артрити ниқрис дар давоми соли охирони беморӣ (р < 0,001).


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 57.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2