Зеҳн

Ғизои табобатии бемории сактаи шадиди дил

21 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 15 дақиқа хондан

Ҳ.С. Хайров, Ф.Ҷ. Ҳасанов, И.Ш. Комилов, Л.Э. Одинаева, П.А. Юсуфзода

Кафедраи беҳдошт ва экология (мудири кафедра н.и.т., дотсент Ф.Ҷ. Ҳасанов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»

Муҳиммият. Бемории сактаи шадиди дил бемории паҳншудатарини дилу рагҳои хунгузар дар байни аҳолии кишварҳои мутараққӣ ба ҳисоб меравад ва омили асосии маъюбӣ ва фавти аҳолӣ мебошад.

Таҳлили мавод оид ба паҳншавии бемориҳои ғайрисироятӣ дар кишвари мо тайи солҳои охир нишон медиҳад, ки паҳншавии бемориҳои дилу рагҳои хунгард (аз ҷумла сактаи шадиди дил) дар байни аҳолии кишвар рӯ ба афзоиш дорад. Аз ин сабаб, яке аз масъалаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии кишвар пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу рагҳо мебошад.

Маълумоти адабиёт аз он далолат медиҳанд, ки дар баробари дигар сабабҳои хавфи инкишофи сактаи шадиди дил (омили ирсӣ, садамавӣ, камҳаракатӣ, фарбеҳӣ, тамокукашӣ, истеъмоли машруботи спиртӣ) ғизогирии нодуруст нақши муҳим дорад [1–4].

Ғизогирии дуруст яке аз қисмҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгузар мебошад. Дар беморхонае, ки табобати самарабахши парҳезӣ ба роҳ монда нашудааст, дар он ҷо табобати пурарзиш ва самарабахш нест [2–4].

Ғизогирии беморони сактаи дил дар марҳилаи шадид ва давраи минбаъда бояд аз ҳам фарқ намоянд, чунки сифат ва миқдори моддаҳои ғизо метавонанд ба ҷараёни беморӣ таъсири номатлуб расонанд: ба пайдоиш ва хурӯҷи аритмия мусоидат намуда, норасоии кори дил, ноҷурии меъдаю рӯдаҳоро ба вуҷуд оранд.

Ҳангоми бистарӣ шудани бемори гирифтори сактаи шадиди дил аллакай реҷаи ғизогирии муқаррарии онҳо вайрон мешавад. Бемор дар марҳилаи шадиди беморӣ кай, чӣ гуна ва кадом ғизоро истеъмол менамояд, аҳамияти муҳимро дорад. Аз ин рӯ, ғизогирии беморро ба талаботи физиологии он мувофиқ ва ҳаҷми нӯшокиро бе афзудани сарборӣ ба дил таъмин намудан зарур аст.

Дарҳол баъд аз хурӯҷи шадид аксари беморон худро камқувват ва беиштиҳо эҳсос менамоянд. Истеъмоли ғизо дар ин марҳила метавонад ҳолати беморро бад намояд. Баъди қатъ гардидани дард аксарияти беморон худро беҳтар ҳис мекунанд, бинобар ин онҳо танҳо ба назорат ва нигоҳубини хуб эҳтиёҷ доранд.

Тавсия ва таъинҳои табибон ба пешгирии костагиҳои хавфноки кори дил ва маҳдуд кардани минтақаи осебдидаи миокард равона гардидаанд. Дар баъзе аз беморон метавонад инкишофи норасоии кори дил ва дигар ноҷуриҳои гемодинамикӣ бо тағйирёбии ҳаҷми плазмаи хун аз ҳисоби гузаштани моеъ ба фазои интерститсиалӣ ба вуҷуд ояд. Коҳиши ҳаҷми плазма воридшавии хунро ба дил кам намуда, сарбории кори онро сабук мекунад. Ин ҷунбиш дар сатҳи моеъҳо боиси пайдоиши ҳиссиёти ташнагӣ чун ҳангоми дегидратсияи ҷисм мегардад. Новобаста аз он, ки бемор аз ташнагии шадид шикоят дорад, қабули моеъ тавассути даҳон то мӯътадил гаштани нишондиҳандаҳои гемодинамикӣ иҷозат дода намешавад ё хеле маҳдуд карда мешавад.

Тавозуни мубодилаи обу намакҳоро тавассути воридкунии моеъҳои мувофиқаткунанда амалӣ менамоянд. Барои бартараф намудани ҳиссиёти ташнагӣ ба бемор порчаҳои яхро пешниҳод мекунанд. Ин ба баъзе беморон барои бартараф шудани ҳиссиёти дилбеҳузурӣ кӯмак мерасонад. Ҳангоми мӯътадилшавии ҳолати бемор истеъмоли моеъ то ба сатҳи меъёрҳои физиологӣ меафзояд.

Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳиссиёти дилбеҳузурӣ дар рӯзҳои аввал ғизогирии бисёркарата бо ҳиссаҳои хурд ва порчаҳои ях тавсия дода мешавад. Аз истеъмоли якбораи миқдори зиёди ғизо даст кашидан лозим аст, чун ки, ин амал боиси нороҳатии меъда ва пайдо шудани дарди нав дар дил мегардад. Ғизо бояд беҳад сабук ва дорои ҳарорати хонагӣ бошад. Он набояд дамиши шикам ва ангезиши системаи асабро ба вуҷуд орад (ғизои дорои бӯйи баланд, аз ҳад зиёд сард ё гарм метавонад ангезиши n.vagus ва вайроншавии ритми дилро ба вуҷуд орад). Истеъмоли қаҳваи бе кофеин (аз ҷав тайёр кардашуда) ё чой, шарбати ширгарми қоти сиёҳ, шарбати афлесун, обҷӯшаи хуч иҷозат дода мешавад.

Барои то ҳадди баланд коҳиш додани сарбориҳои иловагӣ ба дил, ки онҳоро ҷараёнҳои ҳозима ба вуҷуд меоранд, парҳези бемор бояд то 1200–1400 ккал/шабонарӯз маҳдуд гардад ва дорои 60 г сафеда, 30 г чарб, 180 г карбогидрат бошад. Ҳамзамон бояд дар хотир дошт, ки сафедаи ҳиссаи хӯрокро барои ҷараёнҳои пластикӣ танҳо дар ҳолати таъмини пурраи талаботи энергетикии ҷисм аз ҳисоби моддаҳои ғайриазотӣ истифода кардан мумкин аст.

Ҳангоми норасоии энергия захираи мубодилавии аминокислотаҳо барои ҷуброни талаботи энергетикии ҷисм истифода мешавад, дар ин байн манфиатнокии анаболикии аминокислотаҳо барои синтези сафедаҳои бофтаҳо коҳиш меёбад. Воридшавии ғайрикофии сафеда ва витаминҳо ба организм метавонад ба оқибати беморӣ таъсири нохуш расонад.

Ҳангоми норасоии сафеда туршавии дезаминатсионӣ ва синтези аминокислотаҳое, ки барқароршавиашон бо суръати паст ба амал меояд, бо суръат коҳиш меёбанд. Рӯзҳои аввал ба бемор гузаронидани на миқдори кофии умумии сафеда, балки миқдори зиёди аминокислотаҳо (пеш аз ҳама ивазнашаванда) беҳтараш дар шакли софи кристалӣ зарур аст. Баъдан ба бемор ғизои муқаррарии аз сафеда бой ва омехтаи иловагии аминокислотаҳоро таъин менамоянд. Ҳангоми воридшавии кофии сафедаҳо бо ғизо тавозуни азот дар сатҳи нисбатан баланд муқаррар мегардад ва барои фаъолияти хуби анаболикии ҷисм дар маҷмӯъ ва қисман дар миокарди осебдида шароити муносиб ба вуҷуд меояд.

Дар мавриди мутобиқшавии мувофиқ, ҷисм метавонад миқдори зиёди сафедаҳоро қабул намояд, ки он 70% калориянокии ҳиссаи хӯрок ва ҳатто зиёда аз онро ташкил диҳад. Костагиҳои метаболикӣ метавонанд танҳо ҳангоми ворид намудани вояи хеле калони аминокислотаҳо ба вуҷуд оянд. Афзоиши компоненти сафедаи ғизо дар мавриди зарурият дар рӯзҳои нахустини сактаи шадиди дил истифода бурдани парҳезҳои камкалория, ки дар таркиби он ҳиссаи компоненти сафедаҳо бояд афзун бошад, махсусан муҳим аст. Дар ин асно аз афзоиши холестерини зардоби хун набояд хавф бурд, чунки воридкунии зиёди моддаҳои азотдошта бештар аз ҳама ба коҳиши он мусоидат менамояд. Истифодаи таркиби аминокислотаҳо бояд дар якҷоягӣ бо витаминҳо барои азхудкунии пурраи онҳо ва тақвияти синтези сафеда истифода бурда шавад.

Омехтаҳои энтералии махсусгардонидашуда дорои иловаҳои сафеда ва аминокислотаҳо, ки дар таркибашон то 50% сафедаи пурарзиш, инчунин витамин ва моддаҳои минералӣ доранд, омода шудаанд. Ба бемор барои қабули дарунӣ додани омехтаи ғизоии мазкур дар шакли маҳлули 20% аз ҳисоби 0,8 г сафеда ба 1 кг вазни бадан, лозим аст. Маҳлулҳои сафедаю аминокислотагиро дар давоми 1 моҳ ва зиёда аз он истифода бурдан мумкин аст. Истифодаи онҳо хусусан дар 2–3 рӯзи аввали беморӣ хеле манфиатнок мебошад.

Аз таркиби ҳиссаи хӯрок барангезандагони системаи асаб ва дорои миқдори зиёди моддаҳои экстрактивии азотнок, маҳсулоти аз холестерин бой, инчунин маҳсулоте, ки сабаби метеоризм мегарданд ва ба лахтшавии хун мусоидат менамоянд, истисно карда мешаванд. Карбогидратҳои соддаро маҳдуд намуда, онҳоро бо ксилит иваз менамоянд. Дар мавриди инкишофи норасоии кори дил ба беморон таъин намудани парҳези калийдор (нигаред ба қисми «Парҳезҳои махсус»), ки дорои хусусияти зиддиаритмикӣ ва пешобронӣ мебошад, мувофиқи мақсад аст [1, 4].

Баъд аз 5–10 рӯзи оғози сактаи дил калориянокии ҳиссаи хӯрокро аз 1400 то 1600–1900 ккал/шабонарӯз зиёд менамоянд, баъд аз 2 ҳафта реҷаи ҳаракати беморро васеъ намуда, калориянокии ҳиссаи хӯрокро то 2000 ккал/шабонарӯз зиёд намудан мумкин аст. Чунин реҷаро бемор то аз табобатхона ҷавоб шуданаш риоя менамояд. Муҳлати гузариш аз як реҷа ба реҷаи дигар аз рӯи ҳолати гемодинамикӣ, ҷараёни беморӣ, тоқатпазирӣ нисбат ба парҳез муайян карда мешавад.

Тарзи таъини парҳези бемории сактаи дил аз он иборат аст, ки дар аввал ғизои моеи гарм ва баъдан пай дар пай ҳиссаи хӯрокҳои 1, 2 ва 3 таъин карда мешавад. Аз як парҳез ба парҳези дигар гузаштан аз ҳаракати ҷисмонии бемор вобастагӣ дорад. Фосилаи байни парҳезҳо аз ҳолати бемор, ҷараёни беморӣ ва қабул намудани парҳез аз тарафи ҷисм муайян мешавад.

Тавсифи парҳез

Нишондод барои таъйини парҳез: бемории сактаи дил пас аз гузаштани хурӯҷи дард.

Мақсади таъин. Таъмин намудани шароит барои барқароршавии кори мушакҳои дил, мусоидат намудан ба ҷараёнҳои мубодилавӣ, асабӣ, гардиши хун, пешгирии оризаҳои тромбоэмболия, паст намудани сарборӣ ба системаи дилу рагҳои хунгард, ба танзимдарории фаъолияти рӯда.

Тавсифи умумӣ. Парҳез бо миқдори ками энергияи ғизо ва минбаъд зиёд намудани миқдори хӯрок. Дар ҳиссаи хӯрок ғизои равғандор ва холестериндор роҳ дода намешавад (ҳамчунин узвҳои дарунӣ ва мағзи сари ҳайвонот, гӯшт ва моҳии чарбдор, зардии тухм, тухми моҳӣ, чарби ҳайвонот ва ғ.). Ҳамчунин моддаҳои экстрактивии азотдор ва маводе, ки метеоризм ба вуҷуд меоранд (нони сиёҳ, карам, лубиё, шир ва ғ.), ба ҳиссаи хӯрок ворид карда намешаванд.

Дар ҳиссаи хӯрок творог, моҳии треска, ҷав, витамини С ва Р, намакҳои калийро ворид менамоянд. Намак ва моеъ маҳдуд карда мешаванд.

Парҳезро дар 3 намуд таъин менамоянд: парҳези 1 – дар давраи шадиди сактаи дил (7–8 рӯзи аввал); парҳези 2 – дар давраи баъди шадид (2–3 ҳафта); парҳези 3 – дар давраи рубтсшавии миокард, аз ҳафтаи 4-уми беморӣ.

Дар 2 рӯзи аввал бемор танҳо 1/4–1/8 стакан чой, шарбати мева, ҷӯшобаи сабзавот, морс 8 маротиба дар як шабонарӯз таъин карда, баъдан таркиби ҳиссаи хӯрок васеъ карда мешавад.

Коркарди кулинарӣ. Таомҳо бе намак тайёр карда шуда, гӯшт ва моҳӣ (намуди беравған) дар намуди ҷӯшонидашуда пешниҳод карда мешавад.

Дар ҳиссаи хӯрок маҳсулоти бирён кардашуда ва кулчақандҳои бо шир тайёршуда (ва ба монанди онҳо) роҳ дода намешавад. Дар парҳези 1 таомҳо дар намуди совида тайёр карда мешаванд, парҳези 2 ва 3 бошад – совиданашуда.

Таркиби кимёвии парҳези 1: сафеда 50 г, чарб 30–40 г, карбогидрат 170–200 г. Витаминҳо: А – 0,5 мг, В1–2 мг, В2–2 мг, РР – 15 мг, С – 100 мг. Миқдори моеъ 800 мл. Намак 1,5–2 г (дар маҳсулот). Миқдори ҳиссаи хӯрок 1700 г. Энергия 1200–1400 ккал. Намунаи ҳиссаи хӯрок дар ҷадвали 1 оварда шудааст.

Ҷадвали 1. Намунаи парҳези 1 (дар давраи аввали сактаи дил, 1435 ккал)

Номгӯи маҳсулот ва таомҳоМиқдор, гСафеда, гЧарб, гКарбогидрат, г
Баъди хоб
Нӯшобаи олу100–––
Наҳории 1
Шавлаи марҷумаки соидашуда дар шир902,03,410,6
Твороги соидашуда бо қанд (қанд аз меъёри рӯзона)507,28,55,3
Қаҳваи ҷавӣ бо шир (қанд аз меъёри рӯзона)1000,80,91,2
Наҳории 2
Себи (ё дигар мева) соидашуда бо қанд (қанд аз меъёри рӯзона)1000,4–15,7
Ҷӯшобаи настаран100–––
Хӯроки нисфирӯзӣ
Мурғи ҷӯшонидашуда509,43,5–
Мураббо1250,2–3,7
Хӯроки пешин
Твороги соидашуда бо қанд (қанд аз меъёри рӯзона)507,28,55,3
Сабзии соидашуда бо қанд100––2,5
Ҷӯшобаи хуч100–––
Хӯроки шом
Моҳии ҷӯшонидашуда508,00,7–
Сабзии соидашуда бо равғани растанӣ1002,65,713,8
Чой бо лимон1500,03–0,9
Шабона
Олуи таркардашуда500,7–26,2
Дар давоми рӯз
Нони сафед (дар намуди қоқ)1209,52,463,0
Қанд30––29,9
Моеи холис – 800 мл
Ҳамагӣ94,738,2178,2

Таркиби кимёвии парҳези 2: сафеда 60–70 г, чарб 60–70 г, карбогидрат 230–250 г. Миқдори витаминҳо ба монанди парҳези 1. Миқдори моеи холис 1 л. Намак 1,5–2 г (дар маҳсулот) ва 3 г ба даст. Миқдори умумии ҳиссаи хӯрок 2 кг. Энергияи ҳиссаи хӯрок 1600–1900 ккал. Намунаи парҳез дар ҷадвали 2 оварда шудааст.

Ҷадвали 2. Намунаи парҳези 2 (дар давраи дуюми беморӣ, 1890 ккал)

Номгӯи маҳсулот ва таомҳоМиқдор, гСафеда, гЧарб, гКарбогидрат, г
Наҳории 1
Шавлаи биринҷӣ бо шир1003,96,626,3
Омлети сафедагӣ503,94,50,9
Қаҳваи ҷавӣ бо шир (қанд аз меъёри рӯзона)2001,61,82,4
Наҳории 2
Гулкарам бо сухарӣ ва маска1502,97,98,9
Ҷӯшобаи хуч100–––
Хӯроки нисфирӯзӣ
Карамшӯрбои вегетарианӣ бо равғани растанӣ2501,36,87,0
Гӯшти ҷӯшонидашуда бо соуси лимонӣ5520,33,63,9
Сабзии соидашуда1001,74,88,5
Қиёми ширӣ502,21,612,0
Хӯроки пешин
Пюре аз себ (қанд аз меъёри рӯзона)1500,4–17,2
Ҷӯшобаи хуч100–––
Хӯроки шом
Гӯшти ҷӯшонидашуда5513,68,9–
Шавлаи марҷумакӣ бо равғани растанӣ1206,57,636,1
Дар шаб
Ҷурғот1805,66,78,4
Дар давоми рӯз
Нони сафед1007,91,952,7
Нони сиёҳ (ё сабӯсӣ)502,50,521,3
Қанд50––49,9
Моеи холис – 1 л
Ҳамагӣ74,363,2255,5

Таркиби кимёвии парҳези 3: сафеда 90 г, чарб 80 г, карбогидрат 300–350 г. Миқдори витаминҳо ба монанди парҳези 1. Миқдори моеи холис 1 л. Намак 1,5–2 г (дар маҳсулот) ва 3 г ба даст. Миқдори умумии ҳиссаи хӯрок 2200 г. Энергияи ҳиссаи хӯрок 2200–2300 ккал. Шумораи истеъмоли ғизо 6 маротиба дар як шабонарӯз. Ҳарорати таом ба ҳарорати хона баробар.

Намунаи ҳиссаи хӯрок дар ҷадвали 3 оварда шудааст.

Ҷадвали 3. Намунаи парҳези 3 (дар давраи сеюми беморӣ, 2178 ккал)

Номгӯи маҳсулот ва таомҳоМиқдор, гСафеда, гЧарб, гКарбогидрат, г
Наҳории 1
Шавлаи марҷумакӣ дар шир1003,64,115,1
Творог (равғаннокиаш 9%) бо шир (қанд аз меъёри рӯзона)12512,79,44,4
Қаҳваи ҷавӣ бо шир (қанд аз меъёри рӯзона)1000,80,91,2
Наҳории 2
Себи соидашуда (қанд аз меъёри рӯзона)1000,4–15,7
Ҷӯшобаи настаран150–––
Хӯроки нисфирӯзӣ
Шӯрбои сабзигии соидашуда2502,48,210,7
Мурғи ҷӯшонидашуда10018,97,0–
Лаблабуи буғшуда дар соуси қаймоқӣ1602,38,222,8
Желеи лимонӣ1252,3–20,5
Хӯроки пешин
Себи тару тоза1000,4–10,0
Ҷӯшобаи настаран100–––
Хӯроки шом
Моҳии ҷӯшонидашуда бо картошкаи соидашуда бо равғани растанӣ100/1501,95,616,3
Твороги ширин (қанд аз меъёри рӯзона)507,28,55,3
Чой бо лимон (қанд аз меъёри рӯзона)200–––
Дар шаб
Олу501,1–32,8
Дар давоми рӯз
Нони сафед15011,83,680,1
Нони сиёҳ1006,51,040,1
Қанд50––49,9
Моеи холис – 1 л
Ҳамагӣ74,364,7325,0

Ҳамин тавр, ғизогирии дуруст яке аз қисмҳои асосӣ ва ҷудонашавандаи табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгузар мебошад. Дар беморхонае, ки табобати самарабахши парҳезӣ ба роҳ монда нашудааст, дар он ҷо табобати пурарзиш ва таъсирбахш нест.

Ғизогирии беморони сактаи дил дар марҳилаи шадид ва давраи минбаъда бояд аз ҳам фарқ намоянд, чунки сифат ва миқдори моддаҳои ғизо метавонанд ба ҷараёни беморӣ таъсири номатлуб расонанд: ба пайдоиш ва хурӯҷи аритмия мусоидат намуда, норасоии кори дил, ноҷурии меъдаю рӯдаҳоро ба вуҷуд оранд.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 66.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2