Зеҳн

Омилҳои хатари инкишофи бемориҳои дил ва рагҳои хунгард

21 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 12 дақиқа хондан

Ҳ.С. Хайров, Ф.Ҷ. Ҳасанов, И.Ш. Комилов, С.И. Норматова, Н.Н. Нуриддинова

Кафедраи беҳдошт ва экология (мудири кафедра н.и.т., дотсент Ф.Ҷ. Ҳасанов)-и ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ғизо»

Муҳиммият. Тибқи маълумоти ТУТ сол то сол шумораи беморон ва фавтидагон аз бемориҳои ғайрисироятӣ (бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, диабети қанди намуди 2, намудҳои алоҳидаи саратон ва ғ.) зиёд шуда истодааст. Дар паҳншавии онҳо омили ғизо нақши асосиро мебозад.

Тағйир ёфтани таркиби хӯроки аҳолии кишварҳои мутараққӣ дар таъмини саломатии аҳолӣ як қатор проблемаҳои муҳимро пеш меорад. Дар таърихи ҳаёти инсон бемориҳои ғайрисироятӣ аз сабаби норасоии маводи ғизо ва умуман норасоии хӯрок, ки ба ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ тааллуқ дорад, вуҷуд дошт. Аммо масъалаи афзалиятноки муосир ин пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ мебошад, ки бо гуруснагӣ ва пурхурӣ (аз норасоӣ ё барзиёд истеъмол намудани моддаҳои ғизоӣ) вобастагӣ дорад.

Сол то сол боло рафтани рушди иқтисод як тағйироти сифатан наверо дар самти истеҳсол ва истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ ба вуҷуд овард, ки дар маҷмӯъ боиси паҳншавии бемориҳои музмини ғайрисироятӣ гардид. Ин бемориҳо ба паст шудани сатҳ ва сифати кор, зиёдшавии хароҷоти соҳаи тандурустӣ ва оила ва дар маҷмӯъ ба паст шудани иқтидори давлат мусоидат мекунанд.

Аз ин сабаб, таҳлили маводи таркиби ғизои аҳолӣ бо назардошти паҳншавии бемориҳои дилу рагҳои хунгард барои коркарди барномаҳои байнисоҳавӣ бо мақсади пешгирӣ ва табобати бемориҳои зикргардида масъалаи рӯзмараи илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.

Омилҳои ғизоии инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард

Кислотаҳои чарбии сер (КЧС). Натиҷаи таҳқиқот муайян намуд, ки аҳолие, ки ба ҳисоби миёна аз 3% то 10% талаботи энергияи ҳиссаи хӯрокро аз ҳисоби равғани ҳайвонотӣ таъмин мекунанд, миқдори холестерини умумӣ дар зардоби хунашон пасттар аз 5,17 ммол/л буда, дараҷаи фавт аз бемории ишемияи дил (БИД) хеле пасттар аст.

Барои паст намудани миқдори БИД кам истеъмол намудани КЧС (чарби ҳайвонот) зарур аст. Дар бисёре аз кишварҳои тараққикарда истеъмоли умумии чарб 40%-и энергияи ҳиссаи хӯрокро ташкил медиҳад, ки миқдори зиёди КЧС дорад. Кам кардани истеъмоли умумии чарб (то 30%-и энергияи ҳиссаи хӯрок) ба сатҳи истеъмоли КЧС таъсири судманд мерасонад. Гурӯҳи экспертҳои ФАО/ТУТ, ки нақши таъсири равғанҳои ғизоиро муайян намудаанд, тавсия додаанд, ки миқдори истеъмоли КЧС на зиёда аз 10% ва поликислотаҳои чарбии носер (ПКЧН)-и ҳиссаи хӯрок на камтар аз 3%-ро бояд ташкил диҳад.

Монокислотаҳои чарбии носер ва поликислотаҳои чарбии носер (ПКЧН). Дар кишварҳои атрофи баҳри Миёназамин, дар он ҷое, ки аҳолӣ миқдори зиёди равғани зайтун истеъмол мекунад (зиёдтар аз 40%-и энергияи ҳиссаи хӯрок), нишондиҳандаи пасти БИД мушоҳида мегардад. Эскимосҳо ва чукчаҳо ба воситаи маҳсулоти баҳрӣ миқдори зиёди равған ва ПКЧН-и гурӯҳи омега-3-ро истеъмол мекунанд. Дар байни онҳо низ нишондиҳандаи пасти БИД дида мешавад. Ғайр аз ин, ҳиссаи хӯроки ин халқҳо миқдори ками КЧС дорад. Аз ин рӯ, дар як ҳафта 2–3 маротиба истеъмоли гӯшти моҳӣ тавсия дода мешавад.

Умуман, нафарони бештар равғани растанӣ истеъмолкунанда нишондиҳандаи пасти БИД доранд. Барои мисол, дар байни адвентистҳои рӯзи ҳафтум басомади БИД нисбат ба аҳолии умумӣ 1/3–1/2 баробар пасттар аст. Дар байни адвентистҳои рӯзи ҳафтуми Калифорния, ки гӯшт истеъмол мекунанд, басомади БИД назар ба вегетарианҳо баландтар аст. Дар байни вегетарианҳо (гӯштпарҳезон)-и Британия фавт аз БИД нисбат ба дигарон 30% пасттар қайд карда шудааст. Дар амал миқдори холестерини зардоби хуни вегетарианҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои аҳолӣ хеле кам аст.

Натиҷаҳои озмоишҳои назоратшаванда оид ба пешгирии БИД нишон доданд, ки кам кардани истеъмоли КЧС аз сатҳи баланд то паст ва иваз кардани онҳо бо равғанҳои дорои ПКЧН (кислотаи линолевӣ) миқдори холестерини зардоби хунро то 15% паст намуда, боиси кам шудани БИД мегардад.

Холестерин. Дар таҳқиқоти популятсионӣ муқаррар карда шудааст, ки ҳангоми баланд шудани миқдори холестерини умумии зардоби хун аз 3,89 ммол/л (150 мг/100 мл) хавфи инкишофи БИД мунтазам боло меравад. Аз ин рӯ, дар бисёр кишварҳо тамоми аҳолии онҳо метавонанд ба гурӯҳи хавфи пайдоиши БИД дароянд.

Таҳқиқоте, ки дар қисматҳои деҳоти Чин гузаронида шуд, нишон дод, ки миқдори миёнаи холестерини зардоби хун 3,24 ммол/л (125 мг/100 мл)-ро ташкил медиҳад ва нишондиҳандаҳои ҳолатҳои БИД дар ин популятсия ҳамагӣ 4%-ро ташкил медиҳад (ин нишондиҳанда дар Британия Кабир ниҳоят зиёд аст). Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки агар дар байни аҳолӣ миқдори холестерини умумӣ 10% паст бошад, он гоҳ шумораи гирифторшавӣ ба БИД 1/3 ҳисса кам мешавад. Паст намудани он то 30% ба камшавии 4 каратаи БИД боис мешавад.

Холестерини умумӣ яке аз нишондиҳандаҳои таъсири чарби ҳиссаи хӯрок ба липопротеидҳои атерогенӣ – липопротеидҳои зичиашон паст (ЛПЗП) мебошад. Кислотаҳои чарбии сер консентратсияи миқдори холестерини умумии зардоби хунро зиёд мекунанд, ПКЧН бошад, сатҳи онро паст менамоянд.

На фақат чарбҳо, балки дигар қисматҳои хӯрок низ (масалан нахҳои ғизоӣ) ба миқдори холестерини зардоби хун таъсир мерасонанд.

Таъсири холестерини ғизо ба холестерини зардоби хун нисбат ба КЧС пасттар аст. Бо вуҷуди ин холестерини ғизо ба БИД таъсири мустақилона дорад. Воридшавии холестерин бо ғизо ба миқдори 200 мг/1000 ккал нишондиҳандаи БИД-ро ба 30% тағйир медиҳад. Ҳамин тавр, холестерини ғизо ба инкишофи БИД мусоидат мекунад. Бештари тавсияҳо оид ба паст намудани сатҳи паҳншавии БИД ба паст кардани истеъмоли холестерини ҳиссаи хӯрок то камтар аз 300 мг/рӯз далолат мекунанд.

Тавре зикр шуд, ба сатҳи холестерини хун истеъмоли ғизо таъсир мерасонад. Хусусан зардии тухм (250 мг дар 1 дона тухм) ва узвҳои дарунӣ: гурда – 805 мг, ҷигар – 438 мг дар 100 г маҳсулоти тайёр аз холестерин бой мебошанд. Миқдори холестерини умумӣ дар таркиби равғани маска (242 мг) назар ба чарбҳои мурғ (88 мг), гов ва гӯсфанд (76 мг дар 100 г-и маҳсулот) якчанд маротиба зиёдтар аст.

Маҳсулоти шири серравған низ аз холестерини умумӣ бой мебошанд, панир ва қаймоқ аз рӯи миқдори холестерини умумӣ (91 мг дар 100 г) ба гӯшти серравғани хук баробаранд, аз истеъмоли як стакан шири 6% бошад, ба ҷисм 47 мг холестерини умумӣ ворид мегардад.

Аз маҳсулоти баҳрӣ бошад, ҷигари моҳӣ аз холестерини умумӣ бой аст. Масалан ҷигари моҳии трескаи консервашуда 746 мг холестерин дар 100 г дорад.

Карбогидратҳо. Миқдори карбогидратҳо дар вояи хӯрок бояд 50–60%-ро ташкил диҳад. Дар ин байн карбогидратҳои ҳалнашаванда – нахҳои ғизоӣ дорои таъсири начандон калони гиполипидемикӣ мебошанд. Шахсоне, ки 60–65%-и калориянокии ҳиссаи хӯрокашон аз сабзавоту ғалладона ва дигар карбогидратҳои мураккаб таркиб ёфтааст, чун қоида ба бемории дилу рагҳои хунгард нисбатан камтар дучор мешаванд.

Маҳсулотҳои аз карбогидратҳои мураккаб бой дорои афзалияти калориянокии паст, нахҳои ғизоӣ, витаминҳо, моддаҳои минералӣ мебошанд. Нахҳои ғизоии ҳиссаи хӯрок метавонанд сатҳи холестерини умумии хунро то 10–15% коҳиш диҳанд. Истифодаи нахҳои ғизоӣ боиси коҳишёбии сатҳи ЛПЗП ва липопротеидҳои зичиашон ниҳоят паст мегардад.

Таъсири назаррасро ба сатҳи липидҳои зардоби хун клетчаткаи дар об ҳалшаванда, ки дар таркиби сабӯси ҷав (14 г), орди ҷав (7,7 г); лубиёгиҳои хушк: нахуд ва лубиё (3,3–4,7 г дар 100 г) ҷой дорад, мерасонад. Иловаи 50% сабӯси ҷав ё 100 г лубиёгиҳо ба реҷаи муқаррарии ғизои шахсони гирифтори гиперхолестеринемия, аллакай баъди 3 ҳафта боиси ба 20% паст шудани сатҳи холестерини умумии зардоби хун мегардад. Аксарияти корҳои илмӣ таъсири муфиди нахҳои ғизоии сояро дар табобати атеросклероз исбот намудаанд.

Сафеда. Миқдори сафедаҳо дар вояи хӯрок бояд тақрибан 15% калорияи умумии ҳиссаи хӯрокро ташкил диҳад. Сатҳи пасти миқдори сафедаҳо боиси норасоии сафедаву энергия мегардад, сатҳи баландашон бошад ба истеъмоли барзиёди чарбҳои сер ва холестерини умумӣ оварда мерасонад. Дар мавриди истисно намудани сафедаҳо аз ғизо, захираҳои он танҳо барои якчанд соат кифоягӣ мекунад (мубодилаи моддаҳо аз ҳисоби сафедаи бофтаҳо ҷараён мегирад). Миқдори ками сафедаҳои таркиби вояи хӯрок боиси коҳиши аминокислотаҳои ивазнашаванда мегардад. Коҳиши беҷуброни протеинҳои махсуси ферментҳои бофтаҳо аксарияти бахшҳои мубодилаи моддаҳоро хароб мегардонад: мубодилаи карбогидратҳо, азхудшавии витаминҳо, нафасгирии бофтагиро ва боиси вайрон шудани ҳамоҳангии системаи ферментӣ мегардад.

Ҳангоми норасоии сафедаҳои вояи хӯрок аввал сафедаи зардоби хун ва ҷигар коҳиш меёбад, сипас аз сабаби таҷзияи бофтаҳои мушакӣ, талафи азот ба вуҷуд меояд. Дар ҷигар сатҳи сафедаҳо паст шуда, сатҳи липидҳо бошад баланд мешавад. Ҳатто ҳангоми норасоии ду рӯзаи сафедаҳо бофтаҳои ҷигар метавонанд 20–30% сафедаҳои худро талаф диҳанд. Ҳангоми воридшавии ками сафедаҳо ҷараёни инкишофи атеросклероз, тағйирёбии трофикии мушаки дил суръат мегирад. Тавлиди гормонҳои ҷинсӣ низ коста мегардад.

Сифати сафеда дар инкишофи атеросклероз нақши муҳим дорад. Муқаррар шудааст, ки дар байни вегетарианҳо сатҳи ЛПЗП то 31–38% пасттар назар ба популятсияи умумии аҳолӣ дида мешавад, фавт аз БИД 77% камтар ба назар мерасад.

Витаминҳо. Солҳои охир ба аҳамияти баъзе витаминҳо ва микроэлементҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ин ҷиҳатро бо он алоқаманд медонанд, ки як қатор витамин ва микроэлементҳо ба сифати антиоксидантии табиӣ аз қабили витамини С, токоферол, кислотаи фолиевӣ, селен шинохта шудаанд (яъне онҳо метавонанд ба туршавии липидҳо таъсир расонанд). Ошкор шудааст, ки пайдо шудани радикалҳои озод яке аз механизмҳои ҳамаҷонибаи патогенетикӣ ҳангоми костагиҳои гуногуни ҳуҷайравӣ бо атерогенез (ҳангоми туршавӣ дар ҳуҷайраҳои девораи шарёнҳо) ба шумор меравад.

Маъданҳо. Истеъмоли намак дар як шабонарӯз на зиёда аз 3гтавсия дода мешавад. Истеъмоли ғизои камнамак ба мӯътадил шудани фишори шарёнии хун мусоидат менамояд.

Қаҳва. Ба шахсони дорои омили хавфи БИД ва инчунин беморони дилу рагҳои хунгард маҳдуд намудани истеъмоли қаҳва то 2 пиёла дар 1 шабонарӯз тавсия дода мешавад.

Машрубот. Истеъмоли машруботи спиртӣ ба инкишофи БИД таъсири манфӣ мерасонад. Натиҷаҳои таҳқиқоти дар Шотландия, ИМА, Исроил, Фаронса ва Югославия гузаронидашуда нишон доданд, ки касоне, ки миқдори кам ё мӯътадили машруботи спиртиро истеъмол мекунанд, нисбат ба онҳое, ки тамоман истеъмол намекунанд, хавфи зиёдшавии БИД каме пасттар мебошад. Аммо таҳқиқоти дар Британияи Кабир гузаронида нишон дод, ки ин алоқамандӣ метавонад қисман ва ё пурра ба гурӯҳи одамоне, ки истеъмоли машруботи спиртиро бо мақсади ҳифзи саломатӣ тамоман қатъ кардаанд, вобаста бошад. Истеъмоли машруботи спиртӣ боиси зиёд шудани миқдори ЛПЗБ мешавад, аммо бисёре аз омӯзишҳои эпидемиологӣ шаҳодат медиҳанд, ки шахсоне, ки миқдори зиёди машруботи спиртӣ истеъмол мекунанд, нисбат ба онҳое, ки машрубот истеъмол намекунанд, нишондиҳандаи баланди фишори хун доранд. Аммо қайд кардан лозим аст, ки якбора қатъ кардани истеъмоли он метавонад ба паст шудани фишори хун мусоидат намояд.

Истеъмоли машруботи спиртӣ дар меъёр ҳамчун омили пасткунии хатари бемориҳои дилу рагҳои хунгард шуда метавонад. Тибқи маълумоти ТУТ ба меъёри бехатари ҳарҳафтаина то 21 воҳиди машрубот барои мардон ва то 14 воҳид барои занон дохил кардан мумкин аст (1 воҳид баробар аст ба 25 мл машруботи қавӣ, 125 мл шароб ё 250 мл пиво).

Ҳамин тавр, дар пешгирӣ ва табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард омили ғизо (ҳам миқдор ва ҳам сифати моддаҳои ғизоии вояи хӯрок) нақши асосиро мебозад.

Дигар омилҳои хавфи инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард

Синну сол. Мардҳои синну солашон гуногун назар ба занҳо бисёртар хатари баланди гирифторшавии БИД-ро доранд. Муайян карда шудааст, ки моилии модарзодии девораҳои рагҳои хунгард сабаби афзоиши атеросклероз мебошад. Дар организми мардҳо миқдори зиёд ҳосил шудани гормони тестостерон боиси баландшавии сатҳи ЛПЗП ва мутаносибан пастшавии ЛПЗБ мегардад.

Занҳо то синну соли муайян аз инкишоф ва авҷгирии атеросклероз ва БИД ба воситаи эстрогенҳо муҳофизат меёбанд, ки онҳо дар синтези простатсиклинҳо ва мубодилаи коллагенҳо дар девораҳои рагҳои хунгард, сатҳи чарбҳо дар зардоби хун ва хусусиятҳои реологии хун таъсири худро мерасонанд.

Эҳтимолияти инкишофи бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард бо гузашти синну сол баланд мешавад. Зиёда аз 50%-и ҳамаи беморони БИД, аз ҷумла нафароне, ки фавтидаанд, аз синни 65-сола боло мебошанд. Бо гузашти синну сол аёнии осеби атеросклеротии рагҳои хунгард меафзояд.

Атеросклероз ва БИД-и вазниншуда дар навбати худ бисёртар дар оилаҳои аллакай ба бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард дучоршуда тамоюли мушоҳидашавиро доранд. Дар байни он нафароне, ки ҳарду волидайнашон (падару модарашон) гирифтори бемориҳои дил буда ё аз сактаи дил дар синну соли то 50-сола фавтидаанд, хатари зиёдтар мушоҳида карда мешавад.

Таҳқиқҳои эпидемиологӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки хатари БИД дар байни одамони миёнсол дар натиҷаи сар задани се омили асосӣ: миқдори зиёди холестерини умумии зардоби хун, фишорбаландӣ ва тамокукашӣ зиёд мешавад. Байни ин омилҳои хавфнок синергизм мавҷуд аст, яъне дар ҳолати якҷоя будани онҳо хавфи сар задани беморшавӣ ниҳоят зиёд мегардад.

Диабети қанд. Диабети қанд эҳтимолияти бештари авҷгирии бемориҳои дилу рагҳои хунгардро баланд менамояд, ҷараёни онҳоро вазнин намуда, пешгӯиро бад мегардонад. Бисёре аз бемороне, ки ба диабети қанди аз инсулин новобаста гирифторанд, вазни зиёдатии бадан, фишорбаландӣ, сатҳи баланди холестерин ва триглитсеридҳоро дар хун доро мебошанд, ки онҳо омилҳои иловагии хатари инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард ба шумор мераванд. Ҳангоми диабети қанд фаъолнокии ферменти липопротеинлипаз паст мешавад, дохилшавии кислотаҳои озоди чарбӣ ба ҷигар зиёд мешавад, кори ретсепторҳое, ки аз девораҳои рагҳои хунгард липопротеинҳои ғуншударо мегиранд, паст мешавад.

Бемории фарбеҳӣ. Дар таҳқиқоти зиёде муайян карда шудааст, ки шахсони вазни бадани зиёддошта ба як қатор бемориҳо аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳои хунгард, диабети қанд ва ғайраҳо гирифтор мешаванд.

Дар байни беморони гирифтори фарбеҳӣ бештар сатҳи баланди холестерин ва ЛПЗП, фишорбаландӣ, бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард мушоҳида карда мешавад. Хатари баланди авҷгирии оризаҳои дилу рагҳои хунгард ҳангоми намуди «абдоминалӣ»-и фарбеҳӣ ва аломатҳои мубодилаи ғизоӣ (метаболикӣ) зиёдтар ба назар мерасад.

Садама. Далелҳои зиёде вуҷуд доранд, ки мушкилоти зиёди зиндагӣ метавонад хурӯҷи шадиди дилро барангезад. Зуд-зуд ва бардавом асабонӣ шудан ва ба ҳолати стрессӣ афтодан боиси авҷгирии атеросклероз ва БИД мегардад.

Камҳаракатӣ. Шахсоне, ки мунтазам ба машқҳои бадан машғуланд, камвазн буда, миқдори холестерини хунашон кам ва фишори хунашон паст аст. Чунин ҳолат ба ҷараёни мубодилаи моддаҳои ғизо ва гардиши хун таъсири хуб мерасонад.

Ба ақидаи аксари муаллифон камҳаракатӣ яке аз омилҳои хавфи инкишофи бемориҳои дилу рагҳои хунгард мебошад.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 73.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2