Зеҳн

Дарёфти омилҳои синдроми таласемияҳо дар атфол

21 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

АГ
Агенти Зеҳнӣ21 ноябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Муҳаммадзалмай Мавлавизода

Дотсенти кафедраи педиатрия (атфол)-и факултети тиббии Донишгоҳи шаҳри Балх

Муҳиммият. Таласемия як ихтилоли ирсии гетерогенӣ буда, боиси коҳиши синтези гемоглобин шуда, hypochromic anemia-ро ба дараҷоти мухталиф бо hemolysis ва erythropoiesis нокофӣ ба вуҷуд меоварад. Тазоҳуроти классикии атфоли масоб (гирифтор) ба таласемия thalassemic facies, касрҳои патологӣ дар устухонҳо, hepatomegaly ва splenomegaly мебошад.

Зиёдшавии захираи оҳан ба далели афзоиши Fe ношӣ аз transfusion-и хун боиси эҷоди проблемаи бузург дар беморони гирифтори таласемия гардида, бисёре аз ихтилотҳо, монанди резиши мӯй, невропатияи муҳитӣ ва таъхир дар рушду нумӯ, ки имрӯз дида мешаванд, натиҷаи изофабории Fe (increased iron deposition) мебошанд, ки аҳамияти таҳқиқро вонамуд месозад.

Мақсад. Беморони гирифтори таласемия, ки ба таври давомдор ва тӯлонӣ хун мегиранд, аксаран бо ихтилолҳои эндокринӣ ва қалбӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ва татбиқи хун ба тавоноии тифл дар ҷуброни зоеъоти (талафи) хун бастагӣ дорад; омӯзиши ин масъалаҳо ҳадафи умдаи таҳқиқ мебошад.

Равиши таҳқиқ. Таҳқиқ бо методи prospective ва retrospective анҷом шудааст.

Пешина. Синдроми таласемия як ихтилоли ирсии гетерогенӣ буда, боиси коҳиши синтези Hb шуда, hypochromic anemia-ро ба дараҷоти мухталиф бо hemolysis ва erythropoiesis-и нокофӣ ба вуҷуд меоварад. Дар ҳар фарди мубтало ба β⁰-thalassemia фуқдони (камбуди) комили занҷири β-globin вуҷуд дорад. Дар β⁺-thalassemia бахше аз занҷири β-globin вуҷуд дорад [1, 3, 9]. Беш аз 200 навъи ген ё mutations барои β-thalassemia вуҷуд дорад, агарчи аксарияти онҳо нодир ҳастанд ва ҳудуди 20 навъи маъмули он, ки 80%-и мавридҳо шинохта шуда таласемияро дар саросари ҷаҳон ташкил дода ва 3%-и мардуми дунё ноқили гени β-thalassemia мебошанд ва фоизи ноқилон дар ҷанубу шарқи Осиё барои β-thalassemia 5 то 10% мебошад. Дар баъзе манотиқи хос бо авомили ғайримаъмул дида мешаванд, дар ИМА теъдоди мубталоёни β-thalassemia 2000 нафарро ташкил медиҳад [3, 5, 6].

Тавлиди нокофии β-globin gene боиси коҳиши гемоглобини нормалӣ (Hb-A) ва адами таъодул дар тавлиди занҷирҳои α ва β-globin мешавад. Дар мағзи устухони ин беморон тағйироти ген дар thalassemia боиси аз ҳам гусастагии такомули erythrocytes мешавад, ки дар натиҷа протссеси хунсозӣ (erythropoiesis) ба сурати ғайримуассир анҷом мешавад, дар α-thalassemia миқдори ками занҷирҳои α нисбат ба занҷирҳои β ва γ-globin вуҷуд дорад. Ин занҷирҳои изофӣ Bart's hemoglobin (γ4)-ро дар замони ҷанинӣ ва Hb-H (β4)-ро дар замони баъд аз таваллуд тавлид мекунанд. Ин тетрамерҳо кушанда нестанд, аммо дар ниҳоят гирифтори hemolysis -и хориҷи авъия (рагҳо) мешаванд. Дар марҳилаҳои қабл аз навзодӣ як ҷанини гирифтори α-thalassemia метавонад шинохта шавад, зеро Hb-F ниёзманди тавлиди миқдори кофии занҷири α-globin мебошад, ва ин дар ҳолест, ки навзодони масоб ба β-thalassemia баъд аз таваллуд шинохта мешаванд, зеро Hb-A ниёзманди тавлиди миқдори кофии занҷири β-globin мебошад [1, 3, 10, 13].

Дар атфоли масоб ба β-thalassemia, дар сурате, ки табобат нашаванд, аъроз ва алоим ба сурати як hemolytic anemia-и пешраванда ҳамроҳ бо заъф (weakness) ва адами кифояи қалбӣ дар 6 моҳи дуюми ҳаёт ба вуҷуд меояд. Дар асари бастагӣ ба навъу фаъолияти gene ва ҳамчунон миқдори тавлиди Fetal hemoglobin, маризони масоб ба β-thalassemia major аз думоҳагӣ то дусолагӣ зарурат ба transfusion хун доранд ва тасмим дар мавриди татбиқи хун ба мариз, бастагӣ ба тавоноии тифл дар ҷуброни зоеъоти хун дорад. Аксарияти атфоли ширхор ва атфоли бузург бо миқдори Hb 4 g/dl ва камтар аз он масоб ба адами кифояи қалбӣ мешаванд. Ва умуман хастагӣ (Fatigue), беҳолӣ (lethargy), беиштиҳоӣ (poor appetite) аз ҷумлаи дарёфтҳои охирини камхунии шадид дар атфол мебошанд ва ин оризаҳо ва аломатҳо қабл аз шурӯъи татбиқи хун, ки пояи асосии табобати ин беморон аст, ба вуҷуд меояд. Тазоҳуроти классики атфоли гирифтор ба ин бемории шадид ба монанди чеҳраи таласемӣ (thalassemic facies), баромадагии устухонҳои қиҳф (косахонаи сар), устухонҳои пешонӣ ва ҷӯякҳои устухонҳои ҷидорӣ, сар ва пешонии ҳамвор, гипертрофияи ваҷҳ, бинии дароз ё паҳн ва чашмони варам), шикастагиҳои патологӣ дар устухонҳо, hepatomegaly ва splenomegaly мебошанд.

Испурч (тиҳол) мумкин аст ба қадре калон шавад, ки бемор эҳсоси нороҳатии ҷисмӣ намояд. Хасофат (рангпаридагӣ), гемосидероз ва яроқон маҷмӯъан сабаби тавлиди як ранги хос (қаҳваранги ширӣ) мешаванд, аммо камхунии музмин боиси афзоиш дар миқдори ҷазби Fe аз маҷрои меъдаву рӯдаҳо мешавад, ки ин ҳолат ба иллати заҳролудшавии он боиси пайдошавии ихтилолҳо мегардад. Бисёре аз ин оризаҳо ва аломатҳо дар сурати blood transfusion рафъ шуда, шуюи камтаре пайдо хоҳанд кард. Вале издиёди захираи Fe ба далели афзоиши Fe ношӣ аз трансфузия боиси эҷоди проблемаҳои бузург дар гирифторони β-thalassemia мешавад. Бисёре аз ихтилотот, ки имрӯз дида мешаванд, дар натиҷаи изофабории оҳан (increased iron deposition) аст ва бештар аз ин ихтилототро метавон бо истифода аз Iron Chelation пешгирӣ намуд. Бо вуҷуди ин табобат бо ин равиш ҳам як силсила ихтилототро аз қабили резиши мӯй (hair loss), невропатияи муҳитӣ (peripheral neuropathy) ва таъхир дар рушду нумӯ (poor growth)-ро ба бор меоварад.

Дар беморони гирифтори β-thalassemia, ки ба таври давомдор ва тӯлонӣ хун ахз мекунанд, аксаран бо як ихтилоли эндокринӣ ва қалбӣ ҳамроҳ мебошанд, ки ношӣ аз ҳамон афзоиши захираи Fe аст, ки ихтилол дар фаъолияти эндокрин монанди hypothyroidism (коҳиши фаъолияти ғуддаи тироид), hypogonadotropic hypogonadism, growth-hormone deficiency, hypoparathyroidism, diabetes mellitus мебошад. Адами кифояи эҳтиқонии қалбӣ (CHF) ва аритмияҳои қалбӣ аз ихтилототи муҳим ва кушандаи ношӣ аз афзоиши захираи оҳан дар атфоли гирифтори thalassemia мебошанд [2, 4, 5, 7, 8, 11, 12, 14].

Бештари намудҳои таласемия нисбатан нодир ҳастанд ва баъзе фақат дар афроди як хонавода ёфт мешаванд. Аз назари клиникӣ ба намудҳои minima, minor, intermedia ва major тақсимбандӣ мешаванд, ки дар воқеъ инъикоскунандаи шиддати камхуниҳо мебошанд. Дар таласемияи intermedia миқдори Hb ≥ 7 g/dl буда, ки дар мавриди трансфузияи хуни ин атфол иттифоқи назар вуҷуд надорад. Дар ин беморон камхунӣ аз навъи microcytic буда ва авориз ва алоиме монанди гиперплазияи мағзи устухон, hemosiderosis, ки шояд зарурат ба chelation бошад, splenomegaly, ҷамъшавии оҳан ва ҳатто тавлиди хун хориҷ аз мағзи устухон метавонад дар канали сутунмӯҳра (vertebral canal) сурат гирад, ки ҳароммағз (spinal cord)-ро таҳти фишор қарор дода, боиси пайдошавии оризаҳо ва алоими асабӣ мегардад, ки табобати он радиотерапияи фаврӣ мебошад, то сохтани хунро дар ҳароммағз мутаваққиф (таваққуф) намояд. Трансфузияи хун метавонад боиси тахфифи тазоҳуроти клиникӣ шавад ва ҳамчунин ниёз ба табобат бо chelation-ро наздиктар месозад. Splenectomy мумкин аст дар бемороне, ки гирифтори thalassemia intermedia ҳастанд, ё бемороне, ки зарурат ба blood transfusion дар онҳо рӯ ба афзоиш аст, мавриди истифода қарор гирад, вале бурида гирифтани испурч (тиҳол) оқибатҳои ҷиддӣ ё хатарҳои инсидоди риявӣ (шушӣ) ва thrombosis дорад. Ҳамаи ин беморон бояд қабл аз буридани испурч ва ҳамчунин ба таври муназзам ва тӯлонӣ муддат таҳти тадовӣ ва пешгирӣ бо Penicillin ва immunization дар муқобили уфунатҳои бактериявӣ қарор бигиранд. Thalassemia minima ва thalassemia minor аз назари phenotype ба андозаи навъи intermedia шадид нестанд, вале ин атфол бояд аз назари genotype мавриди арзёбӣ қарор бигиранд ва аз назари миқдори таҷаммуи Fe низ арзёбӣ шаванд [2, 3, 4, 7, 8, 10].

Натиҷа ва баррасӣ. Атфоли ширхори гирифтор дар замони таваллуд фақат Hb-F доранд, дар баъзе мавридҳо Hb-F ҳамроҳ бо Hb-E дида мешавад. Дар smear-и хуни муҳитии беморони таласемия камхунии шадид, reticulocytopenia, зиёдшавии курраҳои сурхи ҳастадор ва microcytosis ҳамроҳ бо курраҳои сурх ба шакли ғайримуътадил дида мешаванд. Миқдори Hb < 5 g/dl буда, теъдоди reticulocyte < 8% мебошад. Unconjugated serum bilirubin маъмулан баланд аст. Ҷамъшавии оҳан, афзоиши serum ferritin ва зиёдшавии ишбоъи transferrin низ дида мешавад [2, 7, 8].

Бояд қабл аз татбиқи blood transfusion барои беморон, ташхиси β-thalassemia major гузошта шуда бошад ва бо волидайн дар мавриди ин равиши табобати модомулумр суҳбат шавад. Қабл аз шурӯи татбиқи хун бояд phenotype-и курраҳои сурхи хун таъин гардад. Мустаҳзарҳои хун, ки барои бемор истифода мешаванд, бояд leukocyte -и камтар дошта ва аз назари phenotype антигенҳои Rh ва kell бо бемор мутаносиб бошанд. Дар сурате, ки имкони пайванди мағзи устухон вуҷуд дошта бошад, хуни татбиқшуда бояд аз cytomegalovirus пок бошад, магар ин ки тифл собиқаи гирифтор будан ба cytomegalovirus дошта бошад. Табобати беморон бо трансфузияи хун аз як тараф муҷиби вазъи сиҳати беҳтари бемор шуда ва бемор эҳсоси беҳбудӣ мекунад ва аз сӯйи дигар аз пешрафти ихтилотот пешгирӣ мекунад. Барномаи трансфузияи хун умуман ба таври моҳвор сурат гирифта, ҳадафи он нигоҳ доштани миқдори Hb дар сатҳи 9,5–10,5 g/dl қабл аз трансфузия мебошад. Барои нақлуддам (хунгузаронӣ) аз курраҳои холиси сурхи хун ба миқдори 15–20 ml/kg ё аз хуни мукаммал ба миқдори 20 ml/kg истифода мешавад, ҳар 500 cc хун 200 mg оҳан дорад. Дар беморони гирифтори бемориҳои дил, баланд будани миқдори Hb қабл аз трансфузия метавонад муфид бошад. Зиёдшавии захираи оҳани ношӣ аз transfusion боиси бисёре аз ихтилототи β-thalassemia major мешавад, биноан арзёбии дақиқи захираҳои оҳан ба манзури беҳтарин табобат зарурӣ мебошад. Арзёбии миқдори serum ferritin маъмултарин тариқаи арзёбӣ буда, вале захираҳои оҳанро ба таври дақиқ инъикос намекунад. Биопсияи ҷигар як тариқаи стандарт барои таъини захираи Fe дар ин беморон мебошад. Аз MRI (magnetic resonance imaging) ба ивази биопсия як тариқаи муҳим ва муътабар барои таъини захираи Fe дар ҷигар ва дили беморони атфоли гирифтор ба β-thalassemia major истифода мешавад. Кӯдакони ширхори гирифтори β-thalassemia major ба татбиқи хун вобастаанд ва шояд танҳо роҳи илоҷи онҳо пайванди мағзи устухон бошад ва ҳамчунин кӯдакони гирифтор набояд аз доруҳои oxidant истифода намоянд [2, 4, 8, 10, 11, 12, 13].

Пешниҳодот

Аксарияти атфоли ширхор ва атфоли бузург бо миқдори Hb 4 g/dl ва камтар аз он масоб ба адами кифояи қалб мешаванд ва дар сурати набудани трансфузияи хун испурч (тиҳол) мумкин аст ба қадре бузург шавад, ки бемор эҳсоси нороҳатии ҷисмӣ намояд. Тасмим (қарор) дар мавриди татбиқи хун ба бемор ба тавоноии тифл дар ҷуброни зоеъоти хун бастагӣ дорад ва бояд дар як маркази муҷаҳҳази тиббӣ қабул шавад.

Бояд қабл аз татбиқи blood transfusion барои бемор thalassemia major ташхис шуда бошад ва бо волидайн дар мавриди ин равиши табобати модомулумр суҳбат шавад ва ҳамчунон қабл аз шурӯи татбиқи хун бояд phenotype-и курраҳои сурхи хун таъин гардад.

Бештари намудҳои таласемия нисбатан нодир ҳастанд ва баъзе фақат дар афроди як хонавода ёфт мешаванд.

Атфоли ширхори масоб ба thalassemia major ба татбиқи хун вобастаанд ва шояд танҳо роҳи илоҷи онҳо пайванди мағзи устухон бошад; ҳамчунин атфоли масоб набояд аз доруҳои oxidant истифода намоянд.

Эзоҳ: β-thalassemia – камхунии гемолитикии ирсӣ, ки бо коҳиши сохти як ё чанд занҷири полипептидии гемоглобин мушаххас мешавад; globin – занҷири протеинии гемоглобин.


Манбаъ: маҷаллаи илмию амалии «Авҷи Зуҳал», №2 (27), 2017, саҳ. 82.

Мақолаҳои маъмул

ЗЕ
Мақола · 1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
AI
Мақола · 2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2
ЗЕ
Мақола · 2 сол пеш

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2