Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданХОНАИ НАВ
Аз балқони моён,
Шаҳрам ҳама намоён:
Ана, ҳайкали Сино.
Ана, Хонаи кино,
Хиёбоне чӣ зебо
Ба номи Саъдӣ-бобо.
Мана гулгашти Ҳофиз,
(Куҷо шуд «Хишти Ҳофиз»¹?)
Дӯкони шоҳӣ бинам,
Дӯкони моҳӣ бинам.
Сад раставу хиёбон
Бинӣ аз рӯи айвон.
Хоҳӣ, созӣ тамошо,
Тамошои шаҳри мо,
Вақти таътил ҷӯраҷон,
Биё, бишав ту меҳмон.
Хонаи моро кобӣ,
Ба осонӣ меёбӣ.
Аз ҳамаи хонаҳо,
Ҷӯраҷон, бовар намо,
Хонаи мо бошукӯҳ,
Расад то қуллаи кӯҳ.
Ҳабдаҳ ошёна дорад,
Сесад дар хона дорад.
Дари ҳама хонадон
Кушода баҳри меҳмон.
¹ Ишора ба ҳикояти «Хоҷа Ҳофиз ва хиштрез».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё