Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Вобаста бошад ҳам аз нури сӯзони офтоб сарашро паноҳ медорад...

Автобуси зарди рангпарида канори роҳ қарор гирифт. Мотораш ягон нуқсе дошт магар, ки шофир ба кофтан даромад. Писарак лаҳзае чанд шах шуда биистод. Аз даруни автобус даҳ-бист ҷуфт чашмони ҳамсолонаш ба ӯ менигаристанд.

— Шаддаи писта, пистаи ширин... — Писарак забон хоид.

— Касе писта хоҳад фаромада гиред, — гуфт яке аз занҳо, ки ду нафар буданд. — Лекин ишкамдард шавед, ман ҷавобгар не... Хушбахтона шаддаи бисёр дошт писарак. Ба ҳама расиду чор-панҷ шаддаи дигар монд. — Ба шаҳр меравед-он? — бо ҳавас пурсид писарак.

— Ҳа, сайругашт дорем, сирк тамошо мекунем, боғи ҳайвонотро мебинем, — гуфт духтарак.

— Маймунҳоро ёд кардаанд, — шӯхиомез илова кард бачай логарандоме бо табассум.

— Бегоҳ бармегардед?

— Ҳа, ин қадар одам куҷо хоб меравем?...

Писарак дигар гуфтугӯи ҳеҷ киро намешунид. Дилаш яке ба ҷӯш омад. Оҳ, чӣ қадар мехост, ҳамроҳи ин духтарҷаву писарҷаҳо бошад, ба шаҳр равад... Вале ба ёдаш омад, ки кулоҳаш аз лух, куртаю шимаш кайҳо боз ношуста ва худаш пойлуч.

Ронанда мотори автобусро се дафъа пайиҳам гиронда мекушт. Оқибат эълон кард, ки ба роҳ мебароянд.

пешина
аз 184
навбатӣ